Тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Гармшавии ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо боис шудаанд, ки шумораи офатҳои табиӣ дар кишвар босуръат афзоиш ёбад.
Ба иттилои расмӣ, танҳо дар солҳои 2016 то 2023 теъдоди чунин ҳодисаҳо се маротиба ва шумораи қурбониён чор маротиба зиёд шудааст. Коршиносон мегӯянд, бе тадбирҳои муассир ва нақшаи дақиқи мутобиқшавӣ Тоҷикистон метавонад дар солҳои наздик бо паёмадҳои вазнини иқлимӣ рӯ ба рӯ шавад.

“Сокинон мегӯянд, ки то даҳ сол пеш селро надида будем”
Деҳаи Водиф, яке дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аст, ки дар наздикии қаторкуҳҳои Зарафшон ҷойгир аст. Ботур Қодирови 41-сола дар ҳамин деҳа таваллуд шуда, ҳаминҷо бузург шудааст. Ӯ мегӯяд, ки то соли 2014 онҳо боре ҳам шоҳиди омадани сел ба деҳа нашуда буданд. Аммо баъди соли 2014 вазъият тағйир ёфт ва акнун ҳар сол ба деҳа сел меояд. Сабаби чунин вазъиятро сокинони деҳа ва мақомоти маҳаллӣ, гарм шудани ҳаво ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳо медонанд.
“Баъди соли 2014 дар фасли тобистон, махсусан моҳҳои июн-июл ҳаво аз ҳад зиёд гарм мешавад, пиряхҳо аз будаш зиёд об мешаванд ва об сойи деҳаро пур карда, баъд сел меояд. Ин сел асосан заминҳои кишти мардумро хароб мекунад. Баъди бисёр сел омадан баъзе сокинон маҷбур шуданд ба дигар ноҳияҳо кӯч банданд”, — бо ҳасрат нақл мекунад Ботур Қодиров.
Деҳаи Водиф дар 120 километрии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ҷойгир аст. Дар 8 километрии деҳаи Водиф пиряхҳои калони Зарафшон ҷойгир шудаанд. Сокинони ин деҳа мегӯянд, қариб даҳ сол мешавад, ки гармшавии бесобиқаи ҳаво ва обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳоро мушоҳида мекунанд.

Яке аз селҳое, ки сокинони деҳаи Водиф то ҳол аз он ёд мекунанд, соли 2019 рух дода буд. Ба иттилои расмӣ, моҳи июли он сол “бар асари гармии аз меъёр зиёди боду ҳаво” маҷрои оби рӯдхонаи деҳа зиёд шуда, “10 тонна семент, 1 булдозер ва дигар масолеҳи сохтмониро бо худ бурда, роҳи муваққати мошингузари ин деҳаро пурра хароб кард”.
Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, моҳи июли соли 2018 низ “бар асари баландшавии ҳарорати ҳаво, ки боис ба обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо гардида буд, маҷрои рӯди Зарафшон зиёд шуда, дар деҳаи Водиф як пул, 150 метр роҳи мошингузар, 70 метр ҷӯй ва 3 адад нерӯгоҳҳои барқии хурдро пурра хароб карда буд”. Айни ҳамин ҳодиса июли соли 2023 низ иттифоқ афтода буд.
Аммо фақат деҳаи Водифи ноҳияи Мастчоҳ нест, ки солҳои охир селу обхезӣ дар он зиёд мешавад. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, солҳои охир омадани сел дар кишвар зиёд шудааст. Барои намуна агар соли 2020 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 36 ҳолати омадани сел сабт шуда бошад, пас соли 2022, 109 ҳолати омадани сел ба қайд гирифта шудааст.
Се вакили Маҷлиси намояндагон моҳи майи имсол дар мақолае дар рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” навиштанд, “давоми 70 соли охир тамоюли баландшавии ҳарорати ҳаво дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст, хусусан дар даҳсолаи охир ҳарорат аз 0,1–0,2°C тамоюли баландшавӣ дорад. Аз рӯйи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарорати миёнаи солона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1–1,2°C нисбат ба нимаи асри XX баланд шудааст. Хусусан баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои Помири кӯҳӣ бештар эҳсос мешавад”.
Обшавии пиряхҳо – пайомади аввали тағйирёбии иқлим
Ба гуфтаи мақомот ва ҳам коршиносон, обшавии босуръати пиряхҳо ва дар натиҷа зиёд шудани селу обхезӣ дар кишвар натиҷаи аввалин ва муҳимтарини тағйирёби иқлим дар Тоҷикистон мебошад.

93 дарсади Тоҷикистон куҳсор аст ва аз ин 6 дарсадашро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Гаршавии ҳаво боиси обшавии босуръати пиряхҳо шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи майи имсол дар ҳамоиши вобаста ба пирхяҳо дар Душанбе гуфт, “то кунун аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули то 60 фоизи оби тоза дар минтақа мебошанд, 1300 адади онҳо пурра об шуда, нобуд гардидааст ва раванди обшавии босуръати пиряхҳои мо ҳамоно идома дорад.”
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар солҳои 2019-2023 аз офатҳои табии рухдода дар кишвар қариб 80 дарсади онҳо ба об алоқаманд мебошанд. Дар стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 омадаааст, “ба ҳиссаи сел ва обхезӣ хисороти аз ҳама зиёди молиявӣ рост меояд. Ҳамин тавр, дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 маблағи зарар зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил дод.”
Ба гуфтаи коршиносон, обшавии босуръати пиряхҳо агар аз як сӯ боиси баланд шудани сатҳи оби дарё ва омадани селу обхезӣ шавад аз сӯи дигар дар дарозмуддат барои кишвар пайомадҳои вазнин дошта метавонад.

Ҷамолиддин Ёқубӣ, рӯзноманигор ва фаъоли муҳити зист мегӯяд, камчинии об дар кишвар ва эҳтимоли пеш омадани хушксолӣ дар даҳсолаҳои оянда аз пайомадҳои дигари тағйирёбии иқлим аст.
Ҳамсуҳбати мо зиёд шудани тармафароӣ дар минтақаҳои куҳсори Тоҷикистонро низ аз оқибати тағйирёбии иқлим медонад.
“Вақте гармӣ зиёд мешавад тармаҳое, ки солҳо истода буданд аз ҷояшон канда мешаванд. Ин ҳолат чанд маротиба дар минтақаи Ванҷ рух дод. Ҳолатҳое шуд, ки тарма пеши дарёро гирифт ва заминҳо зери об монданд”, — мегӯяд ин фаъоли муҳити зист.
Чӣ бояд кард?
Коршиносон ва ҳам мақомоти тоҷик мегӯянд, тағйирёбии иқлим як раванди ҷаҳони асту Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад онро пешгирӣ кунад, аммо кишвар метавонад барои коҳиши пайомадҳои гармшавии ҳаво корҳоеро анҷом диҳад.

Наталя Идрисова, фаъоли муҳити зист мегӯяд, яке аз паёмадҳои манфии тағйири иқлим дар Тоҷикистон офатҳои табиист, ки бар асари тағйири тавозуни гидрологӣ (гидрологического баланса) ва обшавии пиряхҳо бештар ба мушоҳида мерасад.
“Кишвари мо ба ин вазъият бояд фавран омода ва мутобиқ шавад. Барои кам кардани хатари фавти инсонҳо, ҳар як ҷамоат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бояд нақшаи вокуниш ба офатҳои табииро дошта бошад. Аз ҷумла ҷойҳои кӯчондан бояд муайян бошанд ва таҷҳизоти зарурӣ, дору ва рӯйхати шаҳрвандони осебпазир омода бошад. Дар соҳили дарёҳо ва теппаҳо бояд дарахт ва дигар растаниҳо шинонд то ба ин восита аз лағжиши замин пешгирӣ карда шавад. Ҳамчунин пешгӯӣ ва мониторинг барои мутобиқшавӣ муҳим аст”, — таъкид кард Идрисова.
Ба гуфтаи ин фаъоли муҳити зист, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки бо аҳолӣ дар ин замина бештар ҳамкорӣ карда, аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта истифода баранд.
Ҷамолиддин Ёқубӣ ҳам мегӯяд, мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо, зиёд шинондани дарахт ва назорати доимии пиряхҳо аз роҳҳое ҳастанд, ки метавон аз тариқи онҳо зарарҳои тағйирёбии иқлимро кам кард.
“Соли 2024 ҳукумат барномае қабул кард, ки бар асоси он то соли 2040 бояд 2 миллиард бех дарахт шинонда шавад. Ин хуб аст, чун ҳар қадар дарахт зиёд шинонда шавад ҳам ҳаворо тоза мекунад, ҳам заминҳоро аз шуставӣ нигоҳ медорад ва ҳам таъсири гармиро кам мекунад. Инчунин барои пешгирӣ аз омадани сел бояд соҳили дарёҳо мустаҳкам карда шаванд”, — илова кард Ёқубӣ.

Мақомот мегӯянд, ҳамасола барои пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ аз ҳисоби буҷаи кишвар ва ҳам манбаъҳои ғайрибуҷетӣ маблағҳо ҷудо мешаванд. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар посухи хаттӣ ба мо навиштааст, “қисми зиёди ин маблағҳо барои кӯчондани сокинон аз минтақаҳои хатарноки табиӣ, расондани кумаки молиявӣ ба онҳо ва гузарондани корҳои мустаҳкам кардани соҳил сарф мешавад”.
Аммо мақомот дар посухи катбӣ омори маблағи харҷшударо пешниҳод накарданд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, назорат (мониторинг)-и минтақаҳои эҳтимолан хатарнок, аз ҷумла пиряхҳо ва кӯлҳо идома доранд.
Акобир Каримзода, профессор ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар матлабе навиштааст, барқарор намудани бешазорҳо дар минтақаи шаклгирии дарёҳо, бунёди обанборҳо, ҷиҳати ба танзим даровардани реҷаи оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ аз роҳҳои дигари кам кардани офатҳои табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим аст.
Дар дунё таҷрибаи ягонаи мубориза бо офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим вуҷуд надорад. Аз ҷумла кишварҳои муваффақе мисли Амрико дар садри рӯйхати кишварҳое қарор доранд, ки офатҳои табиӣ дар онҷо бисёр рух медиҳад.
Коршиносон мегӯянд, афзоиши офатҳои табиӣ марбут ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ танҳо хоси Тоҷикистон набуда, балки кишварҳои дигар минтақа низ гирифтори ин мушкил ҳастанд. Аз ҷумла соли 2024 дар пайи селу обхезӣ зиёда аз 6 ҳазор манзил дар Қазоқистон зери об монд ва 117 ҳазор нафарро ба ҷойи дигар кӯчонданд. Чунин сел дар 80 соли ахир дар Қазоқистон назир надошт.

Наталя Идрисова, фаъоли муҳити зист мегӯяд, ки “пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуногун аст. Дар Осиёи Марказӣ пиряхҳо об мешаванд, биёбоншавӣ бештар мешавад. Дар Тоҷикистон сел ва тармафароӣ бештар ба назар мерасад. Хушксолӣ дар Қазоқистон, Туркманистон ва дар баъзе минтақаҳои Узбекистон шиддат мегирад. Зимистонҳо кӯтоҳтар мешаванду қабати барф тунук мешавад, ки ба кишоварзӣ таъсири хеле манфӣ мерасонад” илова кард Идрисова.
Ботур Қодиров, сокини деҳаи Водиф ва дигар ҳамдеҳагонаш талош доранд худро бо шароити нав одат кунонанд. Дар моҳи июл, ки обшавии пиряхҳо зиёд шуда, сатҳи оби дарё баланд мешавад, сокинони деҳа талош мекунанд аз роҳи асосии деҳа, ки аз болои дарё мегузаранд истифода накунанд. Дар ин вақт онҳо аз дигар тарафи деҳа то наздикии сой меоянд ва аз онҷо тариқи банд ба он тарафи сой мегузаранд ва ба дигар ҷой мераванд.





