Ҳар нафаре, ки кор мекунад, даромад мегирад ва барои оянда нақша мекашад. Чунин нафарон на танҳо дар бораи хароҷоти имрӯза, балки дар бораи ҳифзи сармояи худ низ фикр мекунанд. Маълум аст, ки пулҳое, ки танҳо дар ҳисоб ё «зери болишт» нигоҳ дошта мешаванд, бинобар таъсири таваррум ва ноустувории иқтисодӣ арзиши худро аз даст медиҳанд. Дар баъзе кишварҳо ноустувории қурби асъор ин талафотро боз ҳам зиёд мекунад. Дар ин сурат, сармоягузорӣ роҳи ҳифзи пасандозҳо ва пешгирӣ аз беқурбшавӣ мебошад.
Чӣ гуна тилло рамзи қудрат, сарват ва абадият гардид?
Тилло танҳо як металл нест. Он яке аз захираҳоест, ки тӯли ҳазорсолаҳо арзиши худро дар назди мардум, империяҳои абарқудрат ва ҳокимон нигоҳ доштааст. Аз ин ҷост, ки таърихи тамаддуни башарӣ бо тилло сахт тавъам мебошад.

Дар Мисри қадим тилло “ҷисми худоён” шумурда мешуд. Фиръавнҳо қабрҳо, маъбадҳо ва рамзҳои ҳокимияти худро бо тилло оро медоданд. Ниқоби машҳури тиллоии Тутанхамон рамзи абадият ва қудрати илоҳӣ буд. Мисриён бовар доштанд, ки тилло занг намезанад ва вайрон намешавад, бинобар ин рамзи абадият мепиндоштанд.
Дар Рими қадим тилло на танҳо рамз, балки василаи иқтисодӣ гардид. Римиён тангаҳои тиллоӣ — ауреусҳоро сикка мезаданд, ки дар саросари империяи бузург барои тиҷорат истифода мешуд. Назорат бар конҳои тилло маънои қудрати сиёсӣ ва низомиро дошт. Ғалабаҳо дар ҷангҳо аксаран бо миқдори тиллои ба дастомада чен мешуданд.
Дар Чини қадим тилло рамзи сарват, шукуфоӣ ва ҳамоҳангӣ буд. Аз он ороишоти императорӣ месохтанд. Гарчанде дар савдои ҳаррӯза бештар нуқра истифода мешуд, тилло ҳамеша нишонаи қудрати олӣ ва элита боқӣ мемонд.
Дар асрҳои миёна тилло рамзи асосии монархия гардид. Тоҷҳо, асоҳо ва ашёи муқаддаси калисо аз тилло сохта мешуданд. Захираи тиллои давлат нишонаи устувории он буд. Хазинаи подшоҳ — пеш аз ҳама тилло иборат буд.
Дар асрҳои XIX–XX бисёр кишварҳо ба стандарти тиллоӣ гузаштанд. Дар чунин низом асъори миллӣ бо тилло таъмин мешуд. Ин маънои онро дошт, ки пулро метавон ба миқдори муайяни тилло иваз кард ва эътимод ба асъор мустақиман аз захираҳои тиллои кишвар вобаста буд. Ҳатто баъд аз бекор шудани стандарти тиллоӣ тилло ҳамчун дороии стратегии бонкҳои марказӣ боқӣ монд.
Имрӯз тилло дар захираҳои бонкҳои марказӣ нигоҳ дошта мешавад, ҳамчун дороии муҳофизатӣ дар давраи бӯҳронҳо истифода мегардад ва рамзи суботи молиявӣ мемонад. Вақте ҷангҳо, бӯҳронҳо ё болоравии шадиди таваррум ба амал меоянд, сармоягузорон ва давлатҳо боз ба тилло рӯ меоранд.
Империяҳо суқут карданд, асъорҳо аз байн рафтанд, ҳокимон иваз шуданд. Аммо тилло арзишманд монд. Он фиръавнҳо, императорҳо, подшоҳон, бонкирҳо ва сармоягузорони муосирро ҳамроҳӣ кардааст. Аз ҳамин сабаб тиллоро на танҳо металл, балки дороии абадӣ меноманд.
Чаро тилло “асъори сахт” ҳисобида мешавад?
Имрӯз низ тилло яке аз дороиҳои устувор ва боэътимод ба ҳисоб меравад. Бар хилофи пулҳои қоғазӣ ё рақамӣ, тиллоро “чоп” кардан имкон надорад. Истихроҷи он захира, меҳнат ва вақт талаб мекунад ва ҳаҷми он дар ҷаҳон маҳдуд аст. Ин омил онро нисбат ба таваррум устувор мегардонад.
Тилло дар ҳама кишварҳо эътироф ва қадр карда мешавад. Онро барои ҳисоббаробаркунӣ қабул мекунанд, барои захираҳо истифода мебаранд ва бонкҳо нигоҳ медоранд. Дар давраи нооромии иқтисодӣ, молиявӣ ё сиёсӣ, нархи тилло аксар вақт боло меравад, зеро сармоягузорон дороиҳои боэътимодро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар 12 моҳи охир, тибқи маълумоти бозорҳои ҷаҳонӣ, нархи тилло тақрибан 70–75 фоиз афзоиш ёфта, дар солҳои 2025–2026 ба сатҳҳои таърихӣ расид. Дар аввали соли 2026 нархи як унсияи тройии тилло аз 5 000–5 500 доллар гузашт. Соли 2025 дар як қатор кишварҳо нарх аз 4 500 доллар барои як унсия боло рафт.

Нуқра, ҳарчанд меафзояд, нисбат ба тилло ноустувортар аст, зеро талаботи саноатӣ ба он бештар таъсир мерасонад. Криптовалютаҳо, аз ҷумла Bitcoin, дорои тағйирпазирии баланд мебошанд ва сатҳи ҳифзи онҳо аз бӯҳронҳо бо тилло муқоисашаванда нест.
Бонкҳои марказии ҷаҳон захираҳои тиллои худро зиёд мекунанд. Танҳо дар соли 2024 онҳо зиёда аз 1 000 тонна тилло хариданд — ду баробар бештар аз миёнаи даҳсола. Ин тамоюл нишон медиҳад, ки талабот ба дороиҳои “сахт” барои ҳифзи захираҳои асъорӣ меафзояд.
Дар Ҳиндустон — яке аз бузургтарин бозорҳои истеъмоли тилло — нархҳо дар соли 2025 58–75 фоиз афзоиш ёфтанд.
Афзоиши тилло дар муқоиса бо сармоягузорӣ ба дигар саҳмияҳо:

Тилло аксаран дар замоне боло меравад, ки асъорҳои миллӣ қобилияти харидории худро аз даст медиҳанд. Он арзиши воқеии худро нигоҳ медорад ва ҳамчун дороии универсалӣ дар саросари ҷаҳон эътироф шудааст.
Чӣ гуна дар Тоҷикистон тилло харидан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон сабикаҳои андозагирии тиллоиро метавон расман аз тариқи хазинаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, воҳидҳои минтақавии он ва баъзе бонкҳои тиҷоратӣ, харидорӣ кард. Барои шахсони воқеӣ пешниҳоди аслии шиноснома зарур аст.

Нарх ҳар рӯз аз ҷониби Бонки миллӣ дар асоси фикси субҳонаи Лондон муайян карда мешавад. Барои харид сабикаҳои вазнашон 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм дастрасанд. Бонкҳо инчунин хариди бозпасро анҷом медиҳанд, ки ликвидияти сармоягузории шуморо таъмин мекунад.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, соли 2025 нархи сабикаи 5-граммӣ тақрибан 38 фоиз ва 100-граммӣ тақрибан 39,5 фоиз боло рафтааст. Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода, соли 2025 сабикаҳои тиллоӣ бо вазни умумии 200 кг ба маблағи 224 млн сомонӣ фурӯхта шуданд ва харидорони асосӣ шахсони воқеӣ буданд.
Инчунин дар назар аст, ки дар Душанбе дастгоҳҳои махсус барои хариду фурӯши тилло насб карда шаванд. Ба ин насби банкоматҳои махсус барои тилло мисол шуда метавонад. Ин гуна автоматҳо дар ҷаҳон бо номи “Gold vending machines” маъруфанд ва имкони харид ва дар баъзе ҳолатҳо фурӯши тиллоро тавассути корти бонкӣ фароҳам меоранд.
Коршиносони молиявии ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки тилло яке аз дороиҳои асосии муҳофизат аз таваррум ва ноустувории иқтисодӣ боқӣ мемонад. Тилло танҳо металл нест. Сармоягузорӣ ба тилло — ин ҳифзи боэътимоди сармоя дар дарозмуддат, муҳофизат аз таварруми асъорӣ, устуворӣ дар давраи бӯҳрон ва дороии молиявии эътирофшудаи байналмилалӣ мебошад.
Насрулло Туйчизода, рӯзноманигори мустақил





