/
/
/
Чӣ гуна маъюбон дар Тоҷикистон бо қолабҳо мубориза мебаранд?

Чӣ гуна маъюбон дар Тоҷикистон бо қолабҳо мубориза мебаранд?

Дар Тоҷикистон духтарони дорои маъюбият барои расидан ба орзуҳои худ роҳи сангинро тай мекунанд. Набудани муҳити дастрас дар муассисаҳои таълимӣ, наёфтани кори мувофиқ, бархурди нодуруст дар ҷомеа онҳоро дилсард мекунад, аммо онҳо талаб доранд, ки ба ҳуқуқҳои онҳо эҳтиром гузоранд. 

Меҳрона Ҳакимова, ду ҳафта пеш 21 –сола шуд. Ӯ зодрӯзашро на дар боғҳои фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ барои калонсолон, балки дар марказҳои фароғатӣ барои кӯдакон гузаронд. Чунки дар чунин ҷойҳо худашро нороҳат эҳсос мекунад ва ҳам барои ворид шудан ба ӯ иҷозат намедиҳанд.

Меҳрона вақте 14-сола буд, нишонаҳои рушд наёфтани ҷисмонӣ дар ӯ аён шуд. Ҳарчанд волидайнаш барои табобати ӯ ҳамаи кӯшишро карданд, вале бесамар буд. Ӯ дар хона фарзанди калонӣ аст ва дар миёни чаҳор фарзанд, танҳо кӯдаке мебошад, ки аз нигоҳи ҷисмонӣ рушд накардааст. Маҳз ҳамин чиз ӯро ҳамарӯза ба табъиз ва мушкилот рӯбарӯ мекунад.

Бо вуҷуди маъюби гурӯҳи дуввум будан ӯ озодона роҳ меравад, аз нигоҳи ақлонӣ рушд кардааст ва ҳатто дар донишгоҳ таҳсилу дар созмоне кор мекунад.

Меҳрона нақл мекунад, ки ҳангоми оддитарин корҳо, мисли харид дар мағозаву нишастан ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳатто роҳгардии зиёд ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. 

Меҳрона мегӯяд, дар кӯдакӣ орзу дошт, ки ҳуқуқшинос шавад. Вале вақте дар литсей интихоби ихтисос пеш омад, ба ӯ фаҳмониданд, ки ин касб (ҳуқуқшиносӣ) барояш мушкил аст. Ҳарчанд аз ин ихтисос даст кашид, вале таҳсил дар донишгоҳро идома дод. Ӯ ихтисосеро интихоб кард, ки оянда ба ҳамтақдирони кӯчакаш кӯмак кунад. Ӯ ҳоло дар риштаи омӯзгори махсус ё олигофренопедагог таҳсил дорад.

“Пеш аз он ки ихтисосҳоро интихоб кунем, моро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) оварданд ва гуфтанд, ки барои шахсони маъюбиятдошта тамоми шароит фароҳам аст. Аз ин рӯ, ман ин ихтисосро интихоб кардам ва дохил шудам. Чунки барои ман муҳим буд, ки ҳангоми таҳсил худро роҳат ҳис кунам. Вале маълум шуд, ки дар донишгоҳ барои шахсони маъюбиятдошта умуман шароит фароҳам нест. Танҳо як пандус ҳаст, ки он барои ман лозим нест”, — мегӯяд  ӯ.

Ба гуфтаи Меҳрона мушкилии асосми ӯ ҳангоми таҳсил, зинаҳои баланд дар бино, масофаи дароз байни синфҳо ва инчунин лексияи якҷоя дар синфхонаи умумӣ, ки аксаран дар ошёнаҳои баланд ё факултаҳои дигар мегузарад, мебошад.

Мушкили дигар, ки ба гуфтааш дар донишгоҳ рӯбарӯ мешавад, ин муносибати ҳамкурсон ва омӯзгорон бо ӯ аст, ки на ҳамеша ӯро дарк мекунанд.

“Аксаран омӯзгорони калонсол мепурсанд, ки чаро ту таҳсил мекунӣ? Ин савол дар аввал маро сахт рӯҳафтода мекард ва дар посух танҳо гиря мекардам. Ҳозир мефаҳмонам, ки агар ман таҳсил накунам, пагоҳ маро кӣ мехӯронаду мепӯшонад?! Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ман аз уҳдаи ихтисосам намебароям, вале ман қодирам”, — мегӯяд Меҳрона.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон айни ҳол дар дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кишвар ҳудуди 714 нафар дорои маъюбиятдошта таҳсил намуда, аз ин шумор 340 духтарон мебошанд.

Коршинсон сабабҳои инро ба набудани муносибати инсондӯстона ба маъюбият рабт медиҳанд.

Раъно Муҳибуллоева, коршинос аст ва бо шахсони маъюбиятдошта кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар ҷомеаи мо, маъюбият ҳамчун “мушкилоти тиббӣ” ва шахси маъюбиятдошта ҳамчун “объекти шафқат” тасаввур карда мешавад. 

Сабаби дигари чунин бархурд, ин  сатҳи пасти огоҳии аҳолӣ ва табъизи пинҳон аст.

“Аксари мардум бо шахсони дорои маъюбият муошират накардаанд ва аз зиндагии онҳо тасаввуроти воқеӣ надоранд. Ин боис мешавад, ки муносибати онҳо асосан бо раҳму афсӯс ва баъзан беэътиноӣ шакл мегирад”, — илова намуд коршинос.

Дар ҷустуҷуи кор. Ду сол дар интизори занг…

Меҳрона нақл мекунад, ки вақте барои қабули кор ба суҳбат меравад, ӯро ҷиддӣ намегиранд.

Ӯ дар самти системаи компютерӣ ва интерет-технология диллом дораду забони русӣ ва англисиро медонад. Қаблан ду ҷо барои кор муроҷиат кардааст, вале баъд занг мезанем гуфта, бо гузашти ду сол ҳанӯз касе ба ӯ тамос нагирифтааст.

Ӯ ҳоло дар созмони ҷамъиятии “Рушди инклюзив” (фарогир) кор мекунад. Ҳафтае ду маротиба бо барномаи махсус ҳудуди як соат бо як кӯдаки дорои аутизм ва модараш машғулияти инфиродӣ мегузаронад.

Вай мегӯяд, вақте аз тарафи донишгоҳ ба яке аз мактаб-интернатҳои пойтахт барои таҷрибаомӯзӣ рафт, ӯро қабул накарданд ва гуфтанд, ки “ту аз уҳдаи кор бо кӯдакон намебароӣ”.

Раъно Муҳибуллоева мегӯяд, барои ҳалли ин мушкилӣ бояд ҷавонони маъюбиятдошта бештар ба соҳаҳои рақамӣ, мисли барномасозӣ, омӯзиши фосилавӣ, баромадҳои ҷамъиятӣ, тарҷума, омӯзгории онлайнӣ, тарроҳӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ васеъ рӯ оваранд.

Ба таъкиди вай, ҳамин соҳаҳо дар замони нав талабот зиёд доранд ва корфармоён бештар ба малака назар мекунанд, на ба қобилияти ҷисмонӣ.

“Ҳамзамон, давлат бояд барномаҳои ҳавасмандгардонӣ барои корфармоён ҷорӣ намояд, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ, дастгирии молиявӣ ва эътирофи ҷамъиятии ширкатҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор таъмин мекунанд. Корфармо вақте шахсро ҳамчун “қобилият” мебинад, на “маъюбият” – танҳо он вақт баробарӣ ва адолат амалӣ мешавад”,- гуфт ин коршиноси тоҷик.

Барномаҳои хуб, вале дар рӯи қоғаз!?

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои шахсони дорои маъюбият қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиёде амал мекунад, ки ба онҳо  имтиёз пешбинӣ мекунанд. Аз ҷумла, имтиёзҳо ҳангоми таҳсил, то 5% ба кор қабул кардани шахсони дорои маъюбият дар коргоҳҳое ки то аз 20 тан коргари бештар доранд, хидматрасониҳои ройгон дар баъзе хадамотҳо, кӯмакпулиҳо ва як қатор имтиёзҳои иҷтимоии дигар пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, соли 2021 “барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа” дар Тоҷикистон “Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025” қабул гардид.

Асадулло Зиркхудоев, роҳбари созмони ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” мегӯяд, имсол, ки аллакай муҳлати ин барнома ба охир мерасад, вале ин барнома ба таври лозима татбиқ нашуд.

“Мо бояд як муҳите ташкил кунем, ки ҳамаи шахсони маъюбиятдошта тавонанд ба он ворид шаванд, мутобиқ шаванд ва иқтидору тавоноие, ки доранд, дар амал татбиқ кунанд. Дар ин маврид мо ҷомеаи инклюзивӣ ё фарогир мешавем ва мушкилиҳое ки ҳоло ҷой доранд, аз байн меравад”, — таъкид кард Зикрхудоев.

Раъно Муҳибуллоева мегӯяд, ки яке аз сабабҳои асосии амалӣ нашудани чунин барномаҳо набудани иттилоъ ва огоҳии ҳуқуқӣ аст. Аксари ҷавонони маъюбиятдошта, махсусан дар деҳот, ҳатто намедонанд, ки ҳақ доранд бо шароити сабуктар таҳсил кунанд ё кор талаб кунанд.

“Сабаби дигар ин тафовути калон миёни қонун ва амал аст. Корфармоён аксаран квотаро иҷро намекунанд, зеро механизми назорат заиф аст ва касе ҷавобгар намешавад. Дар баъзе ҳолатҳо, ҳатто муассисаҳои давлатӣ худ ин талаботро сарфи назар мекунанд”, гуфт ин коршиноси тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ ба ғайр аз ин, табъиз ва стереотипҳои иҷтимоӣ ҳам монеа мешавад, ки дар коғаз имконият ҳаст, дар амал шахси маъюбиятдошта мисли Меҳрона, ки омӯзгор аст, метавонад бо ҷавоби “маъюбро намегирем” рӯ ба рӯ шавад.

“Пас, имтиёзҳо фақат вақте маъно доранд, ки системаи дастгирӣ, дастрасӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд дошта бошад”, — хулоса кард номбурда.

Мушкилиҳо дар ҷомеа

Меҳрона имконияти зиёд рост истодан ва тай кардани роҳи дарозро надорад, аз ин рӯ ба мушкили зиёд мувоҷеҳ мешавад.

Ба нақли ӯ, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофирон ҳам бо ӯ муносибати хуб надоранд. Махсусан, баъди он ки корти ройгони нақлиётӣ гирифт,  ронандагон ба носолимии ҷисмонии ӯ бовар накарда, аз ӯ ҳуҷҷат талаб мекардаанд ва ё бо истиҳола сухан мекунанд.

“Мусофирон бошанд ҷой намедиҳанд ва ё агар нишаста бошаму ягон нафари калонсол дарояд,талқин мекунанд, ки ба онҳо ҷой диҳам. Фикр намекунанд, ки мушкил дорам ва зиёд рост истода наметавонам. Баъзан ҳатто барои доштан ҷое наёфта, меғалтам”, — шикоят мекунад ӯ.

Ӯ гила мекунад, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама талошҳо барои таҳсилу кор ба чунин бархӯрди ҷомеа гирифтор мешавад. Мегӯяд, ҳатто баъзан пушаймон мешавад, ки чаро донишгоҳ мехонад. Вале дар ин миён дастгирии хонавода, махсусан падараш ӯро дилгарм мекунад ва ӯ боз қувваву нерӯи тоза гирифта барои ояндаи худ ҳаркат мекунад.

Чӣ бояд кард?

Раъно Муҳибуллоева бар ин назар аст, ки рушди хизматрасониҳои рақамӣ метавонад як роҳи калидӣ барои коҳиши вобастагӣ ба муҳити номусоид бошад. Агар шахси маъюб тавонад бо як телефони мобилӣ хидматҳои тиббӣ, маишӣ, таълимӣ ва ҳатто харидро анҷом диҳад, ин имкониятро дар амал вусъат медиҳад ва ҳимоя мекунад.

Ба қавли ин коршинос тағйири муносибати ҷомеа ба шахсони дорои маъюбитядошта кори як рӯза ва ё як барнома нест, балки аввал бояд фарҳанги фарогириро аз кӯдакӣ омӯзонем. 

Тибқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 6 моҳаи соли 2025 теъдоди шахсони маъюбиатдошта дар Тоҷикистон 170699 нафарро ташкил мекунад.  

Ҳоло ягона талаби Меҳрона Ҳакимова аз шаҳрвандон ин аст, ки талаботе ки қонунҳо ва Сарқонуни кишвар барои ӯ ва шахсони амсоли ӯ пешбинӣ мекунад, риоя кунанд ва шароит фароҳам оваранд, ки бемамоният мисли дигарон зиндагӣ кунанд.

Маводро омода карданд:

Мазҳаб Ҷумъаев — журналист

Гулафшон Соқиева — муҳаррир

Баҳодур Бобоев — наворбардор

Акмал Ҳасановвироишгар

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости