Чаро Тоҷикистон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба тасвиб намерасонад?

0

Бино бар омори расмӣ, теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор буда, зиёда аз 30 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Аз 193 кишвари узви СММ 187-тои он Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба тасвиб расонидаанд. Танҳо 6 кишвар то ҳол ин корро накардаанд, аз ҷумла Тоҷикистон. Ашхоси дорои маъюбият бо чашми чор ба тасвиби санади барояшон муҳимро интизоранд, зеро ин ҳуҷҷат ба онҳо имконият медиҳад, ки имтиёзҳои фаровонро барои табобат гирифтан, таҳсил, ҷойи кор, дастрасӣ ба иншооти кумакрасони маъюбон ва ҳоказо соҳиб гарданд.

Ба иттилои Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон соли 2024 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро, ки моҳи майи соли 2008 мавриди амал қарор гирифтааст, ба тасвиб мерасонад. Ин санад 22 марти соли 2018 аз ҷонии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи СММ-Ню-Йорк ба имзо расид.

“Вобаста ба ратификатсияи Конвенсия гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, фаъолият дорад. Ҳар як санади байналмилалии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ менамояд, ҷанбаҳои манфию мусбаташ мавриди омӯзиши амиқ қарор мегиранд. Дар иртибот ба ин, соли гузашта дар шаҳри Женева бо роҳбари Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон вохӯрда, доир ба қабули Конвенсия табодули афкор намудем. Итминон дорам, ки соли оянда кишвари мо ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ҳамроҳ мешавад”- иброз дошт Умед Бобозода.

Барои тадриҷан тайёр намудани заминаи иҷтимоию иқтисодии муносиб ҷиҳати тасдиқи Конвенсия бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” 27 феврали соли 2020 қабул гашт.

Тибқи муқаррароти Конвенсия, давлатҳои узв уҳдадоранд, ки барои таъмини дастрасии маъюбон ба муҳити ҷисмонӣ, нақлиёт, иттилоот, алоқа, иншоот ва дигар хизматрасониҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Барои амалӣ намудани ин муқаррарот дар кишвар Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст. Барнома барои рушди тадбирҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо таҳия гардида, барои амалишавии он зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи Мадина Усмонова, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, таърифи маъюбӣ дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон на ба поймолкунии ҳуқуқи онҳо, балки барои бартараф намудани монеаҳои гуногун дар пешроҳи онҳо равона шудааст.

Бинобар ин, мафҳуми маъюбиятро ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кардан лозим аст ва ҳангоми муайян кардани аломати қобилияти меҳнат, ибораҳое, ки ба раванди кории онҳо таъсири бад мерасонад, бекор гарданд: “зеро, шахсони дорои маъюбиятро коргарони номақбул мешуморанд, кушиш мекунанд, ки онҳоро ба кор қабул накунанд. Дар фикри одамон як чунин қолабе ҷо шудааст, ки шахсони дорои маъюбиятро бояд давлат ва ё оилаҳои онҳо нигоҳубин кунанд ва онҳо ҳақи кор кардан надоранд. Бисёри аз ҷойҳои корӣ чӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ инфраструктураи лозимӣ ба маъюбонро надоранд, ба монанди пандусҳо, лифтҳои васеъ барои аробача, дар ҷойҳои корӣ ҳоҷатхонаҳои махсус барои маъюбон муҷаҳҳаз нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон гуфт, мушкилии асосӣ барои онҳо, ин вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии маъюбон мебошад: “Дар баробари ин, вазъи душвори ҷисмонӣ барои фаъолияти маъюбон ташкили муҳити зисти дастрасро ба таври таъҷилӣ талаб мекунад. Сохтмони бинову иншоот дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ зиёд шудааст, вале мутаассифона, талаботи шахсони маъюбиятдошта ба назар гирифта намешаванд. Ҳарчанд меъёрҳои сохтмонӣ мавҷуданд ва рӯзи 27-уми феврали соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 52 Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021–2025 қабул шудааст, иҷрои дурусти онҳо мушоҳида намешавад”.

Ба гуфтаи вай, мақомоти маҳаллии давлатӣ бояд созмонзои ҷамъиятии маъюбонро дар минтақаҳо дастгирӣ намоянд: “Ҳеҷ кас талаби маблағ надорад. Кифоя аст, ки дафтари корӣ ё қитъаи замин барои сохтани он ҷудо кунанд, зеро, созмонҳои маъюбон аз уҳдаи бунёди коргоҳи худ мебароянд. Як чизро бояд дарк намуд, ки шахсони маъюбиятдошта дар симои ташкилотҳои ҷамъиятӣ хонаи дуюми худро мебинанд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин карда тавонист, ки Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ҳоло дар пойтахт соҳиби дафтари кории худ аст. Чаро дигар роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ин корро намекунанд?

Агар Тоҷикистон дар солҳои наздик Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба тасвиб расонад, шахсан ман аз фаъолияти зиёда аз бистсолае, ки дар ҳаракати маъюбӣ дорам, қаноатманд шуда метавонам”.

Асадулло Зикрихудоев мегӯяд, ба инобат гирифтани масоили ҳалталаби зерин барои онҳо муҳим мебошад:

• Қонунгузории миллии Тоҷикистон ба муқаррароти Конвенсия бояд мутобиқ карда шавад;

• Дастрасии муҳити зист дар асоси ороиши универсалӣ фароҳам шавад;

• Хизматрасонии тиббӣ ва тавонбахшӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад;

• Шуғли доимӣ таъмин гардад;

• Нафақаи шоиста муҳайё бошад;

• Баробарҳуқуқӣ риоя шуда, ҳамзамон доғгузорӣ ва табъиз аз рӯйи маъюбият барҳам дода шавад;

• Дастрасии маъюбон ба манзил фароҳам гардад.

Илова бар ин, Зикрихудоев қайд кард, ки агар 70 дарсади “Нақшаи миллии амалҳо” иҷро шавад Тоҷикистон баҳри тасдиқи Конвенсия омода хоҳад шуд, зеро, ин барои ҳалли мушкилоти шахсони маъюбидошта мусоидат мекунад. Иҷрои саривақтии” Нақшаи миллии амалҳо” ба иродаи сиёсӣ ва имконоти молиявӣ, ҳамчунин дарки дурусти масоили маъюбият вобаста аст, зеро аз имконоти иқтисодии кишвар хулоса баровардан мумкин аст, ки маблағҳо нокофиянд”.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, иштироки шахсони маъюбидошта дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар назаррас намебошад ва бо тасвиби Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ин мушкилӣ ҳал хоҳад гашт: “То ҳол дар қонунгузории Тоҷикистон табъиз нисбат ба шаҳрвандони маъюбиятдошта зимни муайянсозии коршоямии онҳо вуҷуд дорад. Агар 60%-и қонунгузорӣ дар амал иҷро шавад, риояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта беҳтар мегардад. Аммо боиси таассуф аст, ки қонунҳо дар рӯйи коғаз мемонанду пурра татбиқ намешаванд. Ба ақидаи ман, ҳалли мушкилоти шахсони маъюбиятдошта бояд дар як низоми муайян бошад, ки он на аз рӯйи хотирбинӣ, балки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ амалӣ шаванд, то ҳар як шахси дорои маъюбият аз имтиёзоти худ истифода кунад ва ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳимоя гарданд”.

Масъулони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иттилоъ доданд, ки дар соли 2022 зиёда аз 170 бинои истиқоматӣ бо назардошти шахсони имконияташон маҳдуд мавриди истифода қарор гирифтааст.

Солеҳзода Азиз Усмон, сармутахассиси Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як мулоқот бо хабарнигорон изҳор дошт, ки барои тасвиби Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон маблағҳои зиёд сарф мешавад, чунки барои сохта ва ба истифода додани танҳо роҳе, ки дар он маъюбни нобино мераванд, ранги муайян ва чароғакҳои овоздор лозим мешавад: “Ба монанди роҳ ҳоҷатхонаҳо, нақлиёту биноҳо ва масоли ин мушкилиҳо ҳаст, ки Тоҷикистон якбора наметавонад ин ҳамаро амалӣ кунад. Ҳаст санадҳои байналмилалие, ки пас аз тасвибрасонӣ, иҷроиши он фаврӣ мебошанд”.

Ба гуфтаи ин нафар назар ба даҳ сол қабл шароити маъюбон дар кишвар беҳтар шуда истодааст ва бо назардошти имкониятҳои моливу иқтисодӣ иҷроиши ин санад зина ба зина амалӣ мешавад: “Тоҷикистон то имрӯз аллакай ба 9 санади асосии байналмилӣ ҳамроҳ шудааст ва ягона санаде, ки пурра ҳамроҳ нестем, ин ҳам бошад Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон мебошад. Мо ин санадро ба имзо расонидем ва тарзи ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санад аз якчанд тарзу шакл вобастагӣ дорад. Ҳаст баимзорасонӣ ва ҳаст ба тасвибрасонӣ, Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон имзо гузоштааст ва ин як раванд аст, зеро вақте мо иродаи худро ба созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳем, ки омодаем ба ин масъаларо ҷиддитар ворид шавем ва дар ин самт корҳоро ба анҷом мерасонем, ин хуб кори хубе мебошад”.

Чаро то имрӯз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба тасвиб нарасид?

“Чунки ин санад хусусиятҳои хоси худро дорад, аз ҷумла вақте давлат уҳдадориро ба худ мегирад, бояд дар муҳлати муайян корҳои худро ба анҷом расонад. Беҳтарин чизҳое, ки дар самти ҳуқуқҳои маъюбон ҳаст, ин сохтани роҳравҳо ва амсоли инҳо мебошад. Ҳамаи ин маблағталаб ҳастанд ва хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Пешниҳод шуд, ки ин санадро ба имзо мерасонем, масъаларо меомӯзем ва оҳиста-оҳиста ба тасвибрасонии ин корро шурӯъ мекунем. Имсол масъалаи ба тасвибрасонӣ дида шуда истодааст ва умедворем, ки ин санад дар фурсати наздик ба тасвиб мерасад.”- гуфт Солеҳзода Азиз Усмон.

Вале намояндаҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риоияи қонуният” мегӯянд, маблағгузорӣ барои тасвиби Конвенсияи оид ба ҳуқуқи маъюбон танҳо 1 фисадро ташкил медиҳаду халос.

“Мо доим мегӯем, ки шумо Конвенсияи ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расонед, албатта сармоягузорони хориҷӣ пайдо мешаванд. Ҳатто метавон гуфт, ки вақте ин ё он кишвар Конвенсияро қабул мекунад, маҷбур нест, ки дарҳол тамоми талаботҳои онҳоро ба иҷро расонад. Мешавад марҳила ба марҳила ба анҷом расонид. Ҳатто ҳаст ташкилотҳое, ки бо ҳуқуқи маъюбон сару кор доранд ба биносозони мактабу хонаҳои истиқоматӣ барои муҳайё кардани шароити маъюбон маслиҳат медиҳанд. Вале муҳим ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон ин санадро ба имзо расонид ва умед аст, ки ба тасвиб ҳам мерасад.”,- гуфт Наргис Зокирова, роҳбари ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риоияи қонуният”.

Коршиносони созмонҳои ҳуқуқи шахсони маълул бар ин назаранд, ки асоси ба тасвиб нарасонидани Конвенсияи мазкур дар кофӣ набудани маблағи ҳукумат мебошад. Илова бар ин вақте Тоҷикистон ин Конвенсияро ба тасвиб мерасонад, дар навбати худ дар назди ҷомеаи байналхалқӣ уҳдадор мешавад, ки оид ба иҷро намудани бандҳои он ҳисобот диҳад.

Моҳи июли соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби 75-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар коршиноси байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар, узви Кумитаи ҳуқуқи маъюбони СММ, доктор Маркус Шеферба Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни сафар аз Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳифзи ҳуқуқу шароити маъюбон Маркус Шефер, дар суҳбат ба Азия Плюс зикр кардааст, ки таҷриба ва фидокории бисёре аз шахсони дорои маъюбият вайро ба ҳайрат овард: “Аммо, сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, аксари маъюбон то ҳол аз бисёр ҷанбаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ дар канор мондаанд. Ба вазъи маъюбон дар Тоҷикистон баҳои умумӣ дода наметавонам. Ин вақте имкон дорад, ки Тоҷикистон Конвенсияро ба тасвиб расонида, гузориши аввалини худро ба Кумита пешниҳод кунад. Мақсади сафари ман дар аввали ҳамин моҳ ба кишвар фаҳмонда додани аҳаммияти тасдиқ намудани конвенся ва аз ҳукумат даъват кардани он буд, ки онро бетаъхир ба тасвиб расонад”.

Ба суоли “ Оё Конвенсия вижагиҳои ҳар як кишвари алоҳидаро ба инобат мегирад ва оё бо ҳар гуна тавзеҳот пазируфтани он қобили қабул аст?,” гуфтааст, ки баъзе ҳуқуқҳо, аз қабили кафолати муносибати инсондӯстонаро барои ҳар як кишвар мутобиқ кардан лозим нест. Аммо ҳуқуқҳои дигар, аз ҷумла ҳуқуқҳои иҷтимоӣ аз давлат талаб мекунанд, ки барои кафолати онҳо чораҳои мусбат андешад: “Дар конвенсия гуфта мешавад, захираҳои дар ихтиёри давлат қарордошта бояд ба назар гирифта шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки Конвенсия аз давлатҳое, ки захираҳои кофӣ доранд, назар ба давлатҳое, ки захираҳои онҳо маҳдудтаранд, чораҳои бештар муассиру густардаро талаб мекунад. Вақте ки Кумитаи мо иҷрои Конвенсияро дар ин ё он кишвар назорат мекунад, вобаста ба захираҳои иқтисодие, ки давлати узв метавонад сафарбар кунад, тафовути дақиқ мегузорад. Шарҳу эзоҳ лозим нест. Татбиқи Конвенсия раванди пайвастаи ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршуда мебошад. То ҳол ягон кишваре нест, ки дар замони тасвиб ба тамоми талабот ҷавобгӯ бошад”.

Вай қайд кардааст, ки “дар саросари ҷаҳон ман чунин далелро мешунавам, ки норасоии маблағ ҷиҳати рӯйи даст гирифтани иқдомоти ҷиддӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои маъюбон имкон намедиҳад. Бо вуҷуди ин, таҷриба гуногун аст. Мо фаҳмидем, ки давлат бояд тадбирҳои зиёдеро, ки камхарҷ бошанд, амалӣ созад. Аз ҷумла, иштироки сиёсии маъюбон дар рушди осоиштаи ҳар як низоми сиёсӣ муҳим аст, зеро онҳо ақаллияти хеле калонро, ки тақрибан ба  20% аҳолӣ баробар аст, ташкил медиҳанд. Ба Тоҷикистон лозим нест, ки ба ҳамаи ҳадафҳои дар нақшаи амали худ гузошта расад, кишвар метавонад бе таъхир Конвенсияро ба тасвиб расонад. Интизор шудан лозим нест ва ба таъхир андохтани ин раванд фоидае ҳам надорад. Дар ин замина, ман аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки ба тасвиби Конвенсия ваъда диҳад, зеро он яке аз ду конвенсияи асосии ҳуқуқи инсон аст, ки кишвар то ҳол ба тасвиб нарасонидааст”.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь