/
/
/
Боғе зери офтоб: Деҳқонони Чоркӯҳ дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои мутобиқшавӣ ба иқлим

Боғе зери офтоб: Деҳқонони Чоркӯҳ дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои мутобиқшавӣ ба иқлим

Ҷаҳон бо суръати бесобиқа тағйир меёбад ва мутобиқ шудан ба ин дигаргуниҳо торафт душвортар мешавад. Дар тӯли асрҳо инсон мекӯшид табиатро ба ниёзҳои худ мутобиқ созад, вале имрӯз қоидаҳо дигар шудаанд: хатогиҳои гузашта, аз ҷумла истифодаи нодурусти замин ва об, худ ба худ бармегарданд. Имрӯз деҳқонон маҷбуранд, ки на табиатро ба худ, балки худро ба табиат мутобиқ кунанд. Тағйирёбии иқлим акнун як мушкили ҷаҳонӣ аст, ки таъсири он дар зиндагии ҳаррӯзаи одамон эҳсос мешавад. Дар Осиёи Марказӣ ин раванд ба бисёр соҳаҳо, хусусан ба соҳаи кишоварзӣ таъсир мерасонад, ки манбаи асосии даромади рӯзгори миллионҳо нафар мебошад.

Дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, деҳқонон танҳо ба парвариши мева қонеъ намешаванд, балки онҳо талош доранд системаи устувори кишоварзиро созанд. Ба ҷойи боғҳои куҳна дарахтони олуи сиёҳ шинонда, бо усулҳои нав, истифодаи нуриҳои органикӣ ва технологияҳои муосир кор мекунанд.

Дар яке аз қитъаҳо, ки то чанде пеш боғи кӯҳна буд, ҳоло 5 гектар олуи сиёҳ парвариш мешавад. Байни қаторҳо — картошка, лӯбиё ва помидор шинондаанд. Ин таҷриба, ба гуфтаи деҳқонон, нахустин қадами онҳо дар роҳи навсозии замин ва гузариш ба боғпарварии интенсивӣ аст.

Сафиаллоҳи Абдуллоев, сардори ҳоҷагии кооперативии тухмипарварии «Чоркӯҳ», зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки «ҷойи мувофиқ ёфтем, дарахтони кӯҳнаро решакан карда, ба ҷойи онҳо дарахтҳои нав шинонидем. Дар оянда ҳосили олуи сиёҳро ҳам тару тоза ва ҳам хушк ба фурӯш мебарорем. Агар ҳама чиз хуб бошад, аз 6 гектар то 150 тонна олуи сиёҳ ва то 30 тонна картошка ҷамъоварӣ кардан мумкин аст».

Таҷрибаи Чоркӯҳ нишон медиҳад, ки ҳатто дар шароити тағйирёбии иқлим ва камбуди об имкониятҳои рушди иқтисодӣ вуҷуд доранд. Аммо ин танҳо бо шарти истифодаи равишҳои нав, сарфакорона ва илмӣ дар заминдорӣ ва обёрӣ имконпазир аст.

Дарахти олу (олуи сиёҳ) ба гуфтаи мутахассисон, яке аз дарахтҳое аст, ки ба тағйирёбии иқлим хуб мутобиқ мешаванд, хусусан агар навъҳои дуруст интихоб ва усулҳои пешрафтаи агротехника истифода шаванд. Ин омил олуи сиёҳро дар шароити иқлими гарм ва ғайрипешбинишаванда ба зироати фоидавор табдил медиҳад.

Деҳқонони Чоркуҳ мегӯянд, ки мушкили беобӣ дар ин минтақа вуҷуд надорад. Канали “Сурх” қитъаҳои киштро мунтазам бо об таъмин мекунад. Онҳо бештар ба истифодаи самараноки об такя мекунанд, на ба ҳаҷми зиёди он.

«Мо асосан нуриҳои органикиро истифода мебарем, яъне поруи чорворо аз хоҷагиҳо ҷамъоварӣ мекунем. Ҳангоми обёрӣ онро илова мекунем. Ин намиро нигоҳ медорад ва ниҳолҳоро қавӣ месозад. Миқдори хеле ками нуриҳои минералиро истифода мебарем», илова кард Сафиаллоҳ Абдуллоев.

Роҳбари кооперативи «Чоркуҳ» Восилахон Ҷалолова зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки «хоҷагии мо яке аз калонтарин хоҷагиҳо дар Исфара аст. Масоҳати умумии боғҳо 377 гектар мебошад. Мо боғҳоро мунтазам нав мекунем, дарахтони кӯҳна ва камҳосилро бо навъҳои серҳосил ва интенсивӣ иваз менамоем».

«Олуи сиёҳ ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот, масалан ба Русия ва Қазоқистон бисёр мувофиқ аст. Ин мева ба бисёр бемориҳо тобовар буда, ба иқлими тағйирёбанда хуб мутобиқ мешавад. Пештар мо дар як гектар 100 дарахт мешинондем, ҳоло бошад то 1000 мешинонем. Ин ҳам сарфаи об аст, ҳам истифодаи самаранокии замин ва ҳам ҳосили бештар мегирем»,  мегӯяд Сафиаллоҳ Абдуллоев.

Зич шинондани дарахтон бухор шудани намиро коҳиш медиҳад. Решаҳои дарахтон ба замин соя мекунанд, баргҳо дар тирамоҳ пӯсида, ба хок ғизо мешаванд. Агар қаблан деҳқонон заминро панҷ маротиба дар як мавсим об медоданд, ҳоло танҳо як ё ду маротиба об медиҳанд. Ин махсусан дар шароите муҳим аст, ки пиряхҳо об мешаванд ва ҳаҷми захираи об коҳиш меёбад.

Зич шинондани дарахтони зиёд дар як гектар яке аз роҳҳои мутобиқшавии агрономҳо ба тағйирёбии иқлим аст. Ин равиш сатҳи устуворӣ ва қобилияти зиндамонии хоҷагиро боло мебардорад. Баланд бардоштани устуворӣ ба хушксолӣ: ҳар қадар дарахт бештар бошад, соя зиёдтар ва намнокӣ дар дохили замин бештар мемонад. Ин бухоршавии намиро аз хок кам мекунад, ниҳолҳои ҷавон ва дигар зироатҳоро аз гармии зиёдатӣ муҳофизат мекунад ва микроиқлимеро ба вуҷуд меорад, ки ба тағйироти шадиди ҳарорат камтар ҳассос аст. Зич шинондани дарахтон ҳамчунин шиддати шамолро кам мекунад ва ба нигоҳдории қабати ҳосилхези хок мусоидат менамояд. Ин махсусан дар минтақаҳое муҳим аст, ки тӯфонҳои чангу ғубор, ярч ва хушкшавии замин зиёдтар шуда истодааст.

Аз нақли ҳамсӯҳбатҳои мо дар байни қаторҳои дарахтҳо картошка шинондаанд. Барои зиёд кардани ҳосил навъҳои муосир — «Нуринисо» ва «Алладин» — истифода мешаванд, ки бо созишномаи махсус аз ноҳияи Деваштич оварда шудааст.

«Навсозии фонди тухмӣ — калиди ҳосили баланд аст. Мо мехоҳем на танҳо бозорро таъмин кунем, балки сатҳи зиндагии ҳар як хонаводаи деҳқонро беҳтар созем», — илова кард Восилахон Ҷалолова.

Ба гуфтаи коршиносон, солҳои охир дар минтақа падидаҳои шадиди иқлимӣ мушоҳида мешавад: болошавии ҳарорат, хушксолӣ, тӯфонҳои чангу ғубор ва тағйироти ногаҳонии обу ҳаво. Ин равандҳо боиси камбуди об, харобшавӣ ва шӯршавии хок, осеб дидани ҳосил, паҳншавии бемориҳо, фишори гармӣ, эрозия, обхезӣ ва сел мегарданд.

Барои ҳифзи ҳосилнокӣ ва устувории хоҷагиҳо, деҳқонон бояд хавфҳои иқлимиро ба назар гирифта, пешгӯиҳои обу ҳаворо бодиққат пайгирӣ кунанд ва навъҳои зироатҳоро бо эҳтиёт интихоб намоянд, — мегӯянд олимон.

Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки гармшавии иқлим дар ин минтақа нисбат ба меъёри миёнаи ҷаҳонӣ босуръаттар пеш равад. Масалан, агар дар ҷаҳон ҳарорат 4 дараҷа зиёд шавад, то охири асри XXI ҳарорати миёнаи солона дар Осиёи Марказӣ метавонад то 7 дараҷа боло равад. Аммо чунин баландшавии ҳарорат барои худи минтақа чӣ маънӣ дорад?

Бенжамин Орлов — профессори Донишгоҳи Колумбия ва узви гурӯҳи кории Институти тадқиқоти ҷомеаҳои кӯҳистони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар мусоҳиба бо caa-network.org таъкид кардааст, ки болоравии ҳарорат таъсири мустақим ба кишоварзӣ мерасонад.

«Мисоли равшан ин парвариши боғҳои мева мебошад, ки дар натиҷаи гармшавии ҳаво ҳосили камтар медиҳанд, зеро дарахтон аз баландшавии ҳарорат азият мекашанд. Онҳо қисми зиёди энергияи худро барои нигоҳ доштани баргҳо сарф мекунанд, ба ҷои он ки мева банданд», — мегӯяд профессор.

Ба гуфтаи Орлов, дар минтақа коҳиши ҳосилнокӣ дар заминҳои обёришаванда, ки асосан пахта ва сабзавот парвариш мекунанд, эҳтимол дорад. Ҳарорати баланд бевосита боиси коҳиши истеҳсолот мегардад ва метавонад ба зиёдшавии ҳашароти зараррасон оварда расонад, зеро растаниҳо аз гармии зиёд суст шуда, аз қувваи муҳофизати табиии худ истифода бурда наметавонанд. Эҳтимоли зиёд дорад, ки шумораи ҳашарот дар ҳарорати баланд бештар шавад. Бо вуҷуди ин, тағйирёбии иқлим имконият фароҳам меорад, то усулҳои беҳтари обёрӣ ҷорӣ карда шаванд ва ба зироатҳои ба гармӣ тобовар ва навъҳои мутобиқгардида гузаранд.

Пиряхҳо об мешаванд, захираҳои обӣ камтар мешавад, ин мушкили умумиҷаҳонӣ аст. «Мо бояд обро оқилона истифода барем ва низомҳои муосир, аз ҷумла обёрии қатрагиро ҷорӣ кунем, то ҳам ҳосили хуб гирем ва ҳам захираҳои обиро ҳифз намоем», — мегӯяд роҳбари кооперативи «Чоркуҳ» .

Боғи нав дар Чоркуҳ  ин танҳо дар бораи олу ва картошка нест. Ин намунаест, ки чӣ гуна метавон ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шуд, усулҳои замонавиро истифода бурд ва захираҳоро нигоҳ дошт. Муҳимтар аз ҳама ин корро бо нерӯи худ, дар замини худ ва барои ҷамоати худ анҷом медиҳем, мегӯянд ҳамсӯҳбатҳои мо.

«Мо худ бояд дар фикри беҳбудии зиндагии мардуми худ бошем. Агар мо не пас ки фикри моро мекунад?» — мегӯянд деҳқонони Исфара.

Навори моро дар бораи заҳматкашони Чоркуҳ бубинед:

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости