Замоне шабҳои деҳи мо аз дигар ҷойҳо дарозтар менамуданд. Чун дарахтон ба ҳаде зич буданд ки гӯё осмонро нигоҳ медоштанд. Ё шояд шохаҳои ба ҳам печидаи онҳо намегузоштанд, ки ҳатто нурҳои офтоб ба замин расанд. Аз ҳамин сабаб, деҳаи мо барвақт торик мешуд… Бо ҳасрат ёди он рӯзҳо карда, қисса мекунад Салим Қурбонов, сокини солдидаи деҳа.
Вақте дарахтон бештар аз одамон буданд…
Деҳаи Шаҳрак, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод, ҳудуди 50 сол пеш, ҷангале дошт, ки бештар ба афсона монанд буд. Дарахтони баланду зич, садои парандагон ва ҳузури ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳама қисми як низоми зиндагии табиат буданд.

Ба гуфтаи калонсолони деҳа, замоне ҳавои ин минтақа софу беғубор, табиаташ дилфиреб ва баракаташ фаровон буд. Хони мардум ҳам аз меваю мағз ва неъматҳои табиӣ холӣ намешуд.

— Дарахтон он қадар зич буданд, ки ҳатто хонаи ҳамсояро дида намешуд, — мегӯяд, Салим Қурбонов. (Номи қаҳрамон бо хоҳиши ӯ иваз шудааст) – Баъзан шабҳо, вақте сагҳо беист аккос мезаданд, эҳсос мекардем, ки дар гирду атроф хирс ё дигар даранда пайдо шудааст. Имрӯз бошад, аз он манзара танҳо хотира боқӣ мондааст.
Ба нақли ӯ, бо зиёд шудани аҳолӣ ва кам гаштани ҷангалзорҳо, ҳайвонот тадриҷан ба баландкуҳҳо ва мавзеъҳои дуртар кӯч бастанд. Ҳоло дидани хирс қариб номумкин аст. Танҳо баъзан, чанд километр дуртар аз деҳа, метавон хукҳои ёбоиро вохӯрд.
Чун, бо мурури вақт, дарахтон бурида шуданд. Ҷангалҳо кам ва ҷойи онҳоро талу теппаҳои холӣ гирифтанд. Аниқтараш, табиат дигар он табиати пештара нест.
Ба идаои ин пири рӯзгордида, маҳз фаъолияти инсонҳо боис шуд, ки на танҳо ҳайвонот, балки худи муҳити табиӣ тағйир ёбад. Чашмаҳо камоб ё хушк ва ҳаво гармтар гардида, замин ранги пешинаашро аз даст диҳад.
— Мо ҳанӯз солҳои 1950 ба ин ҷо омада будем, — ёд меорад ӯ. – Баъдтар ба ҷойи дигар кӯчидем, аммо соли 1994 дубора баргаштем. Ҳоло ду писарам дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекунанд. Мо бошад, баъзан тобистон барои истироҳат меоем… Аммо ростӣ, ин ҷо он қадар тағйир ёфтааст, ки гоҳе поям намекашад, баргардам.
Ӯ даме сукут карда, ба дур, ба ҷое ки як замон ҷангалзор буду ҳоло ба саҳрои кушод табдил ёфтааст, дида духта, фикри худро ҷамъбаст кард.

Дар воқеъ, он ҷо, ки инсон худро роҳат ҳис мекунад, табиат оҳиста-оҳиста нафасгир мешавад. Ба истилоҳи дигар, нобуд мегардад…
Миёни арра ва ниёз!
Табиат имрӯз ба ҳомӣ ниёз дорад, аммо инсонҳо бошанд ба арра. Чун, ҳатто одамон дигар намехоҳанд зиёд машаққат кашанд. Аз ин рӯ, барои буридани дарахтон ҳам дигар аз табар истифода намекунанд.
– Медонем, ки табиатро бояд ҳифз кард, – мегӯяд Рамазон Ҳамдамов, сокини дигари ин деҳа, ки хонааш дар канори ҷангал аст. – Ҳатто медонем, ки ҷангал ҳам сол ба сол кам мешавад. Аммо одамон ҳам бояд зиндагӣ кунанд.
Бо нӯги пой хокро канор зада, идома медиҳад. Оё медонед, ки зимистон ин ҷо осон нест? Сардии ҳавои куҳистон баъзан то баҳор мерасад. Мо ҳатто рӯзҳои аввали баҳор ҳам дар печҳо алов мекунем. Агар ҳезум набошад, чӣ хел хонаҳои худро гарм нигоҳ медорем?
Ба нақли ӯ, онҳо дарахтҳоро мебуранд то хонаҳои худ гарм нигоҳ доранд, замини кишт барои худ омода кунанд, ғалла коранд, чорво нигоҳ намоянд. Зеро чораи дигар ҳам надоранд.

– Ростӣ, мо бештар кушиш мекунем дарахтони хушкшударо бурем… Хомуш мемонад. Гӯё мехоҳад нишон диҳад, ки дилаш ба табиат месузад. Аммо табиат идомаи суханҳои ӯро медонад.
Чун махсусан дар фасли тиррамоҳ вақте кас дар ин ҷангалзорҳо сайр мекунад, аз ҳама бештар садои арраро мешунавад, на садои ҳайвоноту парандагонро.
– Пештар инҷо ҷангал буд, – қайд мекунад Р. Ҳамдамов. – Ҳоло бошад ҳамаи чиз бидуни монеа мегузарад. Дар миёни ин ҳама заминҳои урён, дарахтон каммонда мисли чизе интизори наҷот истодаанд.
Вақте, табиат забон мекушояд…
Раммаи акои Юсуф аз дур намудор буд. Худаш дар баландие, зери дарахте, ки мисли охирин посбони ин теппаҳои бараҳна танҳо мондааст, як паҳлу нишаста, раммаи гӯсфандҳоро назорат мебурд.
Гӯсфандҳо аз гармии ҳаво безобита шуда, зуд-зуд сари худ аз алаф мебардоштанду аз як теппа ба теппаи дигар мегузаштанд. Гӯё ҷойи салқинтаре меҷустанд.
Акои Юсуф асояшро ба даст гирифт ва аз паси рамма роҳ рафт. Дар хамгашти теппа ногаҳон пояш ба чизе печид. Мувозинаташро гум карду ба замин афтид.
Хеста, ба зери пояш нигарист. Кундаи дарахти бурида. Хушк, сангвор, бе соя. Чанд лаҳза ба он хомуш нигоҳ кард. Гӯё чизеро ба ёд оварда бошад.
— Пештар, вақте гӯсфандҳоро ба чаро меовардам, аз зичии дарахтон онҳоро ҳатто аз наздик дида намешуд… Нигоҳаш ба теппаҳои урён лағжид.
Он ҷо, ки ҳоло шамол бе мамониат хокро мебардошт, замоне ҷангал буд. Ҷангале, ки тобистон соя медод, зимистон паноҳ, баҳорон бӯи зиндагӣ.
Даме сукут кард.
Шамол аз миёни теппаҳо гузашта, гарди хокро ба ҳаво бардошт.
— Аввал як дарахтро буриданд, — оҳиста мегӯяд ӯ. — Барои ҳезум. Баъд роҳ кушоданд. Пас аз он гуфтанд, “Ин ҷо замини хуб барои кишт мешавад…”
Чӯпон асояшро ба замин зер карду идома дод. – Ҳамин тавр, дарахтон рафтанд. Шамол сахттар вазид. Хок ба рӯяш зад. Акои Юсуф чашмонашро нимпӯш кард. Гӯё аз паси ин чангу ғубор боз ҳамон ҷангалро меҷуст.
— Пештар ин шамол бӯи дарахту мева меовард. Ҳоло бошад, танҳо чангу хок… Аз дур ба домани куҳ нигарист.
— Як вақтҳо шабҳо овози ҳайвоноти ваҳшӣ шунида мешуд. Ҳоло ҳатто изи пояшонро намебинем. Ҷангал, ки рафт, онҳо ҳам рафтанд.
Акои Юсуф хам шуда, кафашро пур аз хок кард. Хок аз байни ангуштонаш оҳиста мерехт.
— Замин хаста шудааст, — гуфт ӯ. – Вақте дарахт нест, замин мемира. Оҳиста – оҳиста… мисли одаме, ки дигар касе садояшро намешунавад
Ба рамааш нигоҳ кард, ки аз ӯ дур мешуд. Офтоб бошад пушти куҳҳо фурӯ мерафт. Вай ба роҳаш идома дод. Аммо ҳар қадамаш, дар бораи ҷангале, ки дигар вуҷуд надорад, қисса мекард.
— Ҳар кундаи бурида мисли захмест бар тани куҳ. Ҳар замини хушк, хотираи дарахтест, ки дигар нест. Ва ҳар саҳрое, ки имрӯз васеъ мешавад, дирӯз ҷангале буд, ки зиндагӣ дар он нафас мекашид. Ва шояд табиат ҳам ҳаминро гуфтан мехоҳад, агар имрӯз садояшро нашунавем, фардо дигар чизе барои нақл кардан намемонад.

Охирин нафаси ҷангал.
Шояд барои баъзеҳо ин танҳо буридани чанд дарахт бошад. Аммо барои табиат, ин аз даст рафтани як ҷаҳон аст. Ҷаҳоне, ки дар он парандагон лона доштанд, ҳайвонот паноҳ меёфтанд ва замин нафас мекашид.
Имрӯз, дар бисёре аз деҳаҳои куҳистон, ҷангал дигар он ҷангали пешина нест. Ҷое, ки замоне соя буд, ҳоло офтоби сӯзон аст. Ҷое, ки бод аз миёни шохаҳо мегузашт, имрӯз чангу хокро аз теппаҳои урён мебардорад. Талхиаш дар он аст, ки инсон ва табиат ҳар ду қурбонии як дард шудаанд. Яке барои зинда мондан дарахт мебурад, дигаре бошад, оҳиста-оҳиста ҷони худро аз даст медиҳад.
Шояд сокинони ин деҳаҳо бештар аз ҳама дарди ҷангалро мефаҳманд. Чун онҳо ҳар рӯз мебинанд, ки чӣ гуна куҳҳо ранги худро гум мекунанд, чашмаҳо камоб мешаванд ва садои арра ҷойи овози парандаҳоро мегирад. Аммо табиат ҳанӯз комилан хомӯш нашудааст.
Ӯ ҳанӯз аз миёни кундаҳои бурида, аз хоки ташна ва аз теппаҳои урён ба инсон нигоҳ мекунад. Гӯё мехоҳад бигӯяд, агар имрӯз барои ҳифзи ман чора наандешед, фардо аз он ҳама ҷангалҳое, ки рӯзе зиндагӣ дар онҳо нафас мекашид, танҳо хотира боқӣ мемонад.

Низомиддин Исоев, журналист





