Нуриҳои минералӣ ва таъсири он ба ниҳолпарварон

0

Болоравии нархи нуриҳои минералӣ дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, арзиши ниҳолони сояафкану мевадиҳандаро низ боло бурд. Ин мавсим ниҳолпарварон бо дарназардошти хароҷоти кардаашон нархи як ниҳолро то 15 сомонӣ боло бурдаанд.

Шурӯъ аз моҳи декабр мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз меёбад ва дар ин давра ниҳолпарварон метавонанд хароҷоти сесолаашонро рӯйпуш кунанд. 

Қурбонгул Саъдуллозода, сокини 63 солаи ноҳияи Кӯшониён беш аз 40 сол аст, ки аз ҳисоби ниҳолпарварӣ зиндагиашро пеш мебарад. Ин мавсим вай як дона ниҳоли бо арзиши 50 дирам харидаашро то 15 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст. Аз сабаби пайвандӣ ва босифат будани ниҳолонаш аллакай мизоҷон нисфи пули харидашонро пешпардохт карда истодаанд.

“Пас аз таҷдиди хоҷагии калони ниҳолпарварии “Бустонқалъа” бо ҳамроҳии шавҳарам ҳамчун иҷоракор фаъолият дорем. Тақрибан 10 сол аст, ки аз 0,50 садяк қитъаи дар ихтиёрдошта танҳо аз 0,10 садяки он фоида ба даст меорем. Нархи ниҳоли сояафкан нисбат ба мевадиҳанда болотар аст.  Ниҳоли мевадиҳанда дар ду сол омодаи фурӯш мешавад, барои парвариши сояафкан 4 сол заҳмат мекашем”-мегӯяд ин зани ниҳолпарвар.

Ба ақидаи қаҳрамони мо, инсон агар хоҳиш дошта бошад, метавонад даромади яксолаи оилаашро аз ҳисоби замини наздиҳавлигиаш таъмин кунад.

Холаи Қурбонгул то ба нафақа баромаданаш дар хоҷагии ниҳоопарварии “Бустонқалъа”ба ҳайси агроном фаъолият намуда, хислат ва хоҳиши мизоҷонро бо як нигоҳ дарк мекунад. Ба харидор, пеш аз ҳама тарзи дуруст ва нигоҳубини ниҳолаконро тавсия медиҳад. Зеро аксари харидорон нафароне ҳастанд, ки молро аз вай харида, дар бозор мефурӯшанд.

“Дар урфият гуфтаанд, ки “на сих сӯзад, на кабоб”, мо низ кӯшиш менамоем, ки аз самараи меҳнатамон харидор зарар набинад. Зеро аз шинонидан то давраи қаламчаву ба фурӯш баровардан заҳмати сесола, хароҷоти пулӣ барои харидории нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва коркарди байни қаторҳо сарф мешавад. Дар як сол наздик ба 15 ҳазор сомонӣ дар 50 садяк замин барои парваришу нигоҳубини ниҳол хараҷот мекунем. Ҳоло яқ халта доруи микроорганикӣ 600 сомонӣ арзиш дорад. Мувофиқи тавсияи олимони соҳа дар 0,5 гегтар 3 халта нурии минералӣ пошидан лозим. Дар як сол бошад барои нарму ҳосилхез кардани замин то 4 маротиба аз ин дору ба замин мепошем. Дар ин сурат касе намехоҳад, ки мизоҷонашро аз даст дода, зарари молӣ бинад”, — илова кард холаи Қурбонгул.

Холаи Қурбонгул моҳи июни соли 2021 ба нафақа баромадаааст. Навобаста ба ин ӯро ҳамеша аз назди ниҳолон пайдо кардан мумкин аст. Зеро ӯ дилбохтаи касби худ буда, аз ин соҳа дил канда наметавонад.

Ин зани ниҳолпарвар аз он меболад, ки барои омӯхтани касб дар айёми наврасию ҷавонӣ паҳлу ба паҳлуи падар буд ва пас аз оила бунёд намуданаш шавҳари азизу меҳрубонаш дар паҳлуяш истода, ба ӯ кумак намуд, ки ба орзуҳояш бирасад.

Ба ақидаи Қурбонгули Абдулло, хушбахттарин шахс ҳамонест, ки дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ такягоҳи устувор дорад. Ӯ низ аз он меболад, ки пас аз марги падар шавҳараш девори устувор барои такя намудану муҳофизаташ аст.

Бибирокия АБДУЛЛОЕВА, шаҳри Бохтар



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь