/
/
/
Нархи об. Чӣ тавр занон дар ҷануби Тоҷикистон миёни хушксолӣ, камбизоатӣ ва умед ба об зиндагӣ мекунанд

Нархи об. Чӣ тавр занон дар ҷануби Тоҷикистон миёни хушксолӣ, камбизоатӣ ва умед ба об зиндагӣ мекунанд

Дар ҳоле ки роҳбарони ҷаҳон масъалаҳои амнияти об, тағйирёбии иқлим ва сармоягузориро ба бахши об баррасӣ мекунанд, ҳазорон зан дар ҷануби Тоҷикистон ҳамарӯза барои дастрасӣ ба об мубориза мебаранд.

Онҳо оби боронро ҷамъоварӣ мекунанд, аз мошинҳои обкаш об мехаранд, сатилҳои вазнини обро аз масофаҳои дур ба хона мекашонанд ва мекӯшанд ҳосили заминҳои аз хушкӣ ранҷкашидаи худро нигоҳ доранд.

Дар кишваре, ки қисми зиёди Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунад, ҳазорон нафар то ҳол ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Маҳз  занон аввалин шуда бо паёмадҳои ин бӯҳрон рӯ ба рӯ мешаванд.

Вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш. Акс аз «Вечёрка»

Қиссаҳои занони вилояти Хатлон нишон медиҳанд, ки норасоии об чӣ гуна ба саломатӣ, даромад, таҳсили кӯдакон ва сифати зиндагии тамоми оилаҳо таъсир мерасонад. Ин қиссаҳо ҳамчунин шарҳ медиҳанд, ки чаро имрӯз бӯҳрони об на танҳо масъалаи зерсохтор ва тағйирёбии иқлим, балки масъалаи баробарии гендерӣ низ ба ҳисоб меравад.

Вахш. Ҳар қатра об гарон аст

Дар деҳаи Немани ноҳияи Вахш тобистон гармии тоқатфарсо ҳукмфармо мешавад. Ҳарорати ҳаво аз 45 дараҷа боло меравад. Замин хушк мешавад, чангу ғубор ба ҳаво мехезад ва шамол онро ба кӯчаву ҳавлӣ мебарад. Дарахтон каманд ва деҳа бештар ба замини ташнаву аз беобӣ ранҷкашида монанд аст.

Дар чунин шароит Назира Замироваи 40-сола, модари чор фарзанди ноболиғ зиндагӣ мекунад.  Нӯҳ сол пеш ӯ баъди издивоҷ аз ноҳияи Муъминобод ба ин ҷо кӯч бастааст. Ба гуфтаи ӯ, дар деҳаи зодгоҳаш об фаровон буд, аммо дар ин ҷо камбуди доимии об зиндагиро душвор ва   мушкил кардааст.

Назира Замирова. Акс аз «Вечёрка»

Дар хонае, ки Назира истиқомат дорад,  15 нафар зиндагӣ мекунанд. Ба ғайр аз фарзандони ӯ, фарзандони шавҳараш аз оилаи аввал низ бо онҳо зиндагӣ мекунанд. Яке аз онҳо аллакай соҳиби оила ва фарзанд аст. Ҳамчунин хушдомани пир ва бемораш  низ дар ҳамин хона зиндагӣ мекунад. Норасоии   об дар чунин хонаводаи калон баръало  эҳсос мешавад, аммо Назира   бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо аз зиндагии худ розӣ аст.

Дар деҳаи Неман тақрибан сад хонавода зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо низоми мутамаркази обтаъминкунӣ  вуҷуд надорад. Мушкилии асосии  сокинон маҳз дастрасӣ ба об аст. Сокинон борҳо ба мақомоти ноҳия ва вилояти Хатлон муроҷиат кардаанд, то онҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд ва шабакаи обрасонӣ сохта шавад. Ба онҳо ваъда медиҳанд, аммо то ҳол маълум нест, ки оби лӯлагӣ кай ба деҳа мерасад.

Сокинон мегӯянд, ки деҳаи Неман аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ то имрӯз аз норасоии оби нушокӣ ранҷ мекашад. Деҳа дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш ҷойгир аст. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ҷамоат ва дигар деҳаҳои ноҳия низ мушкилоти ҷиддӣ барои дастрасӣ ба оби ошомиданӣ вуҷуд дорад.

Солҳои зиёд мардум аз ҳисоби оби борон, оби барф ва оби харида, зиндагиашонро пеш мебаранд.  Қариб дар ҳар ҳавлӣ чоҳ ва зарфҳои калон барои  нигоҳдории об мавҷуд аст. Зимистон сокинон оби барфи обшударо ҷамъ мекунанд ва баҳорон оби боронро захира менамоянд. Об аз бомҳо ба зарфҳои махсус ва чоҳҳо ҷорӣ шуда, барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти рӯзгор нигоҳ дошта мешавад. Одатан ин захираҳо то аввали моҳи май мерасанд. Аммо вақте гармӣ оғоз меёбад ва талабот ба об зиёд мешавад, сокинон маҷбур мешаванд об бихаранд.

Обро мошинҳои обкаш аз дарёи Вахш, ки тақрибан 50 километр дуртар аз деҳа ҷойгир аст, меоранд. Нархи як тонна об аз 250 то 300 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Назира, барои оилаи онҳо ду тонна об ҳамагӣ барои понздаҳ рӯз мерасад. Ҳар рӯз оила тақрибан 100 литр об истифода мекунад, ки барои буҷаи оилавӣ хароҷоти назаррас аст. Ба гуфтаи зан, дар деҳа на ҷойи кор ҳасту на инфрасохтори муносиб. Манбаи асосии даромади оилаи онҳо ҷамъоварӣ ва фурӯши писта дар мавсими тобистон мебошад.

“Дар чунин оилаи калон об хеле зуд тамом мешавад”, — мегӯяд ӯ.

Назира ва фарзандонаш. Акс: «Вечёрка»

Назира таъкид мекунад, ки сокинони деҳа обро эҳтиёткорона истифода  мекунанд, зеро ҳар қатраи он бо заҳмати зиёд ба даст меояд.

“Дар ҷойҳои дигар одамон баъзан обро беҳуда сарф мекунанд ва қадрашро намедонанд. Мо бошем ҳар қатраро қадр мекунем”, — мегӯяд ӯ.

Ӯ ҳар рӯз аз чоҳ аз 20 то 30 литр обро бо сатил ва зарфҳои пластикӣ мекашонад. Ин кори вазнин тайи солҳои зиёд сабаби дарди доимии миён шудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ маҷбур аст об кашад.

“Вақте об мекашам, миёнам дард мекунад, аммо дигар илоҷ надорам”, — мегӯяд Назира.

Назира. Акс: «Вечёрка»

Камбуди об ба саломатии сокинон низ таъсир мерасонад. Назира мегӯяд, ки баъзан дар оби чоҳ кирмҳо пайдо мешаванд ва кӯдакон ба бемориҳои рӯда гирифтор мешаванд. Оила кӯшиш мекунад пеш аз истифода обро ҷӯшонад, аммо кӯдакон на ҳамеша ин қоидаро риоя мекунанд.

“Вақте обро меоранд, он тоза аст, аммо баъди нигоҳдорӣ дар чоҳ ифлос мешавад”, — мегӯяд ӯ.

Оилаи Назира хоҷагии калон надорад. Онҳо танҳо як хар доранд, ки барои кашонидани ҳезум истифода мешавад. Барои хар низ обро ҷудогона мебаранд. Тақрибан 500 метр дуртар аз хона обанбори ифлосе ҷойгир аст, ки аз он ҷо ба чорво об медиҳанд.

Назира бо оҳи сард иқрор шуд, ки чунин зиндагиро намехоҳад, аммо аз ҳама бештар ояндаи фарзандонаш ӯро нигарон мекунад.

“Ман мехоҳам фарзандонам аз ман зиндагии беҳтар дошта бошанд”.

Назира. Акс: «Вечёрка»

Бар хилофи бисёр одамон, ки аз мушкилиҳои зиндагӣ шикоят мекунанд, Назира  барои ҳар он чизе, ки дорад, шукргузор аст. Аммо ӯ як орзуи бузург дорад: рӯзе худаш ва тамоми занони деҳа ба оби доимӣ дастрасӣ пайдо мекунанд ва дигар  аз тамом шудани  захираи об намеҳаросанд.

Он  гоҳ обро на танҳо барои зинда мондан, балки барои зиндагии муқаррарӣ ва шоиста низ истифода бурдан мумкин мешавад.

Дар бораи зиндагии Назира бештар аз видео-қиссаи «Вечёрка» тамошо кунед:

Вақте ки об хатарнок мешавад

Барои сокинони деҳаҳои ҷануби Тоҷикистон мушкил танҳо дар норасоии об нест, балки дар сифати он низ мебошад.

Назира нақл мекунад, ки баъди нигоҳдорӣ дар чоҳ об аксар вақт ифлос мешавад. Баъзан дар он кирмҳо пайдо мешаванд ва кӯдакон ба бемориҳои рӯда гирифтор мегарданд. Аз ҳамин сабаб оилаи онҳо кӯшиш мекунад, ки пеш аз истифода обро ҳатман ҷӯшонад. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки чунин ҳолатҳо барои бисёр деҳаҳое, ки мардум маҷбуранд обро муддати дароз дар чоҳҳо, бушкаҳо ва дигар зарфҳо нигоҳ доранд, хос мебошанд.

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), ҳатто агар об дар ибтидо бехатар ва тоза бошад ҳам, сифати он ҳангоми интиқол ва нигоҳдорӣ дар хона метавонад ба таври назаррас бад шавад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ифлосшавии об аксар вақт на дар манбаи он, балки баъди ба хона овардан, ҳангоми рехтан ба зарфҳои дигар, нигоҳдорӣ дар зарфҳои кушода ё тамос бо сатҳҳои ифлос ба вуҷуд меояд.

Тасвир бо зеҳни сунъӣ тавлид шудааст.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки чоҳҳои кушода ва зарфҳои нигоҳдории об аз ҳама бештар осебпазиранд. Ба дохили онҳо метавонанд чангу ғубор, хок, ҳашарот, микроорганизмҳо ва ҳатто партовҳои ҳайвонот ворид шаванд. Дар иқлими гарм бактерияҳо тезтар афзоиш меёбанд ва нигоҳдории дарозмуддати об бидуни ҳифзи зарурӣ хатари ифлосшавиро зиёд мекунад.

Тибқи маълумоти СҶТ, миллионҳо ҳолатҳои бемориҳои рӯдаву меъда дар ҷаҳон маҳз бо истеъмоли оби ифлос алоқаманданд. Аз ҳама бештар кӯдакон, пиронсолон ва шахсоне, ки масунияти заиф доранд, осеб мебинанд. Оби олуда метавонад сабаби исҳол, бемориҳои сироятии рӯда, бемориҳои паразитӣ ва дигар мушкилоти саломатӣ гардад.

Нигаронии махсус вазъият дар он минтақаҳост, ки мардум маҷбуранд обро ҳафтаҳо нигоҳ доранд. Дар чунин шароит ҳатто оби тоза тадриҷан хусусиятҳои аввалияи худро аз даст медиҳад. Тадқиқотҳое, ки дар кишварҳои гуногуни Осиё ва Африқо гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки сатҳи олудашавии бактериологии об дар зарфҳои хонагӣ баъзан аз сатҳи ифлосшавӣ дар худи манбаи об баландтар мебошад.

Пайдо шудани кирмҳо, кирминаҳои ҳашарот ё дигар организмҳо дар об низ метавонад нишонаи ифлосшавии дуюмдараҷа бошад. Ин маънои онро дорад, ки об бо муҳити атроф дар тамос буда, аз ворид шудани микроорганизмҳои бегона муҳофизат нашудааст. Аз ҳамин сабаб мутахассисон тавсия медиҳанд, ки об дар зарфҳои пӯшида нигоҳ дошта шуда, пеш аз нӯшидан ҳатман ҷӯшонида шавад.

Барои сокинони чунин деҳаҳо, мисли Неман, масъалаи сифати об ба як озмоиши иловагӣ табдил ёфтааст. Мардум на танҳо барои харидан ва овардани об маблағ ва нерӯи зиёд сарф мекунанд, балки маҷбур мешаванд пайваста назорат кунанд, ки об барои саломатии аъзои оила бехатар боқӣ монад.

Дар натиҷа як вазъияти ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд меояд: ҳатто вақте ки об ниҳоят ба хона мерасад, он на ҳамеша кафолати саломатӣ ва амният аст. Барои бисёр оилаҳои деҳот мубориза барои об ҳатто баъд аз он ки об ба хона оварда шуд, идома меёбад.

Кишвари пуроб, аммо беоб

Шояд қиссаи Назира истисноь ба назар расад.   Аммо дар асл он зиндагии ҳазорон оиларо дар минтақаҳои ҷануби  Тоҷикистонро  инъикос мекунад.

Вилояти Хатлон аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазиртарини Тоҷикистон аз нигоҳи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ, то 86 фоизи сокинони деҳоти минтақаҳои ҷанубӣ бо норасоии шадиди оби бехатари нӯшокӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Зиёда аз нисфи шабакаҳои мавҷудаи обтаъминкунӣ ба таҷдид ва ивазкунӣ ниёз доранд ва дар бисёр маҳалҳои аҳолинишин иншооти обтозакунӣ   вуҷуд надорад. Ҳамчунин норасоии мутахассисони соҳибихтисос ва мушкилот дар идоракунии захираҳои об мушоҳида мешавад. Дар натиҷа, мардум маҷбур мешаванд аз оби дарёҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо ва чоҳҳо истифода баранд.

Муаммо  дар он аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои серобтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи маҷрои дарёҳои минтақа ташаккул меёбанд. Пиряхҳои кӯҳҳои Помир дарёҳоеро ғизо медиҳанд, ки соҳаи кишоварзӣ ва зиндагии миллионҳо нафар мардуми кишварҳои ҳамсоя аз онҳо вобастаги доранд.

Аммо ҳамарӯза ҳазорон сокини Тоҷикистон ба оби бехатари нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Норасоии об на танҳо ба саломатии одамон таъсир мерасонад. Он сатҳи камбизоатиро зиёд мекунад, имкониятҳои иқтисодиро маҳдуд месозад, муҳоҷиратро тақвият медиҳад ва сифати зиндагии ҷомеаҳоро паст мекунад.

Тибқи маълумоти Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 тақрибан 41 фоизи аҳолии кишвар ба низоми мутамаркази таъмини об дастрасӣ доранд. Дар деҳот ин нишондиҳанда ҳамагӣ ба 22 фоиз мерасад.  Тақрибан  15 фоизи аҳолии кишвар ба шабакаҳои коррезӣ дастрасӣ доранд.

Пиряхҳо об мешаванд, нигаронӣ меафзояд

Мушкилоти дастрасӣ ба об дар Тоҷикистон кайҳо боз танҳо масъалаи зерсохторӣ нест.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки амнияти обӣ ба яке аз муҳимтарин чолишҳои асри XXI табдил ёфтааст. Афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, фарсуда шудани зерсохторҳо ва идоракунии нокифояи захираҳои об боиси афзоиши норасоии об дар тамоми минтақа мегарданд. Имрӯз Осиёи Марказӣ ба гурӯҳи минтақаҳои аз ҳама осебпазири ҷаҳон аз рӯи сатҳи фишори обӣ дохил мешавад.

Тақрибан 10 миллион нафар сокинони Осиёи Марказӣ ба оби бехатари ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва тақрибан 14 фоизи аҳолӣ мунтазам бо мушкилоти сифати об рӯ ба рӯ мешаванд. Дар баъзе кишварҳои минтақа фарсудашавии шабакаҳои обтаъминкунӣ ба 80 фоиз мерасад ва талафоти об ҳангоми интиқол то 55 фоизро ташкил медиҳад.

Тағйирёбии  иқлим вазъиятро дар Тоҷикистон боз ҳам мураккабтар мекунад. Обшавии босуръати пиряхҳои Помир, зиёд шудани хушксолӣ, обхезиҳо ва селҳо тадриҷан тавозуни маъмулии обии минтақаро тағйир медиҳанд.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар имрӯз пиряхҳо миқдори зиёди обро ба дарёҳо ворид кунанд, дар оянда коҳиши захираҳои ях метавонанд боиси кам шудани маҷрои дарёҳо ва афзоиши норасоии об гардад. Ин раванд ба амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, энергетика ва зиндагии миллионҳо нафар таъсир мерасонад.

Бо вуҷуди захираҳои бузурги обӣ, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон, бахусус сокинони деҳот, то ҳол бо маҳдудият дар дастрасӣ ба оби босифат рӯ ба рӯ ҳастанд.

Сокинони деҳаҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки ин тағйиротро аллакай дар зиндагии ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунанд.

“Сол ба сол об камтар мешавад”, — мегӯянд онҳо ва ин ҳолатро ба тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво рабт медиҳанд.

Барои онҳо тағйирёбии иқлим танҳо истилоҳи илмӣ нест. Ин чашмаҳои хушкшуда, масофаи бештар барои овардани об ва нигаронии рӯзафзун аз ояндаи фарзандонашон аст.

Шамсиддин Шоҳин. Зиндагӣ бе об

Дар деҳаи кӯҳистонии Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Бунавша Холоваи 41-сола зиндагӣ мекунад.

Бунавша ва духтараш. Акс: «Вечёрка»

Ӯ дар ҳамин ҷо ба дунё омада, ба воя расидааст. Пас аз издивоҷ ва баъди  ҷудошавӣ ӣо шавҳараш ба хонаи падару модараш баргашта,  ҳоло ҳамроҳи писараш ва боз чордаҳ нафар аз хешовандон зиндагӣ мекунад. Бунавша ба ҳайси фаррош дар хонаи фарҳанги деҳа кор мекунад. Аммо қисми зиёди вақти ӯ на барои кор, балки барои дастрас кардани об сарф мешавад.

Мушкилоти асосии зиндагии ӯ ва дигар сокинони деҳа маҳз об аст. Ба гуфтаи сокинон, сол то сол вазъият бадтар мешавад. Онҳо ин ҳолатро ба гармшавии иқлим ва тағйирёбии обу ҳаво рабт медиҳанд, ки боиси кам шудани захираҳои об дар деҳа шудааст. Барои бисёре аз занон, обкашонӣ як кори душвори ҳаррӯза аст, ки на танҳо вақтро талаб мекунад, балки ба саломатии онҳо низ таъсир мерасонад.

Бунавша мегӯяд, ки манбаи об аз хонаашон се-чор километр дур ҷойгир аст. Дар фасли тобистон, вақте ки об аз лӯлаҳо қатъ мешавад, онҳо маҷбур мешаванд ҳар рӯз аз ҳамин масофа обро дастӣ биёранд.

“Дар як рӯз ду-се маротиба барои об меравем”, — мегӯяд Бунавша.

Ба гуфтаи ӯ, обро одатан дар сатилҳо ва зарфҳои пластикии 5 ва 10-литра меоранд. Дар як навбат ӯ ду сатили 10-литраро мебардорад, ки тақрибан 20 килограмм вазн доранд.

Ба гуфтаи Бунавша, ҳар рӯз барои овардани об аз ду то се соат вақт сарф мешавад. Дар тобистон ин кор боз ҳам душвортар мегардад.

“Пойҳоямон ва миёнамон дард мекунад. Ҳатто мушкили гурда ҳам пайдо шудааст”, — мегӯяд ӯ.

Бунавша таъкид мекунад, ки табибон ба ӯ маслиҳат додаанд, ки борҳои вазнин набардорад.

“Духтур гуфт, ки барои ман бардоштани бори вазнин мумкин нест. Аммо барои мо, занҳо, ин аллакай ба як чизи муқаррари табдил ёфтааст”, — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, ин дардҳо солҳои зиёд идома доранд. Вақте аз ӯ мепурсанд, ки оё онҳо аз сабаби кашонидани доимии об пайдо шудаанд, ҷавоб медиҳад:

— Намедонам, шояд ҳамин тавр бошад.

Ҳангоме ки Бунавша бемор мешавад ва худаш барои об рафта наметавонад, дигар аъзои оила ба ӯ кумак мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, обе, ки истифода мебаранд, аз кӯҳҳо меояд ва сокинон онро тоза меҳисобанд.

— Оби мо тоза аст, — мегӯяд ӯ.

Бо вуҷуди ин, пеш аз нӯшидан аксаран онро меҷӯшонанд. Ба гуфтаи Бунавша, то ҳол ҳолате рух надодааст, ки касе маҳз аз сабаби об бемор шуда бошад.

Дар овардани об тамоми аъзои оила иштирок мекунанд. Хоҳарон, келинҳо ва баъзан ҳатто кӯдакон барои кашонидани об кумак мерасонанд.

Зарфҳо барои нигоҳдории об. Акс: «Вечёрка»

Бунавша мегӯяд, ки агар дар хона оби доимӣ мебуд, зиндагии онҳо хеле осонтар мешуд.

“Зиндагӣ беҳтар мешуд. Мо аз ин хастагии доимӣ ва бори  вазнини обкашонӣ халос мешудем. Он  вақт мо метавонистем  вақти худро ба корҳои дигар сарф кунем. Ин вақтро барои истироҳат ё корҳои хона истифода мебурдем”, — мегӯяд ӯ.

Бунавша афзуд,ки онгоҳ бештар   ба кишоварзӣ машғул мешуд.

«Барои мо кор кардан дар замин бисёр муҳим аст. Агар об мебуд, ба ҷойи кашонидани он ба киштукор машғул мешудем», — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Бунавша, зиндагии муқаррарӣ барои онҳо пеш аз ҳама маънои доштани оби доимиро дар хона дорад.

«Об бояд дар хона бошад ва мо ҳамаруза дар ҳарос набояд набошем, ки он намом мешавад”, — мегӯяд ӯ.

Бунавша бар он назар аст, ки овардани об набояд танҳо вазифаи занон бошад, ҳарчанд имрӯз асосан маҳз занон ин корро анҷом медиҳанд.

“Ин танҳо кори занон нест. Мардон ҳам бояд кумак кунанд”, — мегӯяд ӯ.

Бунавша ва кори ҳамарӯзаи ӯ барои захира кардани об. Акс: «Вечёрка»

Орзуи ӯ ва дигар занони деҳа як чизи муқаррарист: онҳо мехоҳанд дар хонаҳояшон оби доимӣ дошта бошанд ва дигар ҳар рӯз маҷбур барои овардани об километрҳоро роҳ тай кунанд.

“Агар ба шахсони масъул муроҷиат мекардам, аз онҳо хоҳиши ба деҳаҳое, ки об надоранд, об оварданро мекардам.  Хусусан ба деҳаи мо, ки аз ин мушкил бисёр азоб мекашем”, — мегӯяд Бунавша Холова.

Бо тарзи зиндагии Бунавша дар видео-қиссаи мо шинос шавед:

Чеҳраи занонаи буҳрони об

Аммо буҳрони об танҳо қиссаи тағйирёбии иқлим ё фарсудашавии зерсохтор нест. Ин пеш аз ҳама қиссаи занон аст.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар зиёда аз 70 фоизи хоҷагиҳои деҳот, ки ба оби боэътимод дастрасӣ надоранд, маҳз занон ва духтарон барои ҷамъоварӣ ва ба хона овардани об масъуланд. Дар саросари ҷаҳон онҳо ҳар рӯз барои ин кор тақрибан 250 миллион соат вақт сарф мекунанд.

Дар Тоҷикистон низ вазъият монанд аст. Маҳз занон бештар масъули пухтани хӯрок, шустушӯ, тозакорӣ, нигоҳубини кӯдакон, пиронсолон ва пешбурди корҳои рӯзгор мебошанд. Ҳамаи ин бевосита аз дастрасӣ ба об вобаста аст. Вақте  об намерасад, маҳз бори гарони масъулият   ба дӯши занон меафтад.

Тасвир бо зеҳни сунъӣ тавлид шудааст

Тадқиқоти  UN Women пешниҳод мекунад, ки буҳрони об на танҳо ҳамчун мушкили экологӣ ё зерсохторӣ, балки ҳамчун масъалаи нобаробарии гендерӣ низ арзёбӣ карда шавад.

Ба гуфтаи намояндаи ташкилоти HELVETAS Swiss Intercooperation дар Тоҷикистон Зураб Ҷинчарадзе, норасоии об пеш аз ҳама ҳаҷми меҳнати бемузди хонагии занонро зиёд мекунад.

“Вақти зиёде барои ҷамъоварӣ ва интиқоли об барои эҳтиёҷоти оила сарф мешавад. Дар натиҷа, занон барои таҳсил, рушди касбӣ ва иштирок дар фаъолияти иқтисодӣ вақти камтар доранд”, — мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, барои духтарон низ камбуди об метавонад ба монеаи ҷиддии таҳсил табдил ёбад. Дар оилаҳое, ки бо норасоии об рӯ ба рӯ ҳастанд, духтарон бештар ба корҳои хона ҷалб мешаванд, ки ин боиси аз дарс мондан ва паст шудани сатҳи дониш мегардад. Илова бар ин, набудани шароити муносиби санитарӣ дар мактабҳо метавонад ба иштироки мунтазами духтарон дар дарсҳо таъсири манфӣ расонад.

Норасоии об имкониятҳои занонро барои кор ва соҳибкорӣ низ маҳдуд мекунад. Бисёр фаъолиятҳое, ки занон ба онҳо машғуланд, аз ҷумла кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, бевосита ба мавҷудияти об вобаста мебошанд. Ҳангоми норасоии об маҳсулнокии меҳнат коҳиш ёфта, даромад ва имкониятҳои рушди тиҷорат кам мешаванд.

Тасвир бо зеҳни сунъӣ тавлид шудааст

Аммо паҳлуи дигари мушкил низ вуҷуд дорад, ки камтар ба назар мерасад. Вақте  дар деҳа об бошад ҳам, норасоии он маънои банақшагирии доимии   ҳар қатраи обро дорад:  чӣ гуна захираҳои обро оқилона байни пухтупаз, шустушӯй, поккорӣ, кӯдакон, чорво ва боғ тақсим кунанд. 

Муҳаққиқон ин ҳолатро «бори ноаён» меноманд, зеро чунин меҳнат дар омори расмӣ қариб ба ҳисоб гирифта намешавад. Занон маҷбуранд истифодаи ҳар як зарфи обро ба нақша гиранд, шароити санитарии оиларо таъмин намоянд ва дар шароити маҳдуди захираи обӣ  ба нигоҳубини боғу чорво машғул шаванд.

Яке аз паҳлуҳои муҳими ин масъала амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар бисёр минтақаҳо   занон ба парвариши сабзавот, мева ва дигар маҳсулот барои эҳтиёҷоти оила фаъолона иштирок мекунанд. Кам шудани захираҳои об ба коҳиши ҳосилнокии заминҳои наздиҳавлигӣ оварда мерасонад ва ин бевосита ба таъминоти ғизоӣ ва сатҳи некӯаҳволии оилаҳо таъсир мерасонад.

Тадқиқоти  UN Women ҳамчунин байни норасоии об ва афзоиши осебпазирии иҷтимоии занон робитаи мустақим мебинад. Вақте  тағйирёбии иқлим шароити зиндагиро душвортар мекунад, мардон бештар барои дарёфти кор ба муҳоҷират мераванд. Дар чунин ҳолат масъулияти нигоҳубини оила, таъмини об, ғизо ва пешбурди хоҷагӣ пурра  бар дӯши занон меафтад.

Ҳамин тавр, паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва норасоии об барои  занон бештар эҳсос мешаванд. Дар ҳоле ки онҳо қисми зиёди масъулияти рӯзмарраи марбут ба обро ба зимма доранд, имкониятҳои онҳо барои таъсир расонидан ба қарорҳое, ки ба идоракунии захираҳои об марбутанд, ҳамоно маҳдуд боқӣ мемонанд.

Онҳое, ки об мекашанд, тақдири онро ҳал намекунанд

Яке аз муҳимтарин хулосаҳои таҳқиқоти  UN Women нишон медиҳад, ки миёни нақши занон дар истифодаи ҳаррӯзаи об ва иштироки онҳо дар қабули қарорҳо тафовути ҷиддӣ вуҷуд дорад. Бо вуҷуди он ки маҳз занон қисми зиёди масъулияти марбут ба обро ба дӯш доранд, онҳо дар идоракунии захираҳои об ва қабули қарорҳо қариб иштирок намекунанд.

Тибқи маълумоти таҳқиқоти минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ, иштироки занон дар Шӯроҳои ҳавзавии Осиёи Марказӣ ҳамагӣ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин танҳо 13 фоизи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби занон роҳбарӣ мешаванд, ҳарчанд қисми зиёди корҳои кишоварзиро маҳз занон анҷом медиҳанд.

Таҳқиқоти Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI) низ нишон додааст, ки занон аксар вақт ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шомил нестанд. Дар натиҷа онҳо ба об барои хоҷагии худ дастрасии камтар дошта, имконияти таъсир расонидан ба тақсимоти захираҳои обиро низ аз даст медиҳанд.

Дар Форуми занон ва об, ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баргузор гардид, иштирокчиён мустақиман изҳор доштанд, ки идоракунии устувори захираҳои об бидуни иштироки занон ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи роҳбари намояндагии HELVETAS Swiss Intercooperation дар Тоҷикистон Сулҳия Ҳайдарова, гарчанде занон истифодабарандагони асосии об барои эҳтиёҷоти рӯзгор буда, дар кишоварзӣ саҳми назаррас доранд, намояндагии онҳо дар сохторҳои идоракунии захираҳои об аксаран нисбат ба мардон хеле пасттар аст.

Сулҳия Ҳайдарова

— Таҷриба ва ниёзҳои занон на ҳамеша дар сиёсат ва амалияи идоракунии бахши об ба таври кофӣ инъикос меёбанд. Ин ба як қатор омилҳо, аз ҷумла нақшҳои анъанавии гендерӣ, дастрасии маҳдуд ба иттилоот, камбуди вақт аз сабаби сарбории зиёди корҳои хона ва намояндагии нокифояи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда вобаста аст. Бартараф кардани ин монеаҳо шарти муҳими идоракунии муассир, одилона ва устувори захираҳои об мебошад, — мегӯяд ӯ.

Коршиносон ба як парадокс таваҷҷуҳ мекунанд: занон беҳтар аз дигарон мушкилоти воқеии дастрасӣ ба обро медонанд, аммо дар таҳияи роҳҳои ҳал ва сиёсати марбут ба идоракунии об хеле кам иштирок мекунанд.

Маҳз аз ҳамин сабаб Эъломияи Душанбе «Занон ва об» ба густариши иштироки занон дар идоракунии захираҳои об, дипломатияи об ва ҳамкории фаромарзӣ даъват менамояд.  Ҳуҷҷат ҳамчунин зарурати дастгирии ташаббусҳои занон, фароҳам овардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва пешбурди онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунандаро таъкид мекунад.

Дар Конфронси «Раванди обии Душанбе» роҳбари Дафтари ҳамоҳангсозии минтақавии сохтори «СММ-Занон» дар Осиёи Марказӣ Ҷерен Гювен Гюрэс натиҷаҳои асосии ташаббуси «Занон ва об»-ро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон дар доираи Форуми «Занон ва об — 2026» Эъломияи Душанбе «Занон ва об» қабул гардид. Интизор меравад, ки ин санад ба рӯзномаи Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2026 саҳми муҳим гузорад.

Ҷерен Гювен Гюрэс

Иштирокчиёни форум таъкид карданд, ки истифодаи пурраи иқтидори занон ва духтарон метавонад ба тағйироти назаррас дар идоракунии захираҳои об мусоидат намояд. Аз ҷумла, самтҳои асосии амал чунин муайян карда шуданд:

Дастрасӣ ба маблағгузорӣ — таъсиси фондҳои махсус барои дастгирии ташаббусҳои занон ва стартапҳо дар бахши технологияҳои обӣ;

Роҳбарӣ ва дипломатияи об — ҷорӣ намудани квотаҳо барои занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва таъмини иштироки онҳо дар гуфтушунидҳои байналмилалӣ оид ба об;

Ҳамкории фаромарзӣ — ҷалби занони олим ба омӯзиши пиряхҳо ва иштироки фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ дар идоракунии ҳавзаҳои дарёҳо;

Маориф ва ҷавонон — ҷалби духтарон ба касбҳои STEM ва ворид намудани масъалаҳои амнияти об ба рӯзномаи «Занон, сулҳ ва амният»;

Коҳиши хатарҳои иқлимӣ ва обӣ — таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва норасоии об ба амният таҳдид мекунанд ва иштироки занон дар қабули қарорҳо метавонад ҳамкорӣ, субот ва сулҳро таҳким бахшад.

Паёми асосии форум равшан буд: агар занон қисми зиёди масъулияти таъмини обро ба дӯш дошта бошанд, онҳо бояд дар қабули қарорҳое, ки ба ояндаи захираҳои об таъсир мерасонанд, низ нақши фаъол бояд дошта бошанд.

Хуросон. Дар интизори борон

Дар деҳаи Пушинги ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон тақрибан 80 хонавода зиндагӣ мекунанд. Солҳои зиёд аст, ки сокинони деҳа аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мекашанд. Яке аз онҳо Баргигул Рабиеваи 53-сола мебошад, ки ҳамроҳи писараш зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, ки набудани об ба яке аз мушкилоти асосии зиндагии мардум табдил ёфтааст.

Баргигул Рабиева. Акс: «Вечёрка»

Баргигул 12 сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия кор кардааст ва баъдан ба ватан баргаштааст. Ҳоло ӯ ба ҳайси коргузор дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Хуросон фаъолият мекунад.

Аммо бо гузашти солҳои зиёд, ба гуфтаи ӯ, мушкили об то ҳол ҳал нашудааст.

— Ду соли охир ҳатто ба замини наздиҳавлигии мо ҳам об намерасад. Мо об мехарем ё ҳангоми борон ва барф онро захира мекунем, — мегӯяд ӯ.

Дар ҳавлии Баргигул чоҳе мавҷуд аст, ки оби борон ва барфи обшуда дар он ҷамъ карда мешавад. Вақте борон меборад, аҳли оила кӯшиш мекунанд тамоми зарфҳои дастрасро аз об пур кунанд, то барои рӯзҳои беобӣ захира дошта бошанд.

— Мо ҳар сатилу косаи доштаамонро аз об пур мекунем. Вақте борон меборад, тамоми диққати мо ба ҷамъ кардани об равона мешавад, — мегӯяд ӯ.

Захираи об дар тамоми зарфҳои дастрас. Акс: «Вечёрка»

Аммо ин захираҳо на ҳамеша кифояги мекунанд. Вақте об тамом мешавад, сокинон маҷбур мешаванд аз мошинҳои обкаш об харанд. Ба гуфтаи Баргигул, як тонна об аз 150 то 200 сомонӣ арзиш дорад.

— Агар об тамом шавад, аз ҳамсояҳо қарз мегирем ё об мехарем. Барои бисёр оилаҳо ин хароҷоти ҷиддӣ аст, — мегӯяд зан.

Мошини обкаш. Акс: «Вечёрка»

Камбуди об танҳо ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Ба гуфтаи сокинон, дар аксари деҳаҳои ноҳия барои кишоварзӣ низ об намерасад. Дар фаслҳои баҳору тирамоҳ деҳқонон бо душворӣ заминҳои худро обёрӣ мекунанд ва баъзан ҳосил аз хушксолӣ зарар мебинад.

Баргигул мегӯяд, ки ин мушкил ба замини наздиҳавлигии ӯ низ таъсир расондааст.

— Ниҳолҳое, ки шинонда будам, аз беобӣ хушк шуданд. Агар об мебуд, метавонистем заминро кор кунем ва ҳосили хуб ба даст орем, — мегӯяд ӯ.

Сокинон ҳамчунин аз сифати обе, ки аз мошинҳои обкаш мехаранд, нигаронанд. Аз ҳамин сабаб аксари оилаҳо пеш аз истифода онро ҳатман меҷӯшонанд.

— Мо намедонем, ки ин обро аз куҷо овардаанд. Барои ҳамин пеш аз нӯшидан ҳатман онро меҷӯшонем, — мегӯяд Баргигул.

Мушкилоти норасоии об ба саломатии мардум низ таъсир мерасонад. Ба гуфтаи зан, хушксолӣ ва зиёд шудани чангу ғубор дар атроф боиси афзоиши бемориҳои роҳи нафас мегардад. Илова бар ин, аз кашонидани сатилҳои вазнин пушт ва пойҳои ӯ пайваста дард мекунанд.

Мушкилоти деҳаи Пушинг танҳо як ҳолати алоҳида нест. Ба гуфтаи сокинон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ, тақрибан 50 деҳаи ноҳияи Хуросон аз норасоии оби нӯшокӣ ранҷ мебаранд.

Мақомоти ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо рӯзномаи «Вечёрка» мавҷуд будани мушкили таъмини обро тасдиқ карданд. Аммо онҳо натавонистанд мушаххас бигӯянд, ки сокинони ин деҳаҳо кай ба оби доимӣ дастрас хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд, ки солҳост мунтазири ҳалли ин мушкил ҳастанд ва набудани об ба зиндагӣ, кишоварзӣ ва вазъи иқтисодии оилаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

— Агар об бошад, зиндагӣ беҳтар мешавад. Об неъмат ва зиндагии хушбахтона аст, — мегӯяд Баргигул.

Баргигул Рабиева. Акс: «Вечёрка»

Ӯ ва дигар сокинони деҳаи Пушинг умед доранд, ки рӯзе ин мушкилии чандинсола ҳал мешавад ва дар ҳар хона оби тоза ҷорӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо, таъмини аҳолӣ бо об на танҳо зиндагии ҳаррӯзаро осонтар мекунад, балки барои рушди кишоварзӣ ва беҳтар шудани саломатии мардум низ замина фароҳам меорад.

— Аз ҳама бештар мехоҳам, ки дар деҳаи мо об бошад. Ҳалли ҳамин як масъала метавонад даҳҳо мушкилии дигарро низ ҳал кунад, — мегӯяд Баргигул Рабиева.

Дар бораи зиндагии Баргигул бештар аз видео-қиссаи «Вечёрка» тамошо кунед:

Кӣ барои об маблағ медиҳад?

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки ҳалли мушкилоти об танҳо бо қувва ва маблағҳои давлат имконнопазир аст.

Барои навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, сохтмони иншооти тозакунии об ва ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии захираҳои об сармоягузориҳои бузург заруранд.

Дар Тоҷикистон қисми зиёди инфрасохтори обрасонӣ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст. Қубурҳои фарсуда боиси талафоти зиёди об мешаванд ва қисми назарраси он то ба истеъмолкунанда расидан аз даст меравад. Дар бисёр маҳалҳои аҳолинишин шабакаҳои корез ва системаҳои тозакунии обҳои партов вуҷуд надоранд.

Соли 2025 Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029  қабул гардид.

Барнома чунин самтҳои асосиро пешбинӣ мекунад:  навсозии низоми обтаъминкунӣ,  сохтмони иншооти нави обрасонӣ, рушди инфрасохтори корез, беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ,  такмили низоми баҳисобгирӣ ва назорати захираҳои об,  ҷалби сармоягузорӣ ва рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ.

Тибқи ҳадафҳои барнома, то соли 2030 сатҳи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ бояд ба 72 фоиз расонида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни  Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки моҳи майи соли 2026 баргузор гардид, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ният дорад то соли 2040 ҳадди ақал 90 фоизи аҳолиро бо низоми мутамаркази обтаъминкунӣ фаро гирад. Ҳамчунин кишвар нақша дорад истифодаи технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 маротиба зиёд намуда, сатҳи рақамикунонии идоракунии захираҳои обро то соли 2040 ба 80 фоиз расонад.

Дар интизори об

Бегоҳӣ Назира боз сатилро ба чоҳ мефарорад.

Ӯ дар бораи тағйирёбии иқлим, баробарии гендерӣ ё конфронсҳои байналмилалӣ ҳарф намезанад. Намедонад, ки барои навсозии бахши об чанд миллион доллар лозим аст ва роҳбарони ҷаҳон кадом эъломияҳоро қабул мекунанд.

Фикри ӯ ба чизҳои дигар банд аст: оё об то   навбатии овардани он мерасад? Оё фарзандонаш бемор намешаванд? Ва оё духтаронаш маҷбур мешаванд рӯзе мисли ӯ зиндагӣ кунанд?

Барои Назира об на стратегияи рушд асту на мавзӯи дипломатияи байналмилалӣ.

Об барои ӯ имкони зиндагӣ кардан бидуни тарси ҳамешагӣ аз он аст, ки фардо захираҳо тамом мешаванд.

Ва то замоне ки барои миллионҳо одамон об ҳамоно ба неъмати дастнорас табдил ёфтааст, нархи ҳар қатраи он на танҳо бо пул, балки бо вақт, саломатӣ ва сарнавишти занон чен карда мешавад.

Лонгридро Гулнора Амиршоева омода кардааст.

Ҳангоми таҳияи ин лонгрид муаллиф аз абзорҳои зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи ёрирасон барои коркарди мусоҳибаҳо, таҳлили таҳқиқотҳо, сохторбандии мавод ва омода намудани баъзе унсурҳои визуалӣ истифода кардааст. Зеҳни сунъӣ барои эҷоди далелҳо, иқтибосҳо ё қиссаҳои қаҳрамонони мавод истифода нашудааст. Тамоми маълумот бо усулҳои журналистӣ ҷамъоварӣ гардида, аз рӯи сарчашмаҳои аввалия санҷида ва аз ҷониби иштирокчиёни мавод ва коршиносон тасдиқ шудааст.

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости