Тибқи мушоҳидаҳо дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик зиёда аз садҳо га заминҳои обӣ кишти такрори нашудаанд. Сабаби инро хоҷагидорон дар набудани об мегӯянд. Лекин дар мавсими соли 2022 бо кӯмаки раиси ноҳия аксарияти ҷӯйборҳо барқарор гардидаанд, аммо то ҳол заминҳо бекор мондаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик зиёда аз 1000 га заминҳои обӣ аз ҳисоби хоҷагиҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ мавҷуд аст, ки деҳқонон метавонанд дар як сол то ду-се ҳосилро кишт кунанд. Мутаасифона, аксарияти ин заминҳо, ки ба хоҷагиҳои гуногун тааллуқ доранд ва дар як сол мисли заминҳои лалмӣ танҳо як ҳосил ва он ҳам гандум, ки даромади умумиаш 7-8 ҳазор сомониро барои як сол ташкил медиҳад, кишт мекунанд. Дар заминҳои мазкур кишти зироатҳои ниёзи аввали мардум имконпазир аст. Аз қабили зағер, лубиё ва дигар намуди донагиҳо, картошкаву пиёз, гандум ва дигар зироатҳои полезӣ.
Акнун мавсими ҷамъоварии ҳосили дуюм дар ноҳия оғоз гардидааст. Лекин ҳамоно нархи 1 кг пиёз 3,5 сомониро ташкил медиҳад ва сабаби чунин нархи баланд дар маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки аксарияти заминҳои обӣ дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик кишти такрорӣ нашудааст. Мардум бошад оддитарин сабзавотро аз бозори марказӣ, ки тоҷирони дигар ноҳияҳо меоранд харидорӣ мекунанд.
Акнун ба маълумоти инфографика назар кунед, ки тибқи маълумоти Шӯъбаи кишоварзии ноҳия дар мавсими имсола то кадом андоза маҳсулоти кишварзӣ истеҳсол шудааст.
Маълумоти омории ноҳия низ вобаста ба самти кишоварзӣ айнан рақамҳои болост. Тибқи мушоҳидаҳо барои якчанд соли охир аз ноҳияи Темурмалик танҳо хӯроки чорво содирот мегардад ва боқимонда маводҳои полезӣ аз дигар минтақаҳо ба ин ноҳия воридот мешавад. Мутахассиони соҳа камчин ва гарон будани маҳсулоти полезиро аз самаранок истифода нашудани заминҳои обӣ мебинанд.
Ҷумъахон Солиев, хоҷагидор, имсол баъди ҷамъоварии ғалла дар майдони 1 га замин кишти як қатор маҳсулоти донагиро ба роҳ монд. Аз ҷумла дар ҳудуди 5 сотиқ замин лубиё ва мош кишт гардида буд, ки баъди нашъунамо алакай нархи 1 кг мош ба 11 сомонӣ баробар гардид ва ин рақам аз нархи бозор 5 сомонӣ арзон мебошад. Ин оддитарин мисол аз барои арзон гардидани маҳсулоти кишоварзӣ барои мардуми ноҳия мебошад.
Мутаасифона аз миёни садҳо хоҷагидорон мисли Ҷумъахон Солиев кам хоҷагидоре ба назар мерасад, ки дар заминҳои обӣ ба кишти такрорӣ машғул бошанд.
Шариф Ҳомидов яке аз чеҳраҳои собиқадори соҳаи кишварзӣ дар ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб меравад, ки то ҳол дар майдони 3 га замин ба парвариши дарахтони гуногуни мевадиҳанда машғул аст. Солҳои пеш маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Темурмалик ба чандин минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳатто берун аз кишвар содирот мегардид.
Шароити мардум хуб буд, иқтисодиёти ноҳия дар зинаи баланд қарор дошт. Аммо, имрӯз деҳқонону хоҷагидорон ба заминҳо муносибати ҷидди намекунанд, ба мақомотҳои болоӣ рақамҳои тахайюлиро пешниҳод мекунанд ва дар ноҳия бошад мардум оддитарин маҳсулотро аз бозор мехаранд, мегӯяд Шариф Ҳомидов. Инчунин вай иброз медорад, ки аз заминҳои ноҳияи Темурмалик истеҳсоли хуби равғани зағерро, ки дар бозори мамлакат нархаш ба 30 сомонӣ баробар аст, истеҳсол намудан имкон дорад.
Шералӣ Давлатов, ноҳияи Темурмалик