Шурӯъ 1 то 30 октябри соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бунгоҳу марказҳои саломатии миқёси Тоҷикистон зиёда аз 520 ҳазор духтарони синни 10 – 14—сола бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) ваксинаи Gardasil мегиранд. Ин чорабинӣ бо мақсади ҳифзи саломатии духтарон ва дар оянда коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба саратони гарданаки бачадон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Зулфия Абдусамадзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли ҷорӣ зимни суханронӣ дар машғулияти омӯзишии “Инъикоси дурусти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам” иттилоъ дод, ки айни ҳол аҳолии 148 кишвари дунё (бо шумули 14 давлати исломӣ) барои пешгирии паҳншавии ин вирус ваксина мегиранд. Аз шумори кишварҳои Осиёии Марказӣ ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро аллакай ба тақвими миллии иммунизатсия ворид кардаанд.
Саратони гарданаки бачадон чист?
Саратони гарданаки бачадон яке аз бемориҳои хавфнокест, ки занонро дар саросари ҷаҳон таҳдид мекунад. Сабаби асосии ин намуди саратон вируси папилломаи одам мебошад. Он дар узвҳои таносули занона луобпардаҳоро пайдо шуда, инкишоф меёбад. Дар сурати нагирифтани табобати саривақтӣ, ин беморӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасад. Саратоншиносон мегӯянд, ки дар ин давра табобати бемор ғайриимкон аст.
Чаро ин беморӣ бояд пешгирӣ шавад?
Тибқи иттилои саратоншинос Саида Умарзода, саратони гарданаки бачадон аз рӯйи паҳншавии бемориҳои саратонӣ дар ҷаҳон ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад. Соли 2023 дар дунё 640 ҳазор ҳолати нави гирифторшавии занон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 311 ҳазор нафар фавтиданд. Бештар аз 90 фоизи фавтнокӣ ба мамлакатҳои иқтидори паст ва ё миёна рост меояд. Тибқи таҳлилҳои коршиносони байналмилалӣ, Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар он сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба бемории саратон назар ба дигар давлатҳо пасттар аст. Аммо, бино ба маълумоти Агентии байналмилалии тадқиқоти саратон, дар даҳсолаи охир афзоиши гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ мушоҳида шудааст.
Духтарам нест, вале дигарон фарзандашонро ҳифз кунанд
Фотима Маҳмадалиева, сокини маҳаллаи Ваҳдат – 2-и шаҳри Бохтар мегӯяд, ки дар моҳи апрели соли 2006 бемории саратони гарданаки бачадон духтари 35-солаашро ба доми марг кашид ва дар дили модар алами якумра боқӣ гузошт.
— Мавҷудаи духтарам соҳиби ду фарзанд буд. Баъд аз хунравии зиёд ӯро аз хонаи шавҳараш ба беморхонаи Қарияи болои шаҳри Бохтар меоранд. Табибон хунравиро манъ карда, ба беморхонаи саратоншиносии Душанбе интиқол медиҳанд. Он ҷо муайян мекунанд, ки гирифтори бемории саратони гарданаки бачадон аст. Озахҳои бачадонро тариқи дастгоҳи махсуси барқӣ месӯзонанд, вале ин ҳам натиҷа намедиҳад. Дигар илоҷ набуд. Бемориаш дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошт. Бо ҳамон сӯзу фарёд ба хона овардем. Хоҳараш Зайнаб, ки он замон дар коллеҷи тиббии шаҳр таҳсил мекард, зуд-зуд дорувории таскинбахши дардро ба бадани ӯ ворид менамуд, то сӯзиши қисмати поини шикамаш кам шавад. Бо кумаки писаронам, ки дар муҳоҷират буданд, давоми як сол аз ҳамаи имкониятҳо истифода кардем. Мавҷуда барои пешоб накардан ҳатто вақтҳои охир об наменӯшид. Ҳар боре ба ҳоҷат мебурдемаш, аз сӯзу дарди қисмати поини шикамаш ба доду фарёд меомад. Аз ин ҳолати ӯ ҷигарам пора мешуд. Дардашро эҳсос мекардам, дар канори духтарам дард мекашидам, месӯхтам, — ба ёд меорад Фотима Маҳмадалиева.
Ин зан гуфт, ки фарзанд ба мисли сабза ҳар сол намерӯяд, ӯ инсон аст, як бор ба дунё меояд ва волидон вазифадоранд, барояш ҳаёти солимро таъмин намоянд. Ҳоло, ки имкони пешгирӣ аз як бемории марговар ҳаст, бояд аз он истифода намоянд.
Ваксина барои пешгирии беморист, на табобат
Ба гуфтаи Мародсилтон Назархудоева, духтур-эпидемиологи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, барои пешгирии гардиши вируси маҳаллӣ, ҳар як давлат бояд то соли 2030 сатҳи фарогирии иммунизатсияи аҳолиашро бар зидди ин вирус то 90% ба даст орад. Роҳи аз ҳама самарабахши ноилшавӣ ба ин ҳадаф воридсозии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба Тақвими миллии иммунизатсия мебошад.
Оё ваксина бехатар аст?
Дар асоси гуфтаҳои масъулин, ваксинаи зидди вируси папилломаи одам қариб 20 сол инҷониб дар зиёда аз 100 кишвари дунё истифода мешавад ва бехатарии он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудааст.

Қарори тақдирсоз
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 1 октябри соли 2025 иммунизатсияи нақшавии духтарони 10-сола бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба таври доимӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин аз 1 то 30 октябри соли 2025 чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни духтарони 11-14-сола гузаронида мешавад.
Иммунизатсияи саривақтӣ бар зидди вируси папилломаи одам барои нигоҳдории солимии фарзанди шумо мусоидат мекунад!
Бибирокия Абдуллоева