/
/
Ташаббуси байналмилалӣ барои ҳифзи хотираи иқлим ва муҳити зист тавассути пиряхҳо ҳамчун макони таҳқиқоти илмии наслҳои оянда идома дорад.

Ташаббуси байналмилалӣ барои ҳифзи хотираи иқлим ва муҳити зист тавассути пиряхҳо ҳамчун макони таҳқиқоти илмии наслҳои оянда идома дорад.

Ҳифзи пиряхҳо яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии илмӣ ба шумор меравад, ки ба муҳофизати хотираи иқлим ва муҳити зисти сайёра равона шудааст.

Яке аз чунин ташаббусҳо — Ice Memory мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо ибтикори марказҳои таҳқиқотии Фаронса, Италия ва Швейтсария оғоз ёфта, аз ҷониби ЮНЕСКО ва аз он ҷумла Бунёди шоҳи Монако дастгирӣ дорад.

Соли 2023 дар ҳамоиши One Planet–One Summit дар шаҳри Париж Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ташаббуси Ice Memory-ро ҳамчун «унсури калидии Даҳсолаи криосфера» тавсиф намуд.

Ин иқдом дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид низ дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор рӯзи 13 августи соли 2024 бо пешниҳоди муштараки Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардид.

Ҳадафи лоиҳа — дар давоми 20 сол ҷамъоварӣ ва нигоҳдории кернҳои ях аз 20 пиряхи зери хатари обшавӣ бо мақсади таъсиси як бойгонии яхӣ дар Антарктида мебошад. Ин бойгонӣ дар пойгоҳи ягонаи байналмилалии «Конкордия» воқеъ буда аз ҷониби Фаронса ва Италия дар платои Антарктида идора мешавад ва имкони нигоҳдории доимии намунаҳоро дар ҳарорати -50°C фароҳам меоварад.

Дар ин ҷо маълумоти иқлимӣ ва экологии 300 000 соли охир нигоҳ дошта мешавад. Антарктида макони нодирест, ки тибқи созишномаи байналмилалии муҳофизати муҳити зист бо иштироки 55 давлат ҳифз карда мешавад ва истифодаи мероси инсоният дар он кафолат дода мешавад.

Пойгоҳи додаҳои оянда дар дастрасии умум қарор гирифта, манбаи муҳим барои пажӯҳишгарони имрӯза ва воситаи қавитари илмии фардо хоҳад буд. Муҳофизати ин кернҳои яхӣ барои пешрафти илмӣ аҳамияти бузург дорад: донише, ки аз таҳлили онҳо дар бораи иқлим ва муҳити зист ба даст меояд, дар қабули қарорҳои сиёсӣ нақши муҳим мебозад.

Фаҳмиши вазъи муҳити гузашта ба мо имкон медиҳад, ки тағйироти ояндаро пешбинӣ намоем ва ба беҳбудии инсоният мусоидат намоем. Аз оғози амалисозии ин ташаббус то имрӯз ҳашт керни ях аз тамоми қораҳо ҷамъоварӣ шудааст, аз ҷумла яке дар Фаронса (соли 2016) ва дигаре дар Норвегия.

Барои идомаи ҷамъоварии ин намунаҳо, гурӯҳи байналмилалии олимон бо номи Pamir Project ният дорад моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Парки миллии Помир корҳои саҳроӣ анҷом диҳад. Ҳадафи ин иқдом — илова намудани хотираи экологӣ аз минтақаи Қутби сеюм ба маҷмӯаи Ice Memory мебошад.

Ҷойи интихобшуда — кӯҳи Кон-Чуқурбошӣ дар баландии 5800 метр воқеъ дар ноҳияи Мурғоб аст. Нияти олимон гирифтани ду керни яхии 100-метра аз ин кӯҳ мебошад. Яке аз ин намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад.

Бунёди Ice Memory ва кумитаи илмии он саҳми Тоҷикистон ва Олимонро аз лоиҳаи Pamir Project-ро бо хушнудӣ истиқбол менамояд. Ин ташаббус асосан бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи қутбии Швейтсария маблағгузорӣ шуда, ба шарофати ҳамкории илмии байналмилалӣ байни Тоҷикистон, Ҷопон, Италия, Швейтсария, Олмон ва Фаронса амалӣ мегардад.

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости