Таъқиб дар ҷои кор ва кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ: Ҳуқуқи худро чӣ гуна дар Тоҷикистон бояд ҳимоя кард?

0

Оё корфармо ҳуқуқи дар рӯзҳои истироҳат ва ройгон корфармуданро дорад, чӣ гуна бояд ба муқобили таъқиб мубориза бурд  ва ҳангоми аз кор озод шудан кадом ҷубронпулиҳоро метавон талаб кард?  Ба ин ва дигар саволҳо  оид ба Қонуни меҳнат ҳуқуқшиноси Фонди ҷамъиятии «Саломатии ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи инсон» Уғулой Бобоева ҷавоб дод.

Дар сурати дучор шудан ба таъқиб дар ҷои кор, шумо метавонед ба роҳбарони худ муроҷиат намоед, ба Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шикоят ё ба суди маҳалли бақайдгирии корфармо муроҷиат кунед .

Онҳо бояд сертификатсия шуда ва ҳангоми пӯшидан бароҳат бошанд, ба ҳаракат монеа эҷод накунанд,  бояд  андозаашон  ба коргарон мувофиқат кунанд ва  дода шаванд.

Агар корманд бо воситаҳои ҳифозати фардӣ  таъмин набошад, вай ҳуқуқ дорад корро боз дорад.   Вақти боздоштани кор, бояд ҳамчун бозмондани кор пардохт карда шавад, на бо айби корманд.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқҳои шумо поймол карда мешавад ва шумо ҳақ доред, ки ба Хадамоти назорати меҳнат муроҷиат кунед.

Барои риоя накардани ин талаботи қонуни Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 135 пешбинӣ карда шудаст.

Барои аз тарафи корфармо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат, яъне иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадорӣ, ки ба ташкил намудани шароити мусоиду бехатари кор, ҷорӣ намудани воситаҳо ва технологияи таъминкунандаи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва талаботи стандартҳо оид ба ҳифзи меҳнат вобаста аст, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад (аз 1440 то 2160 сомонӣ ).  Дар айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомониро ташкил медиҳад.

Агар бо сабаби аз ҷониби корфармо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба саломатии корманд зарари вазнин ё миёна,  ё бемории касбӣ расонида шуда бошад, ба корфармо ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад, ё  корҳои ислоҳотӣ ба мӯҳлати ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамон мӯҳлат пешбинӣ карда мешавад.

Иттифоқҳои касаба  метавонанд ба роҳбарият фишор оваранд ва ба шумо барои гирифтани ҷуброн кӯмак расонанд. Барои барқарор кардани ҳуқуқҳои худ, шумо метавонед ба Ҳадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кунед, то он санҷиш гузаронида, корфарморо барои пардохти ҷуброн вазифадор кунад. Шумо инчунин метавонед ба суд дар ҷои бақайдгирии корфармо муроҷиат кунед.

Ҳуҷҷатҳои дохилии бонкро, ба монанди низомнома ва сиёсати партохти музди меҳнат тафтиш кунед.

Далелҳоро сабт кунед, барои таҳкими далелҳои худ асосҳои лозимаро ҷамъ намоед. Ба муқаррароти музди меҳнат ва ҳама гуна фарқиятҳои эҳтимолии марбут ба хизматҳо ё ӯҳдадориҳои иловагӣ диққат диҳед.

Барои баррасии фарқияти музди меҳнат бо роҳбарият ё шуъбаи HR мулоқот намоед.

Агар роҳбарият ба шумо ҷавоби қаноатбахш надиҳад ва қонуншиканиро бартараф накунад, бо ишора ба вайрон кардани ҳуқуқҳои худ ба Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли шикоят кунед. Агар мушкилот дар сатҳи ширкат ё нозироти меҳнат ҳал нашавад, шумо ҳуқуқ доред ба суд дар ҷои бақайдгирифтаи корфармо муроҷиат кунед.

Дар сурати таваллуди вазнин ёрдампулӣ ба мухлати 156 рузи тақвимӣ ва барои таваллуди ду ва зиёда кудак — 180 рузи тақвимӣ дода мешавад.

3 маоши охирин ҷамъбаст карда мешавад (ё аз зиёд гаштани  охирон музди меҳнат), ин маблағ ба се тақсим ва музди миёнаи меҳнат муайян карда, он ба рузҳои кории  моҳи охир тақсим  мешавад.

Маблағи гирифташуда ба 140 рӯз (156 ё 180 рӯз ҳангоми вазнин ва  ду ё зиёда кӯдак таваллуд кардан) зарб карда мешавад. Масалан: агар маоши шумо 3000 сомонӣ бошад, пас ҳисоб чунин мешавад:

3000*3 = 9000

9000:3 = 3000

3000:23 (рӯзҳои кории моҳ) = 130

130*140 (ҳангоми  таваллуди муқаррарӣ) = 18 200

Кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд танҳо ба занон дар асоси рухсатии беморӣ дода мешавад. Аммо, масалан, рухсатии бемузд барои нигоҳубини кӯдак то синни сесолагӣ ба модар ё падар бо хоҳиши онҳо дода мешавад (мувофиқи моддаи 224 Кодекси меҳнат).

Ҳангоми таваллуди кудак  дар оила, кӯмакпулиҳои зерини оилавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:

— кӯмакпулии якдафъаина вобаста ба таваллуди кӯдак;

— кӯмакпулиҳои моҳона барои нигоҳубини кӯдак (моддаи 14 Қонун «дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ»).

Кӯмакпулии яквақта вобаста ба таваллуди кӯдак ба андозаи зерин таъин мешавад:

— ҳангоми таваллуди фарзанди якум-дар маҷмӯъ се нишондиҳанда барои ҳисобҳо-216 сомонӣ (як нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст);

Кӯмаки яквақта вобаста ба таваллуди кӯдак ба андозаи зерин:

— ҳангоми таваллуди кӯдаки якум – дар ҷамъи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 216 сомонӣ (як нишондиҳанда ба 72 сомонӣ баробар аст );

— ҳангоми таваллуди кӯдаки дуюм — ба маблағи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо — 144 сомонӣ ;

— ҳангоми таваллуди фарзанди сеюм ё зиёда аз он — ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо — 72 сомонӣ .

Агар шумо кор накунед, шавҳаратон метавонад ин имтиёзҳоро гирад.

Моддаи 118 Кодекси меҳнат ҷубронпулиро барои ҳамаи рӯзҳои истифоданашудаи рухсатӣ кафолат медиҳад, он ҳангоми аз кор озод шудан, новобаста аз сабаби қатъи шартнома пардохт карда мешавад.

Агар пардохти ҷубронпулӣ рад карда шавад, шумо метавонед ба Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ё суди маҳалли бақайдгирии корфармо муроҷиат кунед.

Корфармо вазифадор аст, ки шароити меҳнатро аз руи  имкон ва оқилона, вобаста ба эҳтиёҷоти шумо мутобиқ намояд, масалан, кам кардани вақти корӣ, яъне он аз 36 соат дар як хафта, бе кам кардани музди меҳнат, бештар набошад,   зиёд кардани рузи рухсатии меҳнатӣ — аз 35 то 42 руз ва ғайра.

Дар сурати рад шудани хоҳишатон, шумо метавонед ба Ҳадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шикоят  кунед ва ё ба суди маҳалли бақайдгирии корфармо муроҷиат намоед.

Минбаъд…


Бар зарари корманд тағйир додани шартҳои музди меҳнат манъ аст. Ҳама корҳои иловагӣ ва ҳаҷми корро бо санаи руз ва соатҳояш сабт кунед.

Мактуби расмӣ ё ариза дар бораи ӯҳдадориҳои иловагиатон нависед ва аз нав дида баромадани шароити кор ё музди меҳнатро дархост кунед. Ба шӯъбаи кадрҳо барои аз нав дида баромадани ҳаҷми кор ва шартҳои пардохти музди
меҳнат, бо  дархости хаттӣ ва  далелҳо муроҷиат кунед.

Шартномаи меҳнатӣ ва қоидаҳои дохилии ширкатро омӯзед, то бифаҳмед, ки чӣ гуна ӯҳдадориҳои
иловагӣ ва ҷуброни онҳо танзим карда мешаванд.

Ба Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи поймол шудани ҳуқуқҳоятон шикоят кунед. Агар
мушкилот дар сатҳи ширкат ё нозироти меҳнат ҳал нашавад, шумо ҳуқуқ доред ба
суд дар ҷои бақайдгирии корфармо муроҷиат кунед.



























ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь