/
/
/
Қонун ҳаст, вале зулму хушунати занон кам намешаванд

Қонун ҳаст, вале зулму хушунати занон кам намешаванд

Бо вуҷуди қабули қонунҳо ва амалисозии барномаҳои давлатӣ, зӯроварӣ нисбати занон дар оила дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам афзоиш меёбад. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ 763 зан аз хушунати хонаводагӣ шикоят кардаанд, ки 256 ҳолат бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Коршиносон бар онанд, ки вобастагии иқтисодии занон, маҳдуд шудани дастрасии духтарон ба таҳсил ва дахолати наздикон ба зиндагии оилавӣ аз омилҳои асосии идомаи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Надоштани манбаи мустақили даромад бисёр занонро маҷбур мекунад, ки хушунатро таҳаммул кунанд.

Омору таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳар дуюм зани тоҷик дар давоми ҳаёти худ ҳадди ақал як бор ба зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ё иқтисодӣ аз ҷониби шавҳар, хешовандони ӯ ё дигар аъзои оила дучор мешавад. Ба иттилои Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонун, дар Тоҷикистон аз 50 то 80 дарсади занон ва кӯдакон мавриди зӯроварӣ қарор мегиранд.

Рӯзгори пуразобу шиканҷаи Лутфия

Лутфия Алишерова, зани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, даҳ соли аввали зиндагии оилавияш пур аз азобу таҳқир буд. Ӯ дар синни 24-солагӣ бо орзӯи зиндагии ором ва муҳаббат бо марди низомие издивоҷ кард. Орзу дошт, ки оилаи устувор месозад ва бо муҳаббату эҳтиром зиндагӣ мекунад. Аммо ба ҷои оромӣ, зиндагияш пур аз ҷабру зулм шуд.

«Модар ва хоҳарони шавҳарам мегуфтанд, ки ман дар ин хона бегонаам. Ин хона аз ту нест, ту ҳеҷ кас нестӣ», — ба ёд меорад Лутфия.

Дар аввал шавҳараш, ба ҷойи ҳимоят, танҳо мегуфт: «Сабр кун, ҳамааш хуб мешавад». Бо таваллуди фарзанд, ӯ умед дошт, ки шояд вазъият дигар мешавад, вале таҳқиру масхара ба шиканҷа ва озори ҷисмонӣ табдил ёфт. Ӯ хомӯш мемонд, ашкҳояшро пинҳон мекард ва ба наздиконаш ҳам чизе намегуфт.

«Мисли маҳбус мезистам», вале…

Лутфия иқрор мешавад, ки барои шиканҷа ба мақомот муроҷиат накард, чун «аз шавҳараш гила надошт». Бо вуҷуди он ки борҳо аз ҷониби модар ва хоҳарони шавҳар мавриди латукӯб қарор гирифт, пас аз хоҳишҳои пайдарпайи шавҳараш дубора ба хона бармегашт. Баъди бозгашт вазъияташ бадтар мешуду беҳтар не.

Ӯ даҳ соли ҳаёти худро бо шиканҷаву азият сипарӣ кардааст ва дар хонаи шавҳараш «мисли маҳбус» зиндагӣ мекардаст. 

“Хоҳарони шавҳарам бо ҳар баҳонае талоши задан мекарданд, ки худам безор шаваму аз хона баромада равам. Ҳамеша хотиррасон мекарданд, ки ҳеҷ гоҳ ин хона моли ман намешавад. Вале ман борҳо гуфтам, ки ҳеҷ гоҳ даъвои хонаи онҳоро накардам. То ҳол ҳайронам, ки  чаро онҳо бо ман чунин рафтор мекарданд? Чаро аз рӯзи аввали арӯси маро рӯзи хуш надоданд? Вале посух намеёбам”.

Пас аз чанд сол Лутфия духтарчадор шуд, ӯ фикр кард, ки баъди ин муносибати хонаводаи шавҳараш ба вай дигар мешавад, аммо онҳо баръакс таҳқиру шиканҷаро нисбати Лутфия бештар карданд. Онҳо мегуфтанд: «Барои мо духтари ту лозим нест».

«Онҳо ҳатто дар ҳузури хоҳарам маро таҳқир карданд», — бо алам нақл мекунад  ӯ. —  «Пас аз таваллуди нахустфарзандам, тибқи расму оин, келин бояд 40 рӯз дар хонаи падараш бимонад ва сипас бо баргузории маросими гаҳворабандон ба хонаи шавҳар баргардад. Вале вақте меҳмонон рафтанд, хоҳари шавҳарам бесабаб ҷанҷол бардошта ба таҳқири ман гузашт. Ба ин қаноат накарда мехост ба рӯям шаппотӣ занад. Вале дар ҳамин ҳолат, хоҳарбузургам дасти ӯро дошт, маро бо кӯдакам гирифта ба хонаи падарам бурд. Шавҳарам чизе намегуфт, хомӯш буд».

Лутфия дар синни 3 солагӣ аз модар ятим монда, дар тарбияи падар бузург шудааст. Падараш ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда 7 духтарашро соҳибмаълумот намуда, баъдан ба шавҳар додааст. Аз хонаи шавҳар рафтан ба назди падар барояш мушкил буд. «Ман намехостам, ки фарзандам бе падар ба воя расад», — бо гиря нақл мекунад ӯ. 

“Ҳолате низ буд, ки баъди аз меҳмонӣ омадан аз хонаи падарам бо тифлаки 3 сола шабро пушти дари хонаи шавҳар рӯз кардам. Бароям дарро боз накарданд, медонистанд падари фарзандам дар кор аст ва шаб хона намеояд. Танҳо вақте дарро субҳ модаршӯям кушод маро пушти дар дид ва бо ҷаҳл гуфт “беномус будӣ, фикр кардам кайҳо аз пушти дар гум шудаӣ… Ва боз ҳамун дашному сағерагуфтанҳо ва бо шатта задану масхара оғоз шуд”,  — нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Лутфия мегӯяд, як рӯз хоҳари шавҳараш бо лагад ба шикамаш мезанад. Маҳз дар ҳамин лаҳза шавҳараш вориди хона шуда, саҳнаро мебинад ва аввалин бор вокуниш нишон дода, ба рӯйи хоҳараш шаппотӣ мезанад. Бо ҳамин баҳона Лутфия бо шавҳару фарзандонаш аз хона ронда мешаванд.  

Ӯ бо шавҳараш баъди солҳои зиёди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия соҳиби кор ва хона шудааст. Баъди соҳиби хона шудан «бори аввал эҳсос кардам, ки ҳеҷ кас маро таҳқир карда наметавонад ва нафаси озод мекашам».

Мутахассисон мегӯянд, ки сарнавишти Лутфия барои бисёре аз занони тоҷик шинос аст. Дар ҷомеа ҳолатҳое зиёданд, ки занон, мисли ӯ, аз тарси маҳрум шудан аз фарзанд, беобрӯйӣ ё аз манзили зист маҳрум гардидан, зӯровариро таҳаммул мекунанд.

Арӯси ҷавон ҳамчун “хидматгор”

Гулрухсор Абдуллоева, мудири Маркази занони «Гулрухсор» мегӯяд, зӯроварӣ аз ҷониби хешовандон як мушкили ҷиддиест, ки реша дар сохтори патриархалӣ, вобастагии иқтисодӣ ва набудани ҳифзи муассири ҳуқуқи занон дорад. Барои ҳалли он, ба гуфтаи ӯ, муносибати ҳамаҷониба зарур аст.

Ҳамасола, ба нақли номбурда, беш аз 2500 зане, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд ё дар вазъияти душвори зиндагӣ ҳастанд, ба Маркази занони «Гулрухсор» муроҷиат мекунанд.

Ба қавли Абдуллоева, мушоҳида мешавад, ки хешовандони шавҳар низ дар Тоҷикистон ба зӯроварӣ нисбати зан даст мезананд, бахусус, хусуру хушдоман. Бисёре аз оилаҳои тоҷик арӯси ҷавонро ҳамчун “хизматгор” қабул карда, ӯро аз дигар аъзои хонавода пасттар медонанд.

“Аз келин итоати комил интизор мешаванд ва ҳатто назорату хушунати бузургсолонро ҳамчун «меъёри тарбия» мешуморанд”, — мегӯяд Абдуллоева.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамзистӣ бо хонаводаи шавҳар ва назорати аз ҳад зиёди онҳо марзҳои шахсӣ ва мустақилияти арӯсро маҳдуд мекунад.

“Дар ҷомеа то ҳол ин қолаб ҳукмфармост, ки зан бояд фишор ва таҳқирро барои ҳифзи оила ва обрӯ таҳаммул кунад. Ҳар талоши ҳимояи ҳуқуқҳои худ метавонад ҳамчун нофармонӣ арзёбӣ шавад”, — қайд мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Масъалаи хушунат дар оила то ҳол ташвишовар аст

Ҷомеашиноси тоҷик Азиза Шоисматуллоева, бар ин ақида аст, ки гарчанде шиканҷаи зан аз тарафи хонаводаи мард то ҳол ҷойи нигаронӣ дорад, вале занҳо ба ҷои муроҷиат ба мақомоти масъул, бештар ба хонаи падару модар мераванд. Ӯ илова кард, ки сабаби чунин рафторҳо паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ ва ахлоқии ҷомеа, дониши кофӣ надоштани духтарон ва аз таҳсил дур мондани онҳо мебошад.

Ин ҷомеашинос таъкид мекунад, ки дар ҳама ҳолат бояд ба мақомот муроҷиат намуда, мушкили худро оммавӣ сохт то ҷониби зӯровар тибқи қонун ҷавоб гӯяду барои дигарон сабақ шавад.

chart visualization

Масъалаи хушунат дар оила то ҳол ташвишовар аст

Сабоҳат Рустам, сардори Шуъбаи рушди оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, тасдиқ мекунад, ки хушунат дар оила то ҳол ташвишовар боқӣ мондаст. Ӯ мегӯяд, бо мақсади пешгирии ин кор дар назди ҳукумат Шӯрои байниидоравии пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтааст. Дар асоси қарори ҳукумат, бояд чунин шӯроҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсис шаванд.

Ҳамзамон, Сабоҳат Рустам иттилоъ дод, ки дар Кумитаи кор бо занон ва оила Маркази боварӣ бо рақами 221-30-40 ба фаъолият оғоз кардааст. Шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо хушунат ба ин марказ муроҷиат намоянд. Илова бар ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 110 маркази иттилоотӣ-машваратии захиравӣ, хати доимии 1313 ва Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият доранд.

Барои дастгирии ҳуқуқӣ ва равонӣ низ шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Дар назди Вазорати адлия зиёда аз 38 бюрои ёрии ҳуқуқӣ, дар назди Вазорати тандурустӣ бошад, Маркази тандурустии репродуктивӣ ва паноҳгоҳҳо (шелтерҳо) амал мекунанд, ки ба қурбониён кӯмаки аввалияи равонӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи намояндаи Кумитаи занон, мушкили асосии сар задани чуни ҳолатҳо дар хонавода ин мафкураи пасти илмиву иқтисодӣ ва назари беадолатонаи шавҳару наздикони ӯ ба зан аст.

“Яъне агар шавҳар муносибати ноадолатонрао нисбат ба зан дид, ҳатман бояд ҳимоят аз ӯ кунад. Ва хушдоман низ бояд чунин рафтор кунад ва келинро ҳамчун фарзанди худ пазирад. Вале мутаассифона ҳоло мебинем ҳолатҳо баръакс мешаванду баъзе хушдоманҳо пуштгирии фарзандон, ки ин ҳолатҳо ба пошхурии оилаҳо оварда мерасонад”, — илова кард хонум Сабоҳат.

Сарчашмаи асосии зӯроварӣ дар хонаводаҳо зан аст…

Равоншиноси тоҷик Нигина Маҳмадҷонова бар он назар аст, ки сарчашмаи асосии зӯроварӣ дар бисёр хонаводаҳое, ки ӯ бо онҳо кор кардааст, худи занон мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи шахсӣ низ нишон медиҳад, ки манбаи хушунат метавонад аз дохили оила, аз муносибатҳои миёни занҳо, оғоз шавад.

Ба гуфтаи равоншинос, расонаҳо низ бояд симои қурбонии хушунати хонаводагиро тағйир диҳанд: зан на мавҷуди нотавон, балки шахсе бо дасту по ва ақл аст. Муҳим аст, ки ба ҷомеа нишон дода шавад, ки роҳҳои раҳоӣ аз мушкил вуҷуд доранд.

Сабабҳои аслии муносибати манфии хушдоман ба келин

Маҳмадҷонова шаш омилро шарҳ медиҳад, ки аксар вақт асоси муносибати нодурусти хонаводаи шавҳар бо келин мешаванд:

  • Ҳисси “бегонагӣ” – хушдоман келинро шахси бегона мебинад, ки писарашро аз ӯ дур мекунад. Барои модар, арӯс рақибест барои муҳаббат ва таваҷҷӯҳи писар.
  • Такрори таҷрибаи гузашта – агар хушдоман дар ҷавонӣ аз зулми хушдомани худ ранҷида бошад, эҳтимол дорад ноогоҳона ҳамон рафторро бо арӯс такрор кунад. Ин механизми равонӣ аст: «бо ман чунин рафтор карданд – ман ҳам ҳақ дорам».
  • Эҳсоси танҳоӣ ва норозигӣ – хушдоман, ки аз шавҳар ё тақдираш ноқаноат аст, метавонад арӯсро ҳамчун «нишони осон» барои холӣ кардани ғазаб истифода барад.
  • Коҳиши нақш дар оила – бо омадани келин, нақши қаблан марказии хушдоман дар хона кам мешавад. Ин тарси ботинӣ аст, ки аксаран ба шакли хашм ифода меёбад.
  • Ҳасади эҳсосӣ – модар метавонад ба ҳамсари писараш ҳасад барад, зеро акнун “зани асосӣ” дар зиндагии писараш шахси дигар мешавад.
  • Анъанаҳои решадор – дар баъзе фарҳангҳо чунин қабул шудааст, ки хушдоман ҳақ дорад арӯсро «тарбия» кунад, санҷад ва ҳатто таҳқир намояд.

Хонум Нигина дар саҳифаи “Инстграм”-и худ назарпурсие гузаронидааст, ки дар хонавода занон бештар аз ҷониби кадом аъзои хонавода ба хушунат рӯ ба рӯ мешаванд:  

chart visualization

Бештарини иштирокчиён гуфтаанд, ки хушдоман (48,3%) ва шавҳар (46,5%) манбаи асосии хашму зӯроварӣ дар оила мебошанд.

chart visualization

Гулрухсор Абдуллоева низ бар ин аст, ки вобастагии иқтисодӣ, аз таҳсил дур мондани духтарон,  дахолати наздикон ба зиндагии ҷавонон ва занон, ки аксаран манбаи даромади шахсӣ надоранд ва ин онҳоро ба хомӯш мондан маҷбур мекунад, мебошанд.

“Худи бисёре аз хушдоманҳо низ чунин таҷрибаро аз сар гузаронидаанд ва онро ҳамчун «анъана» такрор мекунанд”, — мегӯяд ӯ.

Қонун ҳаст, аммо татбиқаш суст аст

Тавре Абдуллоева таъкид намуд, бо вуҷуди мавҷудияти Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», татбиқи он маҳдуд боқӣ монда, зӯроварӣ аз ҷониби хешовандон бештар ҳамчун «масъалаи дохилии оила» қабул мешавад.

Коршиносони мо мегӯянд, ки барои пешгирии хушунат сатҳи маърифати ҳуқуқии занон бояд боло бурда шавад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО густариш ёбанд. Аммо танҳо маърифати ҳуқуқӣ кифоя нест — барномаҳои дарозмуддат заруранд, ки ҳам занон ва ҳам мардонро фаро гиранд. 

Соли 2023 ба тарҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон як моддаи ҷудогона 153 дар бораи «Зӯроварӣ дар оила» илова карда шуд. Моддаи пешниҳодшуда барои зӯроварии ҷисмонӣ, ҷудокунӣ, таҳдид, назорат ва маҳрум кардан аз имкониятҳои иқтисодӣ ҷазо пешбинӣ мекунад. 

Тибқи лоиҳаи моддаи 153, расонидани зарари сабук ба узви оила бо ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё маҳрумсозӣ аз озодӣ барои мӯҳлати то 40 рӯз ҷазо дода мешавад. Агар зарар ба якчанд аъзои оила расонида шавад ё расонидани зарари миёна ба як ё якчанд аъзои оила сурат гирад, ё агар зӯроварӣ ҳангоми фармоиши ҳифзи ё дар ҳузури ноболиғ ё шахсони осебпазир содир шавад, ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён соли равон иттилоъ дод, ки таҳрири нави Кодекси ҷиноӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ омода шудааст, ин моддаро низ фаро мегирад ва ҳоло барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

Бо вуҷуди чунин тағйирот, таҳлилгарон таъкид мекунанд, ки танҳо илова кардани моддаи ҷиноӣ наметавонад мушкилро пурра ҳал кунад. Барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ бояд ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар якҷоягӣ амал кунанд. 

Тадқиқотҳои созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки аз 30 то 50 дарсади занони тоҷик дар тӯли ҳаёт бо зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ё иқтисодӣ рӯбарӯ мешаванд. 

Бо вуҷуди фаъолияти марказҳои дастгирӣ ва барномаҳои омӯзишӣ, ин шабакаҳо тамоми минтақаҳоро фаро намегиранд. Гузоришҳои UNDP ва IPHR таъкид мекунанд, ки расмиёти мураккаби маъмурӣ ва муносибати сард бо занон онҳоро аз ҷустуҷӯи адолат бозмедорад.

Аммо мушкил танҳо дар қонун нест — татбиқи он суст аст. Бино ба таҳлилҳои Amnesty International ва Бонки Ҷаҳонӣ, на ҳамаи шаклҳои хушунат, аз ҷумла равонӣ ва ҷинсӣ, дар қонунгузории кишвар ҷиноят ҳисобида мешаванд.

Хушунат дар оила набояд бо ибораи “масъалаи оилавӣ” пӯшонда шавад, то вақте ки ҳар як қурбонӣ эҳсос накунад, ки овозаш шунида мешавад, мубориза бо хушунат нотамом мемонад. 

Аксҳои қаҳрамонзан бо ёрии зеҳни сунъӣ сохта шудаанд.

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости