Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки масъулини соҳаи энергетика бояд ба мушкилоти низоми куҳнаи таъмини барқ дар кишвар таваҷҷуҳи бештару ҷиддитар намоянд.
Бо фаро расидани фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ, бештари аҳолии Тоҷикистон бо мушкили бебарқӣ рӯбарӯ шудаанд. Қатъ намудани нерӯи барқ, маҳдудиятҳо ва лимитҳои шадиди барқ ба зиндагии маишӣ ва кори ҳаррӯзаи мардум таъсири бевосита гузошта, нигарониҳои онҳоро бештар намудааст.
Паёмак ба ҷойи барқ…
Сокинони Душанбе паёмак гирифтаанд, ки аз истифодаи яквақтаи таҷҳизоти пуриқтидори барқӣ худдорӣ намоянд.
Бо далели коҳиши сатҳи об дар дарёҳо ва кам шудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, шабакаҳои барқи пойтахт аз аҳолӣ хоҳиш доранд, ки якбора чанд дастгоҳи пуриқтидор аз қабили (обгармкунакҳо, дарзмол, плитаҳои барқӣ, печҳои барқӣ ва мошинаҳои ҷомашӯӣ) — фаъол насозанд.
Дар паёми SMS, ки ба сокинон фиристода шудааст, огоҳ менамоянд: агар истеъмол аз 4 кВт зиёд шавад, барқ ба таври худкор барои 30 дақиқа қатъ мегардад. Дар чунин ҳолат тавсия дода мешавад, ки қисме аз дастгоҳҳо хомӯш карда шаванд ва то барқарор шудани барқ интизор бимонанд.

Гуфта мешавад, ки ин чора муваққатист ва ҳадафаш сарфа кардани об дар обанборҳо дар шароити камобист.
Сокинони баландошёнаҳои Душанбе бебарқӣ шикоят доранд
Фарзона, як сокини биноҳои баландошёнаи ноҳияи Сино, аз бебарқӣ ва мушкили доимӣ дар низоми гармидиҳӣ шикоят мекунад. Ӯ мегӯяд, ки аз рӯйи бебарқӣ наметавонад, ки барои фарзандони хурдсолаш нону хӯрок пазад.

“Бисёр вақт кӯдакҳоямро гирифта ба ҳавлии модарам меравам, чунки дар баландошёнҳо бо қатъ шудани барқ зиндагӣ кардан имкон надорад. Барқ набошад, об нест, низоми гармидиҳӣ ҳам аз кор мемонад, лифтҳо кор намекунанд, хонаҳо зуд хунук мешавад, кӯдакҳо чандборӣ касал шуданд, маҷбур шудем, ки хонаҳоямонро тарк кунем”,- мегӯяд Фарзона.
Садбарг, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, мегӯяд, “хонаҳо сард аст, нерӯи барқ ҳар рӯз бидуни ягон ҷадвали муайян қатъ мешавад”.

“Аз рӯйи бебарқӣ қариб ҳар рӯз бачаҳои ман ба мактаб бо шиками гушна мераванд. Ҳанӯз ғизо омода нашуда, барқ қатъ мешавад. Дасташон ба камтар пул медиҳем, хотдогу пирожкӣ мехӯранд, ки ин ба саломатии онҳо зарар мерасонад ва ман ҳам имконияти пул додан ҳам надорам. Намедонем ба куҷо шикоят кунем. Ба шабакаи тақсимоти барқи ноҳияи Фирдавсӣ умуман тамос гирифта намешавад, ба зангҳо ҷавоб намедиҳанд”,- гила мекунад ҳамсӯҳбати мо.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамарӯза барқ қатъ мешавад, системаи гармидиҳӣ ҳам дуруст кор намекунад, об нест ва сол то сол вазъият мушкилтар мешавад.

Шараф ҳамсӯҳбати дигари мо, ки дар маркази пойтахт зиндагӣ мекунад, мегӯяд “солҳои охир қатъ шудани нерӯи барқ дар маркази шаҳр ҳам бисёр мушоҳида мешавад. Баъзан вақтҳо шабона барқро хомӯш мекунанд. Масъулин онро ба таъмир ва садама дар зеристгоҳҳои барқӣ рабт медиҳанд, аммо ин хеле шубҳаовар аст”, мегӯяд ӯ.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мушкили бебарқиро дар дохили шаҳри Душанбе ба баҳс мекашанд.
Баҳодур Раззоқов, як корбари фейсбук мушкили бебарқиро чунин шарҳ медиҳад, “сатҳи пасти салоҳиятнокии масъулони соҳавӣ, коҳиш ёфтани масъулият дар назди муштарӣ ҳамчун истеъмолкунанда, дуздии ҳангуфт ва бебоконаи барқ, тавассути шиносбозӣ ва фасод рупӯш кардани ин аъмоли зишт”.
Як корбари дигар сокини ҷамоати Чортеппаи шаҳри Душанбе менависад, мушкили қатъи нерӯи барқ чанд моҳ аст, ки ҳал намешавад.
“Онҳо ҳар вақте ки дилашон хост, барқро хомӯш мекунанд. Мо баробари сокинони шаҳр андоз ва дигар намуди хизматрасониҳои коммуналиро месупорем, аммо нерӯи барқро мисли ноҳияҳо ба мо медиҳанд. Аз моҳи сентябр қариб ҳар рӯз барқро хомӯш мекунанд”, – манависад ӯ.
Ба гуфтаи бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудиятҳои нерӯи барқ ҳанӯз аз охири моҳи сентябр ҷорӣ гардида буданд. Мақомот ин тасмимро ба камборишӣ, паст шудани сатҳи оби обанборҳо ва афзоиши истеъмол рабт медиҳанд.
Маҳмуд Мирзоён, намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ба АМИТ “Ховар” гуфтааст, ки тағйирёбии иқлим, камборишӣ ва коҳиши сатҳи оби дарёҳо ба истеҳсоли неруи барқи кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон асосан аз оби дарёҳои кӯҳӣ неруи барқ истеҳсол мекунад ва пешгӯии ҳаҷми об, шароити ҳаво ва пуршавии обанборҳо хеле душвор аст.
Дар матлаб омадааст, ки сатҳи обанбори Норак зиёда аз 3,5 метр паст шудааст, воридшавии об нисбат ба соли гузашта 80 м³/с коҳиш ёфтааст ва ин омилҳо сифати таъминоти неруи барқро бевосита зери таъсир мегузоранд.

Камолидин Сироҷидинов, коршиноси соҳаи энергетика, мегӯяд, барои таъмини кори муътадили неругоҳҳо зарур аст, ки обанборҳо то охири фасли зимистон сатҳи кофии обро нигоҳ доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар НБО “Норак” аз 9 агрегат ҳоло шояд 2–3 адад фаъол бошанд, дар ҳоле ки барои ба кор даромадани ҳадди ақал 4–5 агрегат дар фасли зимистон сатҳи оби обанбор бояд ба 910 метр расад.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар ҳавои сард талабот ба нерӯи барқ афзоиш меёбад ва дар чунин шароит бояд иқтидорҳои иловагӣ фаъол карда шаванд.

Ба гуфтаи Сироҷидинов, “мушкилоти бебарқӣ танҳо ба камобӣ вобаста нест: норасоии мутахассисон, хатҳои куҳнашудаи баландшиддат, зеристгоҳҳои фарсуда ва афзоиши сохтмони биноҳои баландошёна низ ба вазъи соҳа таъсири ҷиддӣ мерасонанд”.
Ба иттилои ӯ, беш аз 400 зеристгоҳи барқӣ дар кишвар ҳанӯз дар солҳои 1960–1970 сохта шуда, имрӯз ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд. “Ҳангоми зиёд шудани таъминоти барқ истеъмол боло меравад ва зеристгоҳҳои фарсуда ба сарборӣ тоб намеоранд, ки ин боиси афзоиши садамаҳо мешавад”, — хулоса мекунад коршинос.

Бебарқӣ ба кори электромобилҳо ҳам таъсир расонд
Маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ ба низоми нақлиёти ҷамъиятӣ низ зарба задааст. Шабакаҳои тақсимоти барқ маҳдудиятҳоро то нуқтаҳои пуркунии электромобилҳо васеъ карданд. Ин нуқтаҳо аз соати 18:00 то 22:00 аз шабака ҷудо карда мешаванд, то сарборӣ ба вақти зиёдшавии талабот ба барқ коҳиш ёбад.
Тоҷикистон имсол беш аз 40 ҳазор электромобил ба қайд гирифтааст, ки ба ҳисоби миёна то 900 кВт/соат дар як рӯзи корӣ неру истеъмол мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, танҳо ин бахш метавонад то 20% истеъмоли шабонарӯзии барқро ташкил диҳад. Ронандагон мегӯянд, ки дар соатҳои бебарқӣ навбатпоӣ зиёд мешавад ва хизматрасонӣ коҳиш меёбад.

Парвиз, бо қарзи бонк электромобил харидорӣ кардааст, то зиндагиаш беҳтару кораш даромаднок шавад, аммо маҳдудият барқ дар пойтахт ӯро нигарон кардааст, ки маблағи аз бонк гирифтаашро чӣ гуна кор кунад. Ӯ рӯзона мактаббачаҳоро ба мактаб мебараду шабона таксиронӣ мекунад. Аммо баъди ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар нуқтаҳои пуркунии электромобилҳо реҷаи кориаш ба ҳам задааст. Ӯ шикоят дорад, ки акнун соатҳои зиёди худро дар навбат гирифтани барқ мегузаронад. “Пештар ин хел ҳолат набуд. Бидуни навбатпойӣ дар дилхоҳ нуқта рафта барқ мемондему кор мекардем. Ҳоло аксарияти нуқтаҳо кор намекунанд, лимит аст. Кори мо ҳам серхарҷу камдаромад шуда истодааст”.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки иқдоми Тоҷикистон барои густариши нақлиёти барқӣ мусбат аст, вале иқтидорҳои энергетики мамлакат ба ин суръат омода нестанд. Камобӣ, тағйирёбии иқлим ва афзоиши талаботи аҳолӣ равандеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳамбастагии сиёсати «энергияи сабз» ва амнияти энергетикӣ торафт равшантар мешавад.
Аксари таксиҳо дар Душанбе мошинҳои барқӣ ҳастанд. Рӯзҳои охир бо пеш омадани камбуди барқ дар нуқтаҳои барқдиҳӣ бархе аз мусофирон ҳам аз камчин шудани таксӣ шикоят мекунанд. Назари масъулини нуқтаҳои барқдиҳии электромобилҳо маълум нест.

Озодӣ бо такя ба манбаи худ менависад, ки мақомот расман маҳдуд шудани барқ дар пойтахтро шарҳ надоданд, аммо як корманди “шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфт, супориш шудааст, ки интиқоли барқ дар баъзе аз чунин нуқтаҳо дар вақти таъмини хонаҳо бо барқ, танзим шавад.
Ба гуфтаи вай, агар барқ дар чунин нуқтаҳо хомӯш нашавад, мумкин аст, ҳазорон нафар дар баландошёнаҳо бе барқ монанд. Як сабаби сахт шудани таъмини барқ дар пойтахтро имсол бархе аз таҳлилгарону сокинон ба афзун шудани мошинҳои барқӣ вобаста медонанд.
Соли 2024 Тоҷикистон ба маблағи 906 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст
Соли 2024 Тоҷикистон ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон ба маблағи умумии 906,8 миллион сомонӣ нерӯи барқ фурӯхтааст.
Соли 2024 Тоҷикистон ба Афғонистон 1 млрд 530,4 млн кВт-соат неруи барқ ба маблағи 705,2 млн сомонӣ содир намуд. Ҳаҷми интиқол ба Ӯзбекистон 943,9 млн кВт-соатро ташкил дода, арзиши он 201,2 млн сомониро дарбар мегирад. Ба Қирғизистон бошад, 4 млн кВт-соат неруи барқ ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ фиристода шудааст.
Дар маҷмӯъ, соли 2024 дар кишвар 22 млрд 427 млн кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид. Ба ҳисоб гирифта мешавад, ки содироти неруи барқ зиёда аз 10 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил дода, ҷойгоҳи муҳими иқтисодии ин бахшро нишон медиҳад.

Соли 2023 бошад Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,6 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ содирот кардааст, ки дар қиёс ба як соли қабл 124 миллион киловат-соат бештар аст. Ба Афғонистон бештар аз якуним миллиард киловат-соат, ба Узбекистан 907 миллион киловат-соат ва ба Қазоқистон 144,6 миллион киловат-соат содирот шудааст.
Тағйирёбии иқлим бебарқиро ба воқеияти доимӣ табдил медиҳад
Собир Қурбонов, таҳлилгари масъалаҳои иқлим, об ва энергетика, бар ин назар аст, ки бебарқӣ дар Тоҷикистон на як мушкили мавсимӣ, балки паёмади мустақими тағйирёбии иқлим ва осебпазирии сохтории низоми энергетикии кишвар аст.

“Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба зимистон дар шароити камборишӣ ворид шуд. Миқдори боришоти мавсимӣ дар минтақа аз меъёрҳои дарозмуддат то 40–70 дарсад камтар аст. Ин нишон медиҳад, ки коҳиши воридшавии об ба дарёҳо ва обанборҳо дигар истисно нест, балки равандест, ки такрор мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, вобастагии зиёда аз 90-дарсадии Тоҷикистон аз гидроэнергетика кишварро дар баробари тағйирёбии иқлим осебпазир мекунад.
“Вақте беш аз 80–90 дарсади барқ аз неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад, ҳар тағйир дар реҷаи бориш ва обшавии пиряхҳо мустақиман ба ҳаёти мардум таъсир мерасонад. Маҳдудияти барқ дар деҳот, ки имрӯз ба 2–3 соат дар як шабонарӯз расидааст, нишонаи буҳрони амиқи сохторӣ аст, на мушкили муваққатӣ”.
Қурбонов таъкид мекунад, ки бебарқӣ танҳо мушкили техникӣ нест, балки ба дигар соҳаҳо низ таъсир мерасонад:
“Коҳиши истеҳсоли неруи барқ ба гармкунии манзил, фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва иқтисоди хонаводагӣ зарба мезанад. Дар чунин шароит мардум маҷбур мешавад ба ангишт, ҳезум ва дигар манбаъҳои ифлоскунандаи энергия рӯ оварад, ки ин сифати ҳаворо боз ҳам бадтар мекунад”.

Ба андешаи ин таҳлилгар, мушкил танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд намешавад, аммо маҳз дар кишварҳое, ки ба гидроэнергетика такяи пурра доранд, пайомадҳо шадидтар ҳастанд.
Қурбонов мегӯяд, ки «бӯҳрони имсола нишон медиҳад, ки бе ислоҳоти ҷиддӣ бебарқӣ ба як мушкили доимӣ табдил меёбад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба парлумон санаи 16 уми декабр эълон кард, ки то соли 2027 кишвар ният дорад аз лимити неруи барқ даст кашад. Ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ, коҳиши талафоти шабакаҳо ва рушди энергияи офтобӣ имкон медиҳад, ки истеъмол пурра ба ҳисоб гирифта шавад.





