Вақте ки дар деҳоти Тоҷикистон барқ ҳамагӣ чанд соат дар як шабонарӯз дода мешавад, офтоб ҳамеша ройгон медурахшад. Чаро энергияи офтобӣ то ҳол ҳамчун захираи камбаҳо дар кишвар нодида гирифта мешавад ва он имрӯз чӣ гуна зиндагии бархе аз оилаҳо, мактабҳо ва деҳқононро тағйир медиҳад — дар ин матлаб мехонед.
Дар Тоҷикистон то соли 2031 воридоти панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётиву маҳсулоти такмилии он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гардид. Тағйирот ба Кодекси андоз моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби порлумони кишвар ҷонибдорӣ гардид.
Тоҷикистон, ки бо мушкили норасоии неруи барқ дучор аст ва дар фасли тирамоҳу зимистон сокинони деҳоти кишвар бо маҳдудият барқ мегиранд, талош дорад, тавлиди барқ аз ҳисоби неруҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтобро афзоиш диҳад.

Ҳадаф насби бештари панелҳои офтобӣ
Тибқи тағйирот объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо панелҳои офтобӣ насб мешавад, 5 сол аз пардохти андоз аз объекти ғайриманқул озод мешаванд.
Бар асоси он, биноҳо ё дигар моликияти ғайриманқул, ки дар онҳо панелҳои офтобӣ бо қувваи на камтар аз 0,1 МВт насб шудаанд, барои 5 сол аз пардохти андози моликияти ғайриманқул озод мешаванд.
“Қабули лоиҳаи қонун барои ба роҳ мондани истеҳсол ва фурўши панелҳои офтобӣ дар дохили кишвар замина гузошта, дар навбати худ ҷиҳати қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо таҷҳизоти сарфакунандаи энергияи барқ дар фасли зимистон ҳангоми камшавии қувваи барқ мусоидат менамояд”, — гуфтааст Шамсулло Хайруллозода, муовини вазири молияи кишвар зимни муаррифии лоиҳаи мазкур.
Ӯ гуфтааст, “ҳадафи ин пешниҳод, мусоидат ба насби бештари панелҳои офтобӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсол, воридот ва таҳвили онҳо аст”.
Вазъияти норасоиии барқ
Дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне неругоҳҳои барқии обӣ тавлид мешавад. Вале Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим буда, баландшавии ҳарорат боиси обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии шакли боришот гардид. Ин ҳолат барои низоми гидроэнергетикии кишвар, як мушкили ҷиддиро ба вуҷуд овардааст.
Дар Тоҷикистон аз охири моҳи сентябр “лимит”-и барқ шуруъ шуд ва он то пойтахт ҳам расид. Дар фасли тирамоҳ сокинони деҳоти кишвар аз он шикоят мекарданд, ки дар як рӯз 3-5 соат барқ мегирифтанд.

Тибқи гузоришҳои мақомот, ҳамасола дар ин давра ба далели коҳиши мизони об дар рӯдхонаҳо нерӯи барқи камтар тавлид мешавад.
Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон бояд аз усулҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ фаъолона истифода шавад, то сокинон ба он дастрасии доимӣ дошта бошанд.
Имконияти неруи офтобӣ
Тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон солона аз 280 то 330 рӯзи офтобӣ дорад ва кишвар дорои иқтидори бузурги энергияи офтобӣ мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои муқаддамотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, иқтидори солонаи истифодаи энергияи офтоб 3103 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад. Дар сурати истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда, сокинони минтақаҳои кишвар қисман бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон зарфиятҳои хуби истифода аз энергияи офтобиро дорад.
Тимур Идрисов коршиноси мустақили бахши экология ва журналист ба ин назар аст, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои назаррас барои рушди энергияи офтобӣ мебошад.
“Энергияи офтобӣ метавонад яке аз манбаъҳои умедбахши энергияи барқароршаванда дар кишвар гардад ва дар таъмини амнияти энергетикӣ ва гуногунсозии манбаъҳои энергия нақши муҳим бозад”, -мегӯяд ӯ.
Тимур Идрисов иқтидоти энергияи офтобиро чунин шарҳ дод: Шиддати нури офтоб дар аксари минтақаҳои кишвар ба 1 кВт/м² мерасад. Масалан, дар Душанбе, системаи фотоэлектрикии 2 кВт метавонад дар як сол беш аз 2900 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад.
“Аз панели офтобӣ бо барқ таъминем”
Оилаи Мавлуда Ахмедова дар даврае, ки дар деҳаи онҳо “лимит”-и барқ ҷорист, бо барқи доимӣ таъмин аст. Зеро дар хонаи ин сокини деҳаи Деҳқонободи шаҳри Ҳисор системаҳои офтобӣ насб карда шудааст. Тавассути системаи офтобӣ онҳо барқи доимӣ доранд, хӯрок мепазанд ва об гарм мекунанд.

Панели офтобӣ, обгармкунак ва тафдони офтобиро онҳо тавассути як ташкилот ба даст оварданд ва дар ҳавлияшон насб карданд.
“Ба мо оташдон, обгармкунак ва панели офтобӣ туҳфа карданд, ки асосан аз нерӯи офтоб кор мекунад. Ин система кӯмакрасони оилаҳо аст, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон офтоб ҳамавақт ҳаст”, — қисса мекунад Мавлуда Ахмедова.
Ин зан мегӯяд, аллакай панҷ сол мешавад, ки ин система ба оилаи онҳо кӯмак мекунад. “Дар тирамоҳу зимистон вақте ки лимити барқ ҷорӣ аст, ба мо таъсир намерасонад, чунки ин система ба мо он чизе, ки аз барқ вобаста аст, таъмин мекунад”, — мегӯяд ӯ.
Ба нақли ин зан бо барқи истеҳсолшуда аз панели офтобӣ мешавад, телевизор тамошо кард, хона ҳамеша гарм ва равшанӣ ҳаст.
Дар хусуси нигоҳдории барқ дар шаб қаҳрамони мо нақл кард, ки система дар худ аккумулятор дорад ва нерӯи барқро барои шаб захира мекунад. Масалан ҳангоми истифода аз барқе, ки тавассути системаҳои давлатӣ тақсим мешавад, аккумулятор барқро дар худ захира мекунад.
“Панели офтобӣ ба мо кӯмаки иқтисодии хуб мерасонад ва мо барқи давлатиро кам истифода мебарем. Солҳои пеш моҳе тақрибан 150-200 сомонӣ пули барқ месупоридем, ҳоло 70-80 сомонӣ месупорем”, — мегӯяд қаҳрамони мо.
Ба ғайр аз ин дар хонаи Мавлуда Ахмедова, обгармкунак ва тафдони офтобӣ насб карда шудааст. Обгамркунак дар як вақт 150 литр обро аз нерӯи офтоб гарм мекунад. Тафдони офтобӣ бошад, барои пӯхтани хӯрок истифода мешавад.
Ба нақли Ахмедова обгармкунак дар тобистон, ки қувваи офтоб баланд аст, зуд обро гарм мекунад ва баръакс дар зимистон дертар каме дертар об гарм мешавад.
“Оби гарми онро дар корҳои зарурӣ истифода бурдан мумкин аст. Аз сабабе, ки он изолятсия карда шудааст, обро хунук намекунад”, — мегӯяд ӯ.
Ин ҳама ба гуфтаи қаҳрамони мо аз як ҷиҳат кӯмаки иқтисодӣ ба оилаи онҳо бошад, аз ҷониби дигар, дар давраи “лимит” онҳо мушкилӣ бебарқӣ надоранд.
“Мактаб дар зимистон ҳам бо барқ таъмин аст”
Дар мактаби №18-и деҳаи Дӯстии ноҳияи Муъминобод тавассути як лоиҳа бо истифода аз системаи офтобӣ панели офтобӣ насб карда шудааст, ки он ҳам барои чароғон кардани мактаб ва ҳам барои обёрии боғи ин мактаб истифода мешавад.

Системаи барқи ин мактаб ба шакли омехта кор мекунад. Яъне ба ғайр аз панели офтобӣ аз системаи барқи давлатӣ низ барқ мегирад.
Дар мактаб 4 аккумулятор насб шудааст, ки дар зимистон вақте шабона ё рӯзҳои абрӣ офтоб нест, аз он истифода карда шавад.

Раҳмонов Иноят директори мактаби №18-и деҳаи Дӯстӣ мегӯяд, “дар мактаб дар фасли зимистону баҳор аз сабаби торикӣ будан соатҳои 4-ум ва 5-ум дарс намегузаштем. Ҳоло бо системаи офтобӣ ҳамавақт барқ дорем. Равшанӣ ҳаст ва синфхонаи компютерӣ низ кор мекунад”.
Обёрии боғ бо барқи офтобӣ
Дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод 43 нафар саҳмдор дар масоҳати 10,8 га замини бекор ва обёринашуда боғ бунёд карданд. Дар ин боғ панели офтобӣ, насоси офтобӣ ва симтӯри офтобӣ сохта шудааст.

Боғ дар баландӣ ҷойгир буда, ба он ҷо об намебаромад. Барои обёрӣ дар боғ бо иқтидори 15 кВт/соат панели офтобӣ насб карда шуд. Насоси офтобие, ки обро ба ҳавз ба боло мебарорад бо қувваи 12 кВт/соат кор мекунад. Насос обро ба баландии 100 метр ва дарозии 500 метр ба ҳавзи боғ мебарорад. Ҳавз 100 метри мукааб иқтидор дорад.

Насриддин Гурбатов обдори ин боғ мегӯяд, агар гармии офтоб баланд бошад, тавасссути панелҳои офтобӣ дар 4 соат боғ пурра об дода мешавад. Дар дигар рӯзҳо то 8 соат ниҳолҳоро об медиҳад.

Гирди боғ бо симчӯби офтобӣ иҳота шудааст. Ин система имконият медиҳад, ки чорвои калони шохдор ва дигар чорво ба боғ наздик нашаванд. Насриддин мегӯяд, симтӯри офтобӣ, ки дар гирди боғ насб шудааст, имкон додааст, ки ниҳолҳои боғ аз чорво осеб набинад.
Чӣ чораҳои амалӣ пеш гирифта шудааст?
“Иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10-20 дарсади талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди кишвар қонеъ гардонида метавонад”, — омадааст дар Стратегия рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037.
Тибқи Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 иқлими Тоҷикистон бо мавҷудияти 280–330 рӯзи офтобӣ барои истифодаи энергияи офтобӣ ҳамчун сарчашмаи дуюмдараҷаи энергияи барқароршаванда пас аз об хеле мусоид мебошад.
Ҳамзамон, ҳукумати Тоҷикистон тибқи “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 дар Тоҷикистон” бояд афзоиши иқтидори тавлиди нерӯи барқ аз манобеи барқароршавандаи энергия (офтоб, шамол ва биоэнергия)-ро ба андозаи 10 дарсад расонад.
Дар Тоҷикистон ҳоло нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 600 кВт дар минтақаи Мурғоб амал мекунад.
Ҳамзамон, дар кишвар сохтмони чанд неругоҳи офтобии дигар ҷараён дорад.
“Сарфи назар аз манфиатҳои равшани худ, даъватҳои созмонҳои экологӣ ва коршиносон се даҳсола энергияи офтобӣ “дар соя монд” ва дар авлавияти ҳукумат набуд”, — мегӯяд коршиноси мустақили бахши экология ва журналист Тимур Идрисов.

Ба гуфтаи ӯ танҳо тайи чанд соли охир тағйироте дар ин самт ба назар мерасад. Аз ҷулма пайдо шудани нерӯгоҳҳои офтобии тиҷоратӣ, бекор шудани андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти таҷҳизот ва таҳия шудани лоиҳаҳои нав дар ин самт аз ҷумлаи онҳост.
“Албатта, як сабаби ин тағйирот манфиатҳои тиҷоратӣ мебошад, аммо, татбиқи онҳо барои ҷомеа дар маҷмӯъ манфиатҳои гуногунҷабҳа хоҳад овард, ки маро ба ин тағйирот умедвор мекунад”, — илова намуд Тимур Идрисов.
Кадом монеа дар роҳи рушди соҳа метавонад вуҷуд дошта бошад?
Коршинос аз чанд омиле ном бурд, ки ба рушди истифодаи захираҳои энергияи офтоб дар кишвар вуҷуд дорад.
Тимуров мегӯяд “як қатор омилҳо, аз ҷумла расмиёти аз ҳад зиёди девонсолорӣ (бюрократӣ), набудани кафолатҳои дарозмуддат, тарифҳои пасти неруи барқ ва зарфиятҳои поёни илмӣ, техникӣ ва захираҳои инсонӣ, монеи рушди босуръати энергияи офтобӣ дар Тоҷикистон мебошанд”.
Коршиноси соҳа илова намуд, ки набудани маълумоти боэътимод ва огоҳии пасти ҷомеа монеаҳои иловагиро дар ин самт ба вуҷуд меорад.
“Истифодаи неруи офтобӣ метавонад роҳи ҳалли муассир барои бо неруи барқ таъмини кардани минтақаҳое бошад, ки маҳдудияти барқ доранд”, таъкид намуд ҳамсӯҳбати мо. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар баробари ҳалли мушкилоти мардум метавонад сарбории системаҳои маказонидашударо коҳиш диҳад.
“Энергияи офтоб танҳо неруи барқ нест”
Коршиноси бахши тағйирёбии иқлим мегӯяд, энергияи офтобӣ на танҳо барои тавлиди неруи барқ муфид аст.
“Қабули васеи технологияҳои офтобии дастрас — обгармкунакҳо, таҷҳизотҳои гармидиҳандаи офтобӣ, ошхонаҳо ва системаҳои гармидиҳии ҳавоӣ ё обӣ — на танҳо дастрасӣ ба энергияро таъмин мекунад, балки заминаро барои беҳтар кардани саломатӣ, кам намудани хароҷот, рушди тиҷорати хурд ва рушди устувори ҷомеа низ фароҳам меорад”, — хулоса намуд Тимур Идрисов.





