Таомҳои бойи туркӣ, ки асари фарҳанг, анъана ва мероси иҷтимоии ҳазорсолаҳост, бори дигар саёҳати беназири худро дар байни 21-27 май ба ҷаҳониён пешкаш мекунад.
Мавзӯи имсола -таомҳои туркӣ-эгеӣ мебошад. Дар доираи Ҳафтаи таомҳои туркӣ ба шарофати чорабиниҳое, ки аз ҷониби намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ва дар дохили кишвар ташкил карда мешаванд, тамоми ҷаҳон бо дастурҳои беназири таомҳои қадимии туркӣ шинос карда мешаванд. Ошхона ҳувияти фарҳангии мост. Он чизе, ки мо, чун ғизо истифода мебарем, ҳудуди ин ҳувияти фарҳангиро муайян мекунад.
Таомҳои туркӣ як ганҷинаи бузургест, ки дар якҷоягӣ бо таҷрибаи таърихӣ асрҳоро дар бар мегирад. Ин гуногунрангӣ нишон медиҳад, ки кишвари мо сарзамини таҳаммулпазир аст ва инчунин табодули фарҳангҳо, динҳо ва этникҳои гуногун бефосила дар он идома доранд.
Дастархон ба шарофати қудрати муттаҳид сохтани мардум то ҳол яке аз воситаҳои тавонои муошират аст. Дастархонҳое, ки меҳру муҳаббат, меҳмоннавозӣ ва саховатмандии инсониро тавассути таом пешкаш мекунанд, низ барандаи фарҳанги оилавии қадимаи мо мебошанд.
Дар рӯи мизҳо ҳар як ҷихат ва таҷрибаи ҳаёт инъикос ёфтааст. Дастархони ороста дар идҳо, тӯю маросимҳои ҷаноза ҳам зиндагии мардумро шод мегардонад ва ҳам мардумро ба ҳамдигар наздиктар мекунад. Аз ин рӯ, ба назари мо, фарҳанги ошпазии туркӣ, ки худ як ҳунари зиндагӣ аст, барои ҳама муфид хоҳад буд, махсусан дар шароити имрӯза, ки ҷаҳони муосир одамонро босуръат инзиво карда, онҳоро ба зиндагии муҷаррад маҳкум мекунад.
Дигар хусусияти хеле муҳими таомҳои туркӣ дар он аст, ки он тавозуни нозукро байни рӯҳ, ҷисм ва ҳаёт муқаррар мекунад. Масалан, дуо кардан барои «шифо» ба касе, ки мехӯрад, нишон медиҳад, ки он чизе, ки аз ғизо пешбинӣ шудааст, дар ниҳоят шифобахш аст.
Мутаасифона, маҳз фарҳанги таомҳои омода ва зудғизои имрӯза бисёр одамонро ба бемориҳои пешгиришаванда гирифтор мекунад. Кӯшишҳо барои баргаштан ба таомҳои анъанавӣ, ки мо онро вақтҳои охир дар тамоми ҷаҳон мушоҳида менамоем, пои бедории ҷаҳонӣ мебошанд.
Кабоб ва паҳлава, ки эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, ҳамчун моҳияти таомҳои мо маъруфанд. Бо вуҷуди ин, мо боварӣ дорем, ки чеҳраи таомҳои туркӣ, ки фарҳанги зуд-фудро (зудғизоро) зери шубҳа мегузорад ва комилан бо тамоюлҳои афзояндаи гастрономӣ дар ҷаҳон мувофиқат мекунад, бояд аз ҷониби ҳама маълум бошанд. Ин як қадами хоксорона дар роҳи равшан кардани хусусияти анъанавии он аст. Бовар дорам, ки даъвати мо ба ин дастархонҳо, ки ба қадри пур аз ҳикмат болаззат аст, барои бозгашт ба моҳият дар ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҳафтаи таомҳои туркӣ тавсия медиҳем, ки ба тарабхонаҳое, ки дар Тоҷикистон таомҳои туркӣ пешкаш мекунанд, ташриф намоед ва аз бартариҳои вижаи ин ҳафта баҳра баред.
Умедворем, ки дастурҳои таомҳои туркӣ, ки дар тӯли асрҳо дастархонҳои моро зинда кардаанд, манбаи шифо ва некӯаҳволии тамоми ҷаҳон хоҳад буд. Нӯши ҷон.
Умут Аҷар, Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумхурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон