8 сол пеш Туркияро кӯшиши табаддулоти хунини низомӣ такон дода буд.

0

8 сол пеш, 15 июли соли 2016 Туркияро кӯшиши табаддулоти хунини низомӣ такон дода буд.
Бар асари ин кӯшиши табаддулоти хиёнаткорона 251 нафар кушта, ҳазорон нафар ҷароҳат бардошта, миллионҳо нафар зарбаи сахтеро аз сар гузарониданд.

Дар паси кӯшиши табаддулот созмони террористии ФЕТО таҳти роҳбарии Фатулло Гулен, ки аз соли 1999 дар ИМА ба сар мебарад, буд. ФЕТО як созмони террористии хоин аст, ки аз хадамоти истихбороти хориҷӣ маншаъ мегирад.

Рӯзи 15 июл аъзои ФЕТО, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи мо ворид шуда буданд, аслиҳаи худро алайҳи миллати мо истифода карданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба Президенти кишварамон суиқасд анҷом диҳанд. Онхо ба кортеҷи Сарвазири мо хуҷум карданд. Онҳо бинои Парлумони мо, Маҷмааи Президентӣ, биноҳои истиҳборотӣ ва полиси моро бомбаборон карданд.

Маркази амалиёти вижаи полис дар Анқара аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангӣ бомбаборон шуд, ки дар натиҷа 55 афсари полис кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Сокинони ғайринизомӣ, ки алайҳи кӯшиши табаддулот дар шаҳрҳои Туркия эътироз мекарданд, тирборон ва кушта шуданд.

Аз соли 2016 инҷониб ҳар рӯзи 15 июл мо хотираи қурбониёнро пос медорем ва аз қаҳрамониву шуҷоати миллати худ истиқбол менамоем. Ин аст, ки 15 июл Рӯзи демократия ва ваҳдати миллӣ аст.

Фетуллах Гюлен ва тарафдоронаш, ки худро дар ғилофи неки ҷунбиши маорифпарварона пӯшонида буданд, мутаассифона дар Туркия, Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳазорон мактаб, ҷойҳои корӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо таъсис доданд.

Онҳо барои ворид шудан ба мансабҳои муҳими давлатӣ, аз қабили шӯъбаҳои полис, артиш ва адлия, имтиҳонҳоро бо ҳилаву найранг суистифода карданд.Онҳо ширкатҳои марбут ба ин созмон таъсис дода, тоҷиронро барои маблағгузории фаъолияти худ истифода мекарданд.

Бисёре аз мансабдорони давлатӣ дар Туркия танҳо ба хотири итоат накардани ин созмон тавассути расонаҳои ФЕТО мавриди ҳадаф ва таҳқир қарор гирифтанд, аз вазифаҳои худ дур карда шуданд.

Онҳо бахши аъзами ҷомеа, бахусус сиёсатмадорон, тоҷирон ва рӯзноманигоронро бо гӯш кардани телефонҳои ғайриқонунӣ, далелҳои сохта ва боздоштҳои ғайриқонунӣ таҳдид ва шантаж мекарданд.

Бисёр одамони бегуноҳ, ки дигар ба ин тухматҳо тоқат карда натавонистанд, даст ба худкушӣзаданд.
Фош кардани системаҳои иртиботи махфии аз ҷониби аъзои ФЕТО истифодашаванда ва ба ин васила ба даст овардани дастури ФЕТО барои мо ошкор кардани нақшаҳои онҳо ва гузаронидани тафтишот алайҳи онҳо осонтар шуд.

Тарзи амалиёти сохторҳои марбут ба ФЕТО дар тамоми ҷаҳон яксон аст. Азбаски онҳо ҳадафи ворид шудан ба ниҳодҳои давлатӣ ва густариши нуфузи иқтисодию сиёсии ҷаҳонии худро доранд, барои ҳар кишваре, ки дар он фаъолият мекунанд, ба амнияти он кишвар мустақиман таҳдид мекунанд.
Мактабҳо барои ФЕТО бо ду сабаб хеле муҳим буданд: захираҳои инсонӣ ва маблағгузорӣ.

Тавассути мактабҳо онҳо тавонистанд кӯдакони дурахшонтаринро дар кишварҳои фаъолиятдошта бодиққат интихоб кунанд, то ба оянда таълим диҳанд ва ҷалб кунанд.

Мактабҳо низ хеле муҳим буданд, зеро онҳо миқдори зиёди даромад ба даст меоварданд.

Ба шарофати ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ин мактабҳо ё баста шуданд ва ё ба ихтиёри Вазорати маорифи миллии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Аъзои аршади ФЕТО Тоҷикистонро тарк карданд.

Мехоҳам ба Президент Раҳмон ва давлати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва ҳамбастагии Тоҷикистон бо кишвари мо дар мубориза бо ФЕТО изҳори сипос намоям.

Ман шаҳидонамонро, ки рӯзи 15 июл ҷони худро аз даст додаанд, бо раҳмату сипос ва собиқадорони моро бо эҳтиром ёд мекунам.

Худованд дигар ба чунин дард гирифтор накунад.

Шарҳ :

Барои маълумоти бештар дар бораи ФЕТО метавонед ба нашрияҳои зерин муроҷиат кунед.

Аз кувваи халк зуртар куввае нест, Дастгоҳи Президент-Раёсати иртиботот (https://iletisim.gov.tr/images/uploads/dosyalar/halkin-gucunun-ustunde-bir-guc-yoktur.pdf)

15 июл сомонаи расмии Дастгоҳи Президентӣ- Раёсати коммуникатсия Президентӣ (https://15temmuz.gov.tr/en; https://15temmuz.gov.tr/en/archive/digital-library/books/15-temmuz-analiz-seta)

FETO/PDY, T.R дар 50 савол Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Туркия — Раёсати стратегияҳои амнияти дохилӣ, нашрияҳои амнияти дохилӣ (http://icguvenlikyayinlari.gov.tr/terorizmle-mucadele)

«Демократия барои ҷавонон ва оилаҳо», 15 июль ва арзишҳои мо, Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Туркия — Раёсати стратегияҳои амнияти дохилӣ, нашрияҳои амнияти дохилӣ (http://icguvenlikyayinlari.gov.tr/terorizmle-mucadele)

ФЕТО: Ташкилоти Террористии Фатулло, Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Туркия — Раёсати стратегияҳои амнияти дохилӣ, нашрияҳои амнияти дохилӣ (http://icguvenlikyayinlari.gov.tr/terorizmle-mucadele)

Умут Аҷар, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь