Дар вилояти Хатлон 32 гурӯҳи гимнастикаи бадеӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 384 духтарон аз сина 5 то 14 сола ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Шогирдони ин гурӯҳҳо дар чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ иштироки фаъол дошта, маҳорати худро намоиш медиҳанд.
Тавре сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода иттилоъ дод ,солҳои аввал гурӯҳи гимнастикаи бадеӣ танҳо дар шаҳри Бохтар фаъолият мекард, имрӯз чунин гурӯҳҳо дар назди мактабҳои варзишии кӯдакону наврасони ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш ва шаҳри Левакант таъсис ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, қабули кӯдакон ба ин гурӯҳҳо пурра ройгон буда, барои ҳамаи хоҳишмандон имкони машғулият фароҳам оварда шудааст.
«Ҳадафи асосии мо рушди гимнастикаи бадеӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои кӯдакону наврасон мебошад», — гуфт Рамазон Насриддинзода.
Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи бештар ба ин намуди варзиш дар шаҳрҳо ба назар мерасад ва волидайн духтарони худро ба гурӯҳҳои гимнастикаи бадеӣ ҷалб мекунанд.
Масъулони соҳа бар он назаранд, ки тавсеаи шабакаи гурӯҳҳои гимнастикаи бадеӣ дар оянда барои омода намудани варзишгарони соҳибистеъдод ва иштироки бештари намояндагони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.





