/
/
/
Беобӣ дар Хатлон: зарбаи сахт ба зиндагии мардум

Беобӣ дар Хатлон: зарбаи сахт ба зиндагии мардум

Набуди оби ошомиданӣ ба як мушкили ҷиддӣ дар аксар шаҳру навоҳии Хатлон, вилояти пурнуфузи Тоҷикистон аст. Сокинон мегӯянд, ки гоҳҳо рӯзҳои зиёд мунтазири об мемонанд ва баъди навбатпойи онро бо нархи гарон мехаранд.

Ин мушкил дар як вилояти аграрӣ, ки ба об ниёзи зиёд дорад, на танҳо шароити зиндагии мардумро вазнин, балки рушди кишоварзиро низ зери хатар гузоштааст.  

Моҳ Ашӯрова, сокини 50-солаи деҳаи Лолазор, модари чаҳор фарзанд аст, дар наздикии деҳааш кор мекунад, ошхонае дорад, ки ҳар рӯз онҷо хӯрок пухта ба фурӯш мегузорад.

Кори ӯ бо об вобаста аст, тозагӣ, шустушӯи дегу табақ ва омода кардани чой  барои меҳмонони ошхона, вале гоҳҳо ба мушкил дучор мешавад, чун деҳаи онҳо об надорад.

Барои тоза нигоҳ доштани ошхонаи сарироҳӣ ва пухту пази хӯрок ба оби тоза ниёз дорад, вале ӯ мегӯяд, пайдо кардани об барои ӯ душвор аст: “Мо обро мехарем, ака. Мо обро ду тоннаашро дусад (сомонӣ) мехарем. Бо оби харида хӯрок мепазем, рӯзамонро мегузаронем.” Ӯ дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш ошхонаи сарироҳӣ дорад.

Ошхонаи Моҳ Ашӯрова дар канори роҳи шаҳри Бохтар ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Дар баробари зиёд будани муштариҳо, нозирон аз бахши беҳдошт низ омада, аз ӯ ва дигар занони ошпаз тақозои тозагӣ мекунанд, ки ба об вобастагӣ дорад. “Тозагӣ, танҳо тозагӣ. Мо дар роҳ ҳастем, меояд мегӯяд, ки тозагӣ кунед. Талаб мекунад,” — илова намуд ҳамсӯҳбати мо.

Ин зан мегӯяд, ки гоҳе то пайдо кардани ронандагоне, ки об мекашонанд, беоб мемонанд.
“Дар баъзе хонаҳо душвор аст, дар баъзе хонаҳо, ки мошин аз худашон бошад, меоранд. Беобӣ душвор аст, мушкил танҳо об аст дар мо. Мешавад, гоҳе беоб мемонем. Кӯшиш мекунанд, ки гову моламон ва худамон беоб намонем,” қайд кард Моҳ Ашӯрова.

Сокинон мегӯянд, ки зиндагӣ дар деҳоте мисли Лолазор, ки 30 соли охир об надорад, душвор аст, вале онҳо дигар ҷойи рафтан ҳам надоранд. На танҳо Моҳ Ашӯрова, дигар сокинони деҳаи Лолазори  ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш низ аз набуди оби ошомиданӣ азоб мекашанд.

Як сокини деҳаи Лолазор, ки аз зикри номаш худорӣ кард гуфт, ки онҳо ҷойи рафтан надоранд, агар бошад ҳам пул нест, ки ба деҳаҳое раванд, ки онҷо об фаровон бошад.
Дар шӯравии собиқ деҳаи Лолазор, ки ҷойи нигоҳдории чорвои колхоз буд обро аз дарёи Вахш бо лӯлаҳо мекашонданд, он замон аҳолӣ кам буд, ҳоло аҳолӣ зиёд шудааст, вале лӯлаҳои обкашони ҳудуди 30 соли охир кор намекунанд.

Ҳоло аҳолии деҳаи Лолазор беш аз 100 хоҷагӣ шудааст, ки сокинонаш оби тозаи нӯшиданиро мехаранд ё замистону баҳор оби барфу боронро истеъмол мекунанду барои рӯзгордорӣ истифода мебаранд. 

Ҳусниддин, номи шартии як сокини деҳаи Лолазор гуфт, ки мушкили онҳоро мақомоти ноҳияи Вахш хуб медонад, вале касе ба додашон намерасад. Онҳо тобистон як тонна обро дар се рӯз сарф мекунанд, чун талабот ба об ҳам барои нӯшидан ва ҳам барои шустушӯ бештар мешавад.

Барои як хонаводаи 5-нафара дар ин деҳа, дар як ҳафта, агар сарфа кунанд, ду тонна об сарф мешавад, ки бояд 200 сомонӣ пардохт кунанд. Вале ҳамаи сокинон имкони онро надошта, обро то ҳадди имкон сарфа мекунанд.

Сокинони Лолазор зимистон то охирҳои баҳоръ оби барфу боронро захира мекунанд. Вақте борон меборад, обаш рост ба чоҳҳое меравад, ки сокинон барои ҷамъ кардани об кандаанд. Агар баҳор борон зиёд борад, онҳо об ҷамъ мекунанд.

Бахтиёр Комилов, ҷавоне аз шаҳри Бохтар, ба деҳаи Лолазори ноҳияи Вахш меҳмон шудааст, бори аввал барои нӯшидан обро аз чоҳ мегирад.

“Дар ин бочкаҳо обро бо мошинҳои обкашонӣ меоранд, як моҳ ҳам намебарад. Баъди тамом шудани об, беоб мемонанд. Вақте об пайдо накунанд, обро аз миёни кӯҳҳо аз чашмаҳо мекашанд, ки он ҷо об шӯр аст, онро танҳо барои ҷомашӯйӣ истифода мекунанд. Барои нӯшидан обро аз ҷойи дигар пайдо мекунанд, ” — нақл мекунад Бахтиёр.

Даромади сокинони Лолазор асосан аз чорводорӣ аст, вақти ҷаъмоварии писта дар ҷангал низ бо хоҷагии ҷалгал ҳамкорӣ доранд, ки аз ин кори мавсимӣ даромади молӣ мегиранд. Аммо сокинон заминҳои наздиҳавлигӣ надоранд, чун об нест, меваю сабзавотро низ аз бозор мехаранд.

Сокинони Лолазор гуфтанд, ки ҳудуди 50 дарсади хоҷагӣ дар кӯҳпораҳо гандум ва зағир мекорид, ки бо оби барфу борон парвариш мешуд, вале солҳои охир боронҳо кам шуда истодааст ва онҳо аз он ҳам бенасиб шудаанд.

Анвар, ронандаи мошини обкаш аз ноҳияи Вахш мегӯяд, ки обро аз дарёи Вахш ба сокинон мебароад, ки оби тоза аст, вале қиммати об аз масоҳати роҳ вобаста аст, ки агар ба Лолазор бо 200 сомонӣ бурда шавад, барои Лолазор 2 бо 250 соомнӣ мебаранд, чун масофаи роҳаш дарозтар аст.

Бахтиёр Раҷабов, раиси ҷамоати деҳоти Машъал, ки деҳаи Лолазор дар ҳамин ҷамоат аст гуфт, ки дар чанд деҳа аз ҷумла Лолазор, Лолазор 2, Пистазор, Томчӣ, Гули бодом ва Дарвозабулоқ сокинон обро мехаранд ё аз барфу борон захира мекунад: «Хонаҳои онҳо дар талу теппаҳо аст, ки об надоранд, мардум мушкил доранд. Дар ҷамоат, ки 26 ҳазор аҳолӣ дорад, мушкили оби ошомидани ва об барои кишоварзӣ солҳои зиёд ҷой дорад. Барои чанд деҳот насосҳои обкашонӣ мондем, вале ҳама деҳотро бо об таъмин карда намешавад» илова намуд ҳамсӯҳбати мо.

Қурбоной Ашӯрова, сокини деҳаи Бӯриёбофони ҷамоати Қизил қалъаи ноҳияи Хуросон гуфт, ки деҳаи онҳо, ки ҳудуди 70 хоҷагӣ дорад солҳои зиёдест, ки об надоранд, обро мехаранд: «Гоҳҳо то шом навбат меистем, ки об биёранд, мошини обро, ки 4 тонна дорад бо қиммати 80 сомонӣ мехарем, агар об бошад заминҳои назди ҳавлигиро кишт мекунем, вале афсус нест», — шикоят намуд Қурбоной Ашӯрова. 

Як мошини чортонаи об дар деҳаи Бӯриёбофони ноҳияи Хуросон назар ба деҳаи Лолазори ноҳияи Вахш арзонтар аст, чунки ин деҳа дар соҳили дарёи Вахш қарор дорад.

Камол Қурбонов, коршиноси муҳити зист дар Хатлон гуфт, ки камбуди об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷой дорад, ки ба кишоварзон зарари бисёр меоварад.  Ҳолатҳое мешавад, ки заминҳои киштшуда бе об мемонанду кишоварзон ба ҷойи фоида зарар мебинанд, гуфт ҳамсуҳабти мо.

«Тақисмоти об дар хоҷагиҳои деҳқонӣ нодуруст аст, ширкатҳои кишоварзӣ зиёданд, касе тавонад обёрӣ мекунад. Дар замони  Шӯравӣ як сохтор ҳамаро назорат мекард, касе бе об намемонд, вале ҳоло истифодабарии об нодуруст аст», — илова намуд коршиноси муҳити зист дар Хатлон. 

Ин коршинос роҳи ҳалли мушкили беобиро дар тақсимбандии дуруст ва назорати оқилонаи хоҷагии об медонад.

“Мо барои обиёрӣ феълан оби кофӣ дорем, танҳо бояд тақсимоташро хуб назорат кунем, то мушкил ҳал шавад. Дар деҳоте, ки об барои нӯшидан нест, роҳи ҳал танҳо барқарор кардани лӯлаҳо аст. Барои ин бояд дастгоҳҳои обкашонӣ ё насосҳои нерӯманд харидорӣ кардан лозим аст”, — афзуд коршинос.  

Аз идораи оби вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Кӯшониён, Панҷ ва шаҳри Кӯлоб сокинон ба оби тозаи ошомидани ниёз доранд. 

Як кишоварз аз деҳаи Қарадуми ноҳияи Ҷайҳун гуфт, ки тобистон онҳо ба мушкили камбуди об барои заминҳои кишоварзӣ гирифтор мешаванд, гоҳҳо заминҳои полезӣ бе об мемонад: “Вақте заминҳои пахтаро зуд зуд об медиҳанд, мо наметавонем заминҳоро об монем, ҳар сол ҳамин мушкил ҷой дорад.” 

Ду кишоварзи дигар аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ мушкили камбуди об барои заминҳои киштро дар тобистон тасдиқ карданд. Аммо ҳеҷ ниҳоде дар вилояти Хатлон омори камбуди об ва деҳоте, ки оби ошомидани надоранд зикр намекунад. 

Мушкилоти камбуди об дар ҷануби Тоҷикистон на танҳо зиндагии сокинонро мушкил кардааст, балки ба фаъолияти кишоварзӣ, аз бахшҳои асосии иқтисоди кишвар зарбаи ҷиддӣ мезанад. 

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости