/
/
/
Чангу ғубор дар фазои Тоҷикистон. Чаро тӯфонҳои хокбориш дар кишвар зиёд шудаанд?

Чангу ғубор дар фазои Тоҷикистон. Чаро тӯфонҳои хокбориш дар кишвар зиёд шудаанд?

Тӯфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистон солҳои охир бештар ва шадидтар шудаанд. Танҳо дар моҳи июни соли 2025 Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 11 рӯзи хокбориш ҳушдор дод.

Коршиносон мегӯянд, афзоиши шиддати тӯфонҳои чангу ғубор ба бахшҳои гуногуни иқтисод, саломатии инсон ва муҳити зист зарари бештар мерасонанд.

Сокинони Душанбе чӣ нафас мекашанд?

Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи апрели соли равон нашр шудааст, пойтахти Тоҷикистон яке аз ифлостарин шаҳрҳои минтақа эътироф шудааст. Танҳо дар солҳои 2020-2022 консентратсияи миёнаи солонаи заррачаҳои майдаи PM2.5 дар Душанбе аз соли 2020 то соли 2022 — 54,6 микрограмм дар як метри мукаабро ташкил додааст, ки аз меъёри тавсиякардаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) 11 маротиба бештар аз 5 мкг/м3 мебошад.

«Дар тамоми шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ мизони ифлосшавии ҳаво ба таври доимӣ баланд аст. Дар Душанбе консентратсияи PM2.5 пайваста аз ҳадди меъёрҳои санитарӣ, бахусус дар фасли сармо зиёд мешавад», — омадааст дар ин гузориш.

“Пеш қариб хокборишро намедидем, аммо…”

Парвина Шарипова сокини 38-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ёд надорад, ки солҳои қабл хокбориш ё чунин чангу ғубор мешуд.

“Чанд соли пеш ҳавои шаҳр тоза ва салқинтар буд. Намедонам аз чӣ ҳисоб бошад, ки сол аз сол ҳам ҳаво гармтару чангу ғубор бисёр шуда истодааст. Пеш ҳамин чизҳоро намедидем”, — мегӯяд ин сокини пойтахт.

Ин зан мегӯяд, дар рӯзҳои хокбориш вазъи саломатияш бад мешавад.

“Дар ҳамин чанд рӯзи охир, ки хокбориш буд, аз ҷоям хеста наметавонам, сарам чарх мезанад, иштиҳо надорам, нафасам мегирад”, — шикоят намуд аз вазъи саломатияш ин қаҳрамони мо.

Ӯ мегӯяд баробари худаш ду кӯдаки дигараш – писарбачаи 5-сола ва духтари 9-солааш низ дар ин шабу рӯз бемор мебошанд.

“Ба беморхона рафтем, табибон мегӯянд, айни ҳол аз сабаби гармии ҳаво ва хокбориш чанд рӯзи охир беморшавии кӯдакон ҳам зиёд шудааст. Духтарам қувват надорад, писарам бошад шикамдард пайдо кардааст”, — нақл кард Шарипова.

Як сокини дигари пойтахт мегӯяд, дар чунин рӯзҳо хусусан дар хона худро бад ҳис мекунад ва нафас гирифтан барояш мушкил мешавад.

“Ба саломатии ман он қадар зарар надорад, лекин гоҳе сарам дард мекунад. Вале хона пури хоку чанг мешавад, тоза мекунӣ боз ҳамон хел чанг мегирад. Ман аллакай дар он расм мекашам, тоза намекунам”, — мегӯяд ин қаҳрамони мо.

Ӯ танҳо рӯзҳое, ки хокборишҳои сахт мешавад, ниқоб мекунад ва тоза нигоҳ кардани хонаҳоро муҳим мешуморад.

“Чӣ хел аз он халос шавем, саволе ҳаст, ки ман ҳам мехоҳам бидонам, аз кӣ пурсем?”, — пурсон шуд ин зан.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо пештар дар шаҳр дарахт бсиёр буд.

“Ҳоло барои сохтмонҳо дарахтонро мебуранд. Барои кам шудани хокбориш лозим аст, ки дарахт бисёртар шинонем”, — хулоса кард ӯ.

Хокбориш чӣ таъсир дорад?

Тибқи иттилои СММ, зиёда аз 80% аҳолии Туркманистон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Эрон ба таъсири сифати пасти ҳаво, ки аз сабаби тӯфонҳои чангу ғубор ба вуҷуд меоянд, дучор мешаванд.

Дар гузориши «Таҳлили вазъият: тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ» зикр мешавад, ки танҳо дар Тоҷикистон дар 30 соли охир шумораи чунин тӯфонҳо зиёда аз 10 маротиба афзудааст.

Агар дар оғози солҳои 1990-ум дар як сол ҳамагӣ 2 — 3 чунин ҳолатҳои хатарнок ба қайд гирифта мешуд, пас дар солҳои охир ҳар сол беш аз 35 ҳолати чангу ғубор сабт мегардад.

Сангин Самиев, корманди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нишасти хабарии 30-уми январ гуфта буд, ки хокбориш дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 камтар ба қайд гирифта шудааст.

“Дар соли 2023 аз рӯйи мушоҳидаҳои мутахассисони агентӣ 35 маротиба хокбориш дар кишвар ба қайд гирифта шуда буд, ки нишондоди баландтарини он то 6 мг дар як метри куббӣ дар моҳи июн буд. Соли 2024 чунин ҳолат танҳо 14 маротиба ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пеш 61,1% камтар аст”, — зикр карда буд ӯ.

Ӯ ворид кардани электромобилҳо, кабудизоркунӣ ва сохтмони роҳҳои навро омилҳои асосии тоза шудани ҳаво дар шаҳри Душанбе медонад. Олудагии ҳаво, ки аз таъсири чангу ғубор ва хокбориш дар Тоҷикистон, махсусан дар шаҳрҳо мешавад, ба саломатии сокинон хеле зарар дорад.

Тибқи як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2023, ки “Идоракунии сифати ҳаво дар Тоҷикистон” ном дорад, шумораи фавт марбут ба ифлосшавии ҳаво 78 ҳолат ба 100 ҳазор нафар рост меояд. Дар Осиёи Марказӣ ин нишондод пас аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуюм аст. Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, ки ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон боиси марги 4 ҳазору 800 нафар, асосан аз бемории дил (51%) ва сактаи мағзӣ (27%) шудааст. Дигар ифлоскунандаи ҳаво, ки ба саломатӣ таъсир мерасонад, озон аст, ки гуфта мешавад аз 60 то 230 фавт ба он рост меояд. Хароҷоти марбут ба соҳаи тандурустӣ чаҳор дарсади ММД арзёбӣ мешавад. Таъсири дигари ифлосшавии ҳаво ба талафоти ҳосили зироатҳо (аз ҳисоби озон) ва обшавии босуръати пиряхҳо (аз ҳисоби карбонҳои сиёҳ) оварда мерасонад.

Оморҳои ЮНИСЕФ нишон медиҳад, ки ҳар панҷумин фавти навзодон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба олудагии ҳаво марбут аст.

Тибқи як гузориши минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ аз апрели соли 2025, ки “Идоракунии сифати ҳаво дар Осиёи Марказӣ” ном дорад, олудагии ҳаво бо зарраҳои хурди PM2.5 ҳамасола боиси марги бармаҳали беш аз 65 ҳазор нафар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад.

Зарари иқтисодӣ аз ин мушкилот дар як сол 15,2 — 21,7 миллиард доллар арзёбӣ мегардад, ки 3-5 дарсади ММД-и минтақаро ташкил медиҳад.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки сифати ҳаво дар ҳама кишварҳои минтақа, бахусус дар шаҳрҳо, нигаронкунанда аст.

Абдукарим Юсупов, алерголог ва духтури яке аз беморхонаҳои пойтахт низ таъкид мекунад, ки хокбориш ва тӯфонои чангу ғубор ба саломатии ин зарари калон дорад.

“Вақтҳои охир агар назар карда бошед, чӣ хел хокбориш ҳаст. Ҳам гармии ҳаво ҳаст ва ҳам хокбориш. Ин гуна ҳолат пеш аз ҳама барои бемориҳои роҳҳои нафас, баъдан бемориҳои узвҳои нафас, яъне астма, бронхит зарар дорад. Чунин намуди беморӣ ҳангоми хокбориш ва чангу ғубор авҷ мекунанд, беморонро нороҳат ва ҳолати онҳоро вазнин мекунад”, — зикр намуд Юсупов.

Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки боришоти хок ба ҳамаи организмҳои зиндае, ки дар рӯи замин ҳаст, зарар мерасонад.

“Аз ҷумла ба одамон, растаниҳо ва олами ҳайвонот. Яъне баробари боридани хок нафасгирӣ душвор мегардад”, — гуфт ӯ.

Ба таъкиди ӯ дар баробари гармшавии ҳаво намнокӣ низ кам мешавад, ки ин ҳам таъсири манфӣ дорад.

“Бояд намнокии нисбии ҳаво на кам аз 60-70 дарсад бошад. Имрӯз ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло аст. Чӣ қадаре, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, намнокӣ низ кам мешавад. Аз ин рӯ ҳамаи организмҳои зинда дар маҷмӯъ бисёр як ҳиссиёти баланд доранд ва аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки таъсираш манфӣ аст”, — қайд намуд Назиров.

Ӯ пешниҳод мекунад, ки дар рӯзҳои чангу ғубор хуб мешавад, сокинон дар ҷойҳои салқин бимонанд ва бештар об нӯшанд.

“Яке аз сабабҳои хокбориш ин аст, ки вақте ҳарорати ҳаво гарм мешавад, замин хушк мешавад. Баъдан чангу ғубор боло меравад. Вақте чангу ғубор боло мебарояд бо ҳавои атмосферӣ оҳиста-оҳиста ба замин мефарояд ва хоҳем нахоҳем ин ба саломатии мо зарар мерасонад”, — хулоса намуд ӯ.

Чангу ғубор аз куҷо меояд? Назари коршинос

Ба андешаи Тимур Идрисов, коршинос ва рӯзноманигори экологӣ се омиле ҳастанд, ки нақши асосиро дар ба вуҷуд омадани ин тӯфонҳо мебозанд: бодҳои сахт, набудани растаниҳо ва давраҳои тӯлонии бе бориш.

Ин коршинос қайд менамояд, ки ҷорӣ шудани ғубор тавассути ҷараёнҳои ҳавоӣ як равандест табиӣ ва қисми муҳими гардиши моддаҳо дар кураи замин ба шумор меравад, аммо таъкид менамояд, ки “дар садсолаи охир ҳаҷми солонаи тавлиди ғубор дар ҷаҳон зиёда аз 25% афзудааст, ки сабаби он истифодаи нодурусти замин, истифодаи ғайриоқилонаи об ва тағйирёбии иқлим мебошад”.

Ба таъкиди Идрисов имрӯз мо шоҳиди афзоиши шиддати тӯфонҳои чангу ғубор ҳастем, ки минтақаи паҳншавии онҳо васеъ гардида, дар баробари ин, ба бахшҳои гуногуни иқтисод, саломатии инсон ва муҳити зист зарари бештар мерасонанд.

“Дар Тоҷикистон, масалан, тӯфонҳои регӣ метавонанд дар дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон ба вуҷуд оянд. Ҳамзамон, бисёре аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ғуборе, ки аз қаъри баҳри Арал баланд мешавад ё бо бодҳо аз Афғонистон, баъзан ҳатто аз Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ оварда мешавад, осеб мебинанд”, — зикр мекунад ин коршинос.

Тоҷикистон чӣ кор мекунад?

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар баромади худ дар “Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо” аз таъсири хокбориш ба обшавии пиряхҳо изҳори нигаронӣ кард.

“Дар баробари сабабҳои асосӣ, мисли тағйирёбии глобалии иқлим ва олудашавии ҳаво, ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонанд, инчунин, хокборишҳои шадид дар тӯли чанд даҳсолаи ахир ба ин раванд дар минтақаи мо суръат мебахшанд”, — гуфт ӯ.

Яке аз омилҳои кам намудани таъсири чангу ғубор ва хокбориш шинонидани дарахт ва васеъ намудани масоҳати ҷангалзорҳо гуфта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон низ моҳи июни соли 2024 “Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул гардид. Тибқи ин барнома бояд дар ин муддат дар кишвар ду миллиард бех ниҳол шинонида шавад. Мақсади ин барнома “беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ” гуфта мешавад.

Вале тибқи иттилои расмӣ дар тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар мамлакат беш аз 3,1 миллион бех ниҳол шинонида шудааст.

Инчунин барои кам кардани таъсири нақлиёт ба ҳавои шаҳри Душанбе қарор аст, то сентябрисоли 2025 ҳамаи мошинҳои таксӣ дар пойтахт сад дарсад электромобил шавад.

Тӯфонҳои чангу ғубор ва хокбориш чӣ паёмадҳо доранд?

Коршиносон мегӯянд, афзоиши шиддати тӯфонҳои чангу ғубор ба бахшҳои гуногуни иқтисод, саломатии инсон ва муҳити зист зарари бештар мерасонанд.

“Дар минтақаҳое, ки чунин ҳолатҳо рух медиҳанд, дар заминҳои васеи кишоварзӣ ҳосилнокӣ кам шуда, талафоти чорво рух медиҳад ва қабати ҳосилхези хок аз даст меравад”, — ёдовар шуд Тимур Идрисов аз паёмадҳои чунин тӯфонҳо.

Ҳамзамон зикр намуд, ки тӯфонҳои чангу ғубор сифати ҳаво ва обро паст мекунанд, кори хатсайрҳои ҳавоӣ ва нақлиёти заминиро халалдор месозанд, самаранокии тавлиди нерӯи барқи офтобиро коҳиш медиҳанд.

“Нишастани зарраҳои хурди ғубор ба рӯйи пиряхҳо суръати об шудани онҳоро метезонад. Ин масъала боиси нигаронии олимони Тоҷикистон низ шудааст, зеро дар натиҷаи гармшавии глобалӣ коҳиш ёфтани масоҳат ва ҳаҷми умумии пиряхҳо мушоҳида мегардад”, — хулоса мекунад коршинос Тимур Идрисов.

Чӣ бояд кард?

Коршинос Аҳмад Ашуров барои пешгирӣ аз чунин чангу ғубор ва хокбориш аз “Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ёдовар шуд.

“Дар доираи ин барнома то соли 2040 дар саросари кишвар беш аз ду миллиард ниҳоли гуногун шинонида мешавад, ки интизор меравад партови газҳои гулхонаиро тақрибан то 100% коҳиш диҳанд. Тибқи барнома, асосан дарахтони навъҳои маҳаллӣ шинонида мешаванд, зеро онҳо ба иқлими маҳаллӣ мутобиқ шудаанд”, — гуфт ӯ дар суҳбат бо мо.

Ашуров ҳамчунин зарурати ташвиқи соҳибкорон барои коҳиши партовҳо ба ҳаворо таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бо додани имтиёзҳои андозӣ ва сертификатҳои экологӣ ба корхонаҳое, ки масъулиятшиносона муносибат мекунанд, метавон муҳити тозатар ва иқтисоди сабзро тарғиб намуд.

Яке аз пешниҳодҳои ҷолиби дигар — таваҷҷуҳи бештар ба васеъ кардани шабакаи фаввораҳои шаҳрӣ мебошад. Фаввораҳо на танҳо муҳити шаҳрро сард ва бароҳат мекунанд, балки боиси коҳиши гард ва ғубор низ мегарданд.

Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳаёти ҳаррӯзаи сокинон, иқдомҳои ҳамгиро ва устувор дар самти кабудизоркунӣ, ҳавасмандсозии иқтисодӣ ва беҳсозии муҳити шаҳрӣ метавонанд роҳҳои муҳими коҳиши хатари чангу ғубор дар кишвар бошанд.

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости