Ҷарима, ҳомиладории «беиҷозат» ва шанбегиҳои маҷбурӣ: Ҳуқуқи худро дар Тоҷикистон чӣ гуна бояд ҳимоя кард?

0

Оё корфармо ҳуқуқи кам кардани маоши хатмкунандагони дирӯзаи донишгоҳро дорад, ҳангоми ба кор даромадан кадоме аз шартномаҳои зерин беҳтар аст: — шартномаи меҳнатӣ ё ҳуқуқӣ- шаҳрвандӣ, агар роҳбар  аз сабаби ҳомиладор буданатон шуморо аз кор озод кунад, чӣ бояд кард? Уғулой Бобоева, ҳуқуқшиноси Фонди ҷамъиятии «Саломатии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон» ба саволҳои доғи Қонуни меҳнат посух медиҳад.

Ба кортҳои мо нигаред.

Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо шароити меҳнатро таъмин менамояд, музди меҳнат ва дигар имтиёзҳоро ба корманд сари вақт ва пурра медиҳад.

Ягона механизми ҳифзи ҳуқуқ тибқи Шартномаи ҳуқуқи гражданӣ суд мебошад,  зимни шартномаи меҳнатӣ мақомоти маъмурӣ — Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.  Шартномаи меҳнатӣ бояд меъёрҳои ҳуқуқи кормандро, ки дар моддаи 18 Кодекси меҳнат зикр шудааст, дар бар гирад ва ҳуқуқҳои кормандро мутобиқи моддаи 24 ҳамин Кодекс кафолат диҳад, аз қабили: вақт ва шароити меҳнат, мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ (на камтар аз 1 сол), андоза ва шартҳои музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ, имтиёзҳо ва ғайра. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ паст кардани сатҳи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳои кормандон манъ аст. Зимни шартномаи гражданӣ тарафҳо шартҳои шартномаро мустақилона ҳал мекунанд. Дар натиҷа шартномаи ҳуқуқи гражданӣ танҳо барои корфармо муфид аст, зеро тибқи он корфармо аз  пардохти андозҳои иҷтимоӣ ва даромад озод буда, шумо аз кафолатҳои иҷтимоӣ, аз қабили: ҳама намуди рухсатӣ, ҷубронпулӣ, пардохтҳои иловагӣ, пардохти хараҷоти сафари хизматӣ, шикоят ба амалҳои корфармо ва ғайра маҳрум мегардед.

Минбаъд

Индексатсияро президент дар асоси сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат муайян мекунад ва аз баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вобаста аст.

Агар шумо мисли ҳамкасбонатон як хел кор карда, музди камтар гиред, шумо ҳуқуқ доред, ки мувофиқи моддаи 199 Кодекси меҳнат ба суд муроҷиат кунед.

— суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ;

– таъминот бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва либоси махсус барои таъмини   бехатарӣ;

– даст кашидан аз иҷрои кор дар сурати ба миён омадани ҳолате, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавф дорад;

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ.

Инчунин корфармо ба шумо кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ намедиҳад, шумо наметавонед нафақаи суғурта гиред ва ҳатто барои гирифтани қарз аз бонк  шаҳодатномаи музди меҳнат намедиҳад ва ғайра.

Минбаъд

— пардохти маблағе, ки пешпардохт ва сарфа нашуда, саривақт  барнагардонида, ки барои сафари хизматӣ ё ҳангоми гузаштан ба кори дигар, маҳалли дигар ва ё эҳтиеҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд  асос ва андозаи онро мубоҳиса  накунад.   

Дар ин мавриҳо корфармо ҳуқуқ дорад дар муҳлати на дертар аз як моҳ аз рузи ба охир расидани муҳлати баргардонидани пешпардохт,  баргардонидани қарз ё аз рузи нодуруст ҳисоб карда шудани пардохт дар бораи нигоҳ доштани маблағҳои молиявӣ супориш диҳад.  

— ҷуброни зараре, ки бо айби корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на бештар аз музди миёнаи моҳонаи ӯ бояд ситонида шавад (моддаи 189 Кодекси меҳнат).

— маблағи умумии нигоҳ доштан аз музди меҳнат набояд аз 20 фоиз зиёд бошад;

– ҳангоми нигоҳ доштани музди меҳнат аз рӯи якчанд ҳуҷҷатҳои иҷроия, ҳадди аққал 50 фоизи маоши  корманд нигоҳ дошта шавад.

Корфармо ҳуқуқ надорад  барои «кори хуб иҷро нашуда» аз музди меҳнат нигоҳ дорад.

Ҳама гуна тафовут, истисно ё афзалият, даст кашидан аз қабули кироя, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот, молу мулк, ки боиси вайрон кардани имкониятҳои баробар дар соҳаи меҳнат мегардад, манъ аст.

Инчунин ба:

— либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифзи инфиродӣ;

— шир то 3,2 фоиз равғаннокӣ, дар як баст 0,5 литри;

— ғизои табобатӣ ва профилактикии дорои гӯшт, моҳӣ, ҷигар, панир, лӯбиёгиҳо ва ғ.;

— дар як сол як маротиба вобаста ба хусусияти кор аз муоинаи даврии тиббӣ гузаред.

Дар Тоҷикистон ҷавонон ин шахсони аз 14 то 30 сола мебошанд. Агар синни шумо то 30-сола бошад, шумо метавонед ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат кунед.

2. Мутахассиси ҷавон тибқи қонунгузории меҳнат шахсест, ки пас аз хатми шуъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ дар самти ҳамин муассиса ба кор қабул карда мешавад.

Мутахассиси ҷавон ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миенаи касбӣ, ки аз рӯи квотаҳои давлатӣ ба кор қабул мешаванд, бо даъвати ташкилот,  мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо кори мувофиқ таъмин гардад.

Аммо таъинот ба вазифаҳои давлатӣ дар идораҳои давлатӣ истисно аст. Ба ин вазифаҳо бо тартибе, ки қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, (моддаи 18 Кодекси меҳнат) гирифта мешавад.

Агар Шумо мутахассиси ҷавон бошед, мутобиқи моддаи 22 Кодекси меҳнат аз корфармо дар бораи ба кор  қабул нашуданатон ҷавоби хаттӣ талаб намоед.  Корфармо вазифадор аст, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сабабҳои ба кор қабул накарданаш  ба таври хаттӣ шуморо огоҳ созад;

Шумо метавонед ҷавоби радро дар идораи хизматии назорат дар соҳаи меҳнат барои баррасӣ пешниҳод кунед. Агар шумо аз ҷавоби ин идора конеъ набошед метавонед ба суди ҷои бақайдгирии корфармо муроҷиат кунед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь