Маърифати экологӣ ё чаро даст кашидан аз борҷомаҳои пластикӣ муҳим аст?

0
Picture of young woman holding a globe in the plastic bag while showing hands gesture to stop. Shot in the park

Борҷомаҳои пластикие, ки мо дар бозор, мағоза ё супермаркетҳо истифода мебарем, дар миёнаҳои асри гузашта дар Иёлоти Муттаҳида пайдо шудаанд ва дарҳол маъруфияти беандоза пайдо карданд, зеро истифодабарии онҳо барои мардум қулай ва осон буд.

Аммо каме баъд одамон фаҳмиданд, ки ин на танҳо барои экологияи сайёра, балки ба саломатии инсон ва муҳити зист низ зарари бузург дорад. 

Имрӯз дар аксар ҷо дида мешавад, ки борҷомаҳои пластикӣ аз ҷониби савдогарон ҳатто   ройгон ба мардум дода мешаванд, хусусан дар бозорҳо. Мутахассисон бар ин назаранд, ки дар ин ҷода масъулияти фурӯшандагон бояд баланд бошад, зеро ҳангоми фурӯш ва риоя нагаштани талаботи қоидаҳои савдо ва ё нигоҳдорӣ дар ҷои номувофиқ аксар намуди маҳсулотҳое, ки дар борҷомаҳои пластикӣ нигоҳдорӣ мешаванд, вайрон мешаванд. Борҷомаҳои пластикӣ ҳангоми дар зери офтоб ва ҷои гарм гузоштани молу маҳсулот аз худ моддаҳои кимиёвии зараровар ҳосил мекунанд, ки дар натиҷа ба таркиби ғизо ва ё маҳсулоти дохилашон омехта мешаванд

Чаро борҷомаҳои пластикӣ барои муҳити зист хатарноканд?

Ҳар сония дар саросари ҷаҳон 160 000 борҷомаи полиэтиленӣ ё пластикӣ истифода ва партофта мешавад. Дар як сол ин рақам қариб ба панҷ миллион дона ё се триллион тонна мерасад. Агар мо тамоми борҷомаҳои пластикии ҷаҳонро якҷоя кунем, онҳо 4200 маротиба атрофи ҷаҳонро давр мезананд.

Халтаҳои пластикӣ тавассути шамол ва об ба масофаҳои дур ба осонӣ ҳаракат карда, муҳити зистро ифлос мекунанд. Онҳо ҳатто дар гӯшаҳои пинҳонтарини замин пайдо мешаванд.

Тибқи маълумоти СММ, ҳар сол ҳашт миллион тонна партовҳои пластикӣ ба уқёнусҳо ворид мешаванд. Чоряки сатхи оби заминро партовҳои пластикии шинокунанда фаро гирифта, аллакай дар Уқёнуси Ором як ҷазираи азими партовгоҳ ба вуҷуд омадааст.

Борҷомаҳои пластикӣ ҳамасола тақрибан як миллион парранда, 100 000 ширхӯрони баҳрӣ ва миллиардҳо моҳиро мекушанд. Борҷомаҳои пластикӣ вобаста ба мавод ба ҳисоби миёна аз 300 то 700 сол баъд мепӯсанд. Ҳатто баъд аз пӯсидан ҳам заҳролуд боқӣ мемонанд. Онҳо нест намешаванд, балки танҳо ба зарраҳои хурд тақсим мешаванд ва ифлос кардани муҳити зистро идома медиҳанд.

Як чунин баста ба ҳисоби миёна 15-20 дақиқа истифода мешавад. Баъд аз ин, он одатан партофта мешавад. Аз ин рӯ, нуҳ фоизи тамоми партовҳои маишӣ борҷомаҳои пластикӣ мебошанд, ки то 15 миллион километри мураббаъро партов мекунанд.

Ба гуфтаи экологҳо, дар саросари ҷаҳон танҳо 1-3 дарсади борҷомаҳои пластикӣ дубора коркард мешаванд. Барои коркарди як тонна борҷома тақрибан чор ҳазор доллар лозим аст.

ConservingNow, як созмони экологӣ гузориш медиҳад, ки ба ҳисоби миёна аз 200 борҷома танҳо як борҷома дубора коркард мешаваду халос. Онҳоро сӯзондан ғайриимкон аст, зеро ин боиси ихроҷи оксиди карбон ва кансерогенҳои зараровар мегардад, ки қабати озонро вайрон мекунанд. Ҳатто зери хок кардани онҳо бошад, боиси заҳролуд шудани обу хок мегардад.

Ин намуди борҷомаҳо аз полипропилен омода шудаанд, ки он аз нефту ангишт ва гази табиӣ гирифта мешавад. Ҳангоми истихроҷ ва истеҳсоли онҳо ба атмосфера моддаҳои химиявии зарарнок паҳн мешаванд ва ин боиси таийр ёфтани иқлим мегардад.

Миқдори равғане, ки барои истеҳсоли як халтаи пластикӣ лозим аст, имкон медиҳад, ки як мошин 11 метрро тай кунад. Ҳар сол барои сохтани халтаҳои пластикӣ 4,3 миллиард галлон нафти хом истифода мешавад.

Акнун мехоҳем дар бораи зарари борҷомаҳои пластикӣ ба саломатии инсон ба шумо як каме маълумот диҳем.

Чаро халтаҳои пластикӣ барои саломатӣ хатарноканд?

Ба ғайр аз таъсири манфии муҳити зист, халтаҳои пластикӣ ба саломатии инсон низ зиён доранд. Онҳо сурб, ширеш ва ранг дошта, ҳангоми нигоҳ доштани маҳсулот дар чунин борҷомаҳо аксар вақт занбӯруғ ба вуҷуд меоянд. Дар ҳарорати паст, полиэтилен токсинҳоро ва дар ҳарорати баланд бошад, формалдегидро хориҷ мекунад, ки боиси пайдо гаштани бемории саратон дар бадани инсон мегардад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки имрӯз аз навъҳои дигари зарфу борҷомаҳо истифода барему бо ин васила муҳит ва саломатии худро муҳофизат намоем.

Ҳудуди 170 кишвар аллакай фурӯш ё истеҳсоли халтаҳои пластикиро манъ ё маҳдуд кардаанд. Ҳар як тоҷикистонӣ соле аз 300 то 500 борҷомаи полиэтиленӣ истифода мебарад. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан дар ҷумҳурӣ 73 партовгоҳи партовҳои сахти маишӣ бо масоҳати 300 гектар мавҷуд аст.

Бархе кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли даст кашидан аз зарфҳои пластикианд, вале Тоҷикистон чӣ гуна талош дорад мушкили борҷомаҳои пластикиро ҳал кунад?

Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки Тоҷикистон вуруд ва истифодаи маводи пластикӣ ба кишварро марҳила ба марҳила маҳдуд ва манъ мекунад.

Ба гуфтаи Шерализода, партовҳои пластикӣ мушкилии муҳими экологӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон ба шумор меравад: “Бинобар ин, аз ҷониби Барнома СММ оид ба масоили муҳити зист (UNEP) дар хусуси манъи маводҳои яккаратаи пластикӣ гуфтушунидҳо дар сатҳи байналмиллаӣ идома дорад”.

Баҳодур Шерализода гуфт, барои пешгирии ифлосшавӣ аз партовҳои пластикӣ санад «Дар бораи манъи воридот ва истифодаи борҷомаҳои пластикӣ», ки бо вазорату ниҳодҳои дахлдор мувофиқа шудааст айни ҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ба иттилои раиси кумитаи ҳифзи муҳити зистии Тоҷикистон онҳо бо марказҳои савдои «Ашан», «Пайкар» аксияи «Аз пластик даст кашед» гузаронда, афкори ҷомеаро дар бораи зиёни пластик дигар кардан мехостанд: «Бояд шаҳрвандон дар масоили экологӣ маълумот дошта бошанду бо муҳити зист эҳтиёткор бошанд”.

Илова бар ин раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор дошт, ки бештари партовҳоро дар ҷумҳурӣ зарфҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Шерализода, аллакай 170 кишвари дунё аз истифодаи маводи пластикӣ даст кашидаанд, бархе онро манъ ё маҳдуд кардаанд ва кишварҳои дигар низ омодагияшонро барои чунин иқдом баён доштаанд.

Раиси Кумита афзуд, ки Тоҷикистон низ ният дорад чунин тадбирҳоро давра ба давра роҳандозӣ кунад. Дар мавриди он, ки ба ҷойи борҷомаю зарфҳои пластикӣ чӣ истифода бурда мешавад, Шерализода изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон истеҳсолкунандаи пахта мебошад ва аз навъи пасттарини он метавон борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода кард.

«Барои фаҳмидани талаботи аҳолӣ ба чунин намуди маҳсулот пешакӣ дар марказҳои савдо таҷриба гузарондем ва маълум кардем, ки шаҳрвандон бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне борҷомаҳои халтагӣ ва коғазиро меписанданд», — иброз дошт Шерализода.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон шурӯъ аз 1- уми января соли 2025 воридот ва истифодаи борҷомаҳои пластикии то 15 микрон ғафсӣ ба Тоҷикистон мамнӯъ мегардад.

Тавре Наим Неъматзода, муовини сардори Раёсати назорати давлатии ҳифзи захираҳои замин, маъданҳои умумӣ ва коркарди партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар хабар дод, бо мақсади татбиқи қарори мазкур Вазорати саноат ва технологияи нав дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои пурзӯр намудани истеҳсоли бастаҳои экологӣ аз картон, коғаз, матоъ ва маводи полимерии биологӣ вайроншаванда дар ҳудуди ҷумҳурӣ чораҳо андешад.

Илова бар ин дар натиҷаи як пурсиши тадқиқотии ширкати расонавии “Вечерка” 91 дарсади пурсидашудаҳо барои рафтан ба мағоза аз борҷомаҳои пластикӣ истифода мебаранд, ки 68% онҳо муҷаррад буда, 65% дигарашонро оилаҳои соҳиби 1-3 фарзанд ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин 95% борҷомаҳоро онҳо такроран истифода мебаранд, 72,5% пурсидашудагон ҳатто намедонанд, ки барои харидани бастаҳо чӣ қадар маблағ сарф мекунанд.

Тадқиқоти «ОЁ ШУМО ОМОДАЕД, КИ АЗ ИСТИФОДАИ БОРҶОМАҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАСТ КАШЕД?» давоми моҳҳои май-июли соли 2023 дар ҷараёни маъракаи иттилоотии «Вечёрка» — «Ба мо баста лозим нест!» баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки 88 дарсади афроди иштирокчиён омодаанд аз истифодаи борҷомаҳои пластикӣ даст кашанд.

Дар ҳамин ҳол Мақсатулло Мардонов, сардори Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар дар як суҳбот бо “Ҷавонони Тоҷикистон” иброз доштааст, ки барои кам истифода бурдани зарфу борҷомаҳои пластикӣ аз ҷамоатҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳурӣ вохӯриву нишастҳо гузаронидаанд, ки дар он вохӯриҳо зарари зарф ва борҷомаҳои пластикиро ба мардум фаҳмонида, барои кам кардани зарф ва борҷомаҳои пластикӣ ба чанде аз корхонаву коргоҳҳои ватанӣ маслиҳатҳо низ додаанд.

Ба гуфтаи номбурда, агарчи дар ҷумҳурии мо қоғаз камтар аст, лекин мо ба таври лозима пахта дорем ва аз навъи пасттарини он метавонем борҷомаву халтаҳои латтагӣ омода созем: “Сараввал мо ин навъи халтаҳои латтагиро ба марказҳои савдои бузургтар ва ба бозорҳо пешкаш мекунем, то ин ки савдогарон ва харидорон аз он истифода баранд. Гарчанде халтаҳои латтагӣ нисбати дигар халтаҳо қимматтар ҳам бошанд, лекин истифодаашон даҳҳо маротиба зиёдтар аз халтаҳои полиэтиленӣ аст. Хубии борҷомаҳои пахтагӣ дар он аст, ки дар ҳолати партофтанашон баъди 4-5 моҳ пӯсида, ба порӯ мубаддал мешаванд”.

Масъулияти фурӯшандагонро бояд баланд бардошт

Бо зикри ҷаноби Мардонов чунин зарфу борҷомаҳои пластикӣ бисёртар дар мағозаву ошхонаҳои калон мавҷуд аст ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист аллакай бо онҳо ҳамсуҳбат шудаанд: “Онҳо мегӯянд, ки дар сурати истеҳсоли борҷомаҳои ғайрипластикӣ мо тайёрем, ки аз ҳар чизи зарараш камтар истифода барем. Албатта, мо дарҳол аз истифодаи ин навъ зарфу борҷомаҳо даст кашида наметавонем, лекин метавонем давра ба давра тарзҳои безараргардонии онро ба муҳити зист, коркарди дубораи онро ба роҳ монда, навъҳои латтагӣ ва қоғазии зарфу борҷомаҳоро ба роҳ монем”.

Ҳамчунин бо зикри вай ба Ҳукумати кишвар аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои даст кашидан аз истифодаи борҷомаҳои пластикӣ ва рӯ овардан ба халтаҳои қоғазин пешниҳод шуда буд: “Навиштаҷоте, ки дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳо ба монанди “Аз истифодаи пластик худдорӣ намоед!”-  овезон карда шудааст, аз тарафи мо ба роҳ монда шудааст. Бояд гуфт, ки чунин навиштаҷот маънои онро доранд, ки мардум бояд оид ба истифодаи маҳсулоти пластикӣ, аз ҷумла, халтаҳои полиэтилении тунук ва ҷамъовариву безараргардонии он маълумот дошта бошад, ҳамчунин он барои баланд бардоштани маърифати экологии мардум ва кам кардани зарарнокии зарфҳои пластикӣ овезон карда шудаанд. Бояд гуфт, ки зарфҳои пластикӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба яке аз мушкилоти мубрами рӯз табдил гаштааст. Вале он роҳҳои худро дорад. Ба монанди баланд бардоштани маърифати экологӣ, тартиби истифодаи дурусти он ва безарар гардонидани он”.

Хонандагони азиз, биёед бо ҳам аз намудҳои қоғазиву латтагии борҷомаҳо истифода намоему ба ин васила ҳам табиат ва саломатии худро ҳифз менамоем!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь