/
/
/
Муҳоҷирони экологӣ: макони амн бо мушкилоти бештар

Муҳоҷирони экологӣ: макони амн бо мушкилоти бештар

Ҳарчанд дар Тоҷикистон барномаи давлатии кӯчондани хонаводаҳо аз минтақаҳои зери хатари офатҳои табиӣ то соли 2026 идома дорад, муҳоҷирони экологӣ аз набуди шароит дар маконҳои нав шикоят мекунанд.

Зебӣ Амонова моҳи октябри соли 2023 бо шавҳар ва писараш аз деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи Зафаробод кӯчиданд. Ин оила муҳоҷирони экологӣ буданд, чун ҷойи зисташон дар ноҳияи Айнӣ аз сабаби офатҳои табиӣ хатарнок шуда буд. Вале кӯчидан аз ҷойи хатарнок ба макони бехавф, барои Зебӣ Амонова ва даҳҳо тан аз муҳоҷирони экологӣ хушҳолкунанда нест.

Муҳоҷирони экологӣ киҳо ҳастанд?

Муҳоҷирони экологӣ шахсоне мебошанд, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоҷ тарк кардаанд. Тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2010, “аҳолие, ки дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок зиндагӣ мекунанд ва бо мақсади пешгирии талафоти ҷонӣ аз офатҳои табиӣ фаврӣ ё нақшавӣ бояд кӯчонида шаванд”, муҳоҷирони экологӣ ҳастанд.

Кӯчондани аҳолӣ аз ҷойи хавфнок ба макони амн, аз тарафи Хадамоти муҳоҷират ва ҳукуматҳои маҳаллӣ анҷом мешавад. Тибқи тартиби тасдиқкардаи ҳукумат, баъди онки Саридораи геология як минтақаро барои зиндагӣ хатарнок арзёбӣ мекунанд, комиссияи маҳаллӣ рӯйхати муҳоҷирони экологиро тартиб медиҳад ва ба раисони ноҳия ва вилоятҳо пешниҳод мекунад. Танҳо баъди тасдиқи рӯйхати муҳоҷирони экологӣ аз тарафи Комиссияи ҳукуматӣ, кӯчондани аҳолӣ аз ҷойи хатарнок ба ҷойи амн оғоз мешавад.

Барои онки муҳоҷирон ба ҷойи қаблиашон бознагарданд, “баъди кӯчонидан хонаҳои истиқоматии онҳо вайрон карда” мешавад.

Сироҷиддин Олимов,  як масъули Хадамоти муҳоҷират моҳи июли соли 2024 дар як нишасти коршиносон гуфт, ки дар солҳои 2002-2024, 72 ҳазор оила аз минтақаҳои хавнок ба ҷойи бехавф кӯчонда шудаанд. 

Ба гуфтаи Олимов, дар Тоҷикистон зиёда аз 1200 мавзеъи хатарнок аз нигоҳи экологӣ муайян шудааст. “Хатари асосӣ барои аҳолӣ сел, ярч, обхезӣ ва заминларза мебошад, зеро кишвар дар минтақаи зилзилахез ҷойгир аст,”-гуфтааст ин намояндаи Хадамоти муҳоҷират.

Муҳоҷирони экологӣ чӣ имтиёз доранд?

Бар асоси қарори ҳукумат аз соли 2019, ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадоранд “муҳоҷирони экологиро дар мавзеъҳои нави зист бо хонаи истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони манзил” таъмин намоянд.

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки барои муҳоҷирони экологӣ “ба андозаи 0,06 то 0,08 гектар қитъаи замин барои сохтмони манзил ва қитъаи наздиҳавлигӣ, инчунин қарзи имтиёзнок ба андозаи 5000 сомонӣ ва кумаки яквақтаъинаи моддӣ ба сардори оила 200 сомонӣ ва аъзои оила 100 сомонӣ” дода мешавад.

Намояндагони Бонки давлатии “Амонатбонк” ба мо гуфтанд, 5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок бефоиз ва ба муҳлати панҷ сол  дода мешавад. Муҳоҷирони экологӣ вазифадоранд баъди панҷ сол, аз 5 ҳазор сомонӣ қарзи ҳукумат, нисфаш ё 2500 сомониро баргардонанд.

“Хонаро дар даҳ сол сохтем”

Вале муҳоҷирони экологӣ, аз ҷумла қаҳрамони мо Зебӣ Амонова имтиёзҳои додаи ҳукуматро нокифоя мехонанд.

Амонова нақл мекунад, ки замин барои сохтани хонаро ҳанӯз соли 2014 ба онҳо доданд, вале танҳо давоми даҳ сол тавонистанд, ки манзилро сохта ба ҷойи нав кӯчанд.

“Як соли аввал пойдевор (фундамент) партофтем ва 2-3 девор бардоштем. Аз байн 3-4 сол гузашт, баъд омада болои хонаро пӯшондем. Шавҳарам он вақт чӯпон буданд, баъд Русия рафта кор карда омаданду хонаро сохтем. Вале дари хона 4 сол баста буд, танҳо соли гузашта омада хонаро таъмир карда кӯчидем,”-нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.  

Дар ҳоле, ки бар асоси қарори ҳукумат, ҳар оилаи муҳоҷирони экологӣ бояд 5 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гиранд, Зебӣ Амонова мегӯяд, ба онҳо танҳо 3000 сомонӣ қарз доданд. “Баъди 5 сол нисфи пули давлатро баргардондем, нисфи дигараш ҳам дар ҳуҷҷатгузорӣ сарф шуд,”- илова кард Зебӣ Амонова.

Барои Муҳаммад Иброҳимов, сокини ҷамоати Ивантоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ соли 2021 дар ноҳияи Зафаробод қитъаи замин ҷудо карданд. Барояш танҳо 3500 сомонӣ маблағ доданд, ки нисфашро бояд баргардонад.

Муҳаммад чупон аст ва давоми чор сол танҳо пойдевори манзилашро сохт. “Имсол намояндагони ҳукумати Зафаробод занг заданд, ки агар хонаатро насозӣ, заминро гашта мегирем. Ба онҳо фаҳмондам, ки имкони сохтани хонаро надорам. Дар чор сол чанд маротиба ба ҳукумати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Зафаробод муроҷиат кардам, ки бароям кумак кунед ақалан хонаамро созам. Ягон ёрдам надоданд”, илова кард ҳамӯсӯҳбати мо.

Барои ин гузориш мо бо беш аз даҳ муҳоҷири экологӣ суҳбат кардем, ҳамаи онҳо гуфтанд, ба ҷуз қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми то 5 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомот ҳеч ёрие дарёфт накардаанд.

Масъули бахши муҳоҷирати ноҳияи Зафаробод ва ҳам раиси ҷамоати Ҷомӣ, ки бештари муҳоҷирони экологӣ дар онҷо зиндагӣ мекунанд, аз суҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд.

Тибқи гузориши охири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025, ба 86 оилаи муҳоҷирони экологӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст. Аммо дар гузориши Вазорати меҳнат низ ба ҷуз ҷудо шудани қитъаи замин, дар бораи дигар кумакҳо ба муҳоҷирони экологӣ чизе гуфта нашудааст.

Мушоҳидаи мо дар деҳаи “Ҷавони”-и ноҳияи Зафаробод, ки макони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Айнӣ аст, нишон дод, ки бо гузашти беш аз даҳ сол, даҳҳо муҳоҷири экологӣ то ҳол натавонистанд хонаҳои худро пурра бунёд кунанд. Барои муҳоҷирони омада низ зиндагӣ дар инҷо осон нест. Мушкили асосӣ ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, набудани хати оби нӯшокӣ аст. Ба нақли сокинони деҳа онҳо маҷбуранд, ки аз чуқурии 8-9 метр замин об кашида нӯшанд, ки обаш шӯр аст.

Як гуруҳ сокинони деҳаи «Ҷавонӣ» моҳи майи соли 2024, бо ташаббуси худашон чоҳи оби ширин канданд, вале ин об барои кулли деҳа кифоягӣ намекунад.

Норасоии оби ошомиданӣ ягона мушкили муҳоҷирони экологӣ дар деҳаи “Ҷавонӣ” нест. Бо гузашти 14 сол, ин русто на дармонгоҳ дорад, на мактаб, на хатти замонавии интиқоли барқ ва на роҳи таъмиршуда.

Баъзе муҳоҷирони экологӣ мегӯянд, чанд сол аст, ки имкони сохтани хона дар ҷойи нав ва кӯчидан ба макони бехатарро надоранд.

Дар деҳаи “Ҷавонӣ” барои сохтмони мактаб қитъаи замин ҷудо шудааст, аммо маълум нест, ки он кай сохта мешавад.

Фарзандони ин муҳоҷирон барои дарсхонӣ ба деҳаи ҳамсоя мераванд. Волидайни онҳо мегӯянд, мактаббачаҳо маҷбуранд аз роҳи калон гузаранд. Ин роҳи асосиест, ки ба маркази ноҳияи Зафаробод мебарад ва тавассути он мошинҳо бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Соли гузашта мошин кӯдаки яке аз муҳоҷирони экологиро, ки мехост роҳро гузарад, пахш кард ва пойи ин кӯдак шикаст. 

Муҳоҷирони экологӣ дар деҳаи Ҷавонӣ ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ надоранд. Онҳо маҷбуранд беморони худро ба маркази ноҳияи Зафаробод барад.

Бар иловаи ҳамаи ин мушкил, набудани ҷойи кор зиндагии муҳоҷирони экологиро мушкил кардааст. Дар деҳаи “Ҷавони”-и ноҳияи Зафаробод ягон коргоҳ ё корхона нест. Ба як қисм сокинон барои кишту кор замин додаанд, аммо ба гуфтаи муҳоҷирони экологӣ оби кофӣ нест то дар замин кишту кор кунанд. Манбаи рӯзгузаронии бештари мардум дар инҷо, кори наздиконашон дар Русия аст.

Коршинос: кумакҳои давлат кофӣ нест

Музаффар Олимов профессор ва мудири маркази таҳқиқотии “Шарқ”, мавзӯи муҳоҷирони экологиро таҳқиқ кардааст. Олимов мегӯяд, маблағи ҳадди ақале, ки аз тарафи мақомот барои муҳоҷирони экологӣ ҷудо мешавад, кам аст.

Ба гуфтаи ин коршинос, як мушкили асосӣ таъмини муҳоҷирони экологӣ бо ҷойи кор аст.

“Эҳтимол дорад, ки дар рӯзҳои аввал як миқдор маблағи додаи мақомот кифоягӣ кунад. Баъдан барои идомаи зиндагӣ кор зарур аст, ӯ бояд як бурда нонашро ёфта хурад, оилаашро таъмин кунад. Як барномаи махсуси ҳукуматӣ бояд бошад.”

Музаффар Олимов дар хулосаи таҳқиқоташ ҳам навиштааст, дар минтақаҳое, ки муҳоҷирони экологӣ ҷойгир карда шудаанд, сатҳи бекорӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҳамин вилоят баландтар аст.

Бо вуҷуди набудани набудани оби ширин, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатти барқ ва ҷойи кор, муҳоҷирони экологӣ ба монанди Зебӣ Амонова маҷбуранд дар ҷойи нав зиндагӣ кунанд. Чун ба ҷойи қаблиашон баргашта наметавонанд ва ҳам маблағ барои кӯчидан ба макони беҳтарро надоранд.

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости