/
/
/
Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?

Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон чӣ паёмадҳо дорад?

Обшавии босуръати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба яке аз ҷиддитарин мушкилоти экологӣ табдил ёфтааст. Баландшавии ҳарорати ҳаво, тағйирёбии иқлим ва омилҳои беруна, аз ҷумла тӯфонҳои чангу ғубор, боис шудаанд, ки ин раванд сол ба сол шиддат гирад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар 70 соли охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон беш аз 1,5 дараҷа баланд шудааст. Ин тағйирот боис гардидааст, ки садҳо пиряхи хурд пурра об шуда, пиряхҳои калон ҳаҷман хурд шуда истодаанд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз рӯи шумораи пиряхҳо пешсаф аст. Ҳарчанд онҳо ҳамагӣ 6–8% қаламрави кишварро ишғол мекунанд (тақрибан 8476,2 км²), онҳо садҳо километри мукааб оби тозаро захира намуда, барои низоми экологии минтақа аҳамияти бузург доранд. Қисми асосии пиряхҳо дар баландтарин қуллаҳои Тоҷикистон – Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон манбаи асосии пиряхҳои минтақа

Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки тақрибан 65 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣро ташкил медиҳанд. Ин пиряхҳо сарчашмаи асосии оби дарёҳои бузург, аз ҷумла Амударё ва Зарафшон мебошанд, ки ҳаёти миллионҳо нафар дар кишварҳои поёноб ба онҳо вобаста аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар гуна тағйирёбӣ дар захираҳои пиряхҳо метавонад ба обёрӣ, нерӯи барқ ва амнияти озуқавории кишварҳои минтақа таъсири бевосита расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба иқлим яке аз масъалаҳои афзалиятноки экологӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа мебошад.

Пиряхи «Деҳдал» се маротиба ҳаракат кард, сабаб чист?

Дар пасманзари гармшавии иқлим, масъулони соҳаи муҳити зист аз суръати афзояндаи обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Зимни нишасти хабарӣ Баҳодур Шерализода, раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид кард, ки баландшавии ҳарорати ҳаво яке аз паёмадҳои асосии тағйирёбии иқлим буда, маҳз ҳамин раванд ба обшавии босуръати пиряхҳо оварда расондааст. Ба гуфтаи ӯ, «пиряхҳои Тоҷикистон бо суръат об шуда истодаанд».

Камолиддин Назирзода, муовини сардори Маркази яхшиносии Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар ин нишаст аз ҳаракати ғайримуқаррарии пиряхи “Деҳдал” хабар дод.  

Назирзода гуфт, ки  “бо назардошти раванди таъсири тағйирёбии иқлим дар давоми 30 соли охир ин пирях аллакай ду маротиба ҳаракат кардааст. Соли 2016 ҳаракати он ба қайд гирифта шуда буд. Инчунин дар соли 2025 се маротиба ҳаракати ин пирях ба қайд гирифта шуд”.

Тибқи маълумоти мутахассисон, дар моҳи октябр массаи яхин дар масофаи беш аз 4 ҳазор метр ба поён фаромада, дар марҳилаи баъдӣ беш аз 5 ҳазор метр ҳаракат кардааст.

“Таҳлилҳо рафти тадқиқоти давраи сеюм, ки аз тарафи мутахассисон ба роҳ монда шуд, ин пирях мунтазам дар моҳҳои ноябр ва декабр бо суръати зиёда аз 20 метр дар давоми рӯз ба поён ҳаракат намуда истодааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки чӣ гуна раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон таъсири худро расонида истодааст”, — илова кард Камолиддин Назирзода. 

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ сабаби канда шудани пораи азими пиряхи «Деҳдал»-ро баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришоти кофӣ дар давраи тӯлонӣ унвон карда буд. Ин омилҳо, ба гуфтаи мутахассисон, тавозуни табиии пиряхро халалдор намуда, хатари офатҳои табииро афзоиш медиҳанд.

Пиряхи ҳаракаткунандаи “Деҳдал”-и ҳавзаи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи “Пётри 1” дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад ва забонаи он дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии он ба 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км² баробар аст. Пиряхи “Дехдал” ба навъи пиряхҳои ҳаракаткунандаи дохилӣ шомил шуда, суръати ҳаракати он аз якчанд сантиметр то якчанд метр дар як сонияро метавонад ташкил диҳад.


default

Бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ 1,5 километр кӯтоҳтар шудааст.

Бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ — Ванҷях (Федченко) — дар солҳои охир 1,5 километр кӯтоҳтар шудааст. Ин тағйирот нишонаи равшани суръат гирифтани равандҳои иқлимӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Пирях дар Помири Тоҷикистон ҷойгир буда, дарозии он имрӯз 77 километр ва масоҳаташ бо шохобҳо 681,7 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми ях тақрибан 130 километри мукааб аст. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон мегӯянд, ки пирях дар марҳилаи ақибнишинии фаъол қарор дорад.

Аҳамияти Ванҷях стратегӣ аст ва аз он дарёҳое сарчашма мегиранд, ки минбаъд Вахш ва сипас Амударёро ташкил медиҳанд. Яъне ҳар тағйир дар ҳаҷми ин пирях метавонад ба захираҳои об, энергетика ва амнияти обии минтақа таъсир расонад.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки агар чунин тамоюл идома ёбад, паёмадҳои дарозмуддат барои Тоҷикистон ҷиддӣ хоҳанд буд.

Яхшиносони тоҷик даҳсолаҳост, ки ба омӯзиши он машғуланд ва тавре маълум шудааст, Федченко ҳаракат мекунад. Давоми тақрибан 40 соли мушоҳидаҳо маълум шуда, ки суръати миёнаи солонаи ҳаракати ин пирях аз 63 то 89 см дар шабонарӯз тағйир карда, ба ҳисоби миёна 73 см дар шабонарӯзро ташкил медиҳад. 

Ба гуфтаи мақомот ва ҳам коршиносон, обшавии босуръати пиряхҳо ва дар натиҷа зиёд шудани селу обхезӣ дар кишвар натиҷаи аввалин ва муҳимтарини тағйирёби иқлим дар Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта дар конфронсе вобаста ба пирхяҳо дар Душанбе гуфт, “то кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки  манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад”. 

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар солҳои 2019-2023 аз офатҳои табии рухдода дар кишвар қариб 80 дарсади онҳо ба об алоқаманд мебошанд. Дар стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 омадаааст, “ба ҳиссаи сел ва обхезӣ хисороти аз ҳама зиёди молиявӣ рост меояд. Ҳамин тавр, дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 маблағи зарар зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил дод”.

Обшавии пиряҳо чӣ паёмадҳо дорад?

Пиряхҳо аввалин шуда ба тағйирёбии иқлим вокуниш нишон медиҳанд. Дар Тоҷикистон онҳо зиёда аз 20% ҷараёни рӯдхонаҳоро таъмин мекунанд, аз ҷумла обро ба шаҳрҳо ва деҳаҳое мерасонанд, ки манбаи асосии оби онҳо рӯдхонаҳои кӯҳӣ мебошанд.

Вақте ки дар водӣ пирях нест мешавад, оби тобистон танҳо аз боришот ва обҳои зеризаминӣ ҷорӣ мешавад, ки барои аҳолӣ ва инфраструктура хатар эҷод мекунад.

Илова бар ин, обшавии босуръати пиряхҳо метавонад боиси офатҳои табиӣ, ба мисли сел ва ярчҳо гардад, ки солҳои охир чандин минтақаҳои Тоҷикистонро зараррасон карданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо на танҳо масъалаи экологӣ, балки хатар барои ҳаёти мардум ва амнияти об мебошад.

Коршиносон ва ҳам мақомоти тоҷик мегӯянд, тағйирёбии иқлим як раванди ҷаҳони асту Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад онро пешгирӣ кунад, аммо кишвар метавонад барои коҳиши пайомадҳои гармшавии ҳаво корҳоеро анҷом диҳад.

Наталя Идрисова, фаъоли муҳити зист мегӯяд, яке аз паёмадҳои манфии тағйири иқлим дар Тоҷикистон офатҳои табиист, ки бар асари тағйири тавозуни гидрологӣ ва обшавии пиряхҳо бештар ба мушоҳида мерасад.

«Кишвари мо ба ин вазъият бояд фавран омода ва мутобиқ шавад. Барои кам кардани хатари фавти инсонҳо, ҳар як ҷамоат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бояд нақшаи вокуниш ба офатҳои табииро дошта бошад. Аз ҷумла ҷойҳои кӯчондан бояд муайян бошанд ва таҷҳизоти зарурӣ, дору ва рӯйхати шаҳрвандони осебпазир омода бошад. Дар соҳили дарёҳо ва теппаҳо бояд дарахт ва дигар растаниҳо шинонд то ба ин восита аз лағжиши замин пешгирӣ карда шавад. Ҳамчунин пешгӯӣ ва мониторинг барои мутобиқшавӣ муҳим аст”, таъкид кард Идрисова.

Чораҳои Тоҷикистон барои ҳифзи пиряхҳо

Тағйирёбии иқлим равандест, ки пешгирӣ кардани он хеле мушкил аст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон барои коҳиш додани суръати обшавии пиряхҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ мекунад. Барои систематизатсия ва татбиқи чораҳои ҳифзи пиряхҳо, ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миллии пиряхҳо таҳия кардааст, ки дар моҳҳои наздик тасдиқ хоҳад шуд. 

Камолиддин Назирзода, мутахассиси Оҷонсии ҳавошиносӣ ва яхшиносии Тоҷикистон, гуфт, ки саҳми кишвар дар ин самт асосан тавассути шинондани дарахтон ва бунёди обанборҳо, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун, сурат мегирад. Ин тадбирҳо ба паст кардани ҳарорат ва танзими раванди бухоршавии об дар муҳити зист кӯмак мерасонанд.

Ташкил кардани майдонҳои сабз, зиёд шинондани дарахт ва назорати доимии пиряхҳо аз роҳҳое ҳастанд, ки метавон аз тариқи онҳо зарарҳои тағйирёбии иқлимро кам кард. “Соли 2024 ҳукумат барномае қабул кард, ки бар асоси он то соли 2040 бояд 2 миллиард бех дарахт шинонда шавад”, — илова кард Назризода.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки “обанборҳои Норак ва Роғун, на танҳо нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, балки масоҳати васеи рӯйпӯши оби онҳо ба таъсири нурпошии офтоб ва равандҳои табиии бухоршавӣ низ мусоидат мекунад. Бо афзоиши бухоршавӣ намнокии ҳаво зиёд шуда, метавонад боиси бештар гардидани боришот гардад. Боришот бошад, манбаи асосии ғизогирии пиряхҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар сурати зиёд шудани ҳаҷми боришот, раванди талафоти пиряхҳо метавонад сусттар шавад.”

Назирзода мегӯяд, ки барномаҳои ҷорӣ ҳамчунин майдонҳои сабз ва шинонидани дарахтонро дар бар мегиранд, ки онҳо ба пиряхҳо таъсири мусбат расонида, партовҳои хок ва ғуборро кам мекунанд ва ба ин тартиб равандҳои обшавии пиряхҳоро суст менамоянд.

суратхо аз Очонсии хавошиноси

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости