Дар раванди пандемияи ҷаҳонии соли 2020, дар бораи вируси нави Covid-19 қариб ки ҳар рӯз маълумоти наве пайдо мешуд. Назарияҳо дар бораи пайдоиши вируси наву усулҳои сирояти он, пай дар пай дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуданд. Баъзеи ин гуфтаҳо аз ҷиҳати илмӣ тасдиқ шудаву қисмати дигар комилан рад гаштанд.
Ҳангоми гӯшанишинӣ (карантин), маълумоти гуногун паҳн мешуд ва дарёфти дуруст ё фейк (қалбакӣ) будани онҳо хеле душвор буд. Мо рӯйхати 10 хабари қалбакии маъмултаринро дар бораи Covid-19 ҷамъ кардем, то шумо онҳоро донеду ба фейкҳо бовар накунед.
1. Covid-19 – вируси сохтаи амрикоӣ
Пандемияи 2020 тахминҳои зиёдеро дар атрофи вируси нав ба вуҷуд овард. Назарияҳои ҷаҳонии тавтиа дар сарчашмаҳои иттилоотӣ торафт бештар пайдо мешуданд. Асоси ҳамаи ин маводҳо як буд: вирус махсус коркард шуда ва аҳолӣ бо мақсадҳои гуногун ба таври оммавӣ сироят карда мешавад.
Паёмҳои қалбакӣ дар бораи «озмоишгоҳи бадӣ» дар Пентагон, ки дар бораи бемориҳои гуногуни сироятӣ таҳқиқот мегузаронад, дар бораи як муроҷиати эҳтимолӣ дар сайти Кохи Сафед навиштаанд, ки гӯё амрикоиҳо талаб доранд ҳамаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дастраси омма шаванд. Аммо, дар вебсайти Кохи Сафед чизе дар ин маврид набудаву дар вебсайти муроҷиатҳо ба президенти ИМА низ чунин дархост дарёфт нашуд.
Хабар ба назар қалбакӣ менамояд ва ҳукми хабаргузории BBC-ро ин ҷо хонед: https://www.bbc.com/russian/news-51882337
2. COVID-19 сохтаи Чин аст
Дар баробари “амрикоӣ” будани вирус, маълумот дар бораи дахолати Чин дар тавлид ва паҳн кардани он низ мавҷуд буд. Ин назарияро боз макони пайдоиши вирус — шаҳри Ухани Чин, мустаҳкамтар кард. Расонаҳои русзабон тамоми таҳқиқотро оид ба пайдоиш ва паҳншавии Covid-19, аз ҷумла дар бораи озмоишгоҳи махфӣ дар Ухан, сироят ёфтани инсон ба вирус аз ғизои экзотикӣ, сироят тавассути ҳайвонот ва амсоли инро, нашр карданд. Олимон дар бораи пайдоиши вирус маълумоти дақиқ надоштанд, аммо далели он, ки вирус бори аввал дар Чин пайдо шуд, боиси бадномкунии одамони осиётабор дар саросари ҷаҳон шуд.
Моҳи апрели соли 2021, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бори аввал натиҷаҳои тадқиқотро дар Ухан нашр кард. Эҳтимоли хуруҷи вирус аз озмоишгоҳе дар Ухан «бениҳоят ғайриимкон аст”, гуфт ин созмон. Фарзияи интиқоли вирус тавассути ғизои яхкардашуда ё хунуккардашуда номумкин дониста мешавад. Коршиносон фарзияи интиқоли вирусро аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони миёнарав ба одамон медонанд.
Муфассалтар дар РБК: https://www.rbc.ru/society/30/03/2021/606337ec9a7947a224483480
3. Манораҳои алоқаи насли ҷадиди 5G — манбаи вирус мебошанд
Дар давраи худидоракунии ҷаҳонӣ, дар Бритониё, сӯзондани манораҳои алоқа сар шуд. Манораҳои коммуникатсионии 5G ин тавсеаи табиии пойгоҳҳои насли нав буда, ҳассос ва ҳаҷми хурд дошта, аммо басомади баландтар доранд. Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ радиофобия оғоз ёфт. Ворид кардани 5G, ба гуфтаи физикҳо ва муҳандисон, як тадбири маҷбурист, зеро иртиботи насли гузашта дигар наметавонад бо серкорӣ шабакаи ҷаҳонии интернет тоб оварад. Ҳамзамон бо радиофобия, назарияи тавтиаи ҷаҳонӣ пайдо шуд, ки чунин манораҳо иммунитети инсонро паст мекунанд, онҳоро дар ҳама ҷо насб кардан мумкин аст, онҳо хеле ҳаракатпазиранд. Маълумот дар бораи он, ки ин гуна манораҳо аввал дар Чин ба кор шурӯъ карданд, тарси радиоофобҳоро дучанд кард, чун дар Ухан ҳазорҳо чунин манораҳо мавҷуданд, ки боиси тарси даҳчанди мардум шуд. Ин назарияро дар маводҳои худ якчанд расонаҳои бузурги русзабон ва англисизабон ба таври илмӣ рад карданд. Масалан, қайд карда шуд, ки дар Ухан бо аҳолии 15 миллион нафар вирус барои он зуд паҳн шуд, ки ин шаҳр зичии зиёди аҳолӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ба қайд гирифта шудааст. Яке аз омилҳои радкунандаи дигар ин хабар – мавҷуд будани вирус дар кишварҳое, ки чунин манораҳо надоранд, масалан – Русия, мебошад. Алоқаи байни манораҳои насли 5G ва Covid-19 на танҳо исбот нашуд, балки рад карда шуд.
Муфассалтар: https://www.cnews.ru/news/top/2020-04-06_britantsy_zhgut_vyshki_5gsetej https://www.bbc.com/russian/features-52256074
4. Муҳоҷирони меҳнатӣ — интиқолдиҳандагони Covid-19
Баҳори соли 2020 пандемия натанҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, балки тамоми ҷаҳон таъсири шадид гузошт. Бинобар дар изолятсияи маҷбурӣ қарор доштан, бисёриҳо бе манбаи даромад монданд, ҳатто ба хонаҳои худ баргашта натавонистанд. Сарҳадҳо як-як баста шуданд. Дар худи Тоҷикистон, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз бозгашти азими аҳолии қобили меҳнат ба ватан метарсиданд ва онҳоро ҳамлу нақли эҳтимолии вирус медонистанд. Дар ин давра ҳуқуқҳои муҳоҷирон ба таври возеҳ поймол карда шуд, зеро онҳо дар миёни “обу оташ” монданд. Онҳо намехостанд дар кишваре, ки кор мекарданд, монанд, аммо дар ватани худ онҳо паҳнкунандагони вирус медонистанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ баҳори соли 2020 шабу рӯз дар фурудгоҳҳо навбатпоӣ карда, интизори парвозҳо ба ватани худ буданд. Мардум бидуни шароити зист, хӯрок ва манзил монданд, зеро Тоҷикистон ҳам марзҳояшро 20 март баст, ҳарчанд Русия ин корро барвақттар карда буд. Тасдиқи «бемори сифр» шудани муҳоҷирон вуҷуд надошт, аммо қариб як моҳ фурудгоҳҳои шаҳрҳои бузурги Федератсияи Русия макони интизории садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ монданд.
Маълумоти бештар: https://www.bbc.com/russian/features-52019092
5. Covid19 барои нобуд кардани аҳолии «изофии» сайёра ихтироъ шудааст
Дар давраи гӯшанишинии глобалӣ, вақте дар бисёр кишварҳо карантин эълон шуда буд, аз хона баромадан мумкин набуд. Дар ин росто, маълумоте пайдо шуд, ки сайёра бидуни инсоният истироҳат мекунад ва ҳатто дар каналҳои Венетсия делфинҳо пайдо шуданд, ки овозаҳо фейк буданд. Аммо, маълумотро тарафдорони назарияи Малтус, ки соли 1978 гуфта буд, “шумораи аҳолӣ ба таври фавқулодда афзоиш меёбад”, барои тасдиқи гуфтаҳои ӯ дастак карда гуфтанд, ки “COVID-19 — вируси махсус офаридашуда аст, ки сайёраро наҷот медиҳад”.
Дар ин самт ягон далели озмоишгоҳи вирусӣ вуҷуд надорад ва ҳамчунин илми ҷомеашиносӣ нишон медиҳад, ки дар назарияи Малтус камбудиҳо мавҷуданд. Яъне тавре таҳқиқотҳои нишон медизанд, чӣ қадаре ки инсоният рушд кунад, ҳамон қадар мо назорат кардани захираҳо ва ҳаҷми оилаҳои худро меомӯзем.
Муфассалтар: https://lenta.ru/articles/2021/01/03/eco/
https://trends.rbc.ru/trends/futurology/5e73d8dd9a7947fad84a857e
6. Covid-19 барои куштани одамони гирифтори бемориҳои музмин сохта шудааст
Таври маълум Covid-19 барои шахсони гирифтори бемориҳои музмин хатарнок аст ва ин изҳорот ба як назарияи дигари ҷаҳонӣ боис шуд. Ҳама ин барои он фикр карда боварда шудааст, ки беморони бе ин ҳам табобатнашавандаро муолиҷа накунанд. Ин ақидаро метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ бо хабари чипкунонии ҳамаи одамони сайёра хонд. Аммо, ин фарзия низ тасдиқи худро наёфт. Дар ҳақиқат, СУТ борҳо рӯйхати одамоне, ки зери хатар қарор буданд, амсоли диабетикҳо, астматикҳо, пиронсолони 65+, нашр кардааст, аммо тибқи омор, аз Ковид-19 ҷавонони то 45-сола низ фавтиданд. Ҳамааш аз қудрати системаи масуният ва таърихи бемор вобаста аст. Албатта, ин миқдори иттилооти тасдиқнашуда ба гурӯҳи хавфҳо таъсири манфӣ мерасонад. Одамони гирифтори бемориҳои музмин аллакай хатари вазъро дарк мекунанд, аммо иттилооти зиёде оид ба хатари Covid-19 ба чунин беморон, боиси боз ҳам бад шудани вазъи саломатии онҳо шуда метавонад.
Муфассалтар: https://lenta.ru/articles/2021/01/03/eco/
https://www.bbc.com/russian/news-51544674
7. Мол ва бастаҳо аз Чин — манбаҳои паҳнкунандаи Covid-19
Дар давоми пандемия, миқдори зиёди хабарҳо дар бораи безарраргардонӣ аз коронавирус дар тамоми соҳаҳо тариқи маводҳои зиддиуфунӣ нашр мегардид. Ба таври оммавӣ кӯчаҳо дар кишварҳои гуногун тоза карда мешуданд.
Расонаҳои русзабон менавиштанд, ки фармоиш тариқи сомонаи машҳури Aliexpress кам шуда истодааст. Ин ҳам аз тарси молҳои чинӣ буда, ба гуфтаи бархе аз корбарон, вирус дар бастаҳои чинӣ то 3 рӯз боқӣ мемондааст. Вале баъдтар ин назария низ аз ҷиҳати илмӣ исботи худро наёфт ва ҳамчунин ҳолатҳои сироятёбӣ тавассути қуттиҳои воридотӣ низ дақиқ нашуд.
Муфассал: https://www.rbc.ru/rbcfreenews/5f9280019a79472e2161964a
8. Кӯдакон ба вируси Covid-19 бемор намешаванд ва метавонанд чораҳои муҳофизатиро риоя накунанд
Дар баробари маълумот дар бораи беморони зери хатар қарор дошта ҳангоми пандемия, инчунин диққати махсус ба онҳое дода шуд, ки бидуни аломат ин вирусро интиқол медоданд.
Вирусологҳо қайд мекардаанд, ки кӯдакон аксар вақт ин бемориро бидуни ягон нишонаҳои махсус, аз ҷумла таб ва сулфа, паси сар мекунанд. Аммо, даврае вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд ин вирусро ба дигарон интиқол диҳанд, аз ин рӯ вирусшиносон тавсия медиҳанд, ки робитаи кӯдакон бо хешовандони пиронсол маҳдуд карда шавад, то саломатии онҳо (пиронсолон) бори дигар зери хатар қарор нагирад.
Муфассалтар: https://www.dw.com/ru/deti-i-koronavirus-chto-novogo-uznali-uchenye/a-56202324 https://www.bbc.com/russian/features-52584702, https://nauka.tass.ru/nauka/9317309
Хайвоноҳои хонагӣ ва дигар ҳайвонот — интиқолдиҳандаи вируси Covid-19
Аз оғози пандемия, якчанд версияҳои даҳшатнок мавҷуданд, ки ҳайвонот метавонанд интиқолдиҳандаи вируси Covid-19 бошанд. Яъне соҳиби бемор метавонад гурба ё саги худро сироят кунад, баъдан ин ҳайвон вирусро ба дигар ҳайвонот ё одамон интиқол диҳанд. Аммо ин гуфтаҳо тасдиқи худро наёфтаанд.
Ҳайвонот ба дигар намудҳои сирояти коронавирус, ки тавассути ғизо, алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, осебпазиранд ва метавонанд вирусро ба ҳамдигар интиқол диҳанд, аммо на ба одамон.
Муфассал: https://www.rbc.ru/rbcfreenews/6061f1f79a794736772410ea https://www.dw.com/ru/koshki-i-sobaki-ne-mogut-zarazit-cheloveka-koronavirusom/a-54430702
Чораҳои маҳдудкунанда ва муҳофизатӣ дар саросари ҷаҳон бар зидди Covid-19 бефоидаанд
Гӯшанишинӣ, маҳдудиятҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва шӯстани дастҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун чораҳои муҳофизатӣ қабул шудаанд. Аммо боз ҳам хабарҳои бардурӯғ пайдо мешаванд, ки гӯё ниқобҳои тиббӣ баръакс барои паҳншавии бактерияҳо кӯмак мекунад.
Вирусологҳо қайд мекунанд, ки ин гуфтаҳо бо далелҳо тасдиқ нашудаанд, аммо маълум аст, ки COVID-19 тавассути қатраҳои ҳавоӣ мегузарад. Аз ин рӯ онҳо тавсия медиҳанд, ки худро бо ниқоб муҳофизат бояд кард. Мувофиқи тавсияҳои СУТ, ҳар як кишвар бояд тадбирҳои муҳофизатиро вобаста ба шумораи бемориҳо муқаррар кунад, зеро ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон мебошад.
Подписывайтесь на наш канал в Telegram по ссылке https://t.me/vecherka_tj и будьте в курсе столичных событий.