/
/
/
Чаро падарон аз додани алимент саркашӣ мекунанд?

Чаро падарон аз додани алимент саркашӣ мекунанд?

Пас аз ҷудошавии оилаҳо, даҳҳо зан дар Тоҷикистон барои рӯёнидани алимент аз падарони фарзандони хеш мубориза мебаранд. Танҳо дар шашмоҳаи соли равон бештар аз 150 падар барои саркашӣ аз пардохти алимент ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд ва садҳо нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Мақомот мегӯянд, қариб 3 ҳазор мард ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шудаанд, аммо бисёре аз онҳо дар посух мегӯянд, ки надоштани кори доимӣ имкон намедиҳад уҳдадориҳои молиявии худро иҷро кунанд.

Гулсифат, номи шартии зани 37-сола аз водии Вахши вилояти Хатлон, ду сол пеш баъди хушунату зӯроварии шавҳар ва хонаводаи шавҳараш бо ду кӯдак ба хонаи падараш баргашт.

Ӯ гуфт, ки мисли даҳҳо духтари деҳот бидуни таҳсил дар донишгоҳ падару модар ӯро ба шавҳар доданд ва умедвор буд, ки хушбахт мешавад.

Моҷаро ва хушунати равонию ҷисмонӣ баъди як моҳи арӯсӣ оғоз шуд. Сабаб, ба гуфтаи ӯ, бекории шавҳараш будааст: «Мо дар аввал зиндагии хуб доштем. Хонаводаи бузург буданд, аз ҷиҳати иқтисодӣ мушкил доштанд, чун бо пули қарз шавҳари маро оиладор карда буданд. Ҳамеша ӯро барои бекорӣ таъна мекарданд. Албатта ба зиндагии зану шавҳарии мо таъсир мекард. Гоҳе шавҳарам маро мезад, вале ман тоқат мекардам. Баъди таваллуди фарзанди дуюмам шавҳарамро аз Русия депорт карданд. Азобу уқубати ман аз ҳамон рӯз сар шуд».

Гулсифат мегӯяд, ки дар хонаи падараш касе ӯро бо ду кӯдак мунтазир набуд ва маҷбур буд хушунату зӯровариро таҳаммул кунад. Аммо рӯзҳои охир шавҳараш майзада шуд ва дигар на ба ӯ, ҳатто ба кӯдакони хурдсолаш ҳам раҳм намекард. Бинобар ин маҷбур шуд, ки хонаи шавҳарашро тарк кунад.

«Рӯзҳои охир ҳатто хушдоман ва қайсингилам низ дахолат мекарданд, мезаданд, вале бештар шавҳарам маро зери мушту лагад қарор медод. Як шаб маст омад, маро латукӯб кард. Аз садои ман кӯдаконам аз хоб бедор шуданд. Писари калонам гиря кард, падараш ӯро низ зада ба замин партофт. Баъди ин дигар фикри зиндагӣ бо ӯро аз сарам дур кардаму рафтам» бо гиря нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Ин зани ҷавон мегӯяд, ки дар хонаи падар бо ду фарзанд як сол зиндагӣ кард, вале дигар онҷо барояшон ҷой набуд: «Хонаамон танг аст. Боз бародарам бо зану се фарзандаш дар онҷо зиндагӣ мекунад. Кӯдакон бо ҳам ҷанг мекунанд, зиндагӣ душвор шуд. Маҷбур иҷоранишин шудам. Албатта падару модар кам-кам кӯмак мекунанд, вале  барои зиндагӣ намерасад».

Гирифтани алимент барои фарзандонаш душвор буд, зеро  Гулсифат бо собиқ шавҳараш расман ақди никоҳ надоштанд. Бо кӯмаки як созмони иҷтимоӣ ӯ аввал ҳаққи падариро муайян карда, барои ду фарзандаш, яке 3-сола ва дигаре 7-сола ҳудуди 300 сомонӣ алимент мегирад.

«Гирифтани алимент душвор буд, чун мо никоҳи расмӣ надоштем. Вале як ташкилоти ҷамъиятӣ ба ман кӯмак кард. Ариза навиштам ва кӯшиш кардам, ки пул гирам. Албатта ин пули ночиз аст, вале барои шакарпулии кӯдакон мерасад».

Ин зан мегӯяд, ки бесаводӣ ва надоштани маълумоти олӣ барои зане, ки аз шавҳар ҷудо мешавад ва бо кӯдакон танҳо мемонад, мушкили бузург аст: «Зиндагӣ душвор буд. Наметавонистам ҷойи кор пайдо кунам, чун маълумоти олӣ надорам. Вале ҳоло дар ду корхона фаррош шуда кор мекунам ва зиндагиамро пеш мебарам».

Гулсифат мегӯяд, ки бо кӯмакпулиҳои фарзандон аз шавҳари собиқ ва аз ду корхонае, ки ҳамчун фаррош кор мекунад, ҳудуди се ҳазор сомонӣ дар як моҳ даромад дорад, ки барои зиндагӣ ва пули иҷораи хонаи якҳуҷрагияш мерасад.

Аммо бо бузург шудани кӯдакон маълум нест, ки оё ин маблағ барои онҳо кофӣ хоҳад буд ё не ӯро нигарон кардааст. Намедонад, ки дар оянда ӯ ва ду фарзанди ноболиғашро чӣ интизор аст.

Занони ҷавоне, ки бо фарзанд аз шавҳар ҷудо мешаванд, зиндагиро бо танҳоӣ хеле душвор мегузаронанд. Гулсифат мегӯяд, ки таънаву нигоҳҳои мардум ӯро хаста мекунад: «Ҳатто гоҳе наздиконам мегӯянд, ки агар одами хуб мебудӣ, шавҳарат талоқат намедод. Вале як бор намепурсанд, ки сабаби ҷудошавиам чӣ буд? Зиндагӣ барои ман сахт аст. Барои фарзандонам низ душвор аст. Онҳо мехоҳанд бо падарашон бошанд, вале падаре, ки дар фикри фарзанд нест, чӣ кор кунам? Дар мактаб ва дар кӯча вақте кӯдаконро бо падар мебинанд, зиқ мешаванд», мегӯяд Гулсифат.

Занони танҳо ва кӯдакони дастнигар

Созмонҳои иҷтимоӣ дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки зиндагии заноне, ки маълумоти олӣ надоранд, баъди танҳо мондан хеле мушкил мешавад, бахусус онҳое, ки кӯдак доранд.

Райҳона Ҳақбердиева, роҳбари созмони иҷтимоии «Дилафрӯз» дар Хатлон, мегӯяд, ки яке аз мушкилоти асосии занон баъди талоқ ин рӯёнидани алимент барои кӯдакон аст: 

«Аксар занон намедонанд, ки барои гирифтани алимент ба куҷо муроҷиат кунанд ва чӣ гуна ариза нависанд. Мо ба онҳо ариза омода мекунем ва кӯмак мерасонем. Онҳое, ки никоҳи расмӣ надоранд, аввал ҳаққи падарӣ муайян мекунем, сипас алимент меситонем».

Райҳона Ҳақбердиева

Ба гуфтаи Райҳона Ҳақбердиева, дар як моҳ ба созмони онҳо 226 нафар зан муроҷиат кардааст. Аксарияти онҳо мушкили зӯроварӣ доранд. Бисёре аз онҳо аллакай аз шавҳар ҷудо шудаанд ва барои рӯёнидани алимент ба суд муроҷиат мекунанд.

Созмони «Ғамхорӣ», ҳам як созмони дигаре аст, ки аз ҳуқуқи занони хушунатдида ҳимоят мекунад. Зимни сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки дар як соли охир ҳудуди 700 зан ба онҳо муроҷиат кардаанд. Дар миёни онҳо заноне ҳастанд, ки баъди хушунат бо кӯдакон танҳо мондаанд.

Заноне, ки аз шавҳарони собиқ алимент мегиранд, мегӯянд, ки рӯёнидани он осон нест, бахусус дар шароите, ки аксари мардҳо дар муҳоҷиратанд ё аз Русия депорт шудаанд. 

Худи Гулсифат мегӯяд, ки «гоҳе моҳ мегузарад, вале ман наметавонам маблағи алиментро гирам. Албатта бекориро баҳона мекунад. Мефаҳмам, ки бекор аст, вале бояд алиментро пардохт кунад. Кӯдакон наметавонанд гурусна бимонанд».

Мушкили рӯёнидани алимент на танҳо дар ҷануби Тоҷикистон, балки дар дигар минтақаҳои кишвар низ мушоҳида мешавад.

Хадамоти иҷрои Тоҷикистон мегӯяд, барои саркашӣ аз пардохти алимент нисбати 156 падари қарздор парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Аз инҳо 25 нафар зиндонӣ шуда, 107 кас ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шудаанд ва 25 нафари дигар ҷарима гирифтаанд. Ҳамчунин 410 нафарро барои саркашӣ аз пардохти алимент ва пинҳон кардани суроғаашон дар кофтуков қарор додаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 57 миллион сомонӣ ба модарону кӯдакон ҳамчун алимент пардохт шудааст. Аҳтам Абдуллозода, сардори ин ниҳод, гуфт, ки танҳо дар шаш моҳ 1308 шахси воқеӣ ва 10 шахси ҳуқуқӣ ба «рӯйхати сиёҳ» ворид шудаанд, ки баъди ин ҳаққи хориҷ шудан аз кишварро надоранд. Ҳоло дар умум 2910 нафар дар ин феҳрист қарор доранд. Аммо ин мардҳо ва наздиконашон сабаби сари вақт пардохт накардани алимент ё кӯмакпулиро ба надоштани ҷойи кори доимӣ рабт медиҳанд.

Аҳтам Абдуллозода

Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҷарима ё то се сол зиндон таъйин шудааст. 

Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дидаву дониста саркашӣ кардан аз таъминоти фарзандон моддаи алоҳида — 177 пешбинӣ шудааст. Бар асоси ин модда, афродеро, ки алимент напардохтаанд, ба муҳлати аз шаш моҳ то се сол аз озодӣ маҳрум шудан, корҳои ислоҳӣ ё ҷарима таҳдид мекунад.

Чӣ гуна барои фарзанд алимент гирифтан мумкин аст?

Ду роҳ вуҷуд дорад. Якум, пешакӣ, ҳанӯз пеш аз ҷудо шудан бо ҳамсаратон маслиҳат кунед, ки ҳар моҳ маблағи муайяне барои нигаҳдории фарзандон бояд фиристад. Ин тавофуқ бояд расман ҳуҷҷатгузорӣ шуда, дар идораи нотариалӣ шартнома ба имзо расонда шавад. Аммо ин ҳолат хеле кам рӯй медиҳад.

Агар зану шавҳари собиқ ба созиш нарасанд, алимент ба воситаи суд ситонида мешавад. Барои ин бояд ба суди ноҳияи маҳалли иқомат ариза пешниҳод кунед. Барои ин, бастаи ҳуҷҷатҳоро бояд ҷамъоварӣ карда шаванд:

– шаҳодатномаи ақди никоҳ

– шаҳодатномаи таваллуди кӯдак

– нусхаи шиносномаи аризадиҳанда

– маълумотнома аз ҷойи истиқомат

– ариза

– маълумотнома дар бораи музди меҳнат аз ҷойи кори доимии ҷавобгар 

Алимент бе никоҳи расмӣ: роҳҳои исбот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ

Агар ақди никоҳ тибқи расмиёти динӣ баста ва бекор шуда бошад, пас дар ин ҳолат ба шумо шоҳидон лозим мешаванд. Дар додгоҳ онҳо бояд тасдиқ кунанд, ки шумо бо шавҳар/занатон муддати муайян дар асоси никоҳи исломӣ зиндагии муштарак доштед. Барои шахсоне ки ақди никоҳи расмӣ надоранд, падарии кӯдаконаш муқаррар карда нашудааст. Даъвогар бояд чунин ҳуҷҷатҳоро омода кунад. 

1. шиносномаи шахсӣ

2. шаҳодатномат таваллуди фарзандон

3. маълумотномаи ҷойи истиқомат 

5. маълумотноми духтур оиди саломатии фарзандон

6. Маълумотномаи боғча ё мактаб агар таҳсил кунанд.

7. Нусхаи шиносномаи шоҳидон

8. Ягон расми туй е ягон далеле ки ҳаминҳо дар никоҳи мусулмонӣ будаанд.

9. Боҷи давлатӣ барои муқаррар кардани падарӣ дар суд

Шаклҳои пардохти алимент: фоизӣ ва устуворона

Алимент дар Тоҷикистон ба ду шакл таъйин мешавад: фоизӣ (ҳиссагӣ) ва устуворона.

Алименти фоизӣ дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки алиментсупоранда кори доимӣ ва музди муайян дорад. Суд бо дарназардошти маълумотномаи музди меҳнат чунин меъёрҳоро муайян мекунад:

барои як кӯдак — 25%,

барои ду кӯдак — 33%,

барои се ва бештар — 50% аз маоши моҳонаи ҷавобгар.

Аммо вақте ки шахс дар ягон ҷой расман кор намекунад, суд шакли устуворонаи алиментро муайян мекунад. Дар ин ҳолат маблағ бо назардошти имкониятҳои воқеии алиментсупоранда ва шароити зиндагии кӯдак муайян мешавад. Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, аксар муроҷиаткунандагон маҳз алименти устуворона мегиранд — аз 150 то 500 сомонӣ, вобаста ба вазъи молиявии шахси ҷавобгар.

Агар никоҳи расмӣ набошад ва падарии кӯдакон расман муайян нашуда бошад, дар аризаи даъвогӣ аввал муқаррар кардани падарӣ, ва баъдан ситонидани алимент дар шакли устуворона дархост карда мешавад.

Барои ёрии ҳуқуқӣ ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Чунин хидматҳо аз ҷониби ташкилотҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

Душанбе

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Рӯдаки 78,

рӯзҳои қабул: душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: 2217352

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Айни  32/2 х. 7

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: 2212149

+992  777070024

 Хуҷанд

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Фирдавсӣ 120

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: 832262868

Хоруғ

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Ленин 121

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 502125155 

Вилояти Хатлон

Бохтар

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Б. Ғафуров 11

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

8322227932

+992 917577776

ТҶ “Моҳи Мунир”

Суроға: ноҳияи Ҷайҳун, кӯчаи Румӣ 8

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 935005840

ТҶ “Ғамхорӣ”

Суроға: кӯчаи К. Абдураҳимов 1

Телефон: 8 3222 2 78 79 – шабонарӯзӣ

Душанбе:

ТҶ “Корвони Умед”

Суроға: Носири Хисрав 11

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

+992 900 00 1222 (шабонарӯзӣ)

+992 905 053856 (шабонарӯзӣ)

ТҶ “Фемида”

Суроға: Турсунзода 3/1

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

+992 935016292

2277620

 Кӯлоб

ТҶ “Майрам”

Суроға: кӯчаи Неъматов 7

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 935000167

 Хоруғ

ТҶ  “Мадина”

Суроға: кӯчаи Кирмоншо Хубоншо 66

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

+992 935554736

+992 934779777

ТҶ “Занон барои адолат”

Суроға: кӯчаи Кирмоншо 1

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 919230071

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости