Мақомоти Тоҷикистон аз зиёд шудани истихроҷи ангишт дар кишвар тавсиф мекунанд, вале фаъолони муҳити зист аз зарари ин навъ сӯзишворӣ ба табиат нигаронанд. Ангишт чигуна дар саноати Тоҷикистон ба сӯзишвории асосӣ табдил шуд ва пайомадаш барои муҳити зист чӣ хоҳад буд?

Тоҷикистон бо 93 дарсади куҳсор соҳиби яке аз бузургтарин захираҳои ангишт дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Тибқи омори Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар Тоҷикистон “21 кону зуҳуроти ангишт ба қайд гирифта шудаанд, ки захираи умумии онҳо зиёда аз 3,6 млрд тоннаро ташкил медиҳад.”
Дар замони Шӯравӣ солона дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион тонна ангишт истихроҷ мешуд, дар ҳоле, ки талаботи кишвар ба ин навъ сӯзишворӣ 1,5 миллион тонна буд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ истихроҷи ангишт ба таври назаррас кам шуда, то соли 2001 танҳо конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Шӯроб» амал мекарданд, ки истихроҷи солонаи онҳо ба ҳисоби миёна 20,6 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Шуруъ аз соли 2001 таваҷҷуҳ ба ангишт дар Тоҷикистон зиёд шуда, соли 2018 истихроҷи солонаи ангишт дар кишвар ба 1,9 миллион тонна расонда шуд, ки барои Тоҷикистон нишондоди рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Истихроҷи ангишт дар соли 2019 аз 2 миллион тонна гузашт ва то соли 2024 тақрибан дар ҳамин сатҳ нигоҳ дошта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллион тонна ангишт истихроҷ шудааст.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки истихроҷи ангишт баъд аз соли 2012 ба таври назаррас дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Ин ҳам пас аз он, ки аввали соли 2012 Узбекистон интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон пурра қатъ кард. Мақомоти узбек сабаби инро иқтисодӣ гуфтанд, аммо ин кор дар шабу рӯзе иттифоқ афтод, ки муносибати Душанбе ва Тошканд вайрон шуда буд. Қатъи якбораи газ аз Узбекистон бузургтарин корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла “Талко” ва “Тоҷиксемент”-ро ба хатари аз кор мондан рубарӯ кард. Моҳи апрели соли 2012 дар Тоҷикистон қонуни махсус дар бораи ангишт қабул шуд ва ҳукумат дастур дод, ки истихроҷи фаъолонаи ангишт ба роҳ монда шавад. Баъд аз соли 2012 ангишт ба сӯзишвории асосӣ дар бахши саноати Тоҷикистон табдил шуда.
Тибқи омори расмии Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли 2011 дар бахши саноати Тоҷикистон ҳамагӣ 97 ҳазор тонна ангишт сарф шудааст. Аммо соли 2012 истифодаи ангишт дар бахши саноат ба 239 ҳазор ва соли 2013 ба 277 ҳазор расид. Истихроҷи ангишт дар бахши саноат то соли 2018 аллакай ба 709 ҳазор расид, ки дар қиёс ба соли 2011 ва то қатъи газ аз Узбекистон 7 баробар зиёд аст. Истифодаи ангишт дар корхонаҳои саноатӣ соли 2024 то 356 ҳазор тонна кам шуд. Феълан корхонаҳои калонтарини семент дар кишвар, аз ҷумла “Ғаюр семент” ва корхона алюминии “Талко” бо ангишт кор мекунанд.
Тибқи арёзбии ташкилоти “Замини хурд”, дар Тоҷикистон 200 корхона аз ангишт ҳамчун маводи алтернативии сӯхт истифода мекунанд. Ин кор аз як сӯ вобастагии Тоҷикистонро аз нафт ва гази воридотӣ кам мекунад, вале ба гуфтаи фаъолони муҳити зист барои муҳити зист оқибатҳои бад дорад.
Аммо танҳо корхонаҳои саноатӣ нестанд, ки зиёд шудани истифодаи ангишт дар онҳо мояи нигаронии фаъолони муҳити зист шудааст. Фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и Душанбе ва истифодаи ҳудуди 1 миллион тонна ангишт дар ин марказ интиқоди фаъолони муҳити зистро борҳо ба миён оварда буд. Маркази барқу гармидиҳии рақами 2-и Душанбе солҳои 2012-2016 бо харҷи 350 миллион доллар аз сӯи Чин сохта шуд. Ин марказ 90 дарсади аҳолии Душанберо бо гармӣ таъмин карда, ҳамчунин 400 мегават барқ тавлид мекунад.

Ба ҳисоби оморҳои расмӣ, аз 2 миллион тонна ангиште, ки солона дар Тоҷикистон истихроҷ мешавад, қариб нисфи он дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сарф мешавад. Ба гуфтаи мақомот, аз 17 ҳазор тонна партове, ки солона корхонаҳои воқеъ дар Душанбе ба фазо партоб мекунанд, 14,5 ҳазор тоннааш ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе тааллуқ дорад. Шурӯъ аз моҳи октябр то апрел дуди Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе аз ҳар гӯшаи пойтахт қобили дидан аст.

Чаро истифодаи ангишт дар саноат хатарнок аст?
Фирӯзбек Сайфуллоев, фаъоли муҳити зист аз Узбекистон аст ва борҳо аз истифодаи ангишт дар саноат ва оқибатҳои он нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи Сайфуллоев, ҳангоми сӯхтани ангишт миқдори зиёди гази карбон (CO₂) ва дигар моддаҳои зараровар ба вуҷуд меояд ва ин сифати ҳаворо бадтар мекунад. Коршинос мегӯяд, ангишт яке аз манбаъҳои асосии гази карбон аст, ки барои муҳити зист хавфнок аст.
“Ғайр аз ин, дар вақти сӯзиши ангишт чангу дуд ва пайвастагиҳои кимиёие ба вуҷуд меояд, ки ба саломатии инсон зарари калон мерасонанд: онҳо боиси нафастангӣ, бемориҳои шуш ва касалиҳои дилу рагҳо мегарданд. Истихроҷи ангишт инчунин заминро хароб мекунад ва обанборҳоро ифлос месозад”, — мегӯяд Фирӯзбек Сайфуллоев.
Тимур Идрисов, коршиноси мустақили экологӣ мегӯяд, дар навбати аввал ангишт шояд як роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба назар расад, аммо истифодаи густурдаи он дар саноат як қатор хатарҳои ҷиддиро дар пай дорад.

Ба таъкиди ин коршинос, сӯхтани ангишт боиси партоби миқдори зиёди моддаҳои зарарнок ба фазо, аз ҷумла оксиди сулфур (SO2), оксидҳои нитроген (Nox) ва ифлосшавии об мегардад.

“Истифодаи васеи ангишт ба саломатии аҳолӣ низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Хароҷоти рафъи оқибатҳои саломатӣ ва муҳити зист дар оянда хеле зиёд хоҳад буд. Илова бар ин иқтисоди ҷаҳонӣ ба самти технологияҳои «сабз» ҳаракат мекунад, аз ин рӯ сармоягузорӣ ба зерсохтҳои ангишт метавонад зуд беқурб шавад. Саноате, ки бо ангишт кор мекунад барои хунук кардани дастгоҳҳо ба оби зиёд ниёз дорад. Ин ҳолат рақобат барои ба даст овардани захираҳои обро ба миён меорад,”-афзуд Тимур Идрисов.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам тасдиқ мекунанд, ки истифодаи ангишт дар саноат барои табиат хатарнок аст.
Дар Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 омадааст, “манбаъҳои асосии партовҳои доимӣ ва ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои барқу гармдиҳии бо ангишт фаъолияткунанда ба ҳисоб мераванд.”
“Шабакаҳои гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад,”-омадааст дар ин барнома.
Мақомот дар барномаи панҷсола навиштаанд, барои “беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера” чанд кор бояд анҷом дода шавад, ки яке аз онҳо “таҷдиди корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ва гузаштан ба сӯзишвориҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза” мебошад.
Оё Тоҷикистон интихоби дигар надорад?
Бо вуҷуди онки истифодаи ангишт дар саноат барои муҳити зист зараровар мебошад ва кишварҳои зиёде аз ин навъ сӯзишворӣ даст мекашанд, баъзе коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон феълан интихоби дигар надоранд.
Алихон Латифӣ коршинос аз Душанбе мегӯяд, бо назардошти онки Тоҷикистон захираи бузурги газ надорад, кишвар маҷбур аст, ки барои рушди иқтисоди худ аз ангишт истифода барад.

Ба гуфтаи ин коршинос, “мутаассифона мо ҳамаи корхонаҳоро ба қувваи барқ гузаронда наметавонем, Тоҷикистон имрӯз чунин имконият надорад. Пас Тоҷикистон чӣ кор кунад, рушд накунад? Ҳама роҳҳоро бандад? Пас мардум аз қашшоқӣ чи хел берун барояд? Барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ҷойҳои корӣ даркор аст, мутасифона бе истифодаи ангишт ҷойҳои корӣ ташкил кардан мумкин нест. Барои ҳамин давлати мо маҷбур ангиштро истифода мебарад. Имрӯз чанд неругоҳи барқии обӣ сохта мешавад. Дар оянда Тоҷикистон метавонад истифодаи ангиштро кам кунад.
Ба назари Тимур Идрисов, коршиноси мустақили экологӣ роҳи ҳалли масъала нав кардани таҷҳизоти куҳнашуда дар бахши саноат ва ҷорӣ кардани технологияҳоии каммасраф мебошад.
“Корхонаҳо метавонанд аз барқе, ки дар неругоҳҳо тавлид мешавад истифода баранд. Дар навбати аввал бояд самараи кори корхонаҳо беҳтар карда шавад. Сохтани истгоҳҳои барқии офтобӣ низ метавонанд талабот ба энергияи корхонаҳоро дар рӯзҳои вазнин пӯшонад. Дар ҳолатҳои алоҳида аз гази моеъ мешавад ҳамчун манбаи алтернативии маводи сӯхт истифода бурд. Ҳарчанд газ низ сӯзишвории истихроҷшаванда мебошад, вале ба фарқ аз ангишт, дар вақти истифодаи газ камтар гази карбон ба фазо партоб мешавад ва тақрибан сулфур ва хокистар намемонад,”-афзуд ин коршинос.
Фирӯзбек Сайфуллоев, фаъоли муҳити зист аз Узбекистон мегӯяд, дар шароити Осиёи Марказӣ мешавад аз панелҳои офтобӣ, неругоҳҳои шамолӣ ва обӣ барқи бештар тавлид кард то корхонаҳо ба ҷойи ангишт аз барқ истифода баранд.
“Ангишт ҳарчанд сӯзишвории арзон аст, аммо зарари он ба муҳити зист ниҳоят зиёд аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар саросари ҷаҳон хоҳиши гузаштан ба манбаъҳои «энергияи сабз» зиёд мешавад,” – илова кард Фирӯзбек Сайфуллоев.