Сокинони баъзе маҳаллаҳои шаҳру навоҳии кишвар аз саривақт кашонида нашудани партовҳо шикоят доранд ва нигаронанд, ки ин натанҳо ба муҳити зист, балки ба саломатии онҳо ҳам зарар дорад. Масъулин ҳам тасдиқ мекунанд, ки партов метавонад ба саломатии инсон зарар расонад. Мутахассисон аз бемориҳое, ки сарчашмаи он метавонад партов ва партовгоҳ бошад, ҳушдор медиҳанд.
“Солҳост, ки партовро намебаранд”
Дилбар Раҳимова як сокини ноҳияи Шаҳритус дар вилояти Хатлон шикоят дорад, ки чанд муддат аст партовро аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ, яке аз кӯчаҳои марказии ноҳия берун намебаранд ва тоза намекунанд.
“Чанд сол шуд, ки дар кӯчаи марказӣ, назди бозор партов истодааст, аммо касе сари вақт онро тоза намекунад ва берун намебарад. Ба масъулини кашонидани партов шикоят мекунем, натиҷае намедиҳад, аммо пул барои баровардани партовро сари вақт мегиранд. Баъди як шикояти мо ба расонаҳо, онро нимкора тоза карданд, аммо ҳоло вазъ мисли пешин аст ва партов ҳама ҷо хоб аст”, — мегӯяд Раҳимова.
Ӯ таъкид мекунад, ки ин партовгоҳ вазъи нигаронкунанда дорад, бӯйи ғализ мекунад ва ба макони ғизокобӣ барои сагу гурбаву мушҳо табдил ёфтааст. Ба қавли ӯ, ҳатто чорвои баъзе сокинон низ аз он ғизо меёбанд.
“Дар наздикии ин партов биноҳои баландошёна ҳаст ва дар онҳо зистану аз ҳавои ин партов нафас кашидан, хатарнок аст. Махсусан барои кӯдакон, ки ҳар лаҳза метавонанд ба он наздик шаванд, хатари партов чанд маротиба бештар аст”, — мегӯяд ин сокини ноҳияи Шаҳритус.
Раҳимова аз он нигаронӣ мекунанд, ки “кӯдакон ва пиронсолон тез-тез бемор мешаванд, аммо исботи он ки онҳо маҳз аз ин партовгоҳ ба беморие сироят ёфтаанд ё ҳавои ифлоси ин партовгоҳ сарчашмаи беморӣ ҳастанд, душвор аст”.
Сокинони пойтахт ҳам аз вазъи кунунии партовҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Аз ҷумла, чанде пештар Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигори тоҷик ҳам аз вазъи нигаронкунандаи партов дар наздикии маҳалли худ шикоят кард. Ӯ навишт, ки дар атрофи чаҳор мактаби маҳалли зисташ, ки тахминан даҳ ҳазор хонанда дорад, “партов дар ҳама ҷо ҳаст”.

Нигаронии раисҷумҳур аз вазъи партовҳо ва коркард нашудани он
Масоили вобаста ба партов се моҳ пеш дар ҷаласае, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дошт, низ баррасӣ шуда буд. Он замон раисҷумҳур ба зарурати беҳбуд бахшидани вазъи кунунии партовҳо таъкид карда, гуфт, ки “ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд”.
Ӯ аз боқӣ мондани заҳрхимикатҳои солҳои пеш дар ҳамаи шаҳру навоҳиҳо нигаронӣ карда, гуфт он ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд ва бо зикри зарурати таҳияи механизми ҷойгиронӣ, кашонидан ва коркарди партовҳо ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист дастур дод, ки “Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035” таҳия кунад.
Ба иттилои раисҷумҳур, ҳамасола дар кишвар беш аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва ин партовгоҳҳо масоҳати умумии беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Аммо аз сабаби кофӣ набудани корхонаҳои коркарди партов, қисми зиёди ин партовҳо саривақт коркард намешаванд, ки “ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳаҷми умумии партовҳо дар кишвар барои як сол тақрибан 4 миллион метри мукааб аст. Аз ин танҳо каме бештар аз 23 ҳазор тонна партов дар коркард мешавад. Дар аввали сол ин Кумита гуфта буд, ки дар кишвар 74 корхонаи хурди коркарди партов фаъолият дорад.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳаҷми партове, ки дар Тоҷикистон коркард мешавад, нисбат ба партове, ки истеҳсол мешавад, бамаротиб кам ва назарногир аст. Ва ҳамчунин, корхонаҳое, ки ба коркарди партов машғуланд, иқтидори зиёд надоранд ва дар аксар ҳолат, маҳсулоти мисли коғазу оҳану плостикро, ки нисбат ба партовҳои маишӣ камзарартаранд, коркард мекунанд.
Ин нуктаро раисҷумҳур ҳам зикр карда, гуфта буд, ки “имрӯз дар мамлакат шумораи коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо кам буда, дар онҳо асосан партовҳои пластикӣ, коғаз, равғанҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва монанди инҳо коркард карда мешаванд, лекин иқтидори ин коргоҳҳо барои коркард ва коҳиш додани ҳаҷми ҳама гуна партовҳо ночиз мебошад”.
Ин чӣ хатар дорад?
Саривақт кашонида нашудани партов ва ба таври фарогир коркард нашудани он, махсусан партовҳои маишӣ, хатари партовгоҳҳоро бештар мекунад.
Зарар ба муҳити зист ва олуда шудани ҳаво аз паёмадҳои маъмули партов аст. Аммо зарари он ба саломатии инсон ҳам хатари ҷиддӣ аст.
Як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳам тасдиқ мекунад, ки дар партов метавонад ба моддаҳои барои саломатии инсон зараровар бошад. Ӯ мегӯяд, дар партовҳо метавонад металлҳои вазнин мисли симоб, сурб ва кадмий бошад, ки ин ба саломатии инсон зарар дорад.
“Ҳамчунин, партов метавонад боиси олудагии ҳаво, об ва хок шавад ва ин дар навбати худ, метавонад боиси бемориҳои роҳи нафас ва пӯст, аллергия ва осебёбии узвҳои дохилии инсон шавад. Дар чунин вазъ, кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин бештар осебпазиранд”, — мегӯяд ин масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Аммо дар мавриди то куҷо ин зарарҳо таҳқиқ ва мушаххас шудааст, посух надод. Ва ҳамчунин, пайдо кардани тадқиқоти анҷомдодаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба зарари партовҳо ба саломатии инсон ғайриимкон буд.
Дар ҳамин ҳол, Некрӯз Ҳалимов, духтури бемориҳои сироятӣ, ки соле пеш ба Русия рафта, ҳоло онҷо фаъолият дорад, мегӯяд, зарари партов ба саломатии инсон собит шудааст ва дар тамоми ҷаҳон медонанд, ки он ба кадом бемориҳо метавонад расонад.
“Нафаскашии ҳавои олуда аз партов боиси бемориҳои шушу роҳҳои нафас мешавад, металлҳои вазнин, мисли сурбу симоб ба системаи асаб ва гурдаҳо зарар мерасонанд ва хатари саратонро зиёд мекунанд. Газҳои заҳролуд боиси илтиҳоби роҳҳои нафас, бемориҳои дил ва бемориҳои рагҳо мешаванд. Моддаҳои заҳролуди органикӣ ба ҷигар, гурдаҳо ва системаи масуният таъсир мерасонанд. Бактерияҳо ва вирусҳо аз партовҳои органикӣ — инҳо хатари бемориҳои сироятиро меафзоянд”, — мегӯяд доктор Ҳалимов.
Аммо таъкид мекунад, ки “таъсири бади партов ё зарар аз он ба саломатиро шояд дар кутоҳмуддат наметавон ташхис кард, аммо дар дарозмуддат, ҳатман метавон собит намуд”. Ба қавли ин доктор, барои ташхиси дақиқ, бояд “вазъи беҳдоштӣ ва таъсири партовҳо ба он ба таври доимӣ ва комил назорат ва таҳқиқ шавад, ки мутаассифона дар кишвари мо чунин нест”.
Мо кортҳоеро омода кардем, ки дар онҳо дар бораи таъсири партовҳо ба саломатии инсон маълумот дода мешавад:







Дилбар Раҳимова ҳам ба ин нукта ишора мекунад ва мегӯяд, “гӯё касе дарк намекунад, ки партови кӯчаи марказии Шаҳритус мушкили танҳо ман ё чанд нафар нест, он метавонад барои садҳо ё ҳазорҳо одам зарар расонад”.
“Шояд ҳоло касе дақиқ нагӯяд ва ё эҳсос накунад, ки маҳз ин партов боиси бемориаш шуда бошад, аммо пас аз чанд сол паёмади нафасгирии ҳавои атрофи ин партов, назикӣ ба он эҳсос мешавад ва ба ҳатман беморие хуруҷ мекунад”, — зикр мекунад Раҳимова.
Бо назардошти ин хатар, ӯ тасмим гирифтааст, ки бо нашри навору хабар додан ба расонаҳо, ин хатарро ба гӯши масъулин расонад.
Чаро мушкили партовҳо дар Тоҷикистон сол ба сол зиёдтар мешавад?
Бо зиёд шудани аҳолӣ, болоравии сатҳи зиндагӣ ва рушди истеъмол, ҳаҷми партовҳои сахти маишӣ дар Тоҷикистон сол ба сол зиёд мешавад. Хусусан, афзоиши истифодаи бастабандӣ ва зарфҳои яккадафъаина, ки аксаран қобили коркарди дубора нестанд низоми идоракунии партовҳоро зери фишори ҷиддӣ қарор додааст. Дар ҳамин ҳол, зиёд шудани биноҳои сохтмонӣ дар пойтахт боиси афзоиши партовҳои сохтмонӣ шуда, мушкилоти мавҷударо боз ҳам шадидтар мегардонад.
Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки агар чораҳои фаврӣ андешида нашаванд, то соли 2050 ҳаҷми партовҳо дар тамоми ҷаҳон то 70 фоиз афзоиш меёбад. Барои кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки инфрасохтори коркарди партовҳо ҳанӯз заиф аст, чунин тамоюл метавонад паёмадҳои ҷиддии экологӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.
Партовгоҳҳо манбаи олудашавии хок, об ва ҳаво бо моддаҳои заҳролуд ба ҳисоб мераванд. Партовгоҳи асосии шаҳри Душанбе солҳо боз партовҳоро ҷамъ мекунад, бе он ки масъалаи камсозӣ, ҷудокунии партовҳо ё коркарди онҳо ба таври системавӣ ҳал шуда бошад. Бо зиёд шудани ҳаҷми партовҳо, хароҷоти нигоҳдории полигон ҳам афзоиш меёбад ва ин бори молиявиро ба дӯши буҷети шаҳр мегузорад. Дар сурати набудани ислоҳоти воқеӣ, пойтахт метавонад дар ояндаи наздик ба буҳрони партовҳо рӯ ба рӯ шавад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин мушкил танҳо техникӣ нест. Шарти асосии идоракунии муваффақи партовҳо ин пеш аз ҳама тағйири тарзи тафаккур ва рафтори ҷомеа мебошад. Бе баланд бардоштани фарҳанги экологӣ, ҳисси масъулият ва сатҳи огоҳии шаҳрвандон, ҳатто беҳтарин қарорҳои сиёсӣ натиҷаи дилхоҳ нахоҳанд дод.





