/
/
Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор духтар бар зидди вируси папилломаи одам ваксина мегиранд

Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор духтар бар зидди вируси папилломаи одам ваксина мегиранд

Шуруъ аз имруз, 1 октябр дар марказҳои саломатии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 500 ҳазор духтарони синни 10 – 14-сола бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО)ваксина мегузаронанд.

Чорабинӣ бо мақсади ҳифзи саломатии духтарон ва дар оянда коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба саратони гарданаки бачадон роҳандозӣ шудааст.

Тавре Директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Файзали Саидзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳар сол миллионҳо зану мард дар саросари дунё гирифтори бемориҳои гуногуни саратонӣ мегарданд, ки сабаби асосии баъзе аз онҳо, аз ҷумла саратони гарданаки бачадон, рӯдаи рост, ковокии даҳон, вируси папилломаи одам (ВПО) мебошад. Ин вирус хеле паҳншаванда буда, асосан бо 3 роҳ ба шахси солим мегузарад. «Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои саратони гарданаки бачадон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гардонидани стратегияи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро ба Тақвими миллии иммунизатсия аз соли 2016 ба нақша гирифта буд.

Аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавии духтарони 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ ба роҳ монда шавад.

Аз имруз то 31 октябри соли 2025 чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони 11-14-сола гузаронида шавад. Дар давоми моҳҳои май ва июни соли 2025 ба ҷумҳурӣ 496410 вояи ваксинаи “Гардасил” ворид шудааст. Моҳи сентябри соли 2025 воридшавии 24140 вояи навбатии ин ваксина ба нақша гирифта шудааст»,-хабар дод мусоҳиб.

Бино ба маълумоти коршинос, «ГАРДАСИЛ» ваксинаи чорвалента буда, барои пешгирии 4 намуди вируси папилломаи одам (6, 11, 16 ва 18) пешбинӣ шудааст.

Намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам сабабгори асосии осебҳои пешазсаратонии пӯст ва пардаҳои луобии қисмҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми аногениталӣ (қисми берунаи узвҳои ҷинсӣ) мебошад. «Ваксинаи “Гардасил” дар синни аз 9 то 14-солагӣ тавсия дода мешавад, зеро маҳз дар ин синну сол гузаронидани иммунизатсия самаранокии баланд дошта, масунияти боз ҳам қавитари баданро таъмин мекунад. Ваксинаи “Гардасил” бояд дар ҳарорати +2°С то +8°С нигоҳ дошта шавад. Дар ҳеҷ маврид набояд ба яхкунии ваксина роҳ дода шавад.

Ваксина баъди берун баровардан аз яхдон, бояд дарҳол ворид карда шавад. Самарабахшии ваксинаи “Гардасил” пас аз гирифтани як вояи он 97% ва аз он болоро бар зидди намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам ташкил медиҳад», -иброз намуд Файзали Саидзода.

Бино ба маълумоти мусоҳиб, Ваксинаи «Гардасил» дар қисми мушаки делтамонанди дасти чап ё рост, бо роҳи тазриқӣ даруни мушак ворид карда мешавад. Вояи нақшавии ваксина дар ҳама синну сол 0,5 мл-ро ташкил медиҳад. Саратоншинос, доктори илмҳои тиб Саида Умарзода баён дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳое дохил мешавад, ки дар он сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба бемории саратон назар ба дигар давлатҳо нисбатан пасттар аст.

«Аммо аз рӯйи маълумоти Агентии Байналмилалии Тадқиқоти Саратон (МАИР, GLOBOCAN), дар даҳсолаи охир теъдоди афзоиши гирифторшавии аҳолӣ ба бемории саратон ба назар мерасад. Масалан: беморшавии занон ба саратони ғадуди ширӣ аз 11,2 то 14,8 ба 100 ҳазор ахолии занона афзудааст. Аз рӯйи маълумоти Агентии Байналмилалии Тадқиқоти Саратон (МАИР, GLOBOCAN), саратони гарданаки бачадон дар сохтори беморшавии занон ба саратон дар ҶТ дар давоми 10 сол аз ҷойи 4 ба 5 гузаштааст. Сатҳи беморшавии занон ба СГБ аз 6,3 ба 100 ҳазор аҳолӣ дар соли 2008 то 5,7 дар соли 2018 расидааст. Эҳтимол ин ҳолат вобаста аст ба сифати ҷамъоварии маълумот оид ба ҳолатҳои бақайдгирифташуда дар соли 2008, таъкид менамоянд коршиносони лоиҳаи GLOBOCANДар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддии тандурустии ҷамъиятӣ саратони гарданаки бачадон ба шумор меравад, ки яке аз сабабҳои асосии он мавҷудияти вируси папилломаи одам дар бадани бемор мебошад Ҳарчанд бештари сироятёфтагон нишонаҳои равшан надошта бошанд ҳам, вале оқибатҳои он метавонанд хеле ҷиддӣ бошанд»,-ибрози андеша намуд саратоншинос.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон 2259 нафар занони гирифтори саратони гарданаки бачадон дар қайди марказҳои саратоншиносӣ қарор доранд. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 423 нафар занони мубталои саратони гарданаки бачадон бори аввал ба қайд гирифта шуда, 126 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

«Давоми 8 соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории соҳаи саратоншиносиро зиёд намудааст, ки барои харидории дорувории кимиёвӣ аз буҷети ҷумҳурӣ солона то 5 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад. Азбаски аксари беморон дар марҳилаҳои ниҳоӣ дарёфт мегарданд, ин маблағ барои таъмини пурраи ҳамаи онҳо нокифоя аст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки беморон бештар дар марҳилаҳои аввал ё бо бемориҳои пешазсаратонӣ ба марказҳои саратоншиносӣ муроҷиат кунанд. Муолиҷаи бемории саратони гарданаки бачадон вобаста ба марҳилаи беморӣ гузаронида мешавад. Табибони саратоншинос барои тартиб додани нақшаи табобат якчанд нишондиҳандаҳои биологии омосро ба назар мегиранд. Баъд аз ҷарроҳӣ бемор бояд ба табобати нурӣ фаро гирифта шавад. Ҳар як намуди табобат барои бемор ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи равонӣ мураккаб мебошад», – иттилоъ дод Саида Умарзода.

Тадқиқҳои илмии тӯлонӣ собит намуданд, ки ваксина безарар ва таъсирбахш буда, он ба қобилияти зойиш таъсир намерасонад ва боиси безурётӣ намегардад. Натиҷаи иммунизатсияи саривақтии духтарони синни 12-13 сола (соли таваллудашон баъди 1 сентябри соли 1995) дар кишварҳо Аврупо нишон медиҳад, ки саратони гарданаки бачадон дар байни ин гуруҳ умуман ба мушоҳида нарасида, бемориҳои пеш аз саратонӣ дар онҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд. Маҳз ҳамин натиҷаҳои назаррас ва таҷрибаи ҷаҳониро ба инобат гирифта, дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар саросари мамлакат қарор қабул гардид, ки дар асоси он аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавии духтарони синни 10 сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ ва аз 1 то 31 октябри соли 2025 чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони синнашон 11-14 сола ба таври як маротиба гузаронида мешавад.

Лайло Косимова

Поделиться:

Facebook
LinkedIn
Twitter
Telegram
WhatsApp
Email
Print
«Вечёрка» — газета столичных новостей, актуальные материалы, освещающие социальные проблемы, экономические и политические новости