Дар шароити тағйирёбии иқлим ва камбуди об, масъалаи таъмини оби полезӣ яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон, ҳарчанд захираҳои обии зиёд дошта бошад ҳам, аз сабаби тақсимбандии нодурусти об дар минтақаҳо бо мушкилоти обёрии заминҳо рӯбарӯ мебошад. Коршиносон роҳи ҳалли ин мушкилро дар ҷорӣ кардани усулҳои муосир мебинанд.
Дар ҷамоати Овчиқалъача, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, Алибоев Алиҷон бо хонаводааш системаи обёрии қатрагиро ҷорӣ намуда, соли сеюм аст, ки ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд.
Алибоев Алиҷон — деҳқоне бо беш аз 25 соли таҷриба аст. Ӯ дар ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд ва бузург шудааст. Гарчанде ихтисоси омӯзгориро гирифта бошад ҳам, зиндагӣ ӯро ба замин ва кишоварзӣ пайваст. Имрӯз Алиҷон дар хоҷагии деҳқонии «Валиҷон», ки онро писараш раҳбарӣ мекунад, кор мекунад. Ӯ мегӯяд, тағйирёбии иқлим қоидаҳои корро куллан тағйир дод ва дигар бо усулҳои куҳна кишт кардан ғайриимкон аст.
«Аз сабаби хушксолӣ ва камбуди об мо маҷбур шудем ба обёрии қатрагӣ гузарем. Ин кор аз рӯйи ҳавас нест, балки зарур аст, — мегӯяд Алиҷон. Об рӯз аз рӯз камтар мешавад, агар худамон дар фикри ҳосилнокии хуб набошем, ҳеҷ кас ба мо кумак намекунад».
Се сол пеш хонаводаи Алибоевҳо як таҷриба гузаронданд: онҳо зимистон заминҳои қулфинайроро ба монанди гармхона бо салафани дуқабата пӯшонданд. Натиҷа ғайричашмдошт буд, ҳатто дар сардиҳо ҳам тавонистанд ҳосил ба даст оранд. Имрӯз онҳо қулфинайро бо пиёз, помидор ва гулҳои гуногун ҳамроҳ парвариш мекунанд.

«Мо салафани сафедро истифода бурдем, зеро он нурҳои офтобро бармегардонад ва ба решаҳо имкон намедиҳад, ки аз гармии зиёд осеб бинанд. Ин кор хеле муҳим аст. Вақте ҳарорат аз 30 дараҷа боло меравад, қулфинай заиф мешавад ва ҳосил кам медиҳад», — нақл мекунад деҳқон.
Қулфинай аз ҷумлаи зироатҳое аст, ки решаҳояш сатҳӣ мебошад ва ба зиёдшавии об ё беобӣ хеле ҳассос аст. Ба он обёрии доимӣ ва миқдори муайяни об зарур аст. Маҳз ба ҳамин хотир, усули обёрии қатрагӣ беҳтарин роҳи парвариши қулфинай ба ҳисоб меравад.
Ҳоло дар хоҷагии «Валиҷон» қулфинай дар масоҳати ду гектар парвариш карда мешавад. Ҳосилро ҳар рӯз то 500 киллограм ҷамъоварӣ мекунанд ва тибқи пешбиниҳо дар як сол то 25 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Меваро онҳо ҳам дар бозорҳои маҳаллӣ ва ҳам ба таври яклухт ба бозорҳои Хуҷанду Душанбе ва ҳатто ба Ӯзбекистон мефурӯшанд. Дар вақти мавсим як килограмм қулфинай аз 15 то 30 сомонӣ нарх дорад.
Ин деҳқон соли 2022 ҳавзи шахсии худро барои захираи об бо ҳаҷми 1200 метри мукааб сохтааст. Об аз ариқ омада, баъдан аз тавассути ҳавзҳои тозакунанда ва филтрҳо гузаронда мешавад ва баъд бо қубурҳо ба катҳо тақсим мегардад.
«Пештар об аз тариқи ариқҳо мерафт, нуриҳои заминро ҳамроҳаш шуста мебурд ва мо аз ин ҳисоб зарари зиёд медидем. Ҳоло ҳама чиз зери назорат аст. Об ба ҳар як растанӣ ба миқдори зарурӣ мерасад. Ин имкон медиҳад то 70 дарсад об сарфа ва ҳосилнокӣ то 30 дарсад зиёд шавад», — мегӯяд Алибоев.
Обёрии қатрагӣ як усули обдиҳӣ мебошад, ки обро тавассути системаи қубурҳо мустақиман ба решаҳои растаниҳо мерасонад. Об бо миқдори кам, оҳиста ва дақиқ интиқол дода мешавад, ки ин барои пешгирӣ кардани истифодаи аз ҳад зиёди об ва бухоршавӣ кӯмак мекунад. Чӣ тавр кор мекунад: Сарчашма обанбор ё системаи обтаъминкунӣ мебошад. Об ба воситаи қубури асосӣ, баъд ба воситаи капиллярҳо ба ҳар як ниҳол дода мешавад. Тавассути қатракунакҳо, об ба хок дар зери ҳар як растанӣ баробар тақсим карда мешавад.
Аз рӯйи нақли ҳамсӯҳбати мо ҳамасола барои ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии «Валиҷон» вобаста ба ҳар як мавсим аз 10 то 15 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд. Ба коргарони кироя дар як соати корӣ аз 10 то 15 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад. Ҷамъоварии қулфинай асосан субҳи барвақт ё шом шурӯъ мешавад, чунки дар вақти гармӣ безеб мешавад. Дар корҳои саҳроӣ тамоми аъзои оила саҳмгузоранд.
Имрӯз ин хоҷагӣ на танҳо қулфинай, балки пиёз, помидор ва ҷуворимаккаро барои хӯроки чорво парвариш мекунад. Дар нақша аст, ки системаи обёрии қатрагиро ба заминҳои пахта низ гузаронанд.
«Пештар моҳи апрел ва май, ки бештар об лозим мешуд, мо танқисӣ мекашидем. Об ба заминҳои мо танҳо моҳи июн мерасид. Аз ҳамин сабаб ҳосили хуб намегирифтем. Ҳоло бошад, бо ҳавзи захиравӣ ва низоми обёрии қатрагӣ, раванди обёриро худамон идора мекунем», — мегӯяд Алиҷон.

Нуриҳои органикӣ сохтори хокро беҳтар намуда, қобилияти нигоҳдории об ва ҳосилхезии онро зиёд мекунанд. Ин омил махсусан дар шароити хушксолӣ, фарсудашавии замин ва падидаҳои шадиди обу ҳаво, ки натиҷаи тағйирёбии иқлиманд, аҳамияти ҷиддӣ дорад.Рад кардани истифодаи нуриҳои кимиёвӣ сатҳи ифлосшавии хок ва обро коҳиш медиҳад, ки ин ба ҳифзи гуногунрангии биологӣ, инчунин саломатии худи деҳқонон ва истеъмолкунандагон мусоидат мекунад. Ин махсусан дар шароите дуруст аст, ки экосистема аз фишори иқлим аллакай заиф шудааст.
Дар Тоҷикистон қисми зиёде аз деҳқонон оҳиста оҳиста ба обёрии қатрагӣ мегузаранд. Хусусан дар минтақаҳое, ки коҳиши пиряхҳо ва камшавии ҷараёни обҳову дарёҳо аллакай эҳсос мешавад. Ин усул имкон медиҳад, ки киштзорҳо аз хатари хушкшавӣ наҷот ёфта, кишоварзон ба шароити нави иқлимӣ мутобиқ шуда, аз заминкорӣ даст накашанд.
Ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистон обёрии рӯйи заминӣ маъмултарин ва бештар истифодашаванда боқӣ мемонад. Усули истифодаи системаи қатрагӣ ва боронӣ танҳо чанд соли охир пайдо шудааст. Барои ба роҳ мондани усули нав хароҷоти иловагӣ, кордонии махсусро талаб мекунад.

Мувофиқи таҳлили коршиносон, ки аз манбаъҳои кушод гирифта шудааст, талафоти об дар роҳ аз манбаи асосӣ то замин вобаста ба ҳолати шабакаҳои обёрӣ аз 50 то 65 дарсадро ташкил медиҳад. Самаранокии истифодаи об миёни 55 то 70 дарсад арзёбӣ мешавад, вале самаранокии умумии истифодаи об аз 27 то 46 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамасола барои истифода ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ ва заҳбурҳо миллионҳо доллар сарф мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байналмилалии «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» таъкид кард, ки тағйирёбии иқлим таъсири худро ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бештар мегузорад.
«Тибқи мушоҳидаҳо, тайи шаст соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа боло рафта, басомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои табиии обуҳавошиносӣ афзоиш ёфтааст», — таъкид намуд ӯ.
Президенти кишвар ба ҳукумат супориш дод, ки истифодаи сарфакоронаи оби кишоварзӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани обёрии қатрагиро густариш диҳад, то ҳам захираҳои об сарфа ва ҳам ҳолати мелиоративии заминҳои кишт беҳтар карда шавад.
Ба гуфтаи Амиров Назрулло, мудири шӯъбаи мониторинг ва омӯзиши амнияти озуқавории Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ АИКТ, обёрии қатрагӣ яке аз дастовардҳои муҳимми инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Ин усул имкон медиҳад, ки об ба таври сарфакорона истифода шавад, замин аз эрозия ҳифз гардад ва ҳосилнокӣ афзоиш ёбад. Гарчанде дар солҳои аввал хароҷоти хариди таҷҳизот зиёд аст, аммо дар дарозмуддат фоида чандин маротиба бештар хоҳад буд.
Ин коршинос мегӯяд, ки «тағйирёбии иқлим тамоми бахшҳои кишоварзӣ аз чорводорӣ то пахтакорӣ зери таъсир қарор додааст. Мо бояд бо технологияҳои нав, тухмиҳои нав, усулҳои нави киштукор ва фарҳанги нави истифодаи замин амал кунем. Вобаста ба тағйирёбии иқлим олимон бояд пешниҳод кунанд, ки дар Тоҷикистон дар заминҳои лалмӣ қариб 400 ҳазор гектар замин гандумро дар моҳҳои феврал мекоранд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки онро дар моҳи сентябр бикорем, то дар вақти зимистон барфу борон мешавад, замин аз намӣ таъмин мешавад ва аз ҳамон об ғизо мегирад, зироат дар вақташ пухта мерасад ва ҳам таъсири тағйирёбии иқлим ба зироат кам мешавад.
Бо вуҷуди ин, мушкилоти қонунгузорӣ то ҳол монеаи ҷиддӣ боқӣ мондааст. Деҳқонон мегӯянд, ки сохтмони ҳавзҳои хурд барои захираи об дар заминҳо расман иҷозат дода намешавад. Аммо ба гуфтаи Амиров, қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ», ки қарор аст ба зудӣ мавриди амал қарор гирад, маҳдудиятҳои мавҷударо бартараф хоҳад кард.

«Дар қонуни нав ҳамаи ин маҳдудиятҳо аз байн бурда шудаанд, ки ҳар шахс метавонад замини худро истифода барад, гармхона созад, таҳхона созад ва маҳсулоташро истеҳсолу нигаҳдорӣ кунад. Фақат як чиз ки давлат бевосита хоҷагиро ёрдам намекунад, танҳо ба воситаи барномаҳои рушди соҳавӣ масалан, барномаҳои давлатӣ дар бораи чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, сабзавоткорӣ ва ғайра кӯмак мерасонад», — гуфт коршинос Амиров.
Аммо худи деҳқон бояд ташаббус нишон диҳад, маълумот ҷамъ кунад ва бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намояд. «Агар замин дуруст истифода шавад, он метавонад барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муҳим гузорад», — мегӯяд Амиров.
«Обёрии қатрагӣ танҳо як воситаи иловагӣ барои зиёд кардани ҳосил нест. Он яке аз унсурҳои муҳими муосирсозии усулҳои кишоварзӣ мебошад, то ки онҳо тавонанд ба хушксоливу камбуди об муқобилат кунанд. Бо дарназардошти хароҷоти ками хизматрасонӣ ва неруи барқ, ин усул метавонад дар саросари кишвар нақши муҳим бозад, зеро аксари деҳқонон соҳиби қитъаҳои хурданд», мегӯяд намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, «ҷорӣ кардани усулҳои дурусти идоракунии захираҳои об дар кишоварзӣ метавонад устувории аҳолии маҳаллиро ба таври назаррас афзоиш диҳад, имкон медиҳад, ки офатҳои табиии минбаъдаро паси сар кунанд ва истеҳсолоти кишоварзиро бо захираҳои маҳдуди табиӣ беҳтар созанд».
Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносони Бонки Осиёии Рушд, ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон, бахусус дар ҳамвориҳо бештар аз 40 дараҷа боло хоҳад рафт. Ин раванд таъсири манфии зиёд ба саломатии инсон ва тамоми соҳаҳои иқтисодиёт хоҳад гузошт. Аз аввали моҳи июн ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон хеле баланд шуда, то ба 42 — 44° ва дар баъзе ноҳияҳои кишвар аз ин ҳам зиёдтар шуд.
«Олимон мегӯянд, ки пиряхҳо об мешаванд ва об рӯз то рӯз камтар мегардад. Агар ба усулҳои муосир нагузарем, бе ҳосил мемонем. Мо худамон бояд дастархони халқамонро пур кунем, худамон дастархонамонро пур накунем, ҳеҷ кас пур карда намедиҳад. Зарур аст, ки ба навовариҳо рӯ оварем, то суфраи мардумамон пур бошад», — гуфт деҳқон Алиҷон Алибобоев.