Ӯ ҳаёти худро ба Ватан бахшид. Аз муҳаббат ба техникаи роҳсозӣ то сохтмони пойтахт ва роҳбарии Душанбе — роҳи Набӣ Шораҳмонов намунаи хизмат ба давлат ва мардум боқӣ мемонад.
27 август мавлуди арбоби давлатии Тоҷикистон, собиқи шаҳрдори Душанбе Набӣ Шораҳмонов 86 сол пур мешавад. Аммо 19 октябри соли 2020 дар синни 82 ӯ ҷон ба Ҳақ таслим намуд
Набӣ Шораҳмонов истиқлоли Тоҷикистонро ба ҳайси роҳбари маркази илмию техникии лоиҳакашӣ ва таъмини сохтмон истиқбол кард. Дар солхои барои ҷумхурӣ вазнин, дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ дар роҳбарияти комбинати заргарии Душанбе, баъд дар роҳбарияти Вазорати сохтмон, ки ба ҶШС Тоҷикстрой табдил ёфт, то ба нафақа баромаданаш кор кард.
Орзу
Набӣ Шораҳмонов соли 1939 дар Истаравшан (собиқ шаҳри Уротеппа) дар оилаи ҳунарманди мардумӣ ба дунё омадааст. Соли 1946 ба мактаб рафта баъди 10 сол мактабро бо медали тилло хатм кард.
Орзуи асосии Набии ҷавон дар он вақт омухтани ҳамон мошинҳои калоне буд, ки ҳар руз дар назди хонааш — дар автобаза медид. Меҳри техника Набиро ба факультети механикии институти политехникии Саратов бурд. Мутахассиси мошину таҷҳизоти рохсозӣ шуд. Орзуи он ҷомаи амал пушид ва Набӣ ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба Ватан баргашт.

Бо сохтмони пойтахт оғоз кард
Тарҷумаи ҳоли кории ӯ аз соли 1962 оғоз шудааст. Худи хамон сол ӯро ба трести «Душанбестрой» механики участкавӣ таъин карданд. Ин трест бо сохтмони манзил, объектҳои иҷтимоию маишӣ, иншоотҳои инженерӣ машғул буд.
Вале баъд, худи ҳамон сол ӯро ба Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳ гузаронданд.
У дар ин соҳа муддати дароз дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Дар охири солҳои 70-ум истеъдоди ташкилотчигии Набӣ Шораҳмоновро пай бурда, ӯро барои кор ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон даъват мекунанд.
Кори ӯ дар вазифаи ҷонишини раиси Комитети давлатии таъминоти республика (ГосСнаб) пурмаҳсул буд. Вай кушиш мекард, ки хоҷагии ҳалқи ҷумҳурироа, аз ҷумла хоҷагии нақлиётро бо техникаи зарурӣ таъмин намояд. Дар кори дар Сибири Русия барпо намудани корхонаи саноати чӯбу тахта, ки Тоҷикистонро бо масолеҳи бинокорӣ таъмин мекард, саҳми арзанда гузоштааст.
Набӣ Шораҳмонов дар сохтмони заводи электрохимиявии Ёвон ва меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и Душанбе низ ҳисса гузоштааст. Соли 1980 мудири шуъбаи нақлиёти КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон буд.
Дар ин солҳо дар Исфара, Ӯро-теппа, Панҷакент, Фархор аэродромҳо сохта, роҳҳои Ҷиргатол, Айнӣ ва Помир таъмир карда шуданд.
Авҷи фаъолияти арбоби давлатии тоҷик Набӣ Шораҳмонов.
Дар ноябри соли 1982 дар сессияи Совети депутатҳои халқии шахр Набӣ Шораҳмонов Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе интихоб шуд.
Пойтахти Тоҷикистон сол то сол васеъ мешуд, объектҳои нав сохта мешуданд.
Дар солҳои роҳбариаш дар Испечак ва Зарафшон, «Кохи Борбад», таваллудхонаи рақами 3, мактабу боғчаҳо объектҳои дигар бинохои истикоматӣ сохта шуданд.

Шаҳрвандони Душанбе бо роҳбарии Набӣ Шораҳмонов барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии шаҳр шабу рӯз заҳмат кашиданд. Дар пойтахт ҳар сол 280—300 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода мешуд, ки дар СССР дар он солҳо яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти тӯлонии пурсамараш ба нафъи Ватан ӯро бо ҷоизаи фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонд.