Ваксинагирии саривақтӣ бар зидди яке аз намудҳои бемории зардпарвин – гепатити B кӯдаконро дар вилояти Хатлон аз сироятёбӣ муҳофизат кардааст. Аммо барои насли калонсол хавфи беморшавӣ ҳанӯз мавҷуд аст.
Сироят ва пайомад
Гепатити B бемории вирусиест, ки шакли музмини он боиси иғмои ҷигар ва пайдоиши саратон дар ин узви бадан шуда метавонад.
Асосан, вируси гепатити B (HВV) зимни алоқаи ҷинсӣ, хунгузаронӣ, ҳангоми таваллуд аз модари бемор ба кӯдак, истифодаи сӯзандоруи олуда ва маводи гигиении нафари сироятёфта ба шахси солим мегузарад.
Нишонаҳои ин беморӣ тирашавии пешоб, сафедии наҷосат, дарди зери қабурға дар тарафи рости шикам, зардшавии пӯст ва чашмон, бемадорӣ ва хастагии зиёд, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мебошад.
Табиби сироятшинос Майсара Баротова мегӯяд, ки бемории гепатити B дар организми нафари сироятёфта хуруҷ менамояд ва табобаташ зиёда аз 6 моҳ тӯл мекашад. Агар дар вақташ муолиҷа нашавад, имкон дорад, ки ба фавт оварда расонад.
Ба қавли табиби сироятшинос, тифле, ки бо якчанд вояи ваксинаи зидди гепатити B иммунизатсия шудааст, дар 20 соли ояндаи ҳаёташ ба ин беморӣ гирифтор намешавад.
Ваксинагирӣ маҷбурӣ нест, вале муҳим аст
“Гепатити B бемории сироятии вирусӣ мебошад, ки ҳолатҳои шадид ва музмин дорад. Дар ҳолати шадид табобат кардан имконпазир аст, вале муолиҷаи шакли музмин душвортар аст. Онро танҳо ба воситаи иммунизатсия метавон пешгирӣ кард”, — таъкид менамояд Абдуқодир Ғафуров, муовини директори филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон.
Ба кӯдакон вояи ваксинаи зидди гепатити B ҳамагӣ 4 маротиба дар рӯзу моҳҳои аввали зиндагӣ ворид карда мешавад. Вояи аввалинро дар таваллудхона тӯли 24 соати пас аз ба дунё омадани тифли навзод ворид мекунанд. Сипас дар думоҳагӣ, семоҳагӣ ва чормоҳагӣ ба иммунизатсия фаро гирифта мешавад. Дар натиҷа бадани кӯдак масуният (иммунитет) пайдо карда, барои пешгирии сирояти чунин шакли зардпарвин мубориза мебарад.
Тибқи маълумоти омории филиали мазкур, соли 2024 зиёда аз 97% кӯдакони хурдсоли вилояти Хатлон дар муҳлатҳои муайян бо 4 вояи ваксинаи зидди гепатити B фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, 102910 тифли навзод вояи аввалини ваксинаро дар таваллудхонаҳо гирифтанд, ки ин нишондиҳанда 99,8 фоизро ташкил додааст.
“Ваксинаҳое, ки бар зидди гепатити B мегузаронем, хеле бехатар аст. Шояд аз миллион вояе, ки ба кӯдакони гуногун ворид мекунанд, дар як ё ду кас аксуламали сабук нишон медиҳад”, — иброз дошт Абдуқодир Ғафуров.
Номбурда илова намуд, ки вақте кӯдак дар ҳолати табобати ягон беморӣ қарор дошта бошад, то шифо ёфтанаш иммунизатсия карда намешавад. “Агар кӯдак бо ягон сабаб вояҳоро сари вақт нагирифта бошад, масалан, бемор буд ё ба муҳоҷират бурданд, пас аз сиҳат шудан ё баргаштанаш то синни 5-солагӣ ӯро бо ваксинаи зидди гепатити B фаро гирифта метавонем”, — шарҳ дод Ғафуров.
Аммо баъзе падару модарон аз ваксинагирии фарзандон саркашӣ мекунанд ва дар бораи ояндаи кӯдакон намеандешанд, ки иммунизатсия барои ҳаёти солими онҳо хеле муҳим аст. Волидон агар кӯдакони худро аз рӯйи Тақвими миллии иммунизатсия дар муҳлатҳои муайян ба ваксинагирӣ набаранд, хатари паҳншавии бемориҳои гуногуни сироятӣ ба солимии ҷомеа ва генофонди миллат таъсири манфӣ расонида метавонад.
Ваксинагирии саривақтӣ далели меҳрубонӣ ва ғамхории падару модарон нисбат ба ояндаи фарзандон аст. Амалисозии он ба вазъи молиявии хонавода ягон таъсири ногувор намерасонад, зеро иммунизатсияи кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон комилан ройгон аст.

Вазъият дар вилоят
Соли 2024 дар вилояти Хатлон 4 нафар бемори гепатити шадиди B ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо шахсони калонсоланд ва қаблан ягон ваксинаи зидди ин вирус нагирифтаанд. Дар ин бора Нурулло Бояков, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Номбурда афзуд, ки фарогирии кӯдакон ба иммунизатсия дар давоми 23 соли охир натиҷаи дилхоҳ додааст. Маҳз аз ҳамин ҳисоб тӯли чандин солҳои гузашта сироятёбии кӯдакон ва наврасони вилояти Хатлон ба ин вирус мушоҳида нашудааст. Аммо ин беморӣ дар байни калонсолон ҳанӯз вуҷуд дорад ва гирифторони он камшуморанд.
Ташхиси вируси гепатити B бо истифодаи экспресс-тест имконпазир аст. Нурулло Бояков ҳамчунин гуфт, ки дар ташхисгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таҳлилҳои вирусологӣ барои муайянсозии гепатити B бо ду усули дигари замонавӣ: иммуноферментӣ (ИФА) ва занҷираи полимеразӣ (ПСР) роҳандозӣ шудааст. Шаҳрвандон ба ин марказ барои ташхис муроҷиат карда метавонанд.
Ба қадри саломатӣ кӣ расад? Бемор
Сокини 60-солаи шаҳри Бохтар, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, саргузашти беморшавиро чунин ёдовар шуд: соли 2015 гепатити B дар организмаш хуруҷ намуд. Ҳарчанд пас аз муолиҷаи тӯлонӣ хатари авҷи вирус бартараф шуда бошад ҳам, то ҳол барои эътимоди худ аз ташхиси табибон мегузарад. Ба гумони ин зан, эҳтимол дар соли 2008 ҳангоми ҷарроҳии талхадонаш сироят ёфтааст.
“Бо шунидани хабари ногаҳонии марги модарам, дар ҳолати стрес қарор доштам. Ҳамон рӯз то бегоҳ рангам зарду саломатиам бад шуд ва беморӣ маҳз дар он вазъияти душвор, яъне баъд аз 7 сол аз худ дарак дод. Табобатам тӯл кашид. Алъон худро солим эҳсос мекунам”, — афзуд ӯ.
Ин зани калонсол, ки гирифтори шакли музмини бемории мазкур шудааст, пайваста ба фарзандону хешовандон ва атрофиёнаш тавсия медиҳад, то барои эмин мондани кӯдакон аз сироятёбии гепатити В, ҳатман онҳоро иммунизатсия намоянд.
Ҳифзи солимӣ аз дидгоҳи шариат
Пӯшида нест, ки дар ҷомеаи мо гоҳе мардум аз ҳақиқат дида, ба овозаҳои носанҷида бовари бештар доранд. Баъзе нафарони хурофотӣ ба ваксинагирӣ шубҳа доранду фикр мекунанд, ки он ба кӯдак зарар мерасонад.
Аммо дар ин хусус имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзода мегӯяд, ки сарчашмаи ибодат саломатист ва барои ҳар як фарди мусалмон пешгирии беморӣ фарзу қарзи имонӣ аст.
Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст: “Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун (вабо) пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас, аз он ҷо хориҷ нашавед”.
Ба андешаи Усмоналӣ Нурзода, вақте шариати Ислом солимии инсонро ғанимат шуморидааст, пас, тавсияву дастури табибон барои ҳар як инсон қарзи имонӣ аст. “Табибон мехоҳанд, ки ҷомеаро аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳанд. Вақте иммунизатсия гуфтанд, он дар ҳақиқат барои ҳар як тифл, барои ҳар фарзанду наберае, ки дорем, албатта, лозим аст”, — изҳор дошт ин ходими дин.
Имомхатиб ҳамчунин гуфт, ки ҳамаи фарзандону наберагони ӯ шурӯъ аз таваллуд то давраи муайяншуда тибқи тақвими тиббӣ аз иммунизатсия гузаштанд.
Бибирокия Абдуллоева, рӯзноманигор