/
/
/
Чаро мавҷи гармӣ дар Тоҷикистон тӯлонӣ ва шадидтар мешавад?

Чаро мавҷи гармӣ дар Тоҷикистон тӯлонӣ ва шадидтар мешавад?

Дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон ҳарорат то 50 дараҷа боло рафт. Сокинони бархе аз ноҳияҳои Хатлон чанд вақт боз шоҳиди гармии шадид ҳастанд. Онҳо мегӯянд, дар чанд соли охир чунин гармиро надида буданд. Гармии шадид дар рӯзҳое ба Тоҷикистон расид, ки бештари сокинон маҷбуранд ба кори саҳро бароянд.

Айвоҷ гармтарин нуқтаи Тоҷикистон

Сокинони Айвоҷ, гармтарин деҳаи ноҳияи Шаҳритус, мегӯянд, ки зиндагӣ дар рӯзҳои тобистон ба озмоиши сахт монанд аст. Ҳарорат дар ин ҷо метавонад аз 50 дараҷа ҳам баландтар шавад ва гаштугузор дар кӯчаҳо аз соати ҳашт субҳ қариб номумкин мегардад.

Одина, марди бознишастаи 74-солаи деҳаи Айвоҷ дар ноҳияи Шаҳритус мегӯяд рӯзҳои гарми тобистон зиёд азият мекашад, гармии ҳаво ба саломатии ӯ, ки аз бемории қалб ранҷ мекашад зарар дорад: “Духтурҳо мегӯяд, ки дар ҳавои гарм ба кӯча набароед, дар ин минтақаи мо аз хона баромада намешавад, чун ҳаво хело гарм аст, аз соати 8 субҳ ҳаво гарм мешавад”.

Одина мегӯяд баъди бознишаста шудан бемор шуд ва гармии ҳавои минтақаро дар рӯзҳои тобистон ба сахти таҳаммул мекунад.

Одина гуфт, ки ӯ дар хонааш ҳавопол ё кондисонер дорад, вале аксари ҳамсояҳо зери соя ва дохили хонаҳои гарм мешинанд “Зиндагӣ дар рӯзҳои тобистон душвор аст, шукр, ки дар деҳа об ҳасту дар рӯямон як каф об мепошем”.

Мушки (номи мустаор), зани 40-сола, мегӯяд, ки ҳар саҳар соати панҷи субҳ ба саҳро меравад ва соати нӯҳи рӯз, бо оғози гармии шадид, бармегардад: “Кондисонер надорем, шамолдиҳак кумак намекунад. Дар чунин ҳаво боз нон пухтану хӯрок омода кардан барои кӯдакон хеле душвор аст”.

Маркази боду ҳавосанҷии кишвар Айвоҷро гармтарин нуқтаи Тоҷикистон медонад. Коршиносон мегӯянд, ки бо идомаи тағйирёбии иқлим чунин ҳавои сӯзон метавонад боз ҳам тӯлонитар ва шадидтар гардад.

Оромиддин Ҷӯравев, сокини дигари деҳаи Айвоҷ мегӯяд, ки дар ин деҳа мардум аз соати панҷи субҳ ба кори саҳро баромада, соати ҳашт ба хонаҳояшон бармегарданд, чун ҳаво аз 50 дараҷа боло меравад, гашту гузор ва кор дар саҳро номумкин мешавад.

Азизи Фатоҳ, як сокини ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки охирҳои моҳи июл гармии ҳаво дар маркази ноҳия то 48 дараҷа буд, дар ин вақт дар Айвоҷ гармии ҳаво 50 то 55 дараҷа мерасид: “Ман ҳудуди даҳ соли охирро мушоҳида мекунам, ки ҳар сол ҳаво гармтар мешавад, гармӣ то нимашаб идома мекунад, гоҳҳо шабҳо сард нашуда, боз рӯз мешавад, гармии тулонӣ мешавад”.

Шикояти сокинони Шаҳртус аз фишорбаландӣ то шикамравӣ

Сокинони ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки гармии ҳаво ба саломатии онҳо таъсир мекунад, зуд зуд ба духтурҳо муроҷиат мекунанд.

Мавлакат Хоҷаева, зани 67-сола, аз маркази ноҳияи Шаҳритус бемории диабети қанд дорад. Ӯ мегӯяд гармии ҳаво ба саломатиаш зарар дорад: “Тобистон азоб мекашам, гармӣ қандамро баланд мекунад, фишорам низ боло меравад”.

Фаридун Муҳамадиев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дар рӯзҳои тобистон муроҷиати беморон зиёд мешавад, онҳо аз шикамравӣ, фишори баланд ва бемориҳои қабл шикоят мекунад: “Дар натиҷаи гармӣ муроҷиат мекунанд, вале мо онҳоро ҳамчун гармзадаи ҳаво қайд намекунем, чун мо наметавонем гӯем, ки гармии ҳаво таъсир кардааст, номи бемориро менависем”, илова намуд ҳамсӯҳбати мо.

Як масъули дигари бахши беҳдоштии ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки онҳо омори дақиқи беморонеро, ки дар натиҷаи гармии ҳаво муроҷиат мекунад сабт накардаанд, вале шумораи муштариҳо дар рӯзҳои гармӣ зиёд мешавад, хусусан пиронсолон ва кӯдакон.

Гармӣ дар Бохтар: “Тарсидам, ки дар дохили бозор намирам”

Тоҷикистон мисли аксар кишварҳои Осиёи Миёна тобистони гарм дорад, ин гармӣ бештар дар шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон эҳсос мешавад. Минтақаи Бохтар, маркази вилояти Хатлон гармтарин шаҳр гуфта мешавад.

Гулдаста Сафарова, сокини 65-солаи шаҳри Бохтар мегӯяд ӯ дар бозор меваю саюзавот мефурӯшад, вале имсол дар рӯзҳои гармии ҳаво ба бозор набаромадааст: “Дигар натавонистам, нафасгир шудам, беҳаракати дар дасту поям эҳсос кардам, дилам тез тез кор кард, тарсидам, ки боз дар дохили бозор намирам”.

Ин зан ва чанд ҳамсӯҳбати дигари мо гуфтанд, ки ҳарчанд пизишкон гашту гузори онҳоро дар рӯзҳои гарм манъ мекунанд, вале онҳо маҷбуранд, ки пушти корашон шаванд.

Табибон аз таъсири гармии шадид ба саломатӣ ҳушдор медиҳанд

Ба гуфтаи табибон, дар рӯзҳои гарми тобистон теъдоди беморони гирифтори диабети қанд, ки ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, афзоиш меёбад: “Беморони диабети қанд одатан ба нӯшидани об бештар ниёз доранд. Гармии зиёд боиси камобшавии организм мегардад ва сатҳи қанд дар хун боло меравад, ки метавонад ҳолати онҳоро вазнин кунад”, гуфт Шодруз Сафаров, духтури эндокринологи маркази саломатии шаҳри Бохтар.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки гирифтори бемории диабети қанд  одатан ба нӯшидани оби бештар эҳтиёҷ доранд ва дар ҳавои гарми бухори арақ ба хориҷ шудани микдори зиёди намакҳо мегардад, ки аз ҳисоби камоб шудани организм меъёри қанди хун баланд гардида, ҳолати беморони қандро бад мекунад.

Муззафар Ғаффуров, як масъули муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар гуфт, ки дар рӯзҳои гарми тобистон ба мардум ҳушдор додаанд, ки бе зарурат аз хона набароянд: “Дар мулоқот, ки дар аксар навоҳӣ будем дар баробари дигар бемориҳо дар мавриди хатари гармӣ ба саломатӣ бо мардум сӯҳбат кардем ва таъкид кардем, ки бе зарурат ба хиёбонҳо набароянд.”

Муззафар Ғаффуров илова кард, ки дар рӯзҳои гармӣ дар минтақаи Бохтар аз соати 10 то соати 16 гашту гузор барои кӯдакон ва пиронсолон бисёр хатарнок мешавад.

“Нафароне, ки бемор ҳастанд ва кӯдакон дар гарми осебпазир ҳастанд, метавонад зуд бемор шаванд. Тавсия медодем, ки онҳо либоси сиёҳ напӯшанд, чун матои сиёҳ гармиро зуд қабул мекунад, ҳамчунин хуб мешавад кӯлоҳ пӯшанд ё чатр бигиранд: “Бадани инсон қобилияти нигоҳ доштани ҳарорати муътадили 37 дараҷа дорад, вале дар ҳавои гарм, ин раванд бо роҳи арақ кардан ва бухор шудани моеъ танзим мешавад. Аммо гармии шадид ва тӯлонӣ метавонад ин низомро халалдор кунад,  ки боиси хастагӣ, камшавии нерӯи инсон ва мушкилоти ҷиддии саломатӣ гардад,” — афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Аз ҳама бештар таъсири гармӣ ба пиронсолон, кӯдакони, навзодон таъсир мекунад, зеро низоми танзими ҳарорати бадани онҳо ё заиф шудааст, ё ҳанӯз пурра инкишоф наёфтааст, гуфт Муззафар Ғаффуров.

Созмони ҷаҳонии Тандурусти моҳи июн гуфтааст, ки ҳарорати баланд метавонад ҷони одамонро ба хатар гузорад, сабаби беморӣ ва фавт шавад. Дафтари аврупоии ин созмони беҳдоштӣ маъракаи иттилоотиро роҳадозӣ намуда, ҳадафаш огоҳ намудан аз хатари гармӣ будааст. Ин ниҳод дар соли 2023 гамии ҳаворо дар солҳои охир паёмадҳои тағири иқлим номидааст.

Дар як гузориши таҳлилии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар соли 2024 таҳлилҳо ва маргу мири мардум аз гармии ҳаво гуфта шудааст. Шиддати гармӣ яке аз сабабҳои асосии марг шуда, метавонад бемориҳои дилу раг, диабет, астма шидат бахшад.

Таъсири гармӣ ба саломатии инсон:

  • Зарбаи гармӣ — вақте ба амал меояд, ки ҳарорати бадан аз 40°C боло меравад ва механизмҳои хунуккунии он дигар кор намекунанд. Аломатҳо: ошуфтани ҳуш, дарди сар, тези кори дил, аз ҳуш рафтан. Бе ёрии фаврӣ ин ҳолат метавонад марговар шавад.
  • Камобшавӣ ва вайроншавии тавозуни обу намак — дар рӯзҳои гарм организм тавассути арақ миқдори зиёди моеъ ва электролитҳоро аз даст медиҳад, ки ин метавонад боиси заъф, кашишхӯрии мушакҳо, чарх задани сар гардад ва дар ҳолатҳои шадид ба норасоии гурда оварда расонад.
  • Шиддат гирифтани бемориҳои музмин — гармӣ фишори изофӣ ба системаи дилу раг меорад, хавфи сактаи дил ва инсултро зиёд мекунад. Дар шахсони гирифтори диабет дар ҳолати камобшавӣ сатҳи қанди хун боло меравад.
  • Мушкилоти нафаскашӣ — ҳарорати баланд дар якҷоягӣ бо чангу дуд ҳолати шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас, аз ҷумла астма ва бемории музмини обструктивии шушро бадтар мекунад.
  • Хатарҳо барои гурӯҳҳои осебпазир — гармӣ махсусан барои пиронсолон, кӯдакон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои дил, гурда ва низоми эндокринӣ хавфнок аст.
  • Паёмадҳои равонӣ — тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки гармии шадид сатҳи изтироб, асабоният ва хашмро зиёд карда, таваҷҷуҳ ва қобилияти кориро кам мекунад.

Масалан, соли 2022 дар Аврупо беш аз 60 ҳазор ҳолати иловагии марг, ки бо гармии ғайримуқаррарӣ вобаста буданд, сабт шудааст. Дар кишварҳои Осиё дар солҳои ҷудогона гармӣ ба яке аз омилҳои асосии фавт дар фасли тобистон табдил меёбад.

Ҳамчунин news.un.org навиштааст, ки барномаҳои милии барои ҳифзи аҳолӣ аз гарми бояд таҳия шуда, гурӯҳҳои осебпазир аз гармӣ бояд муайян карда шаванд. Созмони номбурда гуфтааст гарми масъалаи муҳими ҷаъмиятӣ шудааст, ки бо тағирёбии иқлим сол ба сол бештар мешавад.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки Ҷаҳонӣ, болоравии ҳарорати миёнаи сайёра метавонад ба поинравии сатҳи зиндагӣ дар саросари ҷаҳон таъсири назаррас расонад:

  • Коҳиши ҳосили зироат ва норасоии озуқаворӣ — гармии аз ҳад зиёд ва хушксолӣ ба кам шудани ҳосил ва болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ меорад, ки амнияти озуқавории кишварҳои осебпазирро зери хатар мегузорад.
  • Камшавии захираҳои об — тағйирёбии иқлим боиси хушкшавии дарёҳо, кам шудани оби зеризаминӣ ва баҳрҳо мешавад, ки дастрасии одамон ба оби тоза ва санитарияро маҳдуд мекунад.
  • Маҳдуд шудани қобилияти меҳнат — кор дар шароити ҳарорати баланд, махсусан дар корҳои саҳроӣ ва сохтмон, метавонад вақти кори инсонро то 20% дар баъзе минтақаҳо кам кунад.
  • Афзоиши муҳоҷирати иқлимӣ — одамон маҷбур мешаванд аз минтақаҳои ғайриқобили зиндагӣ ба ҷойҳои сардтар кӯч банданд, ки ин метавонад ба танишҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонад.
  • Зарари иқтисодӣ — тибқи ҳисобҳои байналмилалӣ, ҳар як дараҷа болоравии ҳарорати миёнаи глобалӣ метавонад ба коҳиши 1,2% Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон (ММД) дар сол оварда расонад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бе тадбирҳои ҷиддии мутобиқшавӣ ва кам кардани партобҳои газҳои гулхонаӣ, таъсири гармӣ ба саломатӣ ва сатҳи зиндагӣ сол ба сол зиёдтар хоҳад шуд.

Омори онҳое, ки дар натиҷаи ҳавои гарм ба духтурон муроҷиат кардаанд зикр нашудааст, вале Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидимиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар сомонаи “Ховар” гуфтааст, ки гармии ҳаво ба қишри осебпазир аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсони осебпазир зарар дорад.

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости