Ҳамасола дар Тоҷикистон садҳо зан кӯшиши худкушӣ мекунанд. Коршиносон мегӯянд, сабаби аслии ин ҳодисаҳои фоҷеабор хушунати хонаводагӣ, низоъҳо доимӣ ва бӯҳрони равонии занон мебошад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти имсола аз болоравии омори худкушӣ ва кӯшиши худкушӣ хабар дод ва ин ҳолатро нигоранонкунанда унвон кард.Ба гуфтаи масъулон, шумораи чунин ҳолатҳо миёни занон ва ноболиғон ба 251 расидааст, ки нисбат ба соли 2024 панҷ ҳолат бештар аст. Аз ин шумора 212 ҳолат ба занон ва 49 ҳолат ба духтарони ноболиғ рост меояд.
Аксари ҳолатҳои худкушии занон бо иштироки фарзандон дар Тоҷикистон ба депрессияи баъди таваллуд рабт дода мешавад. Дар ин бора раиси Кумитаи занон Бунафша Файзиддинзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни тафтишот ва пурсиши занони зиндамонда нишон медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо омили асосии даст задан ба чунин амалҳои фоҷиабор ҳолати вазнини равонӣ, депрессияи баъди таваллуд будааст. «Дар бисёр ҳолатҳо худи занон маҳз вазъи равонии худро сабаби аслии ҳодиса меноманд», таъкид кард раиси Кумита.
Ба унвони мисол, ӯ аз ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Фархор ёдовар шуд, ки дар натиҷа кӯдакон ҷон бохта, модар зинда мондааст. Тибқи иттилои ӯ, зан дар солҳои 2021, 2022, 2023 ва 2024 бо фосилаи хеле кӯтоҳ таваллуд кардааст, ки ин ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии ӯ таъсири манфӣ расондааст. Айни замон ӯ дар муассисаи ислоҳӣ қарор дошта, таҳти назорати равоншиносон аст.
Ин ягона ҳолат набуда соли гузашта дар вилояти Хатлон боз як модари дигар се кудаки хурдсоли худро бо корд захмӣ карда буд.
Юлдуз Бозороваи 24-сола аз ноҳияи Қубодиён як духтар ва ду писари хурдсолашро бо корд захмӣ кард. Дар пайи ин ҳодиса, Хадича — духтараки шашмоҳа дар шуъбаи эҳё ҷон бохт ва ду бародараш (яке 4 ва дигари 5-сола) шифо ёфтанд. Ин зан ба 28 соли зиндон маҳкум гардид.
Равоншиноси тоҷик Нигина Мамадҷонова, сабаби ба ҳолатҳои фоҷиавӣ, яъне модар бо фарзандони худ даст ба худкушӣ заданро ба депрессияи тӯлонӣ рабт медиҳад. Ба назари ӯ “ҳолатҳои худкушии занон яке аз сабабҳои депрессияи тулонӣ мебошад, ки ба мушкилиҳои равонӣ ва ё бемориҳои рӯҳӣ оварда мерасонад. Депрессияи баъд аз таваллуд ин натиҷаи дурударози сабр аст. Вақте ки зан муддати зиёд мушкилиҳои хонавода, танҳоӣ, нофаҳмӣ ва беқадр кардани шахсияташ ё меҳнаташ аз тарафи шавҳар ва хешовандонаш фурӯ мебарад ва ба ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ӯ ҳатман ба мушкилиҳои равонӣ ва баъзан ҳатто ба бемориҳои рӯҳӣ рӯ ба рӯ мешавад,” -мегӯяд ин равоншинос.
Қиссаи заноне, ки аз чӣ хел дучори бӯҳрони равонӣ шуданд
Нозанин дар оилаи хуб калон шудааст. Баъди хатми донишгоҳ ба кори хости дилаш шурӯъ кард ва бо ишқу муҳаббат оила бунёд намуд. Пас аз як соли оиладорӣ соҳиби писарча шуд, зиндагии ором дошт.

Писарчааш яксола нашуда буд, ки Нозанин боз ҳомиладор шуд. Давраи ҳомиладорӣ ин навбат вазнинтар гузашт ва ӯ зуд зуд асабонӣ мешуд.

Пас аз таваллуди писари дуюм зиндагиаш тамоман тағйир ёфт. Писари калонӣ ба кӯдаки навзод рашк мекарду ба ҳар баҳона гиря карда, домони модарро сар намедод.

Ин рафтораш Нозанинро хаста ва асабонӣ мекард. Баъзан баробари кӯдакҳо гиря мекарду қаҳру ғазабашро фурӯ бурда наметавониста, кӯдакҳоро пӯчида сарзаниш мекард. Аз ин рафтори Нозанин шавҳар ва хушдоман огоҳ шуда ӯро таънаву маъломат мекарданд.

Нозанин пай мебарад, ки ҳолати рӯҳияш тамоман тағйир ёфтааст. Ӯ дигар намефаҳмад, чаро ҳамеша асабонӣ аст. Ҳатто барои корҳои оддӣ, ба ҳаммом рафтан, оромона хӯрок хӯрдан ё каме сайругашт кардан дигар имконият намеёбад. Шабҳо бо кӯдакони хурдсол бехобдохобӣ мекашаду, рӯзона аз пайи рӯзғордорӣ хаста мегардад. Мушкили ӯро дар хонаводаи шавҳараш касе ҷиддӣ намегирад. Чунин ҳолат қариб ҳашт моҳ давом мекунад.

Як субҳ Нозанин дигар ба чунин шароит тоб наоварда ба хонаи модараш меравад. Баъди бозгашт рӯзи Нозанин дар хонаи шавҳараш сиёҳ мешавад. Шавҳару хушдоман аз ӯ забонхат мегиранд, ки ин навбат аз хона беиҷозат барояд дигар қадамашро ба хона намемонад ва аз фарзандонаш даст мекашад. Нозанин дигар дар хона зери фишори хушдоман ва қаҳру ғазаби шавҳар зиндагӣ мекунад. Ҳар боре дар хона ҷанҷол сар занад хушдоманаш ӯро девона гуфта, ту ҳаққи тарбия кардани кӯдакро надорӣ, туро аз ҳаққи модарӣ маҳрум мекунам гуфта таҳдид мекунад.
Ӯ ба чунин рафтор дигар тоб наоварда, шабона дар ҳаммоми хона рагҳои дасташро мебураду аз ҳуш меравад. Духтурҳо ӯро наҷот медиҳанд, шавҳару хушдоманаш бо баҳонаи Нозанин бемории рӯҳӣ дорад аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Модари Нозанин ӯро аз беморхона ба хонааш мебарад, аммо фарзандонаш дар хонаи шавҳараш мемонанд. Ҳоло Нозанин зери назорати духтури асаб табобат гирифта истодааст ва акнун дарк кардааст, ки ӯ гирифтори «депрессияи баъди таваллуд» шудааст. Ӯ интизори қарори суд аст ва барои бозпас гирифтани фарзандони хурдсолаш талош дорад.
Нозанин мегӯяд, “ҳар як зан пас аз таваллуд бояд саломатии худро эҳтиёт кунад. Ҳар як дигаргуние, ки дар худ эҳсос мекунад бояд ба духтур сари вақт муроҷиат намояд. Агар пештар аз ин беморӣ хабар медоштам, шояд ҳоло фарзандонам дар канорам буданд”.
«Ман ҳанӯз кӯдак будам, ки модар шудам»: зиндагии шикастаи як духтари 16-сола
Шаҳло дар хурдсолӣ аз меҳри падарӣ маҳрум шуд. Модараш ба ғайр аз ӯ боз чор кӯдаки хурдсол дошт. Барои ҳамин ӯ маҷбур шуд, ки мактабро партофта, ба ҷойи модараш ба кори саҳро барояд. Вақте Шаҳло ба синни 16 солагӣ расид, ӯро ба як хешованди дур ба шавҳар доданд.
Шавҳараш бо ӯ муомилаи хуб дошт, аммо байнашон муҳаббат набуд. Шаҳло ҳама корро анҷом медод, то муҳаббати шавҳаррашо ба даст орад.
“Хушдоманам ба ҳамаи корҳои ман эрод мегирифтанд. Баъзан хӯроки пухтаи маро чаппа мекарданд, либосҳое, ки мешустам, маҷбур мекарданд, чандбора бо даст шӯям. Ман ором будам, бахшиш мепурсидам, ҳақ будани онҳоро қабул мекардам ва кӯшиш мекардам, ки ҳама чизро беҳтар кунам”-нақл мекунад ӯ.
Дар 17-солагӣ таваллуд кардам ва намедонистам, ки чӣ тавр кӯдакро нигоҳубин кунам. Шавҳарам хурсанд буд, духтарчаам солим калон мешуд. Пас аз як сол духтари дуюмамро таваллуд кардам. Ин бор шавҳарам норозӣ буд, чунки вай писар мехост. Ҳамарӯза маст хона меомад ва ба ман бесабаб ҷанҷол мекард, ки ту фақат духтар мекунӣ, ту барои ман писар таваллуд карда наметавонӣ. Ҳамин суханҳоро хушдоманам низ такрор мекард.
Шаҳло аз хонаи шавҳар баромада рафтан ҳам наметавонист, чунки бо ду кӯдак дар хонаи модараш ҷой намегирифт ва ҳам шавҳарашро дӯст медошт. Пас аз таҳқирҳои навбатӣ ӯ қасди худкушӣ кард. Шаҳлоро тавонистанд наҷот диҳанд. Аммо муносибат бо ӯ бадтар шуд. Шавҳараш зани дуюм гирифт, барояш хона сохт ва ҳоло онҳо ҳамроҳ писарашонро калон мекунанд. Шаҳло бошад бо модаршӯй ба ҳайси хизматгор зиндагӣ мекунад, кӯдаконаш ба касе лозим нестанд.
“Ман ба ҳама чиз тоқат кардам ва чандин маротиба мехостам худкушӣ кунам. Бовар кунед, вақте ки худат ҳанӯз кӯдак ҳастӣ ва таваллуд мекунию модар мешавӣ ин хеле душвор аст. Бале, ман фикр мекардам, ки модари бад ҳастам ва фарзандонам ба ман ниёз надоранд. Медонед, шумо ҳеҷ гоҳ набояд духтаронеро, ки барои издивоҷ омода нестанд, ба шавҳар диҳед, чунки ин осеби равонӣ абадӣ боқӣ хоҳад монд”- мегӯяд Шаҳло.
Фирӯза: модарӣ бидуни дастгирӣ ва фишор метавонад занро бишканад…
Ман аз шаҳр ба деҳа шавҳар кардам. То таваллуд шудани фарзанди аввалинам зиндагӣ ором буд. Баъди таваллуд шудани писарам ҳам нигоҳубини кӯдак ва ҳам корҳои хона барои ман душвор буд. Зеро, вақте ки кӯдак хоб буд, ман бояд либос мешустам, дарзмол мекардам, пухтупаз мекардам, ҳавлӣ мерӯфтам, дастурхон меоростам, чунки ҳар рӯз ба хона меҳмон меомад. Рӯйхат беохир аст, зеро келин дар хона бояд ҳама чизро якбора анҷом диҳад, бе ягон шикояту бе истироҳат.
Ҳар вақте ба шавҳарам мегуфтам, ки зиёд хаста мешавам, ӯ маро дарк намекард. Агар дар пеши хушдоманам монда шудам гуям, даррав зиндагии худашро мисол меовард, ки панҷ фарзанд таваллуд карда буд ва ҳам корҳои хонаро мекарду ҳам хизмати хусуру хушдоман, аммо ҳеҷ гоҳ шикоят намекард…
Шабҳо кӯдак гиря мекард, дод мезад ва хоб намерафт, ман то субҳ бедор мемондам. Рӯзона бошад, хушдоманам маро ҷанг мекард, ки ман дер мехезам, ҳавлиро сари вақт намерӯбам, наҳорӣ омода намекунам. Ман хомӯш меистодам, ҳамаи ҷангу ҷанҷоли хушдоманамро фурӯ мебурдам. Дигар тоқат карда натавонистаму кӯдакамро гирифта ба хонаи модарам омадам. Тасмим гирифтам, ки то калон шудани писарам ба хонаи шавҳарам барнамегардам.
Чанд рӯз дар хона хоб кардам, модарам бошад дар нигоҳубини кӯдакам ба ман кӯмак мекарданд. Ин бори аввал буд, ки ман худамро хуб эҳсос мекардам, оромона хоб мерафтам, дигар фикр намекардам, ки ҳоло аз хушдоманам барои тайёр накардани субҳона ё дер рӯфтани ҳавлӣ гап мешунавам.
Оҳиста-оҳиста ба худ омадам ва фаҳмидам, ки ин ҳамон «депрессияи пас аз таваллуд» аст. Бо кӯмаки модарам ман аз ин вартаи равонӣ берун шудам.
“Ман мехоҳам ба ҳамаи занону модарон бигӯям, ки модар шудан роҳи осон нест. Пас аз таваллуди кӯдак барои ҳар як зан вақт лозим аст, ки то барқарор шавад, аз ин рӯ модари нав зуд хаста мешавад ва ғизо додани кӯдак қувваи зиёдро талаб мекунад. Баъзан ҳатто вақт намеёбад, ки мӯйи сарашро шона кунанд. Кӯдак гиря мекунад ва ҳатто вақт намеёбад, ки ба ҳоҷатхона равад, ё хӯрок хурад. Илова бар ин боз хонаводаи шавҳар аз ӯ талаб мекунад, ки кори хонаро анҷом диҳаду хизматгори хонаи шавҳар бошад, ин хеле азоби сангин аст!»
Депрессияи баъди таваллуд: мушкили пинҳон, вале хеле ҷиддӣ
Депрессияи баъди таваллуд ҳолати равониест, ки одатан дар се моҳи аввали пас аз таваллуд пайдо шуда, бештар аз ду ҳафта идома мекунад. Пеш аз он бисёр занон хастагӣ, асабонӣ ва тағйирёбии рӯҳияро таҷриба мекунанд, ки одатан баъди ба эътидол омадани гормонҳо мегузарад.

Аммо баъзан ин ҳолат ба депрессияи ҷиддӣ табдил меёбад. Дар чунин вазъ модар худро хаста, ғамгин ва ноумед ҳис мекунад, иҷрои корҳои ҳаррӯза барояш душвор мешавад. Нишонаҳо метавонанд ҳам тадриҷан ва ҳам ногаҳонӣ пайдо шаванд.
Мутахассисон мегӯянд, шаклҳои вазнини ин беморӣ хатарнок буда, метавонанд ба худкушӣ ё дигар паёмадҳои вазнин оварда расонанд.
Аз ин рӯ, ба занон пас аз таваллуд тавсия мешавад, ки барои назорати ҳолати равонии худ ба духтур муроҷиат кунанд. Сари вақт муроҷиат кардан метавонад аз мушкилоти ҷиддӣ пешгирӣ намояд.
Равоншинос Нигина Маҳмадҷонова мегӯяд, ки нишонаҳои асосии депрессияи баъди таваллуд инҳоянд: парешонхотирӣ, гиряҳои зиёд, бехобӣ ё баръакс хоби аз ҳад зиёд, камиштиҳоӣ, беаҳамиятӣ ба тифл, эҳсоси “модари бад” будан ва дурӣ ҷустан аз атрофиён. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолат бояд фавран ба равонпизишк муроҷиат кард. Ин беморӣ табобатшаванда аст, ба шарте ки зан дастгирӣ ёбад.
Аммо дар бисёр ҳолатҳо ба вазъи равонии зан аҳамият намедиҳанд ё баръакс ӯро танқид мекунанд. Набудани дастгирӣ, махсусан аз ҷониби шавҳар, метавонад вазъро бадтар карда, ҳатто занро ба фикри худкушӣ расонад.
Коршиносон ҳамзамон эътироф мекунанд, ки омӯзиши амиқи сабабҳои хушунати хонаводагӣ ва таваҷҷуҳ ба саломатии равонии занон баъди таваллуд дар кишвар кофӣ нест.
Барои пешгирӣ, равоншинос муҳим медонад, ки волидайн бо духтарон робитаи наздик дошта бошанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро дастгирӣ кунанд. Агар зан ба хонаи падару модар баргардад, бояд ӯро хуб қабул кунанду ба ӯ кумак намоянд. Ҳамчунин пешниҳод мешавад, ки дар таваллудхонаҳо маълумот дар бораи нишонаҳои депрессияи баъди таваллуд ва рақамҳои боварӣ барои кӯмак дастрас бошад.
Ба гуфтаи ҷомеашиносон, сабаби асосии худкушӣ миёни занон дар Тоҷикистон бештар ба мушкилоти хонаводагӣ вобаста аст.
Онҳо мегӯянд, хушунат дар оила ҳам ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ занро зери фишори сахт қарор медиҳад. Бисёре аз занон аз тарси ғайбати хешу табор ва ҳамсояҳо зӯровариро пинҳон медоранд ва хомӯширо интихоб мекунанд.
Ин фишори тӯлонӣ ба ҳолати равонии онҳо таъсир расонда, дар баъзе ҳолатҳо зан роҳи халосиро танҳо дар худкушӣ мебинад.
Суратҳо бо истифода аз зеҳни сунъӣ тавлид шудаанд.





