Инҷо дар бораи саргузашти Кумриниссо- зане, ки дар хонаи бефаршу сақф зиндагӣ мекунад, дар саҳро кори вазнин анҷом медиҳад ва ҳар дирами ба даст овардаашро боэҳтиёт сарф мекунад, то зиндагии фарзандонашро беҳтар кунад, навиштем.
Яке аз соҳаҳои каммузд дар Тоҷикистон кишоварзӣ мебошад, Бо вуҷуди ин кор дар саҳро аз душвортарин шуғл ба шумор меравад. Аммо агар шумо зани таҳсилнадида ва соҳиби се фарзанд бошед, агар шавҳари шумо маоши ночиз мегирад ва ё аслан шавҳар надоред, пас чӣ кор мекунед? Агар аз ҷониби давлат ва ҷомеа дастгирие набошад, чӣ мешавад?
Бе таҳсилот…
Қумриниссо соати чори субҳ, пеш аз тулуи офтоб аллакай сари по аст. Ӯ пеш аз ба саҳро рафтан бояд ҳавлиро рӯбучин кунад, хамир хелад ва ба мурғҳо дон диҳад. Пас аз ин ба саҳро, пахтачинӣ меравад. Баъд аз ҷамъ кардани 2-3 халта пахта, бояд ҳарчи зудтар чандин километр роҳро тай карда ба хона баргардад, то нон пазад, ба фарзандону шавҳараш хӯрок диҳад ва баъдан боз сари кор баргардад.
Вақте мо бо Кумриниссо вохурдем, соат ҳанӯз 10 нашуда буд, вале каҳрамони мо аллакай ду халта пахта чамъоварй карда буд. Ӯ бо табассуми хоксорона, гуфт, ки имрӯз ба хотири корҳои хона ба саҳро дертар расидааст.
Қумриниссо Арбобзода дар ҷамоати Гулистони шаҳри Леваканти вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Кори саҳро барои ӯ ва дигар занҳои деҳа тақрибан ягона кори музднок аст.
Дар давоми 3 моҳ кори паёпай ӯ барои харидани маҳсулоти заруритарин барои фасли зимистон, яъне 10 халта гандум, 20 литр равғани растанй, макарон, биринҷ ва орд маош мегирад. Мегӯяд, ки дар фасли зимистон бояд бештар сарфакор бошад, зеро кори саҳро дар ин фасли сол таътил асту кори дигаре барои Қумриниссо дар деҳа нест.
Ӯ бо ҳаракатҳои барояш одатшуда пахтаро аз лонаҳо ҷудо карда мегӯяд — «Ман дар Вахш таваллуд шудам, хонаводаамон дертар ба Левакант кучид. Пас аз хатми мактаби миёна зуд оиладор шудам. Падарам 50 сол муаллим буд ва ҳеҷ гоҳ барои идомаи таҳсилам монеъ намешуд. Худам таҳсилро идома надодам.»
Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Он замон сокинони Левакант барои идомаи таҳсил, бояд ба шаҳрҳои калон мерафтанд, чун дар инҷо донишгоҳ набуд ва ин барои духтар хатарнок буд. Орзуи Қумриниссо, ки мехост духтур шавад, орзу монд. Пас аз хатми мактаб ӯ як сол ба ҳайси фаррош кор кард, аммо маошашро дер медоданд, гоҳе тамоман намедоданд. Пахтазор дар синни 19-солагӣ ҷойи кори ҳамешагиаш шуд, акнун ӯ 48-сол дорад.
Бе дастгирӣ…
Бунёди оила ва пайдои фарзандон ҳаёти Қумриниссоро комилан дигар кард. Шавҳараш иҷозат намедод, ҳатто фикри таҳсилро дар сар роҳ диҳад. Аз сӯи дигар, пул ҳам барои таҳсил набуд. Аммо шавҳараш мухолиф набуд, ки ӯ дар саҳро кор кунад, чун медонист, ки ба танҳои аз ӯҳдаи харҷи рӯзгор баромада наметавонад. Худи Тоҷиддин дар роҳи оҳан бо басти 15-рӯза кор мекунад ва моҳе 1600 сомонӣ (150 доллар) маош мегирад. Барои оилаи панҷнафара ин пули хеле ночиз аст.
Қумриниссо ва шавҳараш се фарзанд доранд. Писари калонии онҳо Сӯҳроб пас аз хатми синфи 9, имсол ба Коллеҷи тиббии Сарбанд дохил шуд. Сӯҳроб тобистон худаш кор кард, то барои худаш сару либос ва барои бародараш либоси мактабӣ харидорӣ кунад. Ӯ тобистон ба корҳои муваққати мисли андова, ҳандақкобӣ барои ҳоҷатхона ва ё боғбонӣ машғул буд. Писари дуюм Шаҳзод, хонандаи синфи 5 аст ва ба модараш дар пахтачинӣ кӯмак мекунад. Духтарашон Гулбону бошад хонандаи синфи ду аст.
“Имсол барои харидани либоси ягонаи мактабӣ барои духтарам пул надоштам, мегӯяд Қумриниссо,- ба пайвандонам, бародарони шавҳарам, ки дар Русия кор мекунанд, занг задам. Ҳама ваъда доданд, вале касе кумак накард. Рӯзи 1-уми сентябр бо либоси тақдимкардаи ҳамсояҳо ба мактаб рафт.
Ин хонавода тақрибан дар фақр зиндагй мекунад. Як хонаи дуҳуҷрагии фарсуда, бо як долони хурд доранд, ки барои таъмири он пул надоранд, барои сохтани ошпазхонаю хаммоми низ. Сақфи ошпазхона чунон пас аст, ки барои ба он ворид шудан лозим аст хам шавӣ, ҳангоми борон бошад аз боми инҷо об мечакад.
Ягона таҷҳизот дар хона телевизори кӯҳна ва яхдони хурде аст, ки бародари Қумриниссо ба наздикӣ ба ӯ тӯҳфа кардааст. Дастраси ба хӯрок низ хеле мушкил аст.
Зан бо табассум мегӯяд: «Мо як-ду мурғ дорем. Рӯзҳое ки онҳо тухм мегузоранд, мо дар субҳона онҳоро мехурем. Рӯзҳои дигар, ширинчой ва нон».
Дар ин хона гушт маҳсулоти камистеъмол аст . Қумриниссо дар боғчаи наздиавлигии худ картошка, пиёз ва каду коридааст ва ҳамин хуроки асосии оила мебошад.
Имсол ҳосили пахта фаровон буд. Рузе то 75 — 80 кило пахта чиндан мумкин буда. Рӯзҳое ки писари хурдии Қумриниссо ба ӯ кӯмак мекунад, то 100 кило ҳам ҷамъ мекунанд. Бар ивази ҳар килограмм пахта як сомонӣ медиҳанд. Ба ӯ ҳар 10 рӯз вобаста аз ҳаҷми пахта аз 500 то 700 сомонӣ пардохт мекунанд.
Бе иштироки сиёсӣ…
Қумриниссо мехоҳад, ки зиндагиашро беҳтар созад, аммо бовар дорад, ки барои таҳсил дер шудааст ва омодагии зеҳнӣ ҳам надорад. Аммо тарс дорад, ки кушишҳояш барои дарёфти ягон касби дигар вазъияташро бадтар месозад.
Кормандони ҳукумат борҳо ба хонааш омада ва пешниҳод кардаанд, ки ба курсҳои ҳамширагӣ ё қаннодӣ дохил шавад, аммо ӯ на пул, на вақт барои таҳсил дорад.
Қумриниссо намедонад, аз кӣ дархости ёрй кунад. Ӯ вакилони маҳаллӣ ва ҳамчунин кормандони Раёсати кор бо занон ва оиларо намешиносад, аммо раиси шаҳр боре аз гӯрӯҳи заноне, ки дар саҳро кор мекунанд, дидан кардааст.
Қумриниссо гуфт: «Оғози мавсими ҳосилғундорӣ буд, ба назди мо омада, ба занони фаъол чойники барқӣ, термос ва пешдоман ҳадя кард. Бо мо ҳамсуҳбат шуда, хоҳиш кард, ки софдилона меҳнат кунем, пахтаро хушсифат ва дар сари вақт ҷамъоварӣ кунем. Вай ваъда дод, ки ҳаққи пахтаи чидаамонро андаке баланд мекунанд.»
Бе тандурустӣ…
Фаршҳои бетонии манзили Қумриниссо бо пораҳои линолеуми аз дӯстон ҷамъоварӣ карда, мепӯшона шудааст. Хунукии бетон ҳатто аз қабати ғафси болои курпа эҳсос мешавад, хона умуман мубл надорад ва аъзои оила маҷбуранд руйи фарши хунук бихобад. Ҳуҷраҳо ҳатто сақф ҳам надоранд, ба ҷойи сақф соли гузашта пардаҳои кӯҳнаро ба ҳам дӯхта болои сар кашидаанд.
Зимистон наздик аст ва дар деҳа аллакай барқро хомӯш мекунанд, яъне дохили хона сардтар шудааст. Қумриниссо китфҳои нозукашро ба ҳам кашида нақл кард: «Мо бухорӣ гузошта, фақат як ҳуҷраро гарм мекунем, дар ҳамонҷо якҷоя зиндагӣ мекунем ва хоб мерем, зеро имкони гарм кардани ҳарду ҳуҷраро надорем. Чандин сол аст, ки мехоҳам пул ҷамъ карда, ҳадди аққал тирезаи як ҳуҷраро иваз кунам, то сармо надарояд, аммо то ҳол имкон даст надод.»
Бар ивази ин Қумриниссо роғҳоро скотч часпонида ва тирезаҳоро бо патуҳои қадимӣ рупуш кардааст.
Аз сабаби набудани барқ аз моҳи ноябрь то аввали баҳор, Қумриниссо хӯрокро дар оташдон мепазад. Аммо имсол, барқ аз моҳи сентябр қатъ карданд. Ӯ ба тарафи бастаҳои ҳезум, ки ҳанӯз тобистон ҷамъоварӣ кардааст ишора карда гуфт: «Барқро субҳ аз соати 6:00 то 9:00 ва шом аз 18:00 то 20:00 медиҳанд». Пайдо кардану бардоштану арра кардану пора кардани кундаву ҳезумҳо вазифаҳои дигари ӯст.
Ҳавлиашон дару дарвоза надорад, аз ин рӯ, зан метарсад, духтарашро дар хона танҳо гузорад. Онҳо захираи пору (тапак) ҳам доранд, ки аз хонаи хушдоманаш мегиранд, онро дар фасли зимистон ба ҷои ҳезум истифода мекунанд.
Мушкили дигар об аст. Дар хона оби ошомиданӣ нест. Аз охири тирамоҳ то аввали тобистон оби ҷӯйбори деҳа хушк мешавад, он гоҳ Қумриниссо маҷбур аст, аз деҳаҳои дигар об кашонад, ё обро дар флягҳои вазнин гирифта дар болои ароба бор карда биёрад. Баъзан ҳамсояҳое, ки чоҳ доранд, ба ӯ об медиҳанд, ӯ пули кофӣ надорад, ки барои худашон чоҳ кананд.
«Обро маҷбурам пас аз кор кашонам, то ки хӯрок пазам. Пас аз он бояд ҳамаро поку тамиз кунам, либоси ҳамаи аъзои оиларо бо даст мешӯям. Ёрдамчӣ надорам,» мегӯяд зан бо табассум ғамгинона. «Кӯдакон ҳанӯз хурданд. Зиёд хаста мешавам. Соатҳои 11 шаб хоб меравам. Бо гузашти солҳо кор бароям душвортар шудааст, чун миён ва буғумҳоям дард мекунад, аммо чӣ кор кунам, кори хонаи маро каси дигар анҷом намедиҳад».
Аз дасти рӯзгори вазнин ва шароити тоқатфарсо Қумриниссо ва кудаконаш зуд-зуд бемор мешаванд, махсусан дар фасли зимистон. Қумриниссо мегӯяд: «То даме, ки ягон нафарамон сахт бемор нашавем, ба назди табиб намеравем, зеро барои муоинаву ташхис ва доруворӣ, пул лозим аст. Кӯшиш мекунам, ки кӯдаконро дар хона бо усулҳои мардумӣ табобат кунам.» Ҳарчанд ки хонаводааш ба табибон кам муроҷиат мекунад, ӯ хушҳол аст, ки ҷамоати онҳо пизишк ва нуқтаи ёрии таъҷилӣ дорад.
…Дастони ин занро аз хору санг шими ҷинс, болопуши куҳна ва дастпушакҳои сохтмонии шавҳараш наҷот медиҳанд ва мӯзаҳои кандашуда пояшро аз чангу хок нигоҳ медоранд.
Бо чеҳраи хаста ва чашмони ғамгини халтазада ӯ дар сар танҳо як фикр дорад, ки ҳарчи зудтар пас аз кори саҳро ба корҳои хона бирасад. Қумриниссо бо миёни хамида, халтаи вазнини 10-килоиро кашонда, аз орзуҳояш мегӯяд — “пул сарфа карда ва ошпазхона созад, хонаашро таъмир кунад ва мисли дигарон ҷиҳози гуногун ва телевизор харидорӣ кунад.
Ғайр аз ин ӯ орзу мекунад – «фарзандонам мисли ман зиндагии мушкил надошта бошанд, таҳсил кунанд ва соҳиби касбу кор шаванд, ман сахт меҳнат мекунам ва умедворам, ки онҳоро тавре ба воя расонам, то оянда аз ман беҳтар зиндаг кунанд.»
Ин достони зиндагӣ аз ҷониби медиа-ширкати «Вечерка» дар доираи лоиҳаи «Кор ва мансаб дар сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.
Гулнора Амиршоева, муаллифи идея (ғоя) ва роҳбар
Олга Тутубалина, муҳаррир
Елена Назарова, журналист
Ануша Қосим, журналист
Нозим Қаландаров, суратгир