Асадулло Зикрихудоев: Мо бояд қолаби «шахси маъюб корношоям аст»- ро шиканем!

0

Бо ҷои кор таъмин будани шахсони дорои маъюбият яке аз мушкилии асосӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро дар аксарият кишварҳо сатҳи бекорӣ миёни ин афрод назар ба шахсони солим ду -се баробар зиёд дида мешавад.  

Ҳатто агар шахсони дорои маъюбият ба кор қабул шаванд ҳам, бештари онҳо дар корҳои каммузд ҷалб мегарданд. Холиса, яке аз қаҳрамонҳои мо мебошад, ки бо хоҳиши вай исмашро иваз кардем.

Холисаи 21 сола, ки дорои маъюбият мебошад, пайваста аз эълонҳо кор меҷӯяд. Вале ба гуфтаи вай дар ҳеҷ эълоне пайдо намекунад, ки навишта шуда бошад “шахсони дорои маъюбро низ ба кор қабул мекунем”.

“Ман ҳафтаномаҳоро мехонам ё сомонаҳоро дида, кор меҷӯям, вақте тариқи телефон суҳбат мекунем ҳама хуб аст, аммо ҳангоми аз наздик вохӯрдан, дарҳол онҳо мегӯянд, ки “баъд занг мезанем”, ки ин хеле аламовар аст”- мегӯяд Холиса.

Ин сокини шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ аз он мекунад, ки чаро қонун ин ё он масъулини муассисаҳои давлатӣ ва ғаридавлатиро вазифадор намекунад, ки афроди дорои маъюбро ба кор қабул кунанд: “Фикр кунед вақте як маъюб дар пойтахт кор пайдо карда наметавонад, пас чӣ гуна дар ноҳия ё як деҳаи дурдаст шуғле барои худ пайдо карда тавонад?”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бекорӣ метавонад ҳолати равонии афроди маъюбиятдоштаро боз ҳам бадтар кунад: “Фикр кунед вақте як нафар агар ҷисман маъюб бошад, вақте як ё ду маротиба, умуман ба ҳар ҷое, ки муроҷиат мекунад, ба кор қабул намешавад ва рӯзҳои дароз дар хона менишинад, ин метавонад ба ҳолати равониаш таъсири бад расонад. Ва ё агар як нафари маъюб мехоҳад чизеро мисли дигарон барои худ харидорӣ кунад, вале маблағ надорад, албатта оҳиста — оҳиста ҳолати равониаш бад шудан мегирад. На ҳамаи падару модарон тавони нигаҳбонии фарзанди маъюбро доранд, аз ин рӯ хуб мешуд, ки соҳибкорон ё онҳое, ки кордиҳанда ҳастанд, тамоми ҳолатҳоро ба назар гирифта, ин шахсонро ба кор қабул мекарданд”.

Ҳар шахс ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касбро дорад, ки касе наметавонад инро манъ кунад.

Моддаи 26 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»

1.Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад:

— дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд;

— ҳавасмандгардонии ташкилотҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон;

— фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

— фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории маъюбон;

—  ташкил намудани омўзиши касбҳои нав барои маъюбон.

2. Дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.

3. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.

Вале афроди дорои маъюб шикоят аз он мекунанд, ки ташкилоту дигар корхонаҳо ин бандҳои қонуни мазкурро иҷро намекунанд.

Ташкилоти ҷамъиятии «ИРОДА» тайи чанд соли охир барои бо кор таъмин намудани маъюбон мусоидат намуда, дар ин кор то ҷое ба комёбиҳо ноил гардидааст. Вале ба гуфтаи Лола Насриддинова, роҳбари ташкилоти мазкур мушкилии ба кор қабул гардидани шахсони дорои маъюб аз ҷониби корхонаҳо ҳамоно ҳалношуда аст:” Ҳарчанд бо кӯмаки Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” чандин шахсони дорои маъюб дар мағозаҳои калони кишвар бо шуғл фаро гирифта шуда бошанд ҳам, аммо ҳамоно ин мушкилӣ ҳали худро наёфтааст. Зеро тибқи таҳлилҳо ҳар кордиҳанда мехоҳад коригари “солим” дошта бошад”- иброз медорад хонум Насриддинова.

Зиёда аз 200 нафар шахсони синну соли 1,5 то 30 дар Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” тариқи барономаи “Мо метавонем кор кунем” фаро гирифта шудааст. Тибқи барномаи мазкур ба нафарони синни болоӣ касб омӯзонида, онҳо бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Масуълини соҳа бар ин назаранд, ки нафарони дорои маъюб корро дар таҷриба аз худ мекунанд, аз ин рӯ мебояд кордиҳандаҳо ба онҳо дар аввал имкон диҳанд то таҷрибаомӯз бошанду баъд коригар.

Лола Насриддинова

“Ман аз ҳамаи мураббияҳо ва шарикони мо, ки аллакай бачаҳои моро ё ба кор ё ҳамчун таҷрибаомӯз қабул кардаанд, миннатдорам. Аммо, мутаассифона, дар кишвари мо мушкилии ба кор қабул кардани афроди дорои маъю боқӣ мемонад. Нуқтаи дуюм ин набудани мушовири равонӣ ва шахсе, ки дар ҷойҳои корӣ ба нафарони маъюбидошта кумак мекунанд, ба назар мерасад. Албатта, ман хеле мехостам, ки корфармоён хоҳиши ба кор қабул кардани ин бачаҳоро дошта бошанд. Натарсанд барои ин. Ҳарчанд мо мегӯем, “майлаш ба кор нагиред, дар аввал ҳамчун таҷрибаомӯз ё волонтёр қабул кунед”, аммо ба ин ҳам розӣ намешаванд. Пас кӣ ба инҳо бояд касб омӯзонад вақте онҳоро ҳатто барои таҷрибаомӯзӣ дар ин ё он корхона қабул намекунанд?” ­ − қайд кард Лола Насриддинова.

Ба гуфтаи хонум Насриддинова яке аз мушкилиҳои дигари соҳа дар он аст, ки вақте ин ё он кордеҳ эълон барои қабули кор медиҳад, бо хондани эълон аллакай фаҳмида мешавад, ки нафарони маъюб ба талаботи онҳо мувофиқат намекунанд: “Масалан менависанд, ки ба мо фурӯшанда ё мушовир лозим аст ё менависанд, ки ба мо кадом сифати инсонҳо лозим аст, дар ин эълони кортаъминкунандаҳо ягон калима дар бораи шахсони дорои маъюб ишора намешавад. Ин як мушкилӣ аст”- гуфт роҳбари Ташкилоти ҷамъияии “ИРОДА”.

“Ҳатто бо диплом онҳоро ба кор намегиранд пас чӣ лозим таҳсил кардан?”

Дар суҳбатҳои алоҳида волидайни афроди дорои маъюб шикоят мекунанд, ки бо мушкилиҳои зиёд фарзандони онҳо ин ё он омӯзишгоҳ ё донишгоҳро хатм мекунанду ҳамоно бекор мемонанд. Ин дар ҳолест, ки хонум Насриддинова мегӯяд, “яке аз бачаҳои моро бо баҳонаи он ки дар ҳеҷ омӯзишгоҳ таҳсил накардааст, ба кор қабул накарданд.  Ҳамагӣ се нафари бачаҳои мо омӯзишгоҳро хатм кардаанду халос, ки онҳо низ натавонистанд ҷои кор пайдо кунанд”.  

Ин дар ҳолест, ки Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон иброз медорад, ки баҳри ба таҳсил фаро гирифтани шахси маъюбиятдошта солҳои охир аз ҷониби ҳукумати кишвар имконият фароҳам оварда шудааст: “Волидайни чунин кӯдакон интихоб карда метавонанд, ки фарзанди онҳо дар куҷо таълим гиранд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё махсус, хона ё ба таври фосилавӣ. Яъне пас аз анҷоми таҳсилоти миёнаи умумӣ онҳо ба муассисаҳои олии кишвар тавассути имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ бо иловаи 100 холи имтиёзӣ дохил шуда метавонанд. Аммо ҷойи кор ёфтани онҳо мушкил аст, зеро дар ҳамон варақаи маъюбияшон корношоямӣ дарҷ шудааст. Мо бо Хадамоти ташхиси тиббӣ ва экспертии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор бурда истодаем, ки ҳамон термин ё истилоҳи корношоямро дар вақти муайян кардани маъюбии шахс, берун кунанд. Зеро дар бештар мавридҳо шахси маъюбиятдошта мехоҳад дар ҷое кор кунад, вақте кордиҳанда мебинад, ки дар варақаи маъюбияш корношоям навишта шудааст, албатта вайро ба кор қабул намекунад”.

“Мо бояд қолаби “шахси маъюбиятдошта корношоям аст”-ро шиканем!”

Асадулло Зикрихудоев

Гилаи дигари ҷаноби Зикрихудоев дар он аст, ки мардум шахси маъюбидоштаро ҳамчун бечора, корношоям ва ниёзманд ба кумак медонанд: “Яъне мардум фикр мекунанд, ки ин шахс аз иҷрои ҳеҷ коре намебарояд. Аз ин рӯ то замоне ин қолабҳо шикаста нашаванд, ман фикр мекунам, ки ин афрод кор пайдо карда наметавонанд. Баъдан мо бояд дарк кунем, ки шахси маъюбдошта танҳо пойафзолдӯз ё дӯзанда нест, зеро дар замони муосир ин қолабҳо аллакай шикаста шудааст. Феълан дар тамоми соҳаҳо шахсони маъюбиятдошта кор мекунанд. Дуруст аст, ки теъдодашон зиёд нест, аммо бо пайдо шудани ҷойҳои корӣ, онҳо ҷалб мешаванд”.

Ҳоло дар кишвар наздики 160 ҳазор нафар шахси маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудаанд, ки 32 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкиил медиҳанд.

Тибқи мушоҳидаҳо теъдоди зиёи нафарони маъюбидошта дар корҳои ғарирасмӣ, аз ҷумла савдо, бо таъмири телефону телевизиор ва дигар намуди воситаҳои техникӣ машғул мебошанд.  

Ҷаноби Асадулло мегӯяд, афроди маъюбиятдошта дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ, дар низоми бонкӣ, дар вазифаҳои роҳбари ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ва ҳамчунин дар низоми маориф бо теъдоди зиёд фаъолият доранд: “27 феврали соли 2020 Ҳукумати кишвар бо қарори худ Нақшаи миллии амалро ба тасвиб расонида, амалигардонии Конвенсияро қабул кард, ки дар назар аст аз соли 2020-2024 ин нақша амалӣ гардад. Ҳуҷҷати мазкур муайян кардааст, ки дар назди ҳокимиятҳои иҷроияи давлатии маҳалӣ мушовир аз ҳисоби худи маъюбон таъмин карда шавад. Аз рӯи омори Кумитаи рушди маҳал 36 мушовир аллакай фаъолияти худро пеш мебаранд ва як теъдоди ин мушовирон шахсони маъюбидошта мебошанд”.

Ҳамчунин бо зикри ҳамсуҳбати мо духтарони дорои маъюбият дар соҳаи ВАО, дӯзандагӣ ва ҳатто аз миёни онҳо чандин нафар бо блогерӣ машғул ҳастанд. Ва наздики 60 нафар дар филиалҳои ин Иттиҳодия, ки дар шаҳру навоҳӣ ҷо доранд, шахсони маъюбиятдошта фаъолият мекунанд

Омӯзиш дар Сафорати Амрико ё чӣ гуна метавон кор пайдо кард?

Соли ҷорӣ Сафорати Амрико дар Тоҷикитон барномаи менториеро барои ашхоси маъюбидошта роҳандозӣ кард, ки дар он мутахассисони сафорат тарзи пайдо кардани корро ба ин қишри ҷомеа омӯзониданд ва Асадулло яке аз иштирокчиёни ин барнома буд. Акнун дар назар аст, ки оянда дар ҳоли пайдо шудани ҷои кории холӣ Сафорати Амрико дар Тоҷкистон аз ҳисоби иштирокчиён нафареро дар сафорат ба кор қабул кунад.

Моддаи 16– и Қонун Дар бораи хизмати давлатӣ маҳдудият ба афроди маъюбидошта мебошад”

Ҷаноби Зикрихудоев иброз медорад, ки то ҳол дар қонунгузории Тоҷикистон табъиз нисбат ба шаҳрвандони маъюбиятдошта зимни муайянсозии коршоямии онҳо вуҷуд дорад. Яъне ҳуқуқи шахси дорои маъюбият барои фаъолияти меҳнатӣ маҳдуд мешавад: “Сарфи назар аз он ки маблағи нафақа давра ба давра зиёд карда мешавад, мутаассифона, он барои рӯзгори шахси маъюбиятдошта кофӣ нест. Дар ин маврид таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки ба шахсони дорои маъюбият барои кор кардан ва соҳиби даромади иловагӣ шудан бояд шароит фароҳам овард. Вале моддаи 16-и Қонуни ҶТ Дар бораи хизмати давлатӣ муқаррар кардааст, ки шахси нафақагир хизматчии давлатӣ шуда наметавонад. Ин табъиз насбат ба одамони дорои маъюбият мебошад, зеро онҳо нафақагир ҳастанд.

– Дар таҷрибаи ман буд чандин ҷавонон, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекарданд, аммо қонуни мазкур имкон надод, ки онҳо фаъолияти худро дар мақомотҳои давлатӣ рушду равнақ диҳанд. Мо доир ба ин модда низ чандин маротиба муроҷиат кардем, вале то ҳол ин модда аз қонуни мазкур гирифта нашудааст” – гуфт ҷаноби Зикрихудоев.

“Мо ба Кодекси андози нав розӣ нестем”

– Агар ба баъзе модда ва бандҳои қонун, ки ба маъюбон дахл дорад, тағйирот ворид карда шавад, бисёр хуб мешуд. Масалан то соли гузашта Кодекси андоз якчанд муқаррароте дошт, ки он барои корфармо имтиёзҳои муайяне пешниҳод мекард баҳри ба кор ҷалб карани шахсони маъюбиятдошта. Ба таврви мисол дар моддаи 110 ва моддаи 278-и Кодекси қаблии андоз қайд шуда буд, ки ҳар як корхонае, ки зиёда аз 50 фисади кормандонашро шахсони маъюбиятдошта ташкил медоданд, аз андози ғайриманқул, андоз аз даромад озод буданд. Вале мутаассифона дар Кодекси нави андоз ин моддаҳо гирифта шуданд, ки мо ба ин розӣ нестем. Ва кулли ташкилотҳои маъюбон якчанд маротиба ҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба Маҷлиси Намояндагон муроҷиат кардем, ки ин моддаҳо ба Кодекси андоз баргардонида шаванд. Чунки ин як имконияти хуб барои ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон буд. Ҳоло бошад бояд ташкилотҳо ин андозро пардозанд, аз ин рӯ ташкилотҳое, ки бо маъюбон кор мекунанд, ҳавасманд нестанд, ки шахси маъюбиятдоштаро ба кор гиранд” – мегӯяд раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон.

Феълан тариқи Барномаи “Мо метавонем кор кунем” панҷ нафар аз тарбиятгирандагони Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” дар мағозаи “Ашан” ҳамчун таҷрибаомӯз буда, ду нафари дигар дар “Сиёма Молл” бо кори доимӣ машғул мебошанд.

Дар худи Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” бошад 12 нафар аз ин бачаҳо дар бахши пухтупаз, дар студияи полиграфӣ, ки ҳаргуна буклетҳо омода месозанд, дар сехи дӯзандагӣ ва ду нафари дигар ҳамчун муррабӣ кор мекунанд. Ин бачаҳоро кормандони дигари Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА” дар аввал касб омӯзонида, баъд дар худи ташкилоти мазкур ба кор қабул кардаанд.

Лола Насриддинова, ки пайваста бо афроди дорои маъюбидошта кор мекунад, аз омода нашудани машваратчӣ, теренерону ёрдамчиҳои махсус дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар изҳори нигаронӣ кард. Вай мегӯяд агар имрӯз дар макотиби олӣ ин тренеронро омода кунанд, онҳо метавонанд бо нафарони дорои маъюб дар ин ё он корхона кор кунанд ва ба онҳо корро нишон диҳанд: “Бачаҳои мо бештар ба роҳнамо ниёз доранд, ки нафаре бошад онҳоро роҳнамоӣ кунад. Масалан нафаре, ки маъюбияти физикӣ дорад, ба вай албатта аробача лозим аст, аммо агар маъюбияти равонӣ дошта бошад, албатта ба вай ёрдамчии махсус лозим аст, ки вайро дар корхона роҳнамоӣ кунад”.

Ба гуфтаи хонум Насриддинова ингуна ёрдамчиҳоро албатта падару модарон ё ягон созмону ташкилотҳо барои афроди дорои маъюбидошта таъмин мекунанд, “аммо бояд дар оянда ингуна ёрдамчиҳои махсус барои нафарони дорои маъюбияти равонӣ аз ҷониби давлат таъмин шаванд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар соли 1999 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба тасвиб расонида буд.

Ба гуфтаи Мадина Усмонова, роҳбари бахши иттилооти таҳлилии Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, меъёрҳои асосие, ки дар стандартҳои байналмилалӣ ифода ёфтаанд, дар қонунгузории миллии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст: “Манъи табъиз дар кишварро Сарқонуни кишвар муқаррар кардааст. Ба ҳама ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касб, муҳофизати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекориро кафолат додааст, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» манъи табъизро дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ кардааст”.

Аммо бо зикри номбурда, қонунгузорӣ ба такмили минбаъда ниёз дорад, аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки сиёсатмадорон, вакилони Парлумон ва онҳое, ки қарору қонун қабул мекунанд ва умуман ҷомеа тафаккури қолабии худро нисбат ба одамони дорои маъюб тағйир диҳанд.

Мадина Усмонова

Ба суоли он ки чаро соҳибкорон ё корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ омода нестанд шахсони дорои маъюбро дар Тоҷикистон ба кор қабул кунанд? Хонум Усмонова иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маъюбӣ ба 3 гурӯҳ тақсим мешавад: “Онҳоро ҳамчун бемор ё нафаре, ки муҳтоҷи хайрия ҳастанд, қабул мекунанд, на ин ки онҳо низ ҳуқуқ доранд қарор кабул кунанду дар ҷамъият иштирок кунанд. Бештар инҳо бо доғи табъиз ва қолабҳои шахшуда рубарӯ мешаванд. Ғайр аз ин, бисёр одамони дорои маъюбии гурӯҳи якум аз Хадамоти ташхиси тиббӣ ва экспертии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳуҷҷати “шахси корношоям”- ӣ мегиранд. Дар ин ҳолат, корфармо ҳуқуқ надорад “шахси корношоям”- ро ба кор қабул кунад, чунки вай масъул аст нисбати ҳаёт ва саломатии коригари худ. Яъне аксари одамон бо гурӯҳи аввали маъюбӣ, ба таври автоматӣ аз раванди коригар будан “меафтанд”.

Ин корманди Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”,  мегӯяд, таърифи маъюбӣ дар Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон на ба поймолкунии ҳуқуқи онҳо, балки ба бартараф намудани монеаҳои гуногун дар пешроҳи онҳо равона шудааст: “Бинобарин, мафҳуми маъюбиятро ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кардан лозим аст ва ҳамгоми муайян кардани аломати қобилияти меҳнат, ибораҳое, ки ба раванди кории онҳо таъсири бад мерасонад, бекор гарданд. Зеро шахсони дорои маъюбиро коргарони номақбул мешуморанд, кушиш мекунанд, ки онҳоро ба кор қабул накунанд. Дар фикри одамон як чунин қолабе ҷо шудааст, ки шахсони дорои маъюбро бояд давлат ва ё оилаҳои онҳо нигоҳубин кунанд ва онҳо ҳақи кор кардан надоранд”.

-Инчунин, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маъюбон имтиёзҳо пешбинӣ менамояд, ки метавонад онҳоро дар назари корфармоён беқадр гардонад, масалан, рӯзи кории кӯтоҳшуда бе кам кардани музд. Бисёри аз ҷойҳои корӣ чӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ инфраструктураи лозимӣ ба маъюбонро надоранд, ба монанди пандусҳо, лифтҳои васеъ барои аробача, дар ҷойҳои корӣ ҳоҷатхонаҳои махсус барои маъюбон муҷаҳҳаз нашудааст. Умедворам бо қабули Барномаи давлатии «Муҳити дастрас», ки Тоҷикистон соли 2021 барои солҳои 2021-2025 қабул кардааст, ин мушкилиҳо бартараф хоҳанд гашт.

-Сеюм, бисёр роҳбарони корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ки бо шахсони маъюб кор мекунанд, аз қонунгузорӣ кам огоҳӣ доранд, ки қонун онҳоро вазифадор кардааст тариқи квота шахсони дорои маъюбро бо шуғл таъмин кунанд. Ҳатто намедонанд, ки квота ҷавобгарии маъмурӣ дорад дар ҳолати ба кор қабул накардани маъюбони гурӯҳи 1 ва 2. Имрӯз низоми квота барои маъюбон дар корхонаҳо хеле суст татбиқ мешавад ва онро дар оянда тақвият додан лозим аст – қайд кард Мадина Усмонова.

Дар охир Мадина Усмонова ҳамчун мутахассиси соҳа, ба соҳибкорон ва дигар афроде, ки кордиҳанда ҳастанд тавсия медиҳад, ки шахсони дорои маъюбро ба кор қабул кунанд, барои онҳо ҷойҳои корӣ ташкил кунанд, ба онҳо имконияти диҳанд, ки худро дар ҷомеа нишон диҳанд, то ин ки эҳсос кунанд, ки онҳо низ ба ҷомеа манфиат меоваранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь