Эътилофи миллии бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон озмуни маводи журналистиро, ки ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида шудааст, дар мавзӯи «Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд» эълон менамояд.
Ҳадафи озмун: Дастгирии рӯзноманигорони Тоҷикистон дар омода намудани маводи босифат оид ба иқтисод ва саводнокии молиявӣ, ки мавзӯъҳои мураккаби молиявиро бо забони содда ва фаҳмо шарҳ дода, ба шаҳрвандон дар қабули қарорҳои огоҳонаи молиявӣ кумак мерасонанд.
Иштирокчиёни озмун
Ба озмун рӯзноманигорон ва фрилансерони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили миллӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, аз тамоми минтақаҳои кишвар — новобаста аз синну сол, ҷинс ва таҷрибаи корӣ — даъват карда мешаванд.
Сарпарасти генералии озмун — Фридом Бонк Тоҷикистон
Мавзӯъҳои корҳои озмунӣ
Мавод (ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ) метавонанд ба мавзӯъҳои зерин бахшида шаванд:
-молияи шахсӣ: пасандозҳо, қарзҳо;
-маҳсулоти бонкӣ бо забони содда
(бо таваҷҷуҳ ба муаррифии бартариҳои «Ипотекаи рақамии пасандозӣ» ва дигар маҳсулоти бонкӣ);
-амнияти молиявӣ ва ҳифз аз қаллобӣ;
-буҷети оилавӣ ва шахсӣ;
-мустақилияти молиявии занон;
-соҳибкорӣ ва стартапҳо;
-иқтисоди минтақаҳо;
-хизматрасониҳои молиявии рақамӣ;
-нақши бонкҳо дар рушди рақамисозии кишвар.
Форматҳои мавод
Ба озмун мавод дар шаклҳои зерин қабул карда мешавад:
мақолаҳо ва таҳлилҳо, маводи мултимедиявӣ ва сторителлинг, видеорепортажҳо, мусоҳибаҳо ва подкастҳо.
Номинатсияҳои озмун
-Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ (ВАО-и чопӣ ва онлайн)
-Беҳтарин маводи мултимедиявӣ (ВАО-и онлайн)
-Беҳтарин видеорепортаж (ТВ ва ВАО-и онлайн)
-Беҳтарин мусоҳиба / подкаст (ВАО-и чопӣ ва онлайн)
-Номинатсияи махсуси Freedom Bank Tajikistan (ВАО-и чопӣ / онлайн / ТВ)
Дар ҳар як номинатсия ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 муайян карда мешаванд.
Ҷоизапулӣ
-Ҷойи 1 — $ 1200
-Ҷойи 2 — $ 700
-Ҷойи 3 — $ 350
-Номинатсияи махсуси Freedom Bank Tajikistan — $ 1500
Ҷоизаҳои пулӣ бо асъори миллӣ пардохт карда мешаванд.
Шартҳои иштирок
-Ба озмун на зиёда аз 3 мавод аз як иштирокчӣ қабул карда мешавад;
-Мавод бояд дар ВАО-е, ки муаллиф дар он фаъолият мекунад ё ҳамкорӣ дорад,
дар давраи аз 9 феврал то 17 марти соли 2026 омода ва нашр шуда бошад;
-Як муаллиф ё гурӯҳи муаллифон метавонанд танҳо дар як номинатсия иштирок намоянд;
-Ҳангоми ирсоли дархост бояд пешниҳод карда шавад: пайванд (ё нусхаи чопӣ) ба маводи нашршуда; номи ВАО ва санаи нашр; ному насаби муаллиф ё гурӯҳи муаллифон; маълумоти тамос.
Маводе, ки нашри он тасдиқ нашудааст ё ба шарту мавзӯи озмун мутобиқат намекунад, қабул карда намешавад.
Тартиби қабули дархостҳо
Дархостҳо ба почтаи электронӣ қабул карда мешаванд:
📧 ncwjt.info@gmail.com (дар мавзӯи мактуб нависед: Озмуни маводи журналистӣ)
Нусхаҳои чопӣ бо суроғаи зерин қабул карда мешаванд:
📍 ш. Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16, ошёнаи 12
📞 Телефон барои тамос: 935556707
Арзёбӣ ва мукофотсупорӣ
Корҳои иштирокчиён аз ҷониби комиссияи иборат аз коршиносони соҳаи ВАО ва молия арзёбӣ карда мешаванд.
Ғолибони озмун бо дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ дар маросими тантанавӣ бо иштироки ҷомеаи журналистӣ ва шарикони озмун қадрдонӣ мегарданд.
Мо корҳои шуморо интизорем!
Маводе эҷод кунед, ки иқтисодро фаҳмо мегардонанд.
Дар бораи пул — ростқавлона, касбӣ ва барои мардум нависеду бигӯед!





